Фанни Педагогика

Қонуниятҳои умумии раванди тарбия

Худуди амалиёти қонуниятҳои умумӣ дар тамоми системаи раванди тарбия паҳн карда мешавад. Қонуниятҳои умумӣ алоқаи байни қисматҳои бештар муҳиму зарурии раванди мазкурро ифода мекунанд. Қонуниятҳое, ки алоқамандии қисматҳои равандро муайян мекунанд, ҷузъ (аниқ) ном доранд. Раванди тарбия ба қисми бештари раванди педагогикаи умумӣ, ба қонуниятҳои раванди мазкур итоат мекунад. Ба ғайр аз ин дар он пайдо мешаванд ва хусусияти бо дигар системаҳо низ алоқамандӣ доранд – инкишоф ва ташаккулёбӣ. Аз ин боз нисбати мураккабӣ ва бисёрсоҳагии раванди омӯхтаистода хулоса баровардан мумкин аст. Табиист, қонуниятҳое таҳлил карда мешаванд, ки ҳамаи алоқаҳоро ифода намекунанд, онҳо фақат қисми хурди таҳлилшавандаи системаи тааллуқдор мебошанд.

Барои таҷрибаи тарбия аз ҳама муҳимаш алоқаманд кардани муносибати қонуниятҳои самарабахши (сермаҳсули) раванди тарбия ба он қисматҳояш, ки ба сифати тарбия бештар таъсир мерасонанд.

Самарабахшии тарбия вобаста:

  1. Аз муносибатҳои ҷамъшудаи тарбия. Таъсиррасонӣ ба шахсият тавассути муносибати он ба тамоми атрофиён, аз он ҷумла таъсири педагогӣ ҳам расонда мешавад. Дар рафти раванди тарбия тадриҷан ақидаҳои тарбиягирандагон мавқеи ҳаётии онҳо, мотивҳои рафтор – ҳамаи он комплекси сабаб ва шароитҳо, муносибат ба тарбия ном дорад, ташаккул дода мешаванд. Ташкилкунии тарбия дараҷа ва муфидонагии ҳамкории педагогиро муайян карда, ба рафт ва натиҷаҳои он таъсири бузург мерасонад. Аввало муносибатҳои манфиро бояд ислоҳ кард, сипас ба он такя намуда, ба ноилгардии мақсад пардохт. Тарбиягирандае, ки фавран мавқеъ ва талаботи тарбиягарро қабул мекунад, ба он одат менамояд ва онҳоро бидуни радкунӣ оқилона мепиндорад. Ана барои ҳамин ҳам ҳикмати насиҳатии педагогикаи амалӣ мегӯяд агар хоҳед, ки хуб тарбия кунед, ба мавқеи тарбиягиранда муваффақ шавед – на дигар чиз ҳамчун беихтиёрона фаҳмидани амалиёт аз тарафи қонуният дида мешавад ва равшан кардани ҳамаи амалиёт педагогикаи назариявӣ фақат ҳозир иқдомат мекунад.
  2. Аз имдоди мувофиқаткунии мақсад ва ташкили амалиёт ба матлуб расидан. Мафҳуми «ташкилкунӣ» ба худ ҳамаи маҷмӯи амалиёт, муносибат, шароит, шакл ва методҳои корро фаро мегирад. Дар раванди тарбия таъсири махсус, бетарафӣ, вале зуд – зуд пешгирӣ кардани рафторҳои манфии тарбиягирандагон ҳам ташкил карда мешавад. Агар ташкилкунӣ ба мақсад мувофиқ наояд, раванди тарбия ба комёбиҳо ноил шуда наметавонад. Ва баръакс ҳар қадар бо шаклҳо, воситаҳо ва методҳои гуногун ташкил карда шавад, ба вазифаҳои гузошташуда мувофиқат кунад ва ҳамон қадар самарабахшии раванди тарбия боло мегирад.
  3. Аз мувофиқаткунии таҷрибаи иҷтимоӣ ва характери (равонакунӣ, мазмуни) таъсири тарбиявӣ ба тарбиягирандагон. Раванди тарбиявӣ бо он ҳамроҳӣ менамояд, ки одам фикр ва амал мекунад, дониш мегирад ва таҷрибаи амалӣ ҳосил менамояд ва ҳамоно онҳоро дар таҷриба месанҷад. Агар он дониши гирифтааш ба ҳаёти тарбиягиранда мувофиқат накунад, вой бар ҳоли он – ноумеду маъюс мегардад.
  4. Аз маҷмӯи амалиётҳои объективӣ ва субъективии омилҳо. Ба омилҳои субъективӣ инҳо мансубанд: тарбиягар ва тарбиягиранда, ҳамкории байни онҳо, муносибатҳои ба миён омада, иқлими психологӣ ва ғ. омилҳои объективӣ ба воситаи шароити тарбия (маводи техникӣ, иҷтимоӣ, санитарию гигиенӣ ва ғ.) ифода мегарданд. Ҳар кадом ба тарбия ҳодисаҳои печдарпечи омилҳои маълумотии характери такрорнашавандагии худро медиҳанд. Барои муфидона тарбия кардан шароити мусоид бояд барпо кард.
  5. Аз барои сермаҳсулии тарбия ва худтарбиякунӣ. Худтарбиякунӣ – ин фаъолияти одам, ки барои такомулоти шахсияти худ равона карда мешавад. Дар ҷараёни худтарбиякунии шахсият ҳамчун субъект раванди тарбия баромад мекунад. Худтарбиякунӣ бевосита аз мазмуни зиндагии мактабиён, майлу рағбат, муносибат, қавииродагӣ ва хусусияти синну сол вобаста аст. Барои бомуваффақият худтарбиякунӣ муҳимаш донистани қадру қимати худ, пай бурдани бурдборӣ ва камбудиҳо ва бо қавииродагӣ бартараф намудани душвориҳо, фатҳи қуллаи мурод лозим аст.
  6. Аз фаъолона иштироккунӣ дар ҳамкории педагогӣ. Мазмуни ин қонуният кайҳо як миқдор дар боло – аснои таҳлили ҳамкории педагогӣ кушода шуда буд.
  7. Аз таъсирбахшии равандҳои ба он иловашуда – инкишоф ва омӯзиш. Инкишофи шахсият тибқи фаъолияти ташаккулёбӣ, дигаргуншавии хислату сифатҳои нави психологӣ ифода мегардад. Аз назарияи умумии идоракунӣ маълум аст, ки агар ду раванд бо ҳам алоқаи узвӣ пайдо кунанд, он гоҳ пастравӣ ё болоравии таъсирбахши яке аз онҳо ҳатман нисбати дигаре рӯй медиҳад. Тарбияро инкишоф, беҳтар мегардонад, инишкоф барои баланд бардории тарбия роҳ мекушояд. Агар ин алоқамандӣ вайрон шавад, он гоҳ душвории ҷиддӣ рух медиҳад, ки ин бо худи инишкофу омӯзиш, дар ҳамин қатор ба тарбияи шахсият ҳам таъсири бад мерасонад.
  8. Аз сифати таъсирбахшии тарбия. Таъсири педагогии тарбиягар нисбати тарбиягирандагон фаъолияти мақсаддор, бо равобит, системанок иникшофдиҳии зеҳнӣ, таъсирбахш, дар соҳаи иродавӣ ва мувофиқи мақсади гузошташуда ташкил кардани раванди тарбияро тақозо мекунад. Дар адои ин нақши иҷтимоии ҳамаи онҳо баробар нест – тарбиягиранда бо тарбиягар шуурона ҳамкорӣ мекунад, ки ин мувофиқи қонунияти раванди тарбия мебошад.
  9. Аз сермаҳсул таъсиррасонӣ ба «соҳаи ботинии» тарбиягиранда. Мафҳуми «соҳаи ботин» системаи мотивҳо, талабот, эҳсос, зеҳн, шахсият, ки дар маҷмӯъ ҳамчун ягонагии ифодагари олами ботинианд, фаҳмида мешавад. Таъсири фарогирифта ба воситаи таҷриба бо дархосту талаботи шахсият инъикос меёбад. Махсусан дар раванди тарбия таъсири зоҳирӣ ба табдили комёбии ботинии талаба мегузарад. Агар таъсиррасонӣ хеле зӯр бошад, ба талаботи ӯ ҷавобгӯ мегардад ва агар онҳо талабаро ба фаъолонагӣ ҳидоят кунанд, он гоҳ тағйирёбии мақсад дар мотивҳои худи шахсият хеле сабук ва тез мегузарад.
  10. Аз якҷокунии таъсиррасонии педагогӣ ва сатҳи инкишофи лафзӣ ва ҳисси дарккунии раванди тарбиягирандагон. Дар раванди тарбия қонуни нобаробарии инкишоф амал мекунад, ки инро мо пештар дида будем. Таҷриба нишон медиҳад, ки потенсиали (иқтидори) зеҳнии тарбиягиранда зуд – зуд ба нутқи лафзӣ ё ба параметри инкишофи ҳаракаткунандаи дарк кардан мувофиқат намекунад. Ана барои ҳамин ҳам мо шоҳиди он мешавем, ки талабае, ки сабук ва озодна ба назарияи фаҳмидагирӣ пайравӣ дорад, ноқулай ва лаванд мегардад, амалиётҳои оддитаринро иҷро кардаистода, зебоии муҳити атрофро ҳис карда наметавонад.
  11. Аз сермаҳсулӣ ва сифати робитаи дутарафаи (алоқаи) байни худи тарбиягирандагон. Ҳамдигартарбиянамоӣ ба шахсият барои он таъсирбахш мешавад, ки ҳамсолон ва дӯстон тарбия мекунанд. Дар чунин ҳолат мақсад ва мазмуни тарбия на фақат беҳтар фаҳмида мешавад, инчунин бидуни танқид ва зуд қабул карда мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *