Фанни Педагогика

Тарбияи ҳуқуқ

Ҳуқуқ – маҷмӯи қоидаю қонунҳои аз тарафи давлат муқарраршуда ё ба тасвиб расидаро гӯянд. Ҳуқуқ муносибатҳои одамонро дар ҷомеа ба танзим меорад ва хусусияти синфӣ дорад.

Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои шаҳрвандони ҷомеаи демократӣ асоси ҳуқуқи шахсиятро дар ҷомеа муайян мекунад. Ҳуқуқи демократӣ шакли олии таърихии ҳуқуқ ба шумор меравад. Принсипҳои асосии он барҳам додани истисмори одам аз тарафи одам, баробарии ҳамаи шаҳрвандон, кафолати ҳуқуқу озодиҳои демократӣ, инсонпарастӣ ва адолат мебошад.

Ташаккули тарбияи ҳуқуқ ва рафтори ҳуқуқнигории насли наврас – қисми муҳими тарбияи шаҳрвандӣ. Инҷо гап дар бораи ташаккули ҳуқуқи давлати демократӣ меравад. Дар мактаб ба тарбияи эҳтироми қонун, маданият, демократизм, фаъолияти волои шаҳрвандӣ ва масъулиятҳискунӣ эътибори хоса дода мешавад.

Қонунгузорӣ – яке аз роҳҳои муҳими дар ҳаёт татбиқкунии сиёсати давлатӣ. Ҷорӣ кардани нормаҳои ҳуқуқ таҳти таҷрибаи амалии муносибатҳои иҷтимоӣ барои инкишофи оқилона, шаҳрванди бошуур, обрӯю андешаи иҷтимоӣ ва қувваи қонуни иҷборӣ бо ёрии органҳои давлатии ҳифзи ҳуқуқ ноил мегардад.

Ҳуқуқро дар ҳаёти ҷомеа ҳамаи табақаҳо иҷро мекунанд. Манбаи асосии ҳуқуқ Конститутсияи (Сарқонуни) давлатӣ мебошад. Дар асоси Конститутсия қонунгузории соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ кор карда мешавад, амал мекунад: меҳнатӣ, шаҳрвандӣ, оиди моликияти хусусӣ, оиди ташаббус, оиди ширкат (кооператсия), оид ба муҳофизати атроф, маъмурӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ғайра. Бо ҳамин танзими вазифаҳои ҳуқуқӣ пайдо мешавад, ки мо нисбати онҳо таваққуф мекунем.

Вазифаи тарбиявӣ аз идеали рафтори одам дар ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ аз иҷрои нормаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии шуурона ва фаъолонагӣ сар мезанад. Дар ҳамин замина ҳамкории илмҳои педагогӣ ва юридикӣ асос меёбад: педагогика аз тарбияи нормаҳои ахлоқ ба ҳуқуқ ҳаракат мекунад, ҳуқуқшиносӣ бошад, аз ҳуқуқ ба ахлоқ. Ин ҳар ду илм вазифаи ягона – ташаккули маданияти ахлоқию ҳуқуқии одамро ҳал мекунад.

Вазифаҳои муҳофизати – посбонии ҳуқуқ муҳофизати риояи қонун, ҳуқуқи шаҳрвандро аз вайронкунӣ ва содир кардани ҷиноят нигоҳ медорад. Ин аз тарафи органҳои ҳифзи ҳуқуқ: суд (додгоҳ), додситон, ваколат, ҳакамӣ, нотариат ба ҷо оварда мешавад. Барои педагогика марказ вазифаи ҳуқуқӣ тарбиявӣ ҳисоб меёбад, ки он тавассути якҷояамалкунии танзим ва ҳимоя ба вуҷуд меояд.

Системаи тарбияи ҳуқуқ дар фаҳмиши илмӣ бо сохти ҳуқуқи шууронагӣ муайян мегардад. Унсури аввалини он саводнокии ҳуқуқ мебошад: шиносоии умумӣ бо асосҳои ҳуқуқдодҳои давлат, намудҳои ҳуқуқ ва меъёр, муносибати одамони батартибоваранда дар асоси қонун. Вале дониши ибтидоии нормаҳои юридикӣ на ҳама вақт дар асоси ҳалли амалӣ ва ҳавасмандии рафтори дуруст мегардад. Наврасон ва ҷавонон на ҳамеша ба қоидаҳои ба онон маълуми нормаҳо риоя мекунанд, балки иддае аз онҳо дониста ва пинҳонӣ ба ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд. Онгоҳ шуурнокии ҳуқуқӣ, саводнокии ибтидоӣ ба нерӯи амалкунанда мегардад, якҷояамалкунии шуури шаҳрвандӣ ба хонанда нисбати фаҳмидагирии моҳият ва аҳамияти иҷтимоӣ доштани нормаҳои ҳуқуқ баҳри ҳимояи манфиати ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандии он мададрасон мегардад. Шуурнокии ахлоқӣ барои амиқ аз худ кардани нормаҳои ҳуқуқӣ, муносибати ахлоқӣ кардан ба он мувофиқат мекунад. Он ба талабагон имконяите фароҳам меорад, ки ҳудуди рафтори маънавие, ки берун аз он ғайриахлоқӣ ва зидди ҳуқуқӣ содир мешавад, бубинанд ва дарк кунанд. Чунончи, дурӯғ, найранг, фиреб додани рафиқ ва коллектив дар мактаб, ришвахӯрӣ, дуздӣ, қаллобӣ ва ғайра. Ҳурмат накардани рафиқ, муаллим ва волидайн ва вайронкунии ҳуқуқ ба поймолкеунии шаъну шарафи шахсият мебарад. Бесарусомонӣ, муносибати фориғболӣ нисбати меҳнат, вайронкунии интизоми меҳнат ва қонунҳо дар бораи меҳнатро тавлид мекунад. Мастигарӣ ба ҷиноят ва ҳуқуқшикании ахлоқи умуминсонӣ мебарад. Ҷомеа ахлоқи баланди шууронаро мепарварад. Хисрави Деҳлавӣ барҳақ фармуда:

Ту адаби нафси бадандеш кун,

Беадабонро ба адаб хеш кун!

Ҷузъиёти муҳими шууронагии ҳуқуқ ҳисси ахлоқию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мебошад. Ҳисси ахлоқию ҳуқуқӣ эҳтироми чуқур ба қонун ҳамчун зуҳуроти иродаи халқҳост. Он бевосита ба ҳисси ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Дар ҳуқуқшиносӣ ҳисси ватанпарварӣ, виҷдонан рафторкунии шахс нақш мегирад ва ботинан назоратчии ҳуқуқнигор мегардад. Ҳисси тарсу ваҳм ба одаме хос аст, ки виҷдон коҳандааст, қонуншиканӣ кардааст, худро ба ҷазо лоиқ намудааст.

Ҳамчунин ҷузъиёти сохти шууронагии ҳуқуқ ҳуқуқи тафаккуркунӣ ҳам мебошад. Он ба донишҳои ҳуқуқӣ асос меёбад ва арзёбӣ карда мешавад, кирдору рафори одамонро аз нуқтаи назари нормаҳои ҳуқуқ ифода мекунад. Донишҳои ҳуқуқӣ, ҳис ва тафаккур дар якҷояамалкунӣ дар кӯдак имкони инкишофи талабот ба рафтори ҳуқуқнигорӣ ва ирода, ки баҳри фаъолона риоякунии нормаҳои ҳуқуқ, мубориза алайҳи вайронкунандагони он равона карда мешавад. Ташаккули шууронаи ҳуқуқ мақсади ба хонандагон тарбияи ҳуқуқӣ, маданӣ додан аст. он ба худ инҳоро мегирад: донистани нормаҳои ҳуқуқ ба манфиати ташкилот, шаҳрванд, шахсии худ; талаботи шаҳрвандӣ дар адои ҳуқуқи манфиатӣ ва мубориза алайҳи вайронкуниҳои ҳуқуқ.

Ҷузъиёти возеҳи системаи тарбияи ҳуқуқи хонандагон мақсади тарбияи ҳуқуқии насли наврас мебошад. Он бояд хонандагонро бо ҳуқуқҳои муносибати иҷтимоии мураккаб шинос кунад, бо ёрии ҳуқуқ як қатор проблемаҳои тарбиявиро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зикр ёфтаанд дарк намоянд. Аввало дар онҳо ташаккул додани ҳисси шаҳрванди ҳуқуқшиносӣ давлатӣ бояд. Хонанда тадриҷан узвияти соддаи саводнокии юридикиро бояд азхуд кунад, ҳуқуқҳоро фаҳмад, вазифадорӣ ва масъулияти ҳуқуқнигаҳдориро ҳис кунад. Дар шуури ӯ маданияти ахлоқӣ – ҳуқуқии рӯҳӣ ҷараён ёбад. Нормаҳои ахлоқӣ фаҳмиши нормаҳои ҳуқуқиро сабук мегардонад. Ниҳоят, тарбияи ҳуқуқ баҳри ҳавасмандгардонии фаъолияти иҷтимоии хонанда, саъю кӯшиши ӯ барои муборизаи фаъол бо ҳодисаҳои нохуши ҳуқуқвайронкунӣ саҳм мегузорад.

Дарк кардани мақсади тарбияи ҳуқуқ барои тафаккури педагогӣ дар масъалаи мавқеи он дар раванди яклухти тарбия, дарки алоқамандии он бо дигар намудҳои фаъолияти кӯдакон ёрӣ мерасонад. Фаҳмиши муносибатҳои ҳуқуқӣ ба хонандагон дар чунин намудҳои фаъолият – худидоракунии умумимактабӣ, меҳнатӣ истеҳсолӣ, мусобиқаҳои варзишӣ дастрас мегардад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *