Фанни Педагогика

Ақидаҳои педагогии Я.А Коменский

Ақидаҳои педагогии Я.А Коменский

Зермавзуъхо:

  1. Ҳаёт ва фаъолияти Я. А.Коменский
  2. Давраҳои синусолӣ аз нигоҳи Я. А. Коменский.
  3. Ақидаҳои дидактикии Я. А Коменский.
  4. Нақши муаллим ва талаботҳо нисбати он.
  1. Ҳаёт ва фаъолияти Я. А. Коменский.

Я. А. Коменский 1592 дар оилаи қабилаи «Бародарони чех» таваллуд шудааст. Ў баъди маълумоти миёна, маълумоти олӣ гирифта руҳонии қабила интихоб гардида сарварии мактаби бародаронро ба уҳда дошт. Аз сабаби ҷанги 30-солаи немисҳо ба муқобили чехҳо вай маҷбур мешавд, ки ба шаҳри Лешнои Полша рафта он ҷо сокин шавад. Дар ин ҷо ў ба мактаби «Бародарони чех» сарвари намуда баъдан эпископ интихоб мешавад. Дар ҳамин ҷо соли 1631 китоби таълимии «Дарҳои кушодаи забонҳо барои ҳамаи илмҳо»-ро тартиб медиҳнд.

Соли 1632 китоби «Дидактикаи бузург»-ро менависад, ки он асоси системаи таълими педагогика мешавад. Ў дар ҷаҳон якумин шуда дастури махсусро оиди тарбияи кудакони синну соли томактабӣ «Мактаби медорари»-ро таълиф  менамояд.

Я. А. Коменский пешниҳод намуд, ки маркази универсиалие ташкил шавад, ки он барои муносибати байни одамон ва барқарор намудани ҳаёти ҷамъиятӣ хизмат кунад. Ў 7- ҷилд китоб доир ба «Маслиҳатҳо оиди ислоҳи рафтори одамон»-ро навишт, ки дар ҳаёт будани он 2 –  ҷилд,  боқимондааш соли 1935 дар РСС Чехославакия чоп гардид.   Дар китобҳои ў  масъалаҳои инсондустӣ ва барномаҳои демократӣ таълиф ёфта буданд.

Соли 1655 дар ҷанги байни шведҳою палякхо кабилаи «Бародарони чех» маҷбур мешаванд, ки ба Голландия раванд ва соли 1670 Я. А. Коменский дар Амстердам вафот мекунад.

 

  1. Давраҳои синнусолӣ аз нигоҳи Я. А. Коменский.

Коменский табиати инсонро ба инобат гирифта, ҳаёти насли наврасро ба чор давраи синнусолӣ  тақсим кардааст:

  1. Давраи бачагӣ — аз рузи таваллуд то 6 солагӣ;
  2. Давраи наврасӣ — аз 6 то 12 солагӣ;
  3. Давраи ҷавонӣ – аз 12 то 18 солагӣ;
  4. Давраи болиғӣ – аз 18 то 24 солагӣ.
    1. Давраи бачагӣ – барои кудакони то 6 сола, яъне «Мактаби модарӣ», ки он тарбияи томактабиро дар зери роҳбарии модар дар назар дошт.
    2. Давраи наврасӣ – аз 6 то 12 солагӣ дар мактаби 6 солаи забони модарӣ, ки он дар ҷамоа ва деҳа амал мекард, фаро гирифта мешуданд.
    3. Давраи ҷавонӣ – аз 12 то 18 солагӣ дар мактаби лотинӣ ё гимназияе, ки дар ҳар як шаҳр ташкил карда шуда буданд, таҳсил мекарданд.
    4. Давраи болиғӣ – аз 18 то 24 солагӣ, дар пойтахтҳои ҳар давлат ё марказҳои вилоят, дар академияҳо таҳсилашонро давом медоданд.

Ҳамин тавр Коменский принсипи ягонаи демократии мактабҳоро пешниҳод намуд. Ў дар ҷаҳон якумин шуда тарбияи томактабиро – «Мактаби модари»-ро ташкил намуд.

  1. Ақидахои дидактикии Я. А. Коменский.

Я. А. Коменский оид ба назария таълим ақидаҳои педагогии худро аз рўи принсипҳои зерин пешниҳод намуд:

  1. Принсипи аёниятнокӣ. Я. А. Коменский мегуфт, ки аҳамияти истифодаи аёният дар таълим ниҳоят калон буда, ворид намудани расмҳои гуногун вобаста ба мавзўъ дар китоби дарсӣ шарт ва зарур аст. Аз ин лиҳоз  Коменский онро «Принсипи тиллои дидактика» номид.
  2. Принсипи шуурнокӣ. Я. А. Коменский зидди системаи қориёна азхуд  кардани мавод ё барнома баромада таъкид кардааст, ки ҳар он чизе ки хонанда меомўзад, бояд бошуурона бошад, таълимгиранда мазмуну мундариҷаи онро донад.
  3. Системанокии пайдархамӣ дар таълим. Я. А. Коменский дар таълим пайдарҳамии омузишро мувофиқи синнусоли хонанда, инкишофи хусусиятҳои физиологию анатомӣ ва психологии онҳо пешниҳод намудааст. Аз руи назарияи Коменский аввал маводҳои содда омухта шуда, баъдан он оҳиста – оҳиста зина ба зина мураккаб гардонида шавад.
  4. Принсипи дастрастнокӣ. Ба хонанда он маводе омухта шавад, ки мувофиқи қобилият ва инкишофи синнусолаш буда ва ба ў дастрас бошад.
  5. Принсипи мустаҳкамкунӣ. Коменский гуфта буд: «Барои мустаҳкамкунии маводи омухташуда машқ ва такрори мавзўъ аҳамияти ниҳоят калон дорад. Барои ин ҳар як омўзгор меъёрҳои супоришро риоя бояд намояд».
  6. Принсипи мустаъқилиятнокӣ. Коменский ҳама вақт дар хонандагони худ мушоҳидаи мустақилонаро нисбати инкишофи нутқ ва дар амал тадбиқ кардани он истифода мебурд.
  • Ташкили таълим дар мактаб ва системаи дарсӣ – синфӣ.

Коменский соли хониш, чорякҳо, таътилҳо, миқдори омўзиши соатҳои дарсӣ (4 соат забони модарӣ, 6 соат забони лотинӣ), системаи дарсии синфиро муайян карда, онро дар амал татбиқ намуд. Азбаски он вақт хонандагон ба мактаб дар давоми тамоми сол қабул мегардид, ў қабули бачагонро дар як сол як маротиба пешниҳод кард. Коменский таъкид мекард, ки ҳар як дарс аз рўи мавзўи муайян ва мақсади омўзгор гузаронида шавад.

  • Китобхои дарсӣ – таълимии Коменский.

Коменский тарзи навиштани китоби таълимиро чунин пешниҳод намуд: яъне китоб системанок – паиҳам аз содда ба мураккаб навишта шуда ба хонандагон фаҳмо бошад. Ў ду китоби таълими:

  1. «Дарҳои кушодаи забонҳо барои ҳамаи илмҳо» (с.1631) (омўзиши забон барои кудак ва фаҳмо будани он барои ҳамаи илмҳоро таъкид кардааст).
  2. «Олами ҳиссиёти ашёҳо дар расмҳо» (с.1658) тасвири (илюстратсияи) расмҳо дар омўзишӣ 150- мавзўъ оиди таълими табиат ва фаъолияти инсон пешниҳод шудааст (география, растаниҳо, ҳайвонот, одам), ки он 150 сол ҳамчун маводи рўи мизи истифода шуда,  ба забонҳои гуногуни ҷаҳон чоп гардидааст.
  3. Нақши муаллим ва талаботҳо нисбати он.

Коменский нақши муаллимро дар тарбияи кудакон таъкид карда мегуфт, ки аҳолӣ нисбати омўзгор боэҳтиром муносибат намояд, аз тарафи дигар муаллим бояд донад, ки нақши ў дар тарбияи насли наврас ниҳоят калон аст. У навишта буд: муаллим бояд бовиҷдон, бофаъолият, боирода, накукор, диққатчҷалбкунанда, нисбати шогирдон меҳрубон, серталаб, дустдори касби худ ва намунаи ибрат нисбати хонандагон бошад.

К. Д. Ушинский солҳои 60-и асри XIX навишта буд, китоби Коменский «Омўзиши ашёҳо бо воситаи суратҳо»- ро ибтидои назарияи омўзиш дар илми педагогика ҳисоб карда метавонем.

Адабиёт

  1. Константинов «Таърихи педагогики» — 1982
  2. Таърихи педагогика ва маълумот, А.И. Пескунов, М-2001
  3. Бӯйдоқов Х. Асосҳои дидактика. — Душанбе, 1995.
  4. Я.А. Коменский. Великая дидактика. Пед. соч. – Москва, 1955

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *