Фанни Таърих

Ба сари ҳокимият омадани сулолаҳои маҳаллӣ

Раванди ташаккулёбии давлатҳои миллӣ- феодалии халқи тоҷик. Ба сари ҳокимият омадани сулолаҳои маҳаллӣ.

Нақшаи кор:

  1. Пурзӯршавии муборизаи дохилӣ дар Хуросони бузург.
  2. Давлати Тоҳириён (солҳои 821 — 873).
  3. Давлати Саффориён (солҳои 873 — 903) .
  4. Пурзӯршавии муборизаи дохилӣ дар Хуросони бузург.

Аббосиён аз авҷи пай дар пай шӯришҳои халқӣ ба хулосае омаданд, ки халқро бо роҳи зӯрӣ идора кардан мумкин нест. Аз ин рӯ, роҳи муросокориро пеш гирифтанд. Онҳо маҷбур шуданд, ки дар идора намудани давлат аз қувваи хонадонҳои бонуфузи тоҷикон истифода баранд. Дар Хуросон хонадони тоҷикон бо номи Бармакиён дар идора намудани заминҳои шарқии хилофат ҳисса мегузоштанд.

Бармакиён ҳанӯз дар замони ҳукмронии шоҳони Сосонӣ дар дарбор ба обрӯ ва нуфузи баланд соҳиб буданд. Инро халифаҳои араб низ ҳис карда, аз дониш ва маҳорати ташкилотчигии онҳо васеъ истифода намуданд. Дар замони хилофати Ҳорун-ар-рашид намояндагони Бармакиён ба корҳои идора намудани давлат ҷалб карда шуданд.

Арабҳо дар аввали футуҳоти хеш шиорҳои авомфиребонаи бародарӣ, баробарӣ, дӯстӣ, сулҳ ва ғайраро ба миён гузошта, диққати оммаро ба худ ҷалб намуда буданд. Аммо дар амал сиёсати истилогарӣ, арабикунонӣ, миллатгароӣ ва воломақомиро пеш гирифта буданд. Арабҳо халқҳои маҳаллиро таҳқир мекарданд. Ин ба иззати нафси тоҷикон, ки дорои фарҳанги бой буданд мерасид.

Аз ин рӯ, бар зидди ақидаҳои бефарҳангон ҳаракати «шуубия» сар шуд. Он ҳаракати адабӣ, илмӣ, маданӣ ва ифтихор ба гузаштагон буд. Пайравони «шуубия» даъво мекарданд, ки дини ислом баробарӣ ва бародариро шиори худ кардааст. Шумо бошед, ғурури қабилавӣ ва миллиро талқин мекунед. Инчунин тарафдорони «шуубия» дар корҳои идора намудани хилофат васеъ иштирок кардани намояндагони хонадонҳои маҳаллиро тарғиб менамуданд.

Ин ҳаракат ба хилофати араб бетаъсир намонд. Арабҳо маҷбур шуданд ба ашрофон ва феодалони маҳаллӣ такя намоянд. Ҳорун-ар- рашид сиёсати ба тарафи хилофат ҷалб намудани одамони бонуфузи маҳаллиро пеш гирифт. Вилоятҳои шарқии Мовароуннаҳру Хуросонро арабҳо бо ёрии заминдорони калони маҳаллӣ идора мекарданд. Дар ин роҳ саҳми хонадонҳои бонуфузи маҳаллии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён хеле бузург буд.

  1. Давлати Тоҳириён (солҳои 821 — 873).

Шӯришҳои халқӣ шуури сиёсии меҳнаткашонро бедор карда, дар онҳо рӯҳияи озодихоҳиро тарбия намуданд. Аббосиён мехостанд, ки бо ёрии аристократияи маҳаллӣ пеши роҳи ҳаракатҳои халқии зидди истилогаронро гиранд.

Яке аз ашрофони маҳаллӣ, ки барои аз чанголи арабҳо озод кардани Хуросон ва Осиёи Миёна кӯшиш кардааст, Фазл ибни Яҳё аст, ки дар солҳои 794 — 795 ҳокими Хуросон буд. Ӯ аз ҷиҳати баромади худ ба Бармакиёни Балх тааллуқ дошт.

Аз пурзӯршавии нуфузу иқтидори сиёсӣ ва иқтисодии Бармакиён тарсида, халифа Ҳорун-ар-рашид намояндагони бонуфузи ин хонаводаро дар соли 803 ба қатл расонид. Вале арабҳо пеши роҳи аристократияи маҳаллиро гирифта натавонистанд. Баъд аз чанде ба майдони мубориза намояндагони авлоди дигар — Тоҳириён баромаданд. Дар рафти шӯриши Рофеъ ибни Лайс Тоҳир ибни Ҳусейн, ки яке аз шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ буд тарафи арабҳоро гирифт.

Баъди мағлубияти шӯриш ҷангҳои байни бародарон Амину Маъмун барои хилофат оғоз ёфт. Дар ин мубориза Тоҳир тарафи Маъмунро гирифт. Сипас, соли 821 Маъмун ӯро ҳокими мулки Фушанҷи Ҳирот таъин кард. Ӯ дар назди хилофат обрӯй ва эътибори зиёд дошт ва сарфармондеҳи лашкари халифа Маъмун, инчунин сардори Девони андозҳои молиявӣ буд. Ӯ мустақилияти Хуросон ва Мовароуннаҳрро таъмин намуда, ҳатто соли 822 фармон дод, ки дар хутбаи намози ҷумъа номи халифа гирифта нашавад.

Вале дере нагузашта Тоҳир ногаҳон вафот кард. Бо фармони халифа Тоҳирро заҳр дода куштанд. Халифа Маъмун ба ҷои Тоҳир писари ӯ Талҳаро (822 — 828) ҳоким таъин кард. Баъд аз Талҳа дар давраи ҳукмронии бародараш Абдулло ибни Тоҳир (828 — 844) Хуросону Мовароуннаҳр тамоман мустақил шуданд. Дар замони Тоҳири II ибни Абдулло (844 — 862) ва охирин подшоҳи Тоҳириён Муҳаммад ибни Тоҳир (862 — 873) ин давлат ба комёбиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ ноил гардид.

Пойтахти давлати Тоҳириён шаҳри Нишопур буд. Тоҳириён ҳудуди мамлакати худро аз ҳисоби мулкҳои Осиёи Миёна ва заминҳои оғузҳо як қадар васеъ карда, мустақилияти мамлакатро таъмин намуда бошанд ҳам, ифодакунандаи манфиати заҳматкашон набуданд. Тоҳириён доир ба дуруст истифода кардани обу замин ва сохтмони иншоотҳои обёришаванда якчанд чораҳои зарурӣ андешиданд.

Мувофиқи супориши Абдуллоҳ қонунномаи истифодабарии обро эҷод намуданд, ки он муддати дусад сол дар ҳалли мубоҳиса ва моҷарои соҳаи об ва обёрӣ ҳамчун дастур хизмат мекард. Ин кор ба манфиати синфҳои ҳукмрону бойшавии хазинаи давлат нигаронида шуда буд. Аҳволи халқи меҳнаткаш ниҳоят вазнин буд. Заҳматкашон барои ризқу рӯзии хеш бо истисморкунандагон мубориза мебурданд. Абдуллоҳ ибни Тоҳир барои тараққиёти барзгарии Осиёи Миёна хидмати калоне кардааст. Дар асоси нақшаҳои ӯ наҳру каналҳои калон канда шуда, истифодаи оқилонаи замин ба роҳ монда шуда буд. Умуман ӯ ҳомии синфҳои доро ва рӯҳониёни ислом буд. Барзгаронро заминдорони калон сахт истисмор мекарданд. Аз барзгарон андози калон ситонида мешуд. Масалан, соли 844 маблағи умумии андози ба хазина ҷамъ кардаи Тоҳириён 48 миллион дирҳамро ташкил медод. Натиҷаи беадолатии амалдорон буд, ки мавҷи шӯришҳои халқӣ хомӯш намешуд.

Ҳарчанд, ки худи Тоҳир барои мустақилияти пурра аз арабҳо мубориза карда бошад ҳам аммо ворисони ӯ ғуломи ҳалқабаргӯши мустамликадорон буданд. Аз ин рӯ, онҳо чун паҳнкунандагони ислом баромад мекарданд. Ҳатто дар аҳди Талҳа бини Тоҳир дар Истаравшан ба зӯрӣ ба ҷои оини зардуштӣ дини исломро ҷорӣ намуданд.

Давлати Тоҳириён ба арбобони босавод эҳтиёҷ дошт. Ҳамин аст, ки Абдуллоҳ барои донишомӯзӣ шароитҳо фароҳам меовард. Ӯ низ мисли падар шоир буд. Фарзандонашро дар рӯҳи илмдӯстӣ тарбия намуд.

Аммо ҷорӣ шудани забони арабӣ пеши роҳи инкишофи маорифпарварии Тоҳириёнро боздошт.Инро намояндаи сулолаи дигар — хонадони Саффориён, ки давомдиҳандаи кори Тоҳириён буданд иҷро намуданд.

  1. Давлати Саффориён (солҳои 873 — 903)

Дар асрҳои VIII — IX дар Осиёи Миёна аз ҳисоби деҳқонону ҳунармандони хонавайроншуда гурӯҳҳои махсуси ғозиён ба вуҷуд омаданд, ки дар зери роҳбарии пешвои худ ба хизмати феодалон дохил шуда, бар зидди «кофирон» ва бодиянишинон ҷанг мекарданд. Онҳо асосан, аз ҳисоби ғоратгарӣ ва ғаниматҳои дар ҷангҳо ба даст даромада зиндагонӣ мекарданд. Гурӯҳҳои ғозиён иштирокчии фаъоли ҳаракатҳои халқӣ буданд.

Яке аз сардорони ғозиён мисгар Яъқуб ибни Лайс бо ҳамроҳии бародаронаш Амр, Тоҳир ва Алӣ соли 861 аз ғозиён истифода карда, ҳокими Сиистон шуд. Баъдтар ӯ вилоятҳои Кобул, Синд, Меҳрон, Ҳирот, Фушанг, Кирмон ва Форсро забт намуда, соли 871 аз тарафи халифа Мӯътамид (870 — 892) вилоятҳои Балху Таҳористонро ҳадя гирифт. Ӯ соли 873 ба Нишопур ҳамла оварда, давлати Тоҳириёнро нест намуд ва ба ҷои он ҳукмронии сулолаи Саффориёнро ҷорӣ кард. Ҳукумати Бағдод аз ин рафтори Яъқуб норозӣ буд. Вале хилофат маҷбур шуд, ки соли 874 ин амри воқеъиро эътироф карда, идора намудани мулки Хуросонро ба ихтиёри Яъқуб ибни Лайс вогузор намояд.

Яъқуб як марди хеле оддӣ ва ҷанговари пуртоқат будааст. Вай доимо ҳаёти хоксорона гузаронида, айшу ишратро бад медидааст. Нисбат ба худ ва тобеъёнаш серталабу сахтгир будааст. Баъди ҷанг ба ҷои дар болои қолину кӯрпаю болишт фароғат кардан, ӯ зинро болишту ҷилди аспро қолин карда хоб мерафтааст. Дар ҷангҳо худи ӯ ибрати шахсӣ нишон дода, доимо дар сафи пеши ҷангиён меистодааст. Боре дар яке аз муҳорибаҳо бо шамшер рӯю даҳони ӯро пора карданд. Зиёда аз бист рӯз ба воситаи найча хӯрок хӯрд. Баъди сиҳатёбӣ мисли пештара ба ҳарбу зарб даромад.

Қӯшуни асосии ӯро сарбозони «ихтиёрӣ» ташкил медоданд. Онҳо аз байни деҳқонони камзамину бебизоат интихоб карда мешуданд ва мисли пешвои худ дар роҳи ҳимояи ватан содиқ буданд. Дар лашкари ӯ дастаҳои деҳқонони озод амал карда, ғуломонро низ дар ҳарбу зарбҳо истифода мебурданд. Даставвал Саффориён ҳамагӣ 2 — 3 ҳазор лашкар доштанд. Баъдтар шумораи он хеле зиёд гашта, солҳои 874 — 875 миқдори лашкари Яъқуб ба 15 ҳазор нафар расида буд.

Инчунин қӯшуни Саффориён дорои мошинҳои деворшикану филҳои ҷангӣ буд. Мувофиқи анъана соле як маротиба сипоҳиён аспу лавозимоти ҷангии хешро намоиш медоданд. Чунин анъана дар рӯзи «Наврӯз» баргузор мегашт. Ба ҷангиён дар се моҳ як маротиба маош медоданд.

Яъқуб аҳволи вазнини деҳқононро беҳтар карда натавонист. Вай дар мулкҳои забткардааш танҳо ба заминдорон ва табақаҳои миёна такя намуда, камбағалонро аз худ дур сохт. Дигар он ки дар мулкҳои ишғолкардааш усули идоракунии арабҳоро нигоҳ дошт. Ӯ соли 876 бар зидди хилофат ба Бағдод лашкар кашида шикаст хӯрд, зеро ӯро табақаҳои поёнӣ дастгирӣ накарданд.

Ғайр аз ин вай мағрурӣ намуда, аз кӯмаки ҳарбии Алӣ ибни Муҳаммади Бурқан, ки дар Ироқ сарвари ҳаракати зидди хилофат буд рӯ тофт. Ҳамин тавр, соли 879 Яъқуб ибни Лайс аз олам даргузашт. Баъди сари Яъқуб ба тоҷу тахти Саффориён бародараш Амр ибни Лайс (солҳои 879 — 900) соҳиб гашт.

Амр худро тобеъи хилофат эълон намуда, баробари Хуросон, вилоятҳои Шарқии Эронро низ дар зери итоати хеш нигоҳ дошт. Вай ҳарчанд, ки истеъдоди хуби лашкаркашию давлатдорӣ дошт, вале аз итоати хилофат берун наомад. Ҳамин буд, ки бо фармони хилофати араб барои сарнагун намудани давлати Сомониён бар зидди Исмоил лашкар кашид.

Хулоса, давлати Саффориён, ки қариб сӣ сол вуҷуд дошт дар ҳаёти сиёсии Хуросон ва ноҳияҳои Шарқии Эрон нақши нотакрори хешро гузошт. Ҳарчанд, ки ин давлат дар назар тобеияти хилофатро ба дӯш гирифта бошад ҳам, аммо дар амал чун ҳокимияти мустақили зидди арабӣ вуҷуд дошт.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *