Фанни Таърих

Ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

Ба кишвари сулҳ табдил ёфтани Тоҷикистон заминаҳои хуби гузаронидани ислоҳот, аз он ҷумла, ислоҳоти сиёсиро фароҳам овард. Пеш аз ҳама он тағйироти куллии сиёсие, ки ҳанӯз дар рафти бозсозӣ ва дар раванди демократикунонии ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба амал омада буданд, қонунӣ гардонидан лозим буд.

Дар мамлакат зарурати қабули конститутсияи нав ба миён омад. Ин зарурат аз он бармеояд, ки шароити таърихӣ тағйир ёфта, ҷумҳурии соҳибистиқлол ташкил ёфта буд. Дар мазмун ва равандҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Сохтори сиёсӣ низ тақозо мекард, ки коргузорӣ дар асоси қонунҳои нав ба роҳ монда шавад.

Яке аз тадбирҳои ҷиддӣ дар барпо кардани ҷомеаи нав тайёр ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кардани Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд. Моҳи апрели соли 1992 лоиҳаи он барои муҳокима дар матбуоти даврӣ чоп гардид. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ барои қабули ин санади муҳим имкон надод. Баъди барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ соли 1994 дар асоси қарори иҷлосияи ХУ1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд ва он лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои муҳокимаи умумихалқӣ омода сохт. Конститутсия (Сарқонун)-и кишвар аз ҷониби шаҳрвандон пазируфта шуд ва рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ 87%-и иштироккунандагон ин ҳуҷҷати таърихиро дастгирӣ намуданд.

Яке аз самтҳои татбиқи ислоҳоти сиёсӣ ба амал омадани сохтори бисёрҳизбӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар моддаи дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» (аз 13-уми ноябри соли 1996) қайд шудааст, ки «Зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ чунин иттиҳодияи чамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.

Аз тарафи Анҷумани Ш-уми вакилони халқии ИҶШС (марти соли 1990) бекор карда шудани моддаи 6-уми Конститутсияи ИҶШС дар Тоҷикистон заминаи воқеии сохтори бисёрҳизбиро ба вучуд овард. Амалан ин сохтор дар тӯли солҳои 90-ум ташаккул ёфт. Шаҳрвандони Точикистон дар асоси моддаи 28-уми Конститутсия (Сарқонун)-и кишвар ҳуқуқи дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шудан пайдо карданд.

Баъди он ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 12- уми декабри соли 1990 қонунро «Дар бораи иттиҳодияҳои чамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон» гасдик кард, амалан бақайдгирии ҳаракатҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оғоз ёфт.

Дар баробари Ҳизби коммунистӣ, ҳизбҳои наҳзати исломи Точикистон (26-уми октябри соли 1991), Ҳизби демократии халқии Тоҷикистон (15-уми июни соли 1996) ва ғайра ташкил ёфта, амал мекарданд. Ҳизби Халқии Тоҷикистон соли 1998 ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил ёфта, дар анҷумани ҳизб (10-уми марти соли 1998) Эмомалӣ Раҳмон раиси он интихоб шуд. Дар чумҳурӣ сол то сол миқдори ҳизбу созмонҳо ва дигар ташкилотҳои чамъиятӣ зиёд шуда истодаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз се ҳазор ҳизбу созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ амал мекунанд. Муаррих Ф. Зикриёев қайд намудааст, ки дар роҳи татбиқи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон душвориву муаммоҳои зерин вуҷуд доштанд:

  1. аввалан, бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ алоқаҳои иқтисодӣ- иҷтимоӣ ва техникӣ канда шуда, ба иҷроиши нақшаҳои хочагии халқ таъсири манфӣ расонида шуд;
  2. дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ хароб гардида, хусусан корхонахои саноатӣ, сохтмон аз кор монданд, муассиса, хочагиҳои калонтарини ҷумҳурӣ вайрон шуданд. Бар асари чанги шаҳрвандӣ, хусусан Комплекси истеҳсолии Точикистони чанубӣ зарари калони моддӣ дид. Як кисми корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппаро сӯзанданд, дастгоҳҳоро шикаста, боигариашонро дуздиданд;
  3. кӯч бастани муҳандисон, техникҳо, механизаторони ботаҷрибаи чумҳурӣ ба дигар кишварҳои дуру наздик ва бо сабаби паст гардидани маош дар соҳаи иқтисодиёт солҳои 1991-2000-ум ба 2,6 маротиба кам шудани қувваи асосии корӣ оварда расонд;
  4. дар ибтидои солҳои 90-ум бӯҳрони иқтисодӣ авҷ гирифта, нақшаҳои воридот ва содироти мол вайрон гардид, дар Тоҷикистон хавф ва хатари нарасидани маводи ниёзи мардум ҳис карда мешуд.

Њамин тавр, вазъияти иқтисодӣ талаб мекард, ки дар Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ гузаронида шавад. Хусусан имзо шудани Созишномаи умумии сулҳ ва оштии миллӣ имконият дод, ки Ҷумҳурии сохибистиклоли Тоҷикистон бевосита ба азнавбарқароркунии ҳаёти хоҷагӣ ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намояд.

Барои тартиб додан ва амалӣ гардондани барномаи ислоҳоти иктисодӣ дар ҷумҳурӣ заминаҳои хуби моддӣ ва маънавӣ вуҷуд дошт. Тоҷикистон дорои канданиҳои бойи зеризаминӣ ва захираҳои зиёди обӣ мебошад. Аксарияти аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ва занон ташкил дода, бештари онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Захираҳои зиёди мехнатие, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, метавонанд иктисодиёти онро баланд бардоранд.

18 январ дар Москва маросими имзои Созишнома оид ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Баъди ба имзо расидани Ахдномаи Измир, Ҷумхурии Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ гардид.

4 июн миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

9 июн Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Ташкилоти СММ оид ба рушди саноат (ЮНИДО) гардид.

Нисбат ба соли 1992 истеҳсоли энергия соли 1993 афзуда, зиёда аз фармоиш 1,2 миллиард киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Дар қиёс ба соли 1992 истеҳсоли гӯшт — 26 фоиз, шир — 34 фоиз, равгани растанӣ — 43 фоиз, растанипарварӣ қариб 2 фоиз, соҳаи чорводорӣ зиёда аз 12 фоиз кам гардид.

Тибқи нақшаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебоист соли 1993 470 ҳазор тонна гандум хосил гирифта мешуд, вале ҳамагӣ ба анборҳо 252 ҳазор тонна ворид шуд.

Дар ҷумҳурӣ ба ҷойи 750 ҳазор тонна пахта ҳамагӣ 520 хазор тонна ҷамъоварӣ карда шуд.

Соли 1993 нисбат ба соли 1992 саршумори чорвои шохдор ба миқдори 109 ҳазор кам гардид.

Соли 1993 истеҳсоли семент, материалҳои деворӣ нисбат ба соли 1992, 40-50 фоиз, чӯбу тахта дуюним, линолеум се баробар кам гардид.

Барои сохтмони объектҳои иҷтимои қариб 58 миллиард сум ҷудо гардида буд, ки аз ин ҳисоб зиёда аз 380 хазор метри мураббаъ манзил, мактабхои маълумоти умумӣ барои 18 хазор хонанда, муассисаҳои томактабӣ барои 1080 ҷой, касалхонаҳо барои 1000 кат сохта ба истифода дода шуданд.

27 ширкату кооперативи тиҷоратӣ тибқи шартнома аз ҷумҳурӣ ба маблаги 315 миллион доллари америкоӣ маҳсулоти гуногун содир намуданд.

Барои таракқиёти иқтисодиёт зиёда аз 920 миллиард сӯм кредит равона карда шуда буд. Аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил 170 миллиард сӯм кредити техникӣ, ки 138,5 миллиардаш ба Федератсияи Россия рост меояд.

Давлатҳои хориҷӣ барои барқарор кардани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ 136 миллион доллари америкоӣ кредит ҷудо намуданд.

Бо сабаби нарасидани пули нақд қарзи дохилии мамлакат аз 700 миллиард рубл гузашт. Истеҳсоли пахта 63 фоизро ташкил намуд. Соли 1994 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса бо соли

  1. 31 фоизро ташкил намуд.

2 ноябри соли 1995 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ гардид.

То моҳи сентябри соли 1996 75 кишвари дунё бо Тоҷикистон ро- битаҳои иқтисодӣ дошта ва 50 ташкилоти байналмилалӣ робитаҳои ҳасана барқарор намуд.

Иқтисодиёти бозоргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хос буда, ба меҳнати озод, эҳтироми моликият, кафолати ҳуқуқи иҷтимоӣ, тамоюл ба манфиатҳои ҷамъият, соҳибкории озоду рақобати одилона асос ёфтааст.

Бо сабабҳои маълум дараҷаи зиндагии аксарияти мардуми Тоҷикистон хеле паст рафт, аз ин рӯ давлат сиёсати иқтисодии ба иҷтимоиёт нигаронидашударо муайян кард ва сарфи назар аз мушкилиҳои хоси давраи гузариш, онро зина ба зина амалӣ мегардонад. Мазмуни асосии сиёсати иқтисодии рӯ ба иҷтимоиёт, пеш аз ҳама иқтисодиёти баробартақсим ё башардӯстона не, балки ташаккули кормандони чолок, кордону болаёқат мебошад.

Баъди баста шудани созишномаи оштии миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва муносибатҳои як қатор мамлакатҳои ҷаҳон нисбат ба давлати мо тағйир ёфт, ки ин ба мавқеи геополитикии на танҳо Тоҷикистон, балки дигар давлатҳои ҳамсояи мо таъсири мусбат хоҳанд расонд.

То 1 июни соли 1997 5490 хоҷагӣ ё зиёда аз 96 фоизи онҳо ба хоҷагиҳои ғайридавлатӣ табдил дода шуданд.

Барои амалӣ гаштани стратегияи сиёсати бозоргонии хориҷӣ конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ», «Дар бораи сармоягузориҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин як қатор карорхои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои Президенти ҷумҳурӣ ба тасвиб расида, барои рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамоянд.

Бо кӯмак ва дастгирии давлатҳои тараққикарда: Россия, Англия, Япония, Кореяи ҷанубӣ, хусусан ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Тоҷикистон дар ду самт саноати худро инкишоф медиҳад. Аз як тараф, заводу фабрикаҳои амалкунанда бо техникаи нав, технологияи пешқадам таъмин гардида, аз тарафи дигар, корхонаҳои нав, стансияҳои барқии бузург бино мешаванд. Масалан, бо кӯмаку дастгирии Кореяи ҷанубӣ комбинати шоҳибофии Хуҷанд бо дастгоҳҳои нав таҷҳизонида шуда, маҳсулоти абрешими баландсифатро истеҳсол мекунад. Бо туфайли фаъолияти корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Британияи Кабир оид ба истеҳсоли тиллои Зарафшону Дарвоз, Тоҷикистону Америка «Оби Зулол», Тоҷикистону Кипр «Тоҷиказот» ва ғайра сол аз сол даромади ҷумҳурӣ меафзояд.

Дар навбати худ Тоҷикистон барои пешрафти саноати металлҳои ранга, кимиё (алюминиӣ, сурб, руҳ, симоб) ва бофандагии Россия кӯмаки амалӣ мерасонад. Аз Россия бошад Тоҷикистон барои комплекси агросаноатии худ мошинаҳо, трансформаторҳои пуриқтидор, таҷҳизоти технологӣ мегирад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ) низ саҳми амалии худро дар ба охир расонидани туннели Анзоб гузошта, тасмим гирифтааст, ки дар дигар объектҳои саноатии Тоҷикистон кӯмаки иқтисодӣ-техникии худро расонад.

Ерии амалии давлати Чин дар барпо кардани корхонаҳои саноатӣ, стансияҳои барқӣ, хусусан, барои сохтмони шоҳроҳҳои мошингарди Тоҷикистон сол аз сол афзоиш меёбад.

Дар эҳё ва инкишофи саноат, сохтмонҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин, хазинаҳои гуногуни хориҷӣ саҳм доранд. Чунончи, Хазинаи Карим-ал Ҳусайн Оғохони 1У дар сохтани корхонаҳои хурд ва роҳҳои мошингард, хусусан дар шароиги ноҳияҳои кӯҳистон ёрии амалӣ расонида, аллакай дар Помир пуле ба кор даромад, ки муносибати савдоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро бо Афғонистон беҳтар мекунад.

Дар аеари бӯҳрони иқтисодӣ ва оқибати ҷанги шаҳрвандӣ сатҳи иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дараҷаи пасттарин меистод. Ҳоло дар Тоҷикистон тадбирҳои судманд оид ба равнақи иқтисодиёт андешида шуда истодааст. Ҷиҳати ташкили рушди муназзам ва илман асосноки иқтисодии кишвар аз ҷониби ҳукумат барномаҳои дарозмуддату миёнамӯҳлат — Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 қабул шуда, ҳоло мавриди амал қарор доранд.

Бо мақсади ҳаллу фасли муаммоҳои бахши иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ сиёсати илмии баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон амал мекунад. Баҳри татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ҳоло ба ҳаллу фасли проблемаҳои зерин диққат дода мешаад: а) пайдарҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии эҳтиёҷмандон: нафақахӯрон, оилаҳои бесаробон, серфарзанд, камбизоат, беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ; б) бо ҷойҳои кор таъмин намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва занон; в) мунтазам баланд бардоштани музди меҳнат.

Барои ҳалли ин масоил аллакай чандин корҳо ба сомон расонда шуданд. Солҳои 2001-2004 аз панҷ як ҳиссаи аҳолии кишварамон, яъне 1,2 миллион нафар, аз доираи камбизоатӣ бароварда шуданд. Оид ба бахши ҳимояи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ кӯмакхарҷӣ, яъне таъмини ҷубронпулӣ ба камбағалон, мунтазам баланд бардоштани ҳаҷми нафақаи пулӣ ва ба маъюбон, ветеранҳои ҷангу меҳнат расонидани ёрии доимии моддӣ амал мекунад. Хусусан аз тарафи давлат ва сарпарастон ба шефӣ гирифта шудани хонаҳои кӯдакони бепарастор, мӯйсафедони бекас ва сари вақт расонидани ёрии моддй ва маънавӣ аз ҳар ҷиҳат натиҷаи дилхоҳ медиҳад.

Дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таълиму тарбияи насли наврас сиёсати демографии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Хусусан ба низом даровардани таваллуди кӯдакон дар шаҳру деҳот на танҳо ба саломатии модарон, балки ба беҳтар гардидани сифати таълиму тарбияи кӯдакон мадад хоҳад расонд.

Оид ба шугли аҳолӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз муаммоҳо вуҷуд доранд. Дар рафти аз иқтисодиёти барномавӣ ба иқтисодиёти бозоргонӣ гузаштан ва дар давраи гузариш аз кор мондани заводу фабрикаҳо ва хоҷагиҳои давлатии кишоварзӣ шумораи зиёди аҳолӣ бекор монда, ба Русия ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ рафтанд. Аз рӯи маълумоти нашргардида зиёда аз 1,5 миллион нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар он кишварҳо кор карда, ба оилаҳои худ кӯмаки моддӣ мерасонанд.

14 апрел дар рафти ҷаласаи 20-уми пленарии Ассамблеяи 45-уми Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) қарор дар бораи шомилшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул карда шуд.

25 июл-9 август Дар Барселона (Испания) бозиҳои тобистонаи ХХУ ҷашнии Олимпӣ баргузор шуданд. Дар сафороии ифтитоҳӣ 498 варзишгар аз дастаи муттаҳидаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил иштирок кард. Дар маросими мутантани расмии огози бозиҳо олимпичиёни дастаи муттаҳидаи ИДМ зери парчами Олимпӣ ва 12 парчами кишварҳои ИДМ қадам заданд.

Бори нахуст бо роҳрави варзишгоҳи олимпӣ парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана яке аз пурқувваттарин гурзпартоён, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Андрей Абдувалиеви 26-сола бурд.

2 август дар варзишгоҳи Олимпии Барселона парчами давлатӣ барафрохта ва суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Гурзпартои душанбегӣ Андрей Абдувалиев гурзро ба масофаи дуртарин ҳавола дода (82,54 метр), сазовори ҷои аввал ва чемпиони Олимпӣ, соҳиби медали тилло гардид.

Моҳи ноябр Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конфедератсияи Осиёии футболбозон гардид.

21 август дар бозиҳои XXIX тобистонаи Олимпӣ варзишгари тоҷикистонӣ Юсуф Абдусаломов нахустин медали нуқрагиро дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиб гардид. Чанд рӯз қабл дар ин бозиҳо варзишгари тоҷик Расул Боқиев ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид.

Рўйхати адабиёти истифодашуда

  1. Бунёди давлатдории навин. М. — 2002.
  2. Таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон. Д. — 2001.
  3. Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби 1, 2, 3. Д. — 2001, 2002, 2006
  4. Раҳмонов Э.Ш. Ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост. Д. —
  5. Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикистон дар остонаи асри XXI. Д. — 1997.
  6. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д. — 1995.
  7. Њизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д. — 2006.
  8. Неъматов Н. Давлати Сомониён. Д. — 1989.
  9. Бобохонов М. Таърихи тоҷикони ҷахон. Д. — 2002.
  10. Мухторов А.М. Макон ва замони Сомониён. Д. — 2000.
  11. Тагоев Ҷ. Давлати тоҷикон. Д. — 2000.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *