Фанни Педагогика

Мазмун, моҳият ва кори роҳбари синф

Зермавзўъҳо:

  1. Моҳият ва хусусиятҳои кори роҳбари синф.
  2. Вазифаҳои асосии роҳбари синф.
  3. Соатҳои табиявӣ ва аҳамияти он.
  4. Банақшадарории кори роҳбари синф.
  1. Роҳбари синф- муаллимест, ки дар мактаби таҳсилоти умумӣ баробари аз рўи тахассус дарс додан, дар синфи мувофиқи қарори шўрои педагогӣ ба ў вобаста карда шуда корҳои ҳаррўзаи таълиму тарбиявӣ мебарад ва ба ташкили корҳои тарбияи коллективи хонандагон машғул аст.

Роҳбари синфиро дар мактаб яке аз муаллимоне мебарад, ки дар ҳамин синф дарс медиҳад. Вазифаи роҳбари синфро дар мактаби олӣ- куратор, дар мактаб- интернат мурабби иҷро менамояд. Дар солҳои аввалӣ солҳои ташкилии мактабҳо вазифаи роҳбари синфӣ набуд. Солҳои 30- и асри ХХ вазифаи саргурўҳ пайдо шуд. Низоми аввалин дар бораи мазмун ва сохтори кори роҳбари синфи ҳозира яъне вазифаи роҳбари синфӣ 15.05.1934 тасдиқ карда шудааст.

Роҳбари синфро директори мактаб таъин мекунад ва он набояд аз се сол кам собиқаи кории педагогӣ дошта бошад. Солҳои охир фаъолияти роҳбари синф бо истифода аз шаклу методҳои гуногун бой гардид. Барои нишон додани кори роҳбари синф аввалин маротиба ба таври коллективӣ китоби “Роҳбари синф” соли 1954, бо шарҳу иловаҳо солҳои 1955, 1957 аз чоп баромад. “Очеркҳо оид ба методикаи кори роҳбари синф” аз тарафи Н. И. Болдырев соли 1959 ва баъдтар бо тағйироту иловаҳо соли 1962 ба табъ расид. Соли 1971 нашри аввали китоби “Роҳбари синф” баромада буд. Соли 1987 аз тарафи олим- педагог П. Иброҳимов дастури методӣ “Мазмун ва методикаи кори роҳбари синф” ба забони тоҷикӣ нашр гардид.

Моҳияти кори роҳбари синф- ин дар ҳалли вазифаҳои тарбияи демократӣ ҳамчун ташкилотчӣ ва сафарбаркунандаи раванди тарбия дар шароити синф, ки он коллективи асосии ибтидоии хонандагони мактаби таҳсилоти умумӣ мебошад, муҳим аст.

  1. Роҳбари синф вазифаи ниҳоят масъулиятнок ва мураккабро иҷро мекунад. Вай ташкилотчии корҳои тарбиявӣ дар синф, мураббии хонандагон, ташкилкунандаи коллективи муташаккилу тифоқи хонандагон буда, бо ёрии муаллимон ва якҷоягии ташкилотҳои Созмони “Сомониён”, “Ворисони Сомониён”, падару модарон ва аҳли ҷамъият кор мебарад.

Ба вазифаҳои муҳимтарини роҳбари синф инҳо дохил мешавадн:

  • омўзиши хусусиятҳои психологӣ ва анатомию физиологии хонандагон;
  • шинос кардани хонандагон бо “Қоидаҳо барои талабагон”;
  • назорати ҳаррўза аз рўи давомот, сифатҳои ахлоқ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ;
  • назорати доимӣ аз рўи реҷаи рўзи хонандагон ва иҷрои вазифаи хонагӣ аз тарафи онҳо;
  • гузаронидани маҷлиси муаллимони синф;
  • таъмин намудани навбатдорӣ дар синф, мактаб, ҷиҳозонидани синф, дуруст нигоҳ доштани асбобу анҷоми мактаб;
  • назорат аз болои риоя кардани тарзи либоспўшии хонандагон мувофиқи низомномаи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мувофиқи нақшаи корӣ гузаронидани маҷлисҳои синфӣ;
  • ташкил кардани чорабиниҳои берун аз синфию берун аз мактабӣ;
  • иштирок кардан дар маҷлисҳои Созмонҳои: “Ворисони Сомониён” ва “Сомониён”;
  • таъмин намудани хонандагони синф дар гузаронидани чорабиниҳои ҳарбӣ- спортӣ, мунтазам назорат кардани саломатии хонанадагон, алоқаи доимӣ доштан бо муаллимони тарбияи ҷисмонӣ ва духтури мактаб;
  • ҳавасмандгардонии хонандагон ва дар мавриди зарурӣ ҷазо додан ба онҳо;
  • алоқаи доимӣ доштан бо волидайнҳои хонандагон ва оид ба масъалаҳои таълиму тарбия суҳбатҳои фардӣ- алоҳида гузарондан;
  • тарбия додани делаи (парвандаи) шахсии хонандагон ва ҳуҷҷатдории роҳбари синф.
  1. Соати тарбиявӣ шакли кори хоси роҳбари синфи мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ мебошад. Роҳбарони синфҳои мактаби асосӣ (V- XI) ва миёна (Х- ХI) вазифадор карда мешаванд, ки ҳар ҳафта як маротиба бо хонандагони синфашон соати тарбиявӣ гузаронанд. Масъалаҳое, ки дар машғулияти соати тарбиявӣ мавриди муҳокима қарор мегирад гуногун буда, он дар он дар маркази диққати хонандагон бояд бошанд. Хуб мешавад, ки мавзўъҳои соатҳои тарбиявӣ доир ба ахлоқ бошанд. Дар соатҳои тарбиявӣ талаботҳои мактаб, масъалаҳои хониш, давомот низ мавриди муҳокима қарор гирифтанаш мумкин аст.

Соати тарбиявӣ имконият медиҳад, ки муаллим- роҳбари синф ва хонанда фикрашонро ба якдигар иброз доранд, доир ба ин масъалаҳои муҳокимашуда ақидаву мулоҳизаҳояшонро равшан ва ошкор баён намоянд. Соатҳои тарбиявӣ дар рўзи муайяншудаи ҳафта бо салоҳдиди хонандагону роҳбарони синф мувофиқи ҷадвали дарсӣ гузаронида мешавад. Роҳбари синф мавзўъҳои соатҳои тарбиявиро барои чоряк, нимсола ё соли хониш ба нақша мегирад. Гузаронидани соатҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ тавсия намешавад.

4.Нақшаи кори роҳбари синф одатан барои соли хониш, нимсола ё чоряк тартиб дода шуда он аз тарафи директори мактаб тасдиқ карда мешавад. Барои он ки нақшаи кори тарбиявии роҳбари синф ҳуҷҷати ҳақиқӣ шавад, ба талаботҳои зерин ҷавобгў бошад:

А) Нақша мақсади муайян дошта бошад.

Б) Мазмуну мундариҷаи нақшаи корӣ гуногун бошад.

В) Корҳои тарбиявӣ пай дар пай ва системанок ба

нақша гирифта шавад.

Г) Нақша бояд реалӣ- иҷрошаванда бошад.

Д) Нақшаи кории роҳбари синф ба нақшаи кории

умумимактабӣ мувофиқат кунад.

Дар кори ба нақшагирӣ қолаби ягона вучуд надорад. Муҳимаш он аст, ки нақша вазифаҳои асосии тарбиявиро барои синф фаро гирад. Нақшаи тарбиявӣ аз рўи самтҳои муҳимтарини фаъолияти роҳбари синф тартиб дода шуда бобҳои зеринро дар бар мегирад:

  • тавсифи синф ва вазифаҳои асосии кори тарбиявӣ дар чоряк, нимсола, соли хониш;
  • кор оид ба пешрафти хониши хонандагон;
  • тарбияи ахлоқии хонандагон;
  • тарбияи ҳарбӣ- ватандўстии хонандагон;
  • тарбияи экологӣ;
  • ташкили корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ва интихоби касб;
  • корҳои варзишӣ ва санитарию гигиенӣ;
  • корҳои якҷоя бо созмонҳои кўдакон, наврасон ва ҷавонон;
  • кор бо падару модарони хонандагон.

Дар фаъолияти муаллими синфҳои ибтидоӣ ва роҳбари синф мунтазам ба ҳисоб гирифтану баҳодиҳӣ ба натиҷаи корҳои тарбиявӣ мавқеи махсусро ишғол мекунад. Онҳо натиҷаҳои чорабиниҳоро таҳлил карда, усулҳои бештар самараноки кори тарбиявиро истифода мебаранд.

Адабиёт

  1. Болдырев Н. И. Очеркҳо оид ба методикаи кори роҳбари синф.- Душанбе, 1962.
  2. Иброимов Г. Мазмум ва методикаи кори роҳбари синф.- Кўлоб, 1987.
  3. Юнусов Й. Педагогика.- Душанбе, 2005.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *