Мавзухои точики

Таҳлили фаъолияти ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «ШОҲМАНСУР»

Таҳлили фаъолияти ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «ШОҲМАНСУР»

ҶДММ «Шоҳмансур» ҳамчун корхонаи нонпазӣ соли 1958 дар ҳайати Иттиҳодияи истеҳсолии нонпазии шаҳри Душанбе ташкил ёфта, то моҳи октябри соли 1989 сохтори истеҳсолии Вазорати ғаллаи РСС Тоҷикистон ба шумор мерафт. Аз моҳи октябри соли 1989 дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе аз 14.07.1989с. № 712 аз ҳайати Иттиҳодияи истеҳсолии нонпазии шаҳри Душанбе хориҷ гашта, ҳамчун корхонаи мустақил ба кооперативи «Пищевик» табдил дода шудааст.

Мувофиқи фармони Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 40 аз 16.06.1995с. кооперативи «Пищевик» аз нав ҳамчун корхонаи давлатии Заводи нонпазии «Пищевик» номгузорӣ гашта, дар асоси Қарори Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.07.1998с. ба ҶСШК «Тахти Сулаймон» табдил дода шудааст.

Баъди хусусигардонӣ дар асоси Шаҳодатномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСШК «Тахти Сулаймон» ҳамчун корхонаи хусусии ҶДММ «Шоҳмансур» номгузорӣ шудааст.

Оинномаи корхона бо қарори муассис аз 16 апрели соли 2001 тасдиқ ва дар Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти феҳрасти № 21Р-55 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Сармояи Оинномавии ҷамъият 81788 сомонӣ ва Сармояи иловагиаш 474720 сомонӣро ташкил додааст.

Корхона аз сехи истеҳсоли нон, сехи таъмиру ёрирасон ва шўъбаи муҳосибот иборат буда, ба роҳбари корхона итоат мекунанд. Бо сабаби маҳдуд будани истеҳсолот дар корхона вазифаи шўъбаи молиявию банақшигирӣ ба пуррагӣ ба шўъбаи муҳосибот вобаста карда шудааст. Шўъбаи муҳосибот аз сармуҳосиб, муҳосиб-хазинадор ва иқтисодчӣ иборат мебошад. Вазифаи шўъбаи муҳосибот аз бурдани ҳисоботи муҳосибавии амалиётҳои хоҷагидорӣ, тартиб додан ва ба сохторҳои дахлдори давлатӣ (Кумитаи омор, Нозироти андоз, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ҳукумати ноҳия) пешниҳод намудани ҳисоботҳо иборат мебошад.

Нақшагирии истеҳсол ва фурушӣ маҳсулот

Нишондиҳандаҳои иқтисодии корхона. Мувофиқи маълумотҳои муҳосибавӣ ва ҳисоботҳои ба Кумитаи омори шаҳри Душанбе пешниҳодгашта дар солҳои 2006-2009 корхона ба микдори зерин маҳсулоти нонӣ истеҳсол намуда, ба фурўш баровардааст ва натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолиаш дар мувозинати корхона чунин дарҷ гардидааст (ҷадвали 1).[1]

Ҷадвали 1.

Нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти ҶДММ «Шоҳмансур» дар солҳои 2006-2009.

Нишондиҳандаҳо Воҳиди ченак 2006 2007 2008 2009
1 Миқдори маҳсулот тонна 410 493 527 420
2 Даромад аз фурўши маҳсулот сомонӣ 345534 426607 260418 375844
3 Арзиши аслии маҳсулот сомонӣ 343124 424150 260418 375844
4 Фоида аз  фурўши маҳсулот сомонӣ 2410 2457
5 Даромад аз иҷораи иншоотҳо сомонӣ 9470 12320 15630 13200
6 Хароҷотҳои дигари ғайриистеҳсолӣ сомонӣ 6320 9870 12850 13200
7 Ҳамагӣ фоида аз фаъолияти хоҷагидорӣ бидуни хароҷотҳо сомонӣ 5560 4907 2780

Аз маълумотҳои овардашуда маълум гардид, ки дар давраи солҳои 2006-2008 фаъолияти истеҳсолии корхона хуб ба роҳ монда шуда буда, истифодаи иқтидори истеҳсолии он хеле назаррас буд. Чунончи, мувофиқи ҳисоботҳои ҳаррўзаи истеҳсолӣ дар соли 2006 истеҳсоли шабонарўзаи нон ба ҳисоби миёна 1123,3 кг ва дар соли 2007 ба 1350,7 кг баробар шуааст. Дар соли 2008 ин нишондоди истеҳсоли миёнаи нон ба 1621,9 кг дар як шабонарўз рост омадааст, ки назар ба нишондиҳандаи соли 2006 ба 1,4 маротиба ва назар ба нишондиҳандаи соли 2007 ба 1,2 маротиба зиёдтар мебошад. Дар соли 2009 бошад истеҳсоли шабонарўзаи нон ба ҳисоби миёна ба 1344,4 кг рост омад, ки ҳатто назар ба нишондиҳандаи соли 2008 1,2 маротиба камтар аст.[2]

Аз таҳлили ҳисоботҳои истеҳсолӣ муайян гардид, ки сабаби асосии кам шудани истеҳсоли маҳсулот баландшавии нархи ашёи хоми асосӣ — орди гандумӣ ва аз ин ҳисоб баланд шудани арзиши истеҳсоли  нон ба амал омадааст. Бояд қайд намуд, ки харидори асосии маҳсулоти корхона Агентии таъмини амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ буда, бо супориши он маҳсулоти истеҳсолшуда ба қисмҳои ҳарбии Вазорати Мудофиаи ҶТ дода мешуд. Бо сабаби болоравии нархи орд ва арзиши таъмини қувваи барқ қисмҳои ҳарбӣ худашон ба пухтани нон cap карданд, чунки он назар ба маҳсулоти тайёри харидашаванда арзонтар мебошад. Сабаби дигари пастравии истеҳсолот набудани харидор ба маҳсулот ба ҳисоб меравад.

Хароҷотҳои истеҳсолии корхона аз молу ашёи хоми дар истеҳсоли маҳсулот истифодашаванда, кору хизматҳои таъмини қувваи барқу об, музди меҳнати кормандон, хароҷоти нақлиёт, хўрдашавии фондҳои асосӣ ва дигар хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ  (таъмири таҷҳизотҳо, хароҷоти фурўши маҳсулот ва ғайра) иборат мебошад. Мувофиқи калкулятсияи арзиши маҳсулот дар соли 2008 ва соли 2009 хароҷотҳои корхона барои истеҳсоли маҳсулот мутобиқи меъёрҳои тасдиқшуда аз номгўҳои зерин иборат мебошад:[3]

Ҷадвали 2.

Калкулятсияи истеҳсоли маҳсулот ҶДММ «Шоҳмансур »  соли 2008

Номгўи хароҷотҳо Воҳиди

ченак

Маблағи хароҷот
1 Музди меҳнати асосии коргарони истеҳсолӣ сомонӣ 23,09
2 Музди меҳнати иловагии коргарони асосии истеҳсолӣ % 2,08
3 Пардохтҳо ба фонди ҳифзи в  иҷтимоии аҳолӣ % 6,29
4 Хароҷотҳои моддӣ
Орди гандумии навъи 1 кг 736,38
Хамиртуруши хушк кг 14
Намаки ошӣ кг 3,90
Равғани растанӣ барои қолабҳои нон ва таҷҳизотҳо кг 6,39
5 Қувваи барқ квт/час 11,44
6 Мазут мЗ 133,04
6 Об ва канализатсия мЗ 1,5
7 Хароҷоти нақлиёт сомонӣ 15,4
Ҳамагӣ хароҷотҳои истеҳсолӣ сомонӣ 953,51
8 Хароҷотҳои умумии сехӣ % 95,35
Ҳамагӣ хароҷотҳои истеҳсолӣ  ва умумисехӣ сомонӣ 1048,86
9 Хароҷотҳои умумии корхона % 167,82
Ҳамагӣ хароҷотҳо сомонӣ 1216,68
10 Фоиданокӣ (рентабельность) % 97,33
Ҳамагӣ хароҷотҳо бо фоиданокӣ сомонӣ 1314,01
Андоз аз арзиши иловашуда % 262,80
Ҳамагӣ хароҷотҳои корхона барои истеҳсоли  1 тонна нон (1639 донаи вазнаш 0,61кг) сомонӣ 1576,81
Аз он ҷумла, арзиши 1 дона нони вазнаш 0,61кг сомонӣ 0,962
Номгўи хароҷотҳо воҳиди ченак маблағи хароҷот
1 Музди меҳнати асосии коргарони истеҳсолӣ сомонӣ 27,09
2 Музди меҳнати иловагии коргарони асосии истеҳсолӣ % 2,46
3 Пардохтҳо ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ % 7,39
4 Хароҷотҳои моддӣ
Орди гандумии навъи 1 кг 1487,49
Хамиртуруши хушк кг 18
Намаки ошӣ кг 6,5
Равғани растанӣ барои қолабҳои нон ва таҷҳизотҳо кг 13,49
5 Қувваи барқ квт/час 30,91
6 Об ва канализатсия мз 2,7
7 Хароҷоти нақлиёт сомонӣ 25,4
Ҳамагӣ хароҷотҳои истеҳсолӣ сомонӣ 1621,43
8 Хароҷотҳои умумии сехӣ % 64,86
Ҳамагӣ хароҷотҳои истеҳсолӣ  ва умумисехӣ сомобӣ 1686,29
9 Хароҷотҳои умумии корхона % 134,9
Ҳамагӣ хароҷотҳо сомонӣ 1821,19
10 Фоиданокӣ (рентабельность) % 145,7
Ҳамагӣ хароҷотҳо бо фоиданокӣ сомонӣ 1966,89
Андоз тибки низоми соддакардашуда % 81,82
Ҳамагӣ хароҷотҳои корхона барои истеҳсоли  1 тонна нон (1639 донаи вазнаш 0,61кг) сомонӣ 2048,71
Аз он ҷумла, арзиши 1 дона нони вазнаш 0,61кг сомонӣ 1,25

Ҷадвали 3.

Калкулятсияи истеҳсоли маҳсулот ҶДММ «Шоҳмансур » соли 2009

 

 

 

Аз калкулятсияҳо муайян гардид, ки қисми зиёди хароҷотҳоро арзиши маводҳои моддӣ ташкил намудаанд ва дар баландшавии арзиши маҳсулот нақши асосиро бозидаанд. Инчунин афзудани арзиши қувваи барқ ҳам далели дигари баландшавии арзиши маҳсулот гардидааст. Барои ба қадри имкон паст намудани хароҷотҳо корхона аз истифодаи мазут даст кашида, истифодаи кувваи барқро зиёд намудааст. Аз тарафи дигар меъёри нишондодҳои замшаванда ҳам то 2 маротиба кам карда шудааст, вале ба ин ҳам нигоҳ накарда арзиши маҳсулот то 30% афзудааст ва барои дар бозори истеъмолӣ рақобат намудан монеа гаштааст.

Дар соли 2008 ба хазина маблағи умумии 47850 сомонӣ даромад гардидааст, аз он ҷумла:[4]

  • маблағи 44000 сомонӣ аз суратҳисоби бонкии корхона барои пардохти музди меҳнат ва дигар хароҷотҳои хоҷагидорӣ гирифта шудааст;
  • маблағи 3850 сомонӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ барои иҷораи иншоотҳо даромад гардидааст.

Хароҷоти маблағ аз хазина дар ҳамин давра маблағи 47850 сомониро ташкил додааст ва ба чунин мақсадҳо истифода шудааст:

  • ба маблағи 22270 сомонӣ музди меҳнат ба коргарону хизматчиён пардохт гардидааст;
  • ба маблағи 780 сомонӣ бо варақаҳои корношоямӣ пардохт шудааст;
  • ба маблағи 1580 сомонӣ кўмакпулии яквақта дода шудааст;
  • ба маблағи 2170 сомонӣ мукофотпулии яквақта ба коргарону хизматчиён ба муносибати Иду ҷашнҳои миллӣ пардохт шудааст;
  • маблағи 16200 сомонӣ барои харидани молу маводҳо ва дигар эҳтиёҷоти корхона истифода шудааст;
  • маблағи 4850 сомонӣ бақияи пули нақдинаи хазина ба суратҳисоби бонкии корхона супорида шудааст.

Дар соли 2009 ба хазина маблағи умумии 25230 сомонӣ даромад гардидааст, аз он ҷумла:

  • маблағи 21000 сомонӣ аз суратҳисоби бонкии корхона барои пардохти музди меҳнат ва дигар хароҷотҳои хоҷагидорӣ гирифта шудааст;
  • маблағи 4230 сомонӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ барои иҷораи иншоотҳо даромад гардидааст.

Хароҷоти маблағ аз хазина дар ҳамин давра маблағи 25230 сомониро ташкил додааст ва ба чунин мақсадҳо истифода шудааст:

  • ба маблағи 7910 сомонӣ музди меҳнат ба коргарону хизматчиён пардохт гардидааст;
  • ба маблағи 420 сомонӣ кўмакпулии яквақта дода шудааст;
  • ба маблағи 400 сомонӣ мукофотпулии яквақта ба коргарону хизматчиён ба муносибати Иду ҷашнҳои миллӣ пардохт шудааст;
  • маблағи 12500 сомонӣ барои харидани молу маводҳо ва дигар эҳтиёҷоти корхона истифода шудааст;
  • маблағи 4000 сомонӣ бақияи пули нақдинаи хазина ба суратҳисоби бонкии корхона супорида шудааст.

Мувофиқи ҳисоботҳои муҳосибин ва ҳуҷҷатҳои бонк ба 1 январи соли 2006 бақияи маблағ дар суратҳисоб ба 6253,47 сомонӣ буда, дар давоми соли 2006 ба суратҳисоби бонкии корхона маблағи умумии 3362.45 сомонӣ даромад гардидааст, аз он ҷумла:

  • аз харидорон барои маҳсулоти гирифтаашон маблағи 326745 сомонӣ;
  • аз хазинаи корхона бақияи истифоданашудаи пули нақд ва даромад аз иҷорапулӣ ба маблағи 1500 сомонӣ супорида шудааст;
  • аз дигар корхонаву муассисаҳо барои иҷораи иншоотҳо маблағи 8000 сомонӣ.

Аз ин маблағи даромадгардида барои пардохти музди меҳнат ва дигар эҳтиёҷоти хоҷагӣ нақдина 35800 сомонӣ гирифта ва ба хазина даромад гардида, маблағи 36500 сомонӣ барои пардохти андозҳо, маблағи 4830 сомонӣ барои пардохт ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ, маблағи 256500 сомонӣ ба молтаъминкунандагони дигар корхонаҳо барои молу мавод, истифодаи қувваи барқ ва обу дигар хизматҳо истифода шудааст ва ба 1 январи соли 2007 бақия дар суратҳисоб ба маблағи 8868,47 сомонӣ мондааст.

Дар давоми соли 2007 ба суратҳисоби бонкии корхона маблағи умумии 365174 сомонӣ даромад гардидааст, аз он ҷумла:

  • аз харидорон барои маҳсулоти гирифтаашон маблағи 352674 сомонӣ;
  • аз хазинаи корхона бақияи истифоданашудаи пули нақд ва даромад аз иҷорапулӣ ба маблағи 4500 сомонӣ супорида шудааст;
  • аз дигар корхонаву муассисаҳо барои иҷораи иншоотҳо маблағи 8000 сомонӣ.

Аз ин маблағи даромадгардида барои пардохти музди меҳнат ва дигар эҳтиёҷоти хоҷагӣ нақд 48160 сомонӣ гирифта ва ба хазина даромад гардида, маблағи 43670 сомонӣ барои пардохти андозҳо, маблағи 5240 сомонӣ барои пардохт ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ, маблағи 262590,68 сомонӣ ба молтаъминкунандагон, дигар корхонаҳо барои молу мавод, истифодаи қувваи барқ ва обу дигар хизматҳо истифода шудааст ва ба 1 январи соли 2008 бақия дар суратҳисоб ба маблағи 14381,79 сомонӣ мондааст.

Дар давоми соли 2008 ба суратҳисоби бонкии корхона маблағи умумии 249250 сомонӣ даромад гардидааст, аз он ҷумла:

  • аз харидорон барои маҳсулоти гирифтаашон маблағи 236400 сомонӣ;
  • аз хазинаи корхона бақияи истифоданашудаи пули нақд ва даромад аз иҷорапулӣ ба маблағи 4850 сомонӣ супорида шудааст;
  • аз дигар корхонаву муассисаҳо барои иҷораи иншоотҳо маблағи 8000 сомонӣ.

Аз ин маблағи даромадгардида барои пардохти музди меҳнат ва дигар эҳтиёҷоти хоҷагӣ нақдина 44000 сомонӣ гирифта ва ба хазина даромад гардида, маблағи 49824 сомонӣ барои пардохти андозҳо, маблағи 4738 сомонӣ барои пардохт ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ, маблағи 163470,92 сомонӣ ба молтаъминкунандагон, дигар корхонаҳо барои молу мавод, истифодаи қувваи барқ ва обу дигар хизматҳо истифода шудааст ва ба 1 январи соли 2009 бақия дар суратҳисоб ба маблағи 1598,87 сомонӣ мондааст.

Дар соли 2009 ба суратҳисоби бонкии корхона маблағи умумии 66570 сомонӣ даромад гардидааст, аз он ҷумла:

  • аз харидорон барои маҳсулоти гирифтаашон маблағи 53600 сомонӣ;
  • аз хазинаи корхона бақияи истифоданашудаи пули нақд ва даромад аз иҷорапулӣ ба маблағи 4000 сомонӣ супорида шудааст;
  • аз дигар корхонаву муассисаҳо барои иҷораи иншоотҳо маблағи 8970 сомонӣ.

Аз ин маблағи даромадгардида барои пардохти музди меҳнат ва дигар эҳтиёҷоти хоҷагӣ нақд 21000 сомонӣ гирифта ва ба хазина даромад гардида, маблағи 9948 сомонӣ барои пардохти андозҳо, маблағи 1250 сомонӣ барои пардохт ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ, маблағи 34706,83 сомонӣ ба молтаъминкунандагон, дигар корхонаҳо барои молу мавод, истифодаи қувваи барқ ва обу дигар хизматҳо истифода шудааст ва ба 1 январи соли 2010 бақия дар суратҳисоб ба маблағи 1264,04 сомонӣ мондааст.

[1]Дар асоси ҳисоботи солонаи корхона ҳисоб карда шудааст.

[2] Њисоботи солонаи корхона.

[3] Њисоботи солонаи корхона.

[4] Њисоботи солонаи корхона.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *