Фанни Педагогика

Методҳои ҳавасмандгардонӣ ва маҳкумкунӣ

Ин гурӯҳи методҳо вазифаҳои иҷрошуда, ислоҳи камбудиҳо ва ҳавасмандгадонии рафтор ва фаъолияти тарбиягирандагонро фаро мегирад. Кирдору амалиёте, ки аз тарафи хонандагон анҷом меёбад, баҳри пойдору устуворӣ ва минбаъда инкишофдиҳии онҳо бояд аз ҷониби муаллим арзёбӣ (маъқул ва ё маҳкум) карда шавад. Ба ин гурӯҳ методҳои мусобиқа, ҳавасмандгардонӣ, маҳкумкунӣ дохил мешаванд.

М у с о б и қ а – яке аз роҳҳои баланд бардоштани интизом, рафтор, муносибати шууронаи мактабиён. Он баҳри пешсафӣ, ноилшавӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ва ба ҳаммусобиқа ёрии беғаразона расондан нигаронида мешавад. Мусобиқа ақибмонҳоро ба дараҷаи пешқадамон мебардорад, ба инкишофи фаъолияти эҷодӣ, ташаббускорӣ, оғози навоварӣ, ҳис кардани масъулиятшиносӣ ва дар рӯҳи дастаҷамъӣ тарбиякунӣ рӯҳбаланд мегардонад.

Ба мусобиқаҳои мактаббачагони хурдсол чунин ӯҳдадориҳоро тавсия намудан мумкин аст: таъмини давомоти садфоиза, ҳамеша иҷро кардани вазифаҳои хонагӣ, озодона нигоҳ доштани китобу дафтарҳо, ба интизомнокӣ риоя намудан, дар корҳои сарпарастии кӯдакистон ғамхорӣ зоҳир кардан ва ғ.

Мусобиқа фардӣ, гурӯҳӣ ва синфӣ мешавад. Онҳоро дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат гузаронидан мумкин аст. Дар ҷараёни мусобиқаҳо аз принсипҳои зерин истифода бояд бурд: дар фаъолият ошкорагӣ, мушаххасии ӯҳдадорӣ, муқоисакунии натиҷаҳои фаъолият, имконияти амалан истифодабарии таҷрибаҳои пешқадами ҳамдигарӣ.

Ҳ а в а с м а н д о н ӣ чӣ дар тарбия ва чӣ дар омӯзиши педагогикаи давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявии мо методи асосӣ ба шумор меравад. Он методҳои таъдиб (муштра), авторитарӣ (ҳукмравоӣ) – ро тамоман маҳкум мекунад.

Ҳавасмандонӣ – тарзи ифодаи баҳои рӯҳафзоии кӯдакон, баҳои мусбати ҷамъиятӣ ба рафтор ва фаъолияти кӯдакони алоҳида ва ё иттиҳод (коллектив). Ёдрас мешавем, ки дар ҳавасмандгардонии кӯдакон муносибати холисона бояд кард; бе мавқеъ ва аз ҳад зиёд, инчунин барои майда – чуйда таърифкунӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Чунки баъзан ситоиши зиёд онҳоро ба кибру ғурур меорад. Ситоиши муаллим бояд арзанда ва мақбули умум бошад ва дигаронро низ ба рафтори маънавӣ ҳидоят намояд.

Дар ҳавасмандгардонӣ аз шаклҳои зайл истифода бурда мешавад: маъқулкунӣ бо ишораи даст, сар ё табассум, дилбардорӣ, изҳори боварӣ, таърифу тавсиф, ташаккур баён кардан, мукофотонидан бо ашёҳои таълимӣ, қайд намудани рафтори шоиста дар ҳузури умум, волидайн, васф намудан дар лавҳаи фахрӣ, рӯзномаи деворӣ, радиои мактаб, ба падару модарон навиштани хати миннатдорӣ.

Талабагон аснои аз синф ба синф гузаронӣ барои хулқи намунавӣ ва хониши хубу аълояшон бо грамотаи фахрӣ, роҳхат ба саёҳат ва урдугоҳҳои истироҳатӣ, баъди хатми мактаби миёнаи ҳамагонӣ бо медали тилло ва нуқра сарфароз гардонида мешаванд.

Дар мактаб нафақат талабагони алоҳида, инчунин синфу коллективҳо ҳам барои рафторҳои намунавӣ, давомоти хуб, хониши хубу аъло бо раҳматномаи маъмурияти мактаб, байрақсупорӣ ва мукофотҳои ашёҳо ҳавасманд гардонида мешаванд.

М а ҳ к у м к у н ӣ (мазаммат, ҷазодиҳӣ) — яке аз роҳҳои ислоҳи рафтор ва муносибати талабагон. Бидуни маҳкумкунии кирдорҳои ношоям дар тарбия ва камбудиҳо дар омӯзиш пешравӣ нахоҳад шуд. Мазаммати холисона – таконоварии мушфиқона бояд буд, дар системаи таълим ва тарбия маҳкумкунии амалиёт ва кирдорҳои мухолифи меъёрҳои рафтори ҷамъиятии талабагони алоҳида ё гурӯҳ баҳри таъсиррасонии маънавӣ ва водоркунӣ ба риоя намудани онҳо истифода бурда мешавад.

Ҷазо хатоҳои рафтор ва муносибатҳои талабагонро ислоҳ карда, дар куҷо ва чӣ гуна хато содир карданашонро ошкор мекунад ва ҳисси шарму ҳаёро дар онҳо бедор менамояд. Зеро «ҳаё хислати шариф ва сирати мақбул аст. Ҳаёро шохе аз дарахти имон гуфтаанд, ҳаё аз шароити назми олам аст. Агар сифати шарм аз миён барафтад ва ҳеҷ касро аз ҳеҷ кас шарм набошад, низоми ҷаҳон халал пазирад ва масолеҳи халоиқ аз якдигар фурӯ резад. Аммо сифати ҳаё намегузорад, ки ҳар кас ҳар чӣ хоҳад бикунад:…

Гар ҳаё набвад барафтад расми исмат аз миён,

В – ар ҳиҷобе дар миён аст аз тақозои ҳаёст…

Дидаи бешарм писандида нест,

Дар назари ақл худ он дида нест»[1].

Оре, шарму ҳаё – мизони ақлу заковат. Оне, ки аз кирдорҳои ношоями хеш шарм мекунад, одамигарӣ дорад ва дар ислоҳи он таъсири тарафайн амал мекунад: яке дар ҳолати тарбиятгар, дигаре эҳсоси ботини худи он шахс.

Аммо ҷазо хонандаро набояд ба кулфат печад аз нигоҳи инсонпарварӣ дода шавад. Дар ҷазодиҳӣ дилтангӣ на бояд кард, бо андеша бояд буд. Вале ҷазо надодан кӯдакро ба коҳилӣ, бепарвоӣ, худсарӣ, беинтизомӣ мебарад. Мунтаҳо аснои ҷазодиҳӣ муаллим ба одоби муошират, этикаи педагогӣ риоя мекунад. Дар мактаб ҷазои ҷисмонӣ, таҳқир кардани шахсияти кӯдак, дашному дуои бад қатъиян манъ аст.

Мазаммат бояд бо серталабӣ бошад, ба гуфти А. С. Макаренко, бо эҳтироми шахсияти кӯдак майл гирад. Мазмуни гуманистии ҷазои мактаби даврон ҳамин аст. Ҷазо баҳри шарафмандии ояндаи кӯдакон дода мешавад, на бо шубҳаҳои беасос, на бо кинаву адоват.

Дар мактаби замонавӣ чунин ҷазоҳо пешбинӣ шудаанд: сарзаниши тарбиятгар, танбеҳ, паст кардани баҳои интизом, даъват ба шӯрои мактаб (педагогӣ), муҳокима дар кумитаи кӯдакон, аз синф ба синфи мувозии дигар гузаронидан, чораи охирин – аз мактаб хориҷ намудан ва ғ.

Чунин роҳҳои тарбиявӣ вобаста ба таҷрибаҳои пешқадам бо назардошти ба ҳисобгирии синну сол, шароити содиршудаи рафтор андешамандона сурат мегирад. Муаллим вобаста ба шароиту вазъият метавонад роҳҳои мазкурро кор нафармуда, чорабиниҳои дигареро истифода барад, ба шарте ки бар хилофи талаботи педагогӣ набошанд.


[1] Њусайн Воизи Кошифӣ. Ахлоқи Мўҳсинӣ. Душанбе, – 1991. с. 129 – 130.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *