Фанни Педагогика

Методҳои ташкили фаъолият, алоқа, таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ

Инсон ҳамчун субъекти меҳнат дар ҷараёни фаъолият таҳти коркунӣ ва алоқа ташаккул меёбад. Ҳар як фаъолият аз кору амал иборат аст. Бинобар ин дар ташкили фаъолият ва ташаккули таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ аз маҷмӯи метод ва усулҳои гуногуни таъсирбахш бояд истифода бурд.

Ташаккули шахсияти инсон маҳз дар натиҷаи зарурати зиндагӣ ва фаъолият ба вуқӯъ мепайвандад. Фаъолият нафақат олами ботини шахсиятро ифода мекунад, ҳамчунин он омили ҳалкунандаи худҳаракатдиҳӣ ва инкишофи шахсият мебошад.

Ба ин гурӯҳ методҳои талаботи педагогӣ, афкори умум, ёддиҳӣ, машқ, супориш, муҳайё намудани вазъияти тарбиявӣ шомил мешаванд.

Т а л а б о т и п е д а г о г ӣ, пеш аз ҳама, амалиёти қонунии раванди тарбия, ҳамчун диалектикаи ботинӣ ва оҳирӣ намоён мегардад. Бинобар ин талабот яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсият буда, бидуни он дар мактаб талабагонро ба назму низом овардан, дар кирдору муомила, инчунин дар фаъолият пойдор намудан имконнопазир аст. Талаботи педагогӣ нафақат аз инкишофи шахсият, ҳамчунин аз талаботи худи тарбиягиранда ҳам бояд пеш гузарад.

Мазмуни талаботи педагогӣ бо меъёрҳои ахлоқи дар ҷомеа амалкунанда, Оинномаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, Қоидаҳо барои талабагон муайян карда мешавад.

Талабот ба тарбиягирандагон метавонад вазифаҳои мушаххас ва қобили иҷро гузорад. Он метавонад зиддиятҳои дохилии раванди тарбияро ошкор намояд, дар рафтор, фаъолият ва алоқа камбудиҳои хонандагонро муайян намуда, роҳи инкишофи дурусти онҳоро ба танзим орад. Талаботи педагогӣ барои ҷорӣ намудани тартибу интизоми дохилимактабӣ кӯмак мекунад, ба мутташакилии фаъолият ва рафтори талабагон рӯҳафзоӣ мебахшад.

Талабот шаклҳои бевосита ва бавосита дорад. Талаботи бевосита ба худ аломатҳои мусбӣ, дастуруламалӣ ва супориширо доранд.

Талаботи бевосита (илтимос, маслиҳат, ишора ва ғ.) ба ташкил кардани боварӣ, матлабҳои тарбиягирандагон такя намуда пешбарӣ карда мешавад.

Талаботҳое, ки ба кӯдакони синфҳои ибтидоӣ гузошта мешаванд, бояд мувофиқи қобилияти тавоногиашон бошад. Кӯдакро аввал бо талаботи сабук одат кунонидан лозим аст, то ки ӯ бидуни фишороварӣ талаботро иҷро кунад.

А ф к о р и у м у м тақозо мекунад, ки ҳар талаботи пешбаришуда бояду шояд мақбул ва писанди аҳли умум бошад, талаботи ҳамаро ифода кунад. Чунки арзёбӣ, мулоҳиза ва талаботи умум нерӯи фаъолу таъсирбахш аст, он дар фаъолияти педагогии муаллими андешакор вазифаи методи самарабахшро адо карда метавонад. Биноан дар ин бобат Саъдии бузургвор фармудаанд:

Як гули мақсуд дар ин бӯстон,

Чида нашуд бе мадади дӯстон.

Ё Низомии Ганҷавӣ таъкид кардаанд:

Ду дил як шавад, бишканад кӯҳро,

Парокандагӣ орад андӯҳро.

Иттиҳоди мактабиён системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, демократиро ба миён оварда, зимни он ба талабагон навъҳои фаҳмиш, рафтор ва фаъолиятҳои мувофиқ карданро ташаккул медиҳад.

Иттиҳод (коллектив) вақте ки ба инкишофи ғоявӣ, зеҳнӣ, қавииродагӣ ва ба ягонагии узвҳои худ бирасад, он дар худ идоракунӣ қодиру тавоно мегардад ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки иттиҳод дар роҳи дурусти омили муҳими афкори умум аст.

Барои он ки афкори умум солим ташаккул ёбад, муаллим ҳаллу фасли ҳамаи ҳодиса ва воқеаҳои ҳаёти синфу мактабро ба муҳокимаи иттиҳоди онҳо бояд гузорад. Агар талабагон бо қисми асосии худ дар корҳои дастаҷамъӣ фаъолона иштирок кунанд, аз комёбиҳои дар якҷоягӣ ноилшудаашон хурсанд бошанд, ба камубдиҳои мавҷуда бо назари танқидӣ муносибат намоянд ва барои бартараф кардани онҳо чораҳои амалӣ андешанд, ин гувоҳи он аст, ки дар иттиҳод афкори умумӣ солим комилан ҳукмрон аст. Дар акси ҳол тарбия дар доираи танги инкишоф мемонад.

Ё д д и ҳ ӣ. Абӯабдуллои Рӯдакӣ таъкид кардаанд:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд!

Ба хусус аз ашхоси рӯзгордида аз гирифтани таҷрибаҳои зиндагӣ, хислатҳои неки инсонӣ, одобу рафтори оқилона барои атфол мактаби зиндагӣ аст. Матлаб аз ёддиҳии хушрафторӣ, ахлоқи ҳамида, одобу кирдор ин ба одат табдил додани онҳост, зеро одатҳои писанддида – зиннати одамӣ. Одати хуб – боигарии маънавӣ.

Ёддиҳӣ ҳанӯз аз оила аз овони кӯдакии бармаҳал ба воситаи фаҳмондан, нишон додан, омӯхтан сурат мегирад. Истифодаи ин метод риояи чандин шароити педагогиро тақозо мекунад, чунончи қабл аз ёд додани ин ё он муносибати муфид нисбати он тасаввуроти равшан пайдо кунонидан лозим аст, то кӯдакон моҳият ва зарурати онро дарк кунанд ва барои дарбаркунии он шуурона тасмим гиранд. Дар ҳосилкунии одат саросема шудан лозим нест, аввало иҷрои дақиқи амалиёт, сипас суръати он талаб карда мешавад.

Методи ёддиҳӣ назорат кардани тарзи иҷрои амалиётро талаб мекунад. Назорат хайрхоҳона, ғамхорона ва ислоҳкорона бурда мешавад. Масалан, марди роҳгузаре аз тӯрхалтаи худ як себи сурх бароварда ба кӯдаки дар дамгаҳи дарвоза бо падараш нишаста, ки «Дада, себ» — гӯён ғаш мекард, дароз кард.

  • Ана, ҷони амакаш, себ бошад, себ – дия.
    • Хӯш, ба амакаш чӣ гуфтан лозим? – ёдрас кардани шуд падар баъди себро гирифтани кӯдак.
    • «Боз якта диҳед» — гуфтан лозим.
    • Оё чунин гуфтан барои «ташаккур» аст?:

Ёддиҳи бо баробари калоншавии кӯдакон, мувофиқи қобилияти фаҳмашон ва шароити зиндагӣ тағйир ёфта меистад, мураккаб мегардад.

М е т о д и м а ш қ (тамрин) – пай дар пай такрор намудани ин ё он шакли фаъолияти рафтор ва муносибат баҳри ҳосил намудани маҳорат, малака ва одат. Ҳар фаъолият дар натиҷаи амалиёти борҳо такроркунӣ ба одат табдил меёбад. Машқҳо гуногун мешаванд: хаттӣ, шифоҳӣ, амалӣ; таълимӣ, машқи ҳофиза, шиноварӣ, варзишӣ, дуредгарӣ, рафтори ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо.

Машқ бо методи ёддиҳӣ алоқаи зич дорад. Баъди ёддиҳӣ ҳар амалиёти рафтор ва муносибат зимни машқ ба одат табдил меёбад, ки ин матлаби асосӣ аст. Методи машқ аксар вақт бо супориш сурат мегирад. Онҳо дар якҷоягӣ талабагонро мутобиқи қонуни иттиҳод кору зиндагӣ кардан майл медиҳанд. Аснои машқ ва супориш методҳои ҳавасмандгардонӣ ва ислоҳкунӣ аҳамияти калон доранд. Чунончи, муаллим барои рафтору муносибатҳои ҷамъиятиашон кӯдаконро ба тариқи зайл арзёбӣ мекунад: «Баъди тановули ғизо зарфҳоро ғун дошта шустанат офарин!», «Баъди тановули ғизо ба пазанда ташаккур гуфтӣ, ки ин хушодобӣ аст, бале!»…

М у ҳ а й ё н а м у д а н и в а з ъ и я т и т а р б и я в ӣ. Ҳар кӯдак ба ягон коре дилбастагӣ ва майле дорад. Дар мактаб барои қонеъ гардондани он майли муфиди кӯдакон вазъият – шароити қулай муҳайё намудан лозим аст, то ки дар он шуғли рағбатдоштааш рушду камол ёбад. Хонанда аз байни вазъиятҳо бо майли худ дилхоҳашро интихоб мекунад ва қобилияташро санҷида мебарояд. Вазъият – шароит гурӯҳӣ ва ё синфӣ баргузор мегардад. Масалан, талабаи синфи IV ба расмкашӣ иштиёқ дораду ба риёзиёт ва хондани порчаҳои бадеӣ не. Муаллим барои қонеъ гардонидани хоҳиши ӯ шароит муҳайё мекунад: ба клуби рассомони ҷавони мактаб месупорад. Дар клуби рассомон бо завқу шавқ фаъолият нишон медиҳад. Боре муаллим расми кабӯтари ӯро аз назар гузаронидаистода гуфт: «Ин расми кабӯтаратро ба квадрат бардошта, даҳ маротиба калон кун, ба намоишгоҳ мегузорем».

«Муаллим, квадраташ чӣ?..»

Муаллим мефаҳмонад, ки квадрат (риёзиёт) манзара (адабиётро) надониста рассоми моҳир шудан мумкин нест. Бухусус муаллим ба шуғли дӯстдоштаи кӯдак такя намуда, дар дили ӯ меҳри дигар фанҳоро зинда кард.

Чуноне ки аз мисоли мазкур маълум гашт, вазъиятҳо ҳамчун омили муҳими тарбия ихтилофотҳоро ошкор мекунанд, дар равиши фаъолият камбудиҳои фардӣ ва гурӯҳии мавҷударо бартараф менамоянд, чунончи шуғли дилчасп таъсири бузурги тарбиявии табиатворонагӣ дорад.

Ба вазъиятҳои педагогӣ инҳоро шомил кардан мумкин аст: пойга дар ягон намуди варзиш, мусобиқаҳои тозагии байнисинфӣ ва байнимактабӣ, гурӯҳи нозирони ҷавони роҳ – инспексияи давлатии автомобилӣ, клуби рассомони ҷавон, ширкати дастони моҳир: кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ ва амсоли инҳо.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *