Фанни Педагогика

Таълиму тарбия дар халқҳои эронинажод, дар давраи хилофати арабҳо

Таълиму тарбия дар халқҳои эронинажод, дар давраи хилофати арабҳо

Зермавзўъҳо

  1. Маълумотҳои мухтасари таърихи, оиди ислом — ҳамчун идеологияи синфи ҳукмрон.
  1. Системаи таълиму тарбия дар давраи авали ҳуҷуми арабҳо.
  2. Таълиму тарбия дар давраи хилофати арабҳо.

 

  1. Маълумотҳои мухтасари таърихӣ, оиди ислом —  ҳамчун идеологи синфи ҳукумрон.

Ислом ҳамчун идеологияи синфи ҳукумрон дар нимаи аввали асри VII дар Арабистон пайдо шуд. Маънии он таслим ва иттиҳод аст». Асосгузори он Муҳаммад (570 — 632) мебошад. Баъди Муҳаммад,  Абубакр (632-634), Умар (834-844) хилофатро идора кардаант. Онҳо давлати мутамаркази пурзўр ба вуҷуд оварда соли 632 ба давлати эронинажоди Сосонӣ ҳуҷум оварда баъди 20 сол онро зери тасарруфи худ дароварданд. Мавҷудияти давлати Сосониён, ки 5 аср вуҷуд дошт нест гардид.

Шоҳи охирини он Яздугурди III (632-651) соли 651 дар Марв аз тарафи осиёббоне кушта мешавад.  Соли 738-739 аз тарафи арабҳо Мовароунаҳрро фатҳ карда, барои мустаҳкам кардани хилофат Наср ибни Сайёр бухоридухтареро ба зани мегирад.

 

  1. Системаи таълиму тарбия дар давраи аввали ҳуҷуми арабҳо

Дар давраи аввали ҳуҷуми арабҳо тамоми китобҳои пештарраи бадеию илмии  эронинажодҳо, ки дар тўли асрҳо навишта шуда буданд, нест карда шуданд. Онҳо китобҳои ғайри исломро куфр эълон намуда омўзиши онро мамнўъ эълон намуданд.

Системаи таълиму тарбияи арабҳои он давра, дар мактаб ва мадрасаҳо,  баъди қабул шудани  забони арабӣ соли 700-701 ҳамчун забони давлати пайдо шуд.  Дар давраи аввали истилои арабҳо қабули дини ислом маҷбури набул.  Эронинажодҳо ба дину мазҳаби худ эътиқод доштанд. Фақат як гурўҳи хурди ашрофони мансабдорон ва аҳли илму адаб барои эҳтиёҷоти худро баровардан ва Қуръонро хондан забони арабиро меомўхтанд.

Дар давраи ҳукмуронии Уммавиҳо (661-750) дар Эронзамин ду системаи таълиму тарбия вуҷуд дошт:  яке барои онҳое, ки ба дини ниёгон содиқ буданд; дуюмин мусулмоне, ки ба дини ислом рў оварда буданд. Дар ин давра эронинажодҳо алифбои арабиро қабул менамоянд ва навиштану таълими Қуръон ҳатми мегардад. Ҳамин тавр тадриҷан луғати арабӣ дар забони форсӣ роҳ меёбад.

  1. Системаи таълиму тарбияидар давраи хилофати арабҳо

Дар давраи хилофати Аббосиён (750-847) нуфузи эронинажодҳо дар сохти давлатдории арабҳо нисбат ба давраи Уммавиҳо афзун мегардад.

Илму адаби эронинажодҳо ба забони арабӣ тарҷума мешаванд.  Рўзбеҳ Абдулло ибни Мукаффаъ «Калила Димна» — ро аз забони паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума мекунад.

Бо кушодашавии Байтул – Аҳкоми  Бағдод донишгоҳи Гунди Шопур аҳамияти худро оҳиста оҳиста аз даст дода  аз хотираҳо фаромуш шуд. Эронинажодҳо асарҳои илмию адабии худро ба забони арабӣ менавиштагӣ шуданд. Байтул- Аҳком (хонаи ҳикматҳо) маркази илму фарҳанги ҷаҳон гардид.

Дар ин давра дар Бухоро, Балх, Ҳирот сохтмони масҷидҳо вусъат ёфтанд. Ҳато баъзе айёну ашрофони эронинажод аз пули худ мактабу мадрасаҳо месохтанд. Дарсҳои динӣ ба тариқи назариявӣ гузаронида мешуд. Методҳои асосии таълим сўҳбат, баҳс, кор бо китоб ва азёдкунӣ буд. Дар мактабҳо ғайр аз навиштану хондан, ҳисоб, ҷуғрофия, таърих, адаб ва дигар фанҳо омўхта мешуданд.

Системаи таълиму тарбияи ислом ба тарбияи  оилавии эронинажодҳо низ таъсир кард. Вақте, ки тифл таввалуд мешуд, дар гўши ў азон гуфта ба ў номи яке аз авлодони пайғамбар, халифаҳо ва саркардагони арабҳоро мегузоштанд.    Фарзандон то 6-7 солагӣ дар назди модар монда, ба назди падар оварданашон манъ буд. Ҳаминтавр урфу одатҳои ниёгон дар бораи тарбияи оилавӣ  ҳиста – оҳиста ба фаромўши рафт.

Истилои араб ба эронинажодҳо ғайр аз ғаму ғусса, хунрезии ноҳақ, харобӣ,  истисмор, нест кардани фарҳангу адаб чизе наовард.  Бояд гуфт, ки ба ҳамаи ин нигоҳ накарда эронинажодҳо чун пештара ба дини худ содиқ буданд ва талаботи қадимаи зардуштиро давом медоданд.

Дар ин давра маҳз бо кушиши вазирони донишдўсти Эронинажод  тамоми илму адаби араб рў ба тараққи ниҳод.  Вале  ватандўстию ватанпарастӣ, эътиқод ба илму фарҳанги ниёгони гузашта, зулму истибдоди арабҳо ба он оварда расонд, ки дар ин сарзамин ҳамеша шўришҳо ва норозигиҳо бар зидди хилофат давом мекард. Ҳамаи ин ба он оварда расонд, ки дар ин сарзамин ҳамеша шўришҳо ва норозигиҳо бар зидди хилофат давом мекард, ва мавҷи норозигӣ нисбати хилофати араб дар байни оммаи қалқ ва қисми ашрофони маҳаллӣ авҷ гирифт.

Мавқеи эронинажодҳо, ки дар Хуросону Мовароунаҳр дар хилофат пурқувват гашта буд (с. 821) ба ташкилшавии аввалин давлатҳои маҳаллии Тоҳириён, Саффориён ва Сосониён оварда расонд.

 

                                          Адабиёт

  1. Б. Ғафуров. Тоҷикон, қисми 1-2, Д. — 1979
  2. Таърихи педагогикаи ҷаҳон. Н.А. Константинов. Д. — 1982
  3. Энсиклопедияи Советии тоҷик. Ҷ.7. Д. — 1987

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *