Фанни Педагогика

Ақидаҳои педагогии (панду ахлоқии) мутафаккирони форсу тоҷик

Ақидаҳои педагогии (панду ахлоқии) мутафаккирони форсу тоҷик

Зермавзўъҳо

  1.  Ақидаҳои педагогии А. Рўдакӣ ва А. Фирдавсӣ
  2.  Ақидаҳои педагогии А. И. Сино ва С. Шерозӣ
  3.   Ақидаҳои педагогии А. Ҷомӣ ва А. Дониш

 

  1. Ақидаҳои педагогии А. Рўдакӣ ва А. Фирдавсӣ.

           а). Ақидаҳои педагогии  А. Рўдакӣ

Абуабдулло Ҷаъфар Рўдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрўди ноҳияи Панҷакенти ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ў таҳсили илмии худро дар мадрасаҳои шаҳри Самарқанд гирифтааст. Маҳз меҳнатдўстӣ, илмталабӣ ва донишпажўи ба ў имконият доданд, ки илму адаби замони худро азбар намояд ва бо эҷодиёти хеш машҳури ҷаҳон гардад. Маҳз бо сурудҳои дилпазиру  оламгирӣ худ ў ҳамчун шоири бузург, устоди илму адаб, ҳакими донишманд, асосгузори шеъру адаби форсу тоҷик ба таърихи фарҳанги форсизабонҳои дунё дохил шудааст. Рўдакӣ соли 941 дар зодгоҳаш аз дунё чашм пушидааст.

Ў дар ташаккули шахсият тарбия ва муҳитро омили асоси мешуморид. Тарбияи инсон ба ақидаҳои ў бояд ҳаматарафа бошад. Инсон пеш аз он, ки ба камол расад  бояд тарбияи ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва фикри гирад:

Чаҳор чиз мар — озодаро зи ғам бихрад,

Тани дурусту, хўи неку, номи неку хирад.

Хирад ва донишро яке аз сарчашмаҳои асосии инкишофи ақли инсон мешуморид. Илму донишро аз ҳамаи ганҷҳои дунё афзалтар дониста, исонро ба донишомўзӣ, доништалабӣ ташвиқ намудааст.

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ, рў ба ин ганҷ неҳ!

Шоир илму донишро рўшноии дил, чароғи ақлу хирад донистааст.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшван аст.

Рўдакӣ илму донишро шарти асосии тарбия шуморида, шахсонеро ки барои маърифатнок шудани фарзанди худ кўшиш намекарданд, сарзаниш намудааст. Ў хилофи ақидаҳои  замони худ баромада, дар ташаккулёбии фард на ин кӣ ирсият, балки нақши муҳитро низ дар тарбия муҳимтарин шуморидааст. Ҳаминтавр мутафаккир ҳайётро муаллим ва сарчашмаи тврбияи инсон нишон додааст.

Ҳар ки н-омўхт аз гузашти рўзгор,

Низ  н —  омўзад  зи ҳеҷ омўзгор.

Шоир ба одамон дастури зиндагӣ дода, таъкид менамояд, ки мард бояд монанди кўҳ устувор бошад, ҳар як ҳодисаи ногуворо ба воситаи далерӣ ва шуҷоатмандӣ аз худ дур созад. Ба ақидаи ў ҳар як сахтӣ ва мушкилӣ ба воситаи фазлу ҳунар, дониш, мардӣ ва бузургворӣ бартараф хоҳад шуд.

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!

Бар куру кар ар нукта нагири, мардӣ!

Марди набувад фитодаеро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

Шоири инсонпарвар дар осори худ дўстию бародарӣ, ҳамкорию ҳамнафасиро дар байни одамон талқин намудааст. Ба ақидаи ў муҳаббат, дўстию садоқат ҳисси баландӣ инсонӣ аст, ки ба одамон таъсири бои маънавӣ мерасонад:

Ҳеҷ, шодӣ нест ндар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рўи дўстон.

Хулоса, сардафтари адабиёти форсу тоҷик шоир бо гуфтаҳои худ дар боби тарбия  насли наврасро ба омўхтани илму дониш, ҳаёт, накўкорӣ, хоксорӣ, инсонпарварӣ, сулҳҷўи, мардонагӣ, поквиҷдонӣ, адолат, саховатмандӣ, ва дигар сифатҳои хуби инсонӣ даъват намудааст. Гарчанде аз гуфтаҳои ин бузургвор дар боби тарбия асрҳо гузашта бошад ҳам, вале афкори ў дар ин фасл то ҳоло қиммати тарбиявию ахлоқии худро гум накардааст.

 

б). Ақидаҳои педагогии  А А. Фирдавсӣ

Абулқосим Фирдавсӣ соли 934 дар деҳаи Божи вилояти Тўси Хуросон ба дунё омадааст. Ў дар зери сарпарастии падараш дар мактаб ва мадрасаҳо таҳсил карда илмҳои замони худро омўхтааст. Маҳз табиати баланди шеърдонию шеърфаҳмии ў имконият дод, ки вай шоҳасари худ «Шоҳнома»-ро ба вуҷуд овард.

А, Фирдавсӣ ин шоҳасари худро дар давоми 30 сол навишта ба Шоҳ Султон Маҳмуди Ғазнавӣ тақдим менамояд. Баъди номеҳрубонии Султон Маҳмуд, Фирдавсӣ бо сарсонию саргардонӣ рўз гузаронида соли 1020 дар зодгоҳаш вафот мекунад.

Шоҳномаи Фирдавсӣ на танҳо достони қаҳрамонист, балки асарест, ки дар он ақидаҳои  таълиму тарбиявӣ ва панду ахлоқӣ таҷассум ёфтааст. Масалан ў доир ба бузургони илму дониш чунин фармудааст:

Касе к-у ба дониш тавонгар бувад,

Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.

Ба ақидаи Фирдавсӣ тарбияи фарзанд бояд аз кўдакӣ сар шуда, дар ҷавонӣ ба ў бояд ҳунар омўхт. Ғайр аз ин ба ў бояд тарбияи ҷисмонӣ, ақлӣ ва ахлоқӣ дод. Дар овони ҷавонӣ ба бача санъати аспсаворӣ, чавгонбозӣ, шикорчигӣ, шамшерзанӣ, камонкашӣ ва дигар ҳунарҳоро омўхтан лозим аст.

Ў насли наврасро барои ба бар кардани беҳтарин сифатҳои инсонӣ даъват карда гуфтааст:

Биё то ҷаҳонро ба бад наспорем,

Ба кўшиш ҳама дасти некӣ барем.

Фирдавсӣ яке аз хислатҳои неки ахлоқии  инсонро дар эҳтироми падару модар нисбати фарзанд дида таъкид менамояд

Чу фармонпазиранда бошад писар,

Навозанда бояд, ки бошад падар.

Ў аввалин шахсест, ки образи занону духтаронро ба вуҷуд овардааст, ки онҳо дар чолокӣ, накўкорӣ, далерӣ, қаҳрамонӣ, ҳунар, дониш, покдоманӣ ва ғайраҳо аз мардон ҳатто бартарӣ доранд. Масалан дар «Шоҳнома» образи Меҳрак ном духтаре тасвир ёфтааст, ки ў нисбати мардон бартарӣ доштааст.

Асосан Фирдавсӣ дар бораи Ватану Ватандўстӣ ва ҳимоят аз онро таъкид карда гуфтааст:

Зи баҳру баҳру буму фарзанди хеш,

Зану кўдаки хурду фарзанди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Дар ҷои дигар чунин овардааст:

Агар мардӣ, ҳимоят кун ватанро,

Бихар ба хун гуноҳи хештанро.

  1. Ақидаҳои панду ахлоқии (педагогии) А. Сино ва С. Шерозӣ

 

А). Ақидаҳои панду ахлоқии (педагогии) А. Сино

Абуали  Ибни Сино 18.08.соли 980 дар деҳаи Афшанаи Бухоро таввалуд шуда, аз панҷсолагиаш ба таҳсил сар карда дар даҳсолагиаш Қуръонро пурра аз худ намуда, илмҳои адаб, сарфу навҳи арабӣ, баён, луғат, ва дигаронро меомўзад. Сипас ба омўхтани илми тиб машғул мешавад ва дар 18 солагиаш дар ин решаи илм забардаст мегардад.

Сино дар шаҳрҳои гуногуни Эрон умр ба сар бурда соли 1037 дар синни 57 дар Ҳамадон вафот мекунад.

Осори А. Сино ниҳоят калон буда, ў муаллифи чорсад асар мебошад, ки баъзеашон, аз он ҷумла «Китоб-ул-инсоф» (20 ҷилд) аз байн рафтааст. Ал-қонун — фи – тиб» — и  Сино дар арзи шаш аср манбаи донишҳо ва китоби дарсии табибони шарқу ғарб буд.

Ақидаҳои таълимию тарбиявии А. Сино дар асарҳои ў «Донишнома», «Рисолаи нафс», «Пирўзнома», «Тадбири манзил» ифода ёфтааст. Тибқи андешаи Сино тарбияи ахлоқӣ ба тарбияи нафс алоқаи зич дорад ва нафсро тобеи ақл дониста ба ҳамин хусусият аз ҳайвон фарқ кардани инсонро нишон додааст.

Тарбияро ў аз рўзи таввалуд муайян карда, таълиму тарбияро аз сини 6 солагӣ пешниҳод кардааст. Давраи бачагиро аз 6 то 14 солагӣ нишон додааст.

Сино таълиму тарбияро ба ду марҳила ҷудо кардааст:

  1. Омўхтани Қуръон, забон ва адабу ахлоқ.
  2. Омўхтани касбу ҳунар.

Ў дар бораи баднафсӣ чунин мегўяд:

Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ,

Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.

Дунё маталаб, чоҳ маҷу ишва махар,

К-аз дўст бароиву ба душман бирасӣ.

Дар бораи некию бадӣ чунин мегўяд:

Ҳар кассе нек мекунад ё бад,

Неку бад ҳар чӣ мекунад, ё бад.

 б). Ақидаҳои панду ахлоқии (педагогии) С. Шерозӣ

Саъди Шерозӣ соли 2014 дар Шероз таваллуд шуда дар ҳамон ҷо таҳсил кардааст, баъд дар мадрасаи «Низомия» — и  Бағдод хонда соҳаҳои гуногуни илми замонаашро омўхтааст.

Ў тақрибан соли 1249 баъди сафарҳои дуру дароз бо шавқу муҳаббати зиёд ба зодгоҳаш баргашта «Бўстон» ва «Гулистон» — ро менависад. Соли 1292 дар сини 81 солагиаш вафот мекунад.

Саъди ақидаҳои таълимию тарбиявии худро дар «Гулистон» ва «Бўстон» байён намудааст.

Боби ҳафтуми «Бустон» ба номи «Дар таъсири тарбия» мебошад, ки дар он оиди панду ахлоқ сухан рондааст.

Дар ташаккулёбии шахсият, Саъдӣ тарбия, таълим, илму дониш ва муҳитро муҳим шуморидааст. Ў тарбияро яке аз омилҳои асосии инкишофи шахсият шуморида чунин гуфтааст.

Одамиро, ки тарбият накунанд,

То ба садсолагӣ харе бошад!

Саъди ирсиятро дар ташаккулёбии шахс инкор накардааст, вале сайқалу ташаккулёбии онро дар тарбия мебинад. Вале бояд гуфт, ки фикрҳои Саъдӣ дар масъалаҳои тарбия на ҳама вақт устувор буд. Ба гуфти вай на ҳамаро тарбия намудан мумкин аст.

Дар ин бора ў чунин гуфтааст:

Нокас ба тарбият нашавад, эй ҳаким кас!

Ё ки:

Партави некон нагирад, он ки бунёдаш бад  аст,

Тарбият ноаслро чун гирдакон дар гунбад  аст.

Саъдӣ накукориро беҳтарин хусусияти ахлоқии инсонӣ мепиндорад.  Вай инсониятро як организми бутун, башариятро бошад, узвҳои ҷудогонаи он шуморада.  Ба ин маъни ў чунин мегўяд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Саъдӣ ҳамчун инсонпарвар  ба бачагон шатаю шалоқро раво намедид, вале барои босавод ва боадаб шудани бачагон ҷазои ҷисмониро рад намекард.

Дар ин бора ў чунин гуфтааст:

«Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар»

 

 

 

 

  1. Ақидаҳои педагогии (панду ахлоқии) А. Ҷомӣ. ва А. Дониш.

      

  а). Ақидаҳои педагогии (панду ахлоқии) А. Ҷомӣ

Абдураҳмони  Ҷомӣ  7. 11. соли 1414 дар деҳаи Хоргарди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Ў дар мадрасаи Низомияи Ҳирот таҳсил намуда ба илму шеър машғул мешавад. Соли 1487 «Баҳористон» — ро дар  пайравии «Гулистон» — и  Саъдии Шерозӣ менависад. Баҳористон аз муқаддима ва ҳашт боб иборат буда,  ҳикояҳои тамсилиро дар бар мегирад.

Мувофиқи ақидаҳои Ҷомӣ одамон на танҳо аз ҷиҳати қобилияти фикрӣ, балки аз ҷиҳати феълу  атвор  ҳам фарқ мекунанд. Ў чунин мегўяд: «Камбудии фикриро тавассути омўхтани илму дониш ва маслиҳати одамони бомаърифат барҳам додан мумкин аст». Ҷомӣ китобро чун ғамгусор ва устоди бемеминнат ситоиш намуда, онро сарчашмаи ҳамаи донишҳо донистааст.

Ў дар ин бора чунин мисраҳои шеъриро овардааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи ғамхона ғамхоре нест.

Ҷомӣ дар кори омўхтани илму дониш беҳуда сарф накардани вақтро ҳатми шуморида онро ба се қисм тақсим мекунад:

  1. Барои таҳсил
  2. Барои амалу кор
  3. Барои сўҳбат ва донишмандон

Ў дар бораи омўзгор ки мушкилкушои зиндагӣ мебошад чунин гуфтааст:

Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,

Шавад тира аз бехирад рўзгор!

Дар бораи ситоиши илм чунин мисраҳоро овардааст:

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,

Куфлкушои ҳама дарҳост илм.

Хулоса А. Ҷомӣ шоир ва мутаффакири бузургест, ки тамоми эҷодиёти худро ба васфи инсони комил ва манфиати мардум бахшида, дар асарҳои ҷовидонааш инсонпарварию маърифат ва дўстиро тарғиб намудааст.

Ў дар сини 78 солагиаш соли 1492 дар Ҳирот вафот мекунад.      

 

б).  Ақидаҳои педагогии (панду ахлоқии)  А. Дониш

Аҳмади  Дониш соли 1826 дар Бухоро таваллуд шуда дар назди модараш хату саводро ёд мегирад. Соли 1838 падараш ўро ба мактаби қориҳо медиҳад. Вале азбаски ў ба илму шоири рағбати зиёде дошт, падараш маҷбур мешавад, ки А. Донишро соли 1841 ба мадраса монад.

А. Дониш  дар солҳои охири таҳсилот бештар мустақилона илмҳои риёзиёт, нуҷум, ҷуғрофия, таърих ва фалсафаи шарқро омўхта  яке аз шахсони донишманди замонааш мегардад.

Соли 1873 вақте, ки Амирмузаффар ҳайати ҳукуматиро ба Петербург мефиристад ўро сармушовир таъин мекунад.

Пас аз бозгашт амир ба ў дар дарбор вазифа пешниҳод мекунад вале вай онро рад менамояд. Ҳамин тавр амир ба ғазаб омада ўро аз Бухоро    бадарға мекунад: аввал ба ноҳияи Ғузор ва баъд ба Наҳрпай  ба сифати қозӣ мефиристад.  Пас аз вафоти Амирмузаффар Дониш ба Бухоро баргашта ба корҳои давлатӣ машғул нашуда вазифаи китобдориро иҷро мекунад ва рўзи наврўз 21.03. соли 1897 аз дунё мегузарад.

Осори Дониш гуногунмавзўъ буда серсоҳа аст. Зеро доираи дониши ў васеъ буда, энсиклопедисти замони худ ба ҳисоб мерафт.

То имрўз чунин  асарҳои зерини ў ба мо омада расидааст.

  1. «Манозир – ул — кафкиб» (Манзараи ситораҳо)
  2. «Рисола – фи – аъмал — ил кура» (Рисола дар бораи амалиёти кура)
  3. «Таодули хамсаи мутаҳайира» (ҳаракати панҷ ситора)
  4. «Меъёруттадайн» (Меъёри диёнат). Дониш дар ин асар аз талаботи дину шароит ба бисёр масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимои, ахлоқӣ, тарбиявӣ таваҷҷўҳ карда дар назди амиру ҳокимон аз нигоҳи қонуни ислом вазифа мегузорад, ки онҳо роҳи адолату инсофро пеша кунанд, бечорагон дасти ёри дароз намуда мамлакатро обод намоянд.
  5. «Наводир – ул  —  вақоеъ»  ( Рисолаи  таърих )  –  ин  асари  калонтарини А. Дониш буда меҳнати 10-солаи адибро дар бар мегирад. Ҳангоми тасвири ҳодисаю воқеаҳо барои барҷаста баромадани афкори иҷтимоӣ ва ахлоқӣ,  панду андарзҳои адибони бузурги гузашта, нақлу ривоят, зарбулмасалу мақолҳои халқиро ба маврид истифода бурдааст.

Ақидаҳои гуманистии А. Дониш махсусан дар ин асараш дар образи халқи меҳнаткаш, одамони оддии ҷамъият, ки офарандагони неъматҳои моддӣ ҳастанд хеле хуб таҷассум ёфтааст.

Ў мегўяд: одамоне, ки амирро сояи худо дар замин мегўянд хато мекунанд. Зеро султон ҳам «бандаи оҷиз аст».

 

Адабиёт

  1. Афзалов X., Раҳимов Б., Таърихи педагогикаи халқи тоҷик.

-Душанбе, 1994.

  1. 2. Адабиёти форсу тоҷик. Д. — 1983
  2. М. Орифӣ. Аз таърихи педагогикаи халқи тоҷик қисми 1, 2 с. 1962
  3. 4. Энсиклопедияи Советии Тоҷик. Д. — 1979

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *