Фанни Педагогика

Омилҳои инкишофи шахсият

Объекти тарбия — одами инкишофёбанда ва ба тарбия муҳтоҷ аст. Инсон дар тамоми тули зиндагиаш ба инкишоф мансуб буда, дар вай дигаргуниҳои ҷисмонӣ руҳӣ, микдорию сифатӣ ба вуҷуд меоянд. Инкишофи шахсӣ — ҷараёни басо душвор аст, ки ба вай таъсироти беруна (шароити зиндагӣ, муҳити иҳота, таъсири тарбиятгарон) ва қувваи ботинӣ (зиддиятҳо) дохил мешаванд. Дар инкишофи шахсӣ роли ирс ҳам эҳсос карда мешавад.

Ирс

биологи: тағйироти зоҳирӣ, ботинӣ, генетикӣ (ҷусса; гӯруҳи хун; рангӣ — мӯи, пӯст, чашм; устухони cap; асаб), касалии хун (гемофилия), шизофрения, касалии қанд, ҷиcмoнӣ: ҷуссa, қадду қомат, норасоиҳои ҷисмонй, қобилият, истеъдоди махсус: илм, мусиқа, забон, риёзӣ, техника.

Қобилияги интеллектуалӣ:консенсияи таълими инкишофёбанда мураттаб мешавад, ки бо ин роҳ тарбияи бачагони соҳибистеъдод шояд мумкин бошад. Ин мактаб дар дасти шахсони давлатманд буда, зери фишори онҳо монда мазмуни яктараф мегирад. Сифатҳои ахлоқ ва психика: Педагогикаи илмӣ ҳамаи сифатҳои психикии одамро маҳсули ба даст овардашаванда меҳисобад. Одамизод тавлид меёбад, инкишофи вай аз сифер оғоз меёбад. Олимони буржуазӣ Г.Спенсер, Ч.Ломброзо овозаҳо паҳн карданд, ки баъзе кудакон аз хурдсолӣ бо майли бадкирдорӣ, нафрат, сангдилӣ ба дунё меоянд. Чунин ақидаҳо беасос бедалел буда, хатогӣ маҳз мебошанд.

Мақсади тарбия — тарбияи инсони комил аст. Мақсади тарбияро хаёл карда баровардан ва пешбарӣ кардан мумкин нест, чунки вай ҳамеша талаботи ҷoмeapo инъикос мекунад. Ин талаб дар навбати худ дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва характери муносибатҳои истеҳсолиро муайян менамояд. Бинобар он мақсади тарбия ҳамеша ба усули истеҳсолот мувофиқат мекунад, бо баробари дигаргуншавии он низ дигар мешавад. Бо инкишофи ҷамъият тарбия низ характери худро иваз менамояд. Масалан, дар ҷамъияти ғуломдорӣ тарбия кардани ғуломдор ва ғулом ба меҳнат, дар ҷамъияти феодалӣ — аз таӣёр карданӣ феодалҳо ва косибону деҳқонон дар ҷамъияти капиталистӣ — истисморгар ва истисморшаванда вобастагӣ дошт. Мақсади тарбияи инсони комил дар ҳама давру замон, дар халқҳои гуногун бо ҳам наздик мебошанд, ки дар эҷодиёти даҳанакии халқиятҳо вохурдан мумкин аст. Масалан, дар афсонаҳои халқии тоҷик — қахрамонон Лаку Пак, Кали зирак. Рустам ва Суҳроб, Афандӣ ва ҳок дар русҳо Добрый молодец, Красная девица, Иванушка- дурачок, дар қафқозиҳо — джигит, дар Чувашҳо — умницы и красавицы ва диг. Ҳамаи қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ нақлӣ, меҳнатдустӣ, зебоӣ, одоби инсонӣ, маънавиёти баланд, пурқувватӣ, тобоварӣ ба душвориҳо, ҳқиқатпарастӣ, сифатҳои муборизи ҳақиқӣ барои озодиро тараннум мекунанд, Тарбия дар шароити имрӯза ба сифати асосӣ- ғоявии системаи тарбиявӣ бояд аз руи принсипи гуманизм амал намояд. Гуманизм (лот. инсондустӣ), нармӣ дар маносибати инсонӣ, ҳурмат ба шахсе ва қиматҳои дигари инсонӣ аст. Амалӣ гардидани принсипи гуманизм дар ҷараёни тарбия ба қимати умумиинсонӣ вобастагӣ дорад, ки он аз ду фаҳмиш иборат аст:

  1. Аҳамияташ на барои фақат гуруҳои сотсиалӣ синфҳои ҳизбӣ, давлатӣ, балки барои ҳамагон аст.
  2. Қимати транссенденти дорад (аз ҳудуд берун), яъне қиматҳои умумӣ — абадӣ. Барои диндорон — табиати ҳамеша бо Худо будан, кӣ дар асоси он зикри Худо — некӣ, ҳақиқат, зебоӣ ва хок инъикос меёбад: дар система дини буддоӣ васиятҳои қатл макун, на дузд, бутпарастӣ макун ва ҳоказо. Ҳамин тариқ мафҳуми гуманизм дар худ ватанпарастию эҳтироми баланди ҷомеаро таҷассум мекунад. Умумӣ карда гуем, гуманитарикунонии тамоми ҷабҳаҳои ҳаётии макотиби миёнаю олиро оиди тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои хоҷагии халқ дар бар мегирад. Нақшаҳои таълимию тарбиявӣ бояд ҳавасу дархости донишандузонро ба назар гирад, на ҳаваси ин ё он кафедра, макотиби олӣӣ. ё давлатро. Инчунин ғуломдор ва ғулом ба меҳнат дар ҷамъияти феодалӣ — аз тайёр карданӣ феодалҳо ва косибону деҳқонон, дар ҷамъияти капиталистӣ — истисморгар ва истисморшаванда вобастагӣ дошт. Мақсади тарбияи инсони комимуносибати устодон бо донишандузон низ аз аҳмиятӣ холӣ набуда, вай дар асоси ҳамкории педагогӣ ба роҳ монда мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *