Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Рафтори қонунӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ

Мафҳуми рафтори қонунӣ

Рафтори ҳуқуқӣ ду хел мешавад: 1) рафтори мутобиқи ҳуқуқ ё рафтори қонунӣ (бо назардошти волоияти қонуни ҳуқуқӣ) – амалиёте, ки мутобиқи нишондодҳои ҳуқуқ аст ва 2) рафтори зиддиҳуқуқӣ ё ҳуқуқвайронкунӣ – амалиёте, ки бо вайрон кардани талаботҳои ҳуқуқ пайдо мешавад.

Рафтори қонунӣ дар ҷомеа – амалест ки, якум – барои ҷомеа муфид аст (ҳимояи Ватан, иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ ва ғ.), дуюм – мақсади қонеъ кардани талаботҳои ҳамарӯзаи моддиву маънавии инсонро дорад (таҳсил кардан, истироҳат кардан, гирифтани фоида ва м. и.), сеюм, бо ҳуқуқ танзиму ҳифз мегардад (масалан, тартиби гузаронидани интихоботро қонун муайян мекунад ва ҳангоми беасос маҳдуд шудани ҳуқуқи интихобот чораҳои фаврии давлатӣ андешида мешаванд).

Рафтори қонунӣ дар ҷомеа намудҳои гуногун дорад.

  1. Аз нигоҳи сатҳаш рафтори қонунӣ намудҳои (сатҳи) зерин мешавад:

1) рафтори қонунии фаъолона, ки сатҳи баланди рафтор буда, аз шуури ҳуқуқии шахс, мақсадҳои дар назар доштаи вай вобаста аст; ин рафтор соҳаҳои мухталифи ҳаётро фаро мегирад, масалан, дар соҳаи ҳаётӣ сиёсӣ – иштироки фаъолона дар ташкилу кори ҳизбҳо ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ, дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ – иштирок дар муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо, баромадҳо дар телевизиону радио, истифодаи маҷаллаву рӯзномаҳо бо мақсади шарҳи қонунҳои ҷорӣ, дар ҳаёти давлатӣ – иштироки фаъолона дар маъракаи интихобот, кӯшиши интихоб шудан ба мақомоти давлатӣ ва ҳоказо;

2) рафтори қонунии муқаррарӣ – амалиётҳои мутобиқи ҳуқуқ, ки онҳоро одамон одатан дар ҳаёти ҳамарӯза иҷро мекунанд; ин намуди бештар паҳншудаи рафтори қонунӣ буда, хоси аксари мардум мебошад: дар ҷараёни он шахс меҳнату вақти зиёдро ба харҷ намедиҳад, вай муқаррарӣ талаботҳои ҳуқуқро риоя мекунад;

3) рафтори қонунии ғайрифаъолона (беғайрат) – амалиёте, ки мувофиқи талаботҳои ҳуқуқ аст, вале дар ҷараёни он шахс аз ҳуқуқҳояш истифода намебарад (дар интихобот иштирок намекунад, никоҳ намебандад, маълумоти олӣ намегирад ва ғ.); як намуди рафтори беғайратона – ин амали бо ном «конформистӣ» аст, ки онро шахс бо назардошти рафтори дигарон (на бо хоҳиши худ) иҷро мекунад, яъне шахс ягон амали ҳуқуқиро иҷро мекунад, чунки дигарон (атрофиён) ҳамин тавр рафтор мекунанд; намуди дигари ҳаракати беғайратона – ин амали «маргиналӣ» (кал. лотинӣ буда маънояш ҳудуд, сарҳад) аст, ки байни ҳаракати қонунӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ қарор дорад; ин амал дар натиҷаи нобоварии одам ба ҳаёти пагоҳина, бо сабаби мутобиқ нашуданаш ба ҳаёти нав зоҳир мегардад; он дар шароити имрӯза хоси як қатор одамон, алалхусус, гурезаҳо, шахсони аз маҳбас озодшуда аст; чунин амалро одам дар зери таҳдиди ҷазои имконпазир, маҳкуми атрофиён ичро мекунад.

  1. Аз нигоҳи аҳамияти иҷтимоӣ ҳаракати қонунӣ намудҳои зайл дорад:

1) ҳаракатҳои зарурӣ, ки асоси инкишофи мӯътадили ҷомеа мебошанд (ҳимояи Ватан, риояи қоидаҳои ҳаракати нақлиёт, қоидаҳои бехатарӣ дар нақлиёт, қорхонаҳо ва ғ.);

2) ҳаракатҳои имконпазир, ки зарурат надоранд, вале аҳамиятноканд (бастани никоҳ, гирифтани маълумоти олӣ ва ғ.);

3) ҳаракатҳои иҷозатгашта, ки ҷавобгӯи манфиатҳои давлат нестанд, аммо равоянд (қатъи никоҳ, корпартоӣ ва ғ.).

III. Вобаста ба мазмуни меъёрҳои ҳуқуқ ва тарзҳои танзими ҳуқуқӣ рафтори қонунӣ дар 3 шакли имконпазир иҷро мешавад:

1) дар шакли истифодаи ҳуқуқ (ҳуқуқ ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, интихобот);

2) дар шакли иҷрои ҳуқуқ (супоридани андоз, додани алимент);

3) дар шакли риояи ҳуқуқ (худдорӣ намудан аз ҷиноят, манъи шуғли соҳибкорӣ барои прокурор).

  1. Ҳаракатҳои қонунӣ вобаста ба унсурҳои дохилиашон намудҳои зайл дошта метавонанд:

1) аз рӯи иштирокчиёнашон: фардӣ (амали як шахс) ва коллективӣ (амали шахси юридикӣ);

2) бо назардошти тарафи обективӣ (айнӣ): рафтор (ҳимояи Ватан, баргардонидани қарз) ва берафторӣ (худдорӣ аз ҷиноят);

3) аз нигоҳи тарафи субективӣ (зеҳнӣ): ҳаракатҳои шахси солим ва ҳаракатҳои шахси носолим (дорои бемории рӯҳӣ), ки ба оқибати ҳуқуқӣ намеорад.

26.2. Хусусиятҳои рафтори қонунӣ дар соҳаи молия

Мақсад аз рафтори қонунӣ дар соҳаи молия саривақт ва пурра ба буҷетҳои дахлдор ворид шудани маблағи андозёо, оқилона харҷ кардани маблағи буҷет ва устувории низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин таҳқиқи рафтори қонунӣ на танҳо аҳамияти назариявӣ, балки амалӣ низ дорад.

Чунонки зикр карда будем, рафтори қонуниро вобаста ба танзим овардани ин ё он соҳаи ҳуқуқ (меъёри соҳавии таснифот) ба намудҳо ҷудо кардан мумкин аст. Мутобиқи ин меъёр рафтори қонунии молиявиро ба намуди алоҳидаи рафтори қонунӣ ҷудо кардан мумкин аст.

Рафтори қонунии молиявӣ нишонаҳои умумии барои ҳар намуди соҳавӣ хоси рафтори қонуниро дар бар мегирад, вале дар баробари ин дорои хусусиятҳои хоса мебошад.

Рафтори қонунии молиявӣ фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқи молиявии муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки ба иҷрои бошууронаи талаботҳои меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ асос карда, дар риоя, иҷро ва истифода шудани онҳо ифода ёфтааст ва аз тарафи давлат таъмин карда (кафолат дода) мешавад.

Нишонаҳои зерини рафтори қонунии молиявиро муайян кардан мумкин аст: якум, ба амру дастури меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ мувофиқ аст; дуюм, ба эътиқомандӣ, маҷбурият ё ҳавасмандгардонӣ кафолат дода ё таъмин карда мешавад, ки дар меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ пешбинӣ гардидааст; сеюм, боирода ва боидрок аст; чорум, аз ҷиҳати моддӣ фоидаовар ва ҷоиз мебошад, яъне ба мақсаду вазифаҳои ҳуқуқи молиявӣ мутобиқ аст.

Нишонаи якуми рафтори қонунии молиявӣ аз хусусияти боиродагӣ ва бошууронагии он иборат аст. Меъёрҳои ҳуқуки молиявӣ, монанди меъёрҳои дигар соҳаи ҳуқуқ, ба ирода ва шуури субъекти дастаҷамъӣ ё инфиродӣ, ки бо муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ сарукор хоҳад кард, нигаронида шудаанд.

Нишонаи боидрокӣ ва боиродагии рафтори қонунии молиявӣ бавосита аз Кодекси /умёурии То\икистон «Дар бораи ёуцуцвайронкунии маъм.ры» ва Кодекси \иноятии /умёурии То\икистон бармеояд, ки масъулияти андозсупорандаро, ҳангоми содир намудани қонуншикании андозпардозӣ дар ҳолате қарор дошт, ки чӣ кор карданашро намедонист ё бинобар ноҷӯрию беморӣ, истисно менамояд. Чунонки рафтори ғайриқонуниро бояд хусусияти боиродагӣ ва боидрокӣ хос бошад, рафтори қонунӣ низ ба ирода ва идроки субъект асос меёбад.

Қонунгузории молиявӣ барои дарк кардан хеле мураккабу душвор аст, лекин меъёрҳои онро субъект бояд аз бар намояд, бинобар ин дар баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолати идроки дуруст ва аниқи талаботи меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ муқаррар карда мешаванд. Мацсад аз он иборат аст: ки санадёои цонунгузории андоз бояд тавре ифода карда шаванд: ки ёар кас чы хел андоз ва дигар пардохтёои ёатмиро кай ва бо кадом тартиб пардохтанашро аниқ донад. Аз рӯи қоида цонун[ои Xум[урии Тоxикистон баъд аз интишори расмиашон дар рeзномаи «Xум[урият» ё «Маxмeи rонун[ои Xум[урии Тоxикистон» ё «Ахбори Маxлиси Олии Xум[урии Тоxикистон» эътибор пайдо мекунанд, вале санадҳои қонунгузории андоз бо тартиби дигар эътибори қонунӣ пайдо мекунанд. Масалан, ёангоми андозбанды санад[ои расман нашршудаи rонунгузории андоз, ки дар санаи ба миён омадани (xой доштани) [олат[ои марбут ба иxрои e[дадори[ои андоз амал мекунанд, истифода мешаванд. Санад[ои rонунгузории андоз, ки дар давоми мо[[ои якум ва (ё) дуюми семо[а расман нашр мешаванд, аз санаи 1-уми мо[и якуми семо[ае, ки мустаrиман баъди семо[аи расман нашршудаи он[о фаро мерасад, мавриди амал rарор дода мешаванд. Агар санад[ои rонунгузории андоз дар xараёни мо[и сеюми семо[а расман нашр шаванд, он[о аз санаи 1-уми мо[и дуюми семо[ае, ки мустаrиман баъди семо[аи расман нашршудаи он[о фаро мерасад, мавриди амал rарор дода мешаванд (мод. 2 КА /Т). Чунин фосилаи байни нашр шудан ва эътибори қонунӣ пайдо кардани қонунгузории андоз ва боҷу хироҷ кафолат ба он аст, ки андозсупорандагон дар ин муддат онро дарк намуда, меомӯзанд, то ки барои иҷрои аниқи вай чораҳои зарурӣ андешида тавонанд.

Кафолати дигари дарки меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ инчунин ҳуқуқи аз ҷои ба қайд гирифта шуданаш аз мақомоти андоз дар бораи андозҳои ҷорӣ, тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андоз, дар бораи қоидаҳои хонапурӣ намудани ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ғайра маълумоти бепул гирифтани андозсупоранда мебошад. Ғайр аз ин ҳар андозсупоранда ҳақ дорад аз Кумитаи андози назди Ёукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои татбиқи қонунгузории андоз шарҳу эзоҳи хаттӣ талаб карда гирад (м. 37 КА /Т).

Кафолати фаъолияти даркшудаи қонунии молиявии ташкилотҳои кредитдеҳ дар мод. 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» зикр шудааст, ки он вазифадор менамояд санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон расман ба табъ расанд.

Нишони дигари рафтори қонунии молиявӣ мувофиқати он ба амру фармоишоти меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ мебошад. Тарзу усули омирона яке аз усулҳои асосии танзими муносибатҳои молиявист. Ба ин усул хусусиятҳои меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ вобастаанд, ки онҳо асосан мамнӯъиятҳо ё вазифадории мусбатро ифода менамоянд. Аз ин рӯ мувофиқати рафтори қонунӣ ба амру фармоишоти меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ дар риояи мамнӯъиятҳо ва иҷрои ӯҳдадориҳои пешбининамудаи меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ифода меёбад.

Рафтори қонунӣ дар соҳаи муносибатҳои молиявӣ аз ҷиҳати мазмуну моҳият бағоят гуногун аст. Масалан, дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии буҷетӣ рафтори қонунӣ метавонад дар риояи ӯҳдадории мақсаднок харҷ кардани маблағи буҷет, сари вақт ба суратҳисоб гузаронидани маблағи буҷет, пешниҳоди ҳисобот ва ғайра ифода ёбад.

Рафтори қонунӣ дар соҳаи муносибатҳои оммавии бонкӣ хусусияти худро дорад. Дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи бонкёо ва фаъолияти бонкӣ» ва дигар санадҳои зерқонун ташкилотҳои кредитдеҳ суботи фаъолияти худро таъмин менамоянд, оид ба беҳбудии молия тадбирҳо меандешанд, дар васоити ахбори омма маълумоти ҳисоботӣ нашр мекунанд, дар бораи фаъолияти худ ба мақомоти назоратӣ ҳисобот медиҳанд ва ҳоказо.

Амалӣ гардидани рафтори қонунӣ дар соҳаи андоз метавонад бо сари вақт ва пурра пардохтани андоз, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории муҳосибавӣ, сари вақт ба мақомоти андоз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дархосткардаи онҳо, сари вақт гузаштан аз қайди мақомоти андоз, хабар додан дар бораи кушодан ё бастани суратҳисоб дар бонк ва ғайра ифода карда шавад.

Рафтори қонунии андозсупорандаро на фақат бо амал, балки бо беамалӣ низ тавсиф намудан мумкин аст. Чунончӣ, андозсупоранда ҳақ дорад санадҳои ғайриқонунӣ ва талаботи мақомоти андоз, шахсони мансабдори онҳоро, ки хилофи Кодекси андоз ё дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, иҷро накунад (м.37 б.13 КА /Т). Барои арзёбии рафтори ҳам қонунию ҳам ғайриқонунӣ шарҳу эзоҳи расмии мақомоти андоз аҳамияти хоса дорад, ки иҷрои онҳо гуноҳи андозсупорандаро истисно менамояд ва рафторашро ҳақ мебарорад.

Қонунгузории ҷории молия дараҷаи арзёбии рафтори қонунии молиявиро устувор мегардонад. Масалан, мақомоти андоз тафтишоти камералӣ ва ёу\\атии андозро мегузаронанд. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти молиявии ташкилотҳои кредиты ва молиявии щайрибонкиро назорат мекунад ва ҳоказо. Мақсади назорат кардан ва гузаронидани тафтишот на танҳо қонуншиканиҳоро ошкор месозад, балки рафтори қонуниро муайян мекунад.

Як қатор меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ бо додани ваколатҳои муайян ба субъектҳо вобаста буда, амалӣ гардонидани онҳо ба амру фармоишоти меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ мувофиқат мекунад, рафтори қонунӣ мебошад ва мақсад дорад ба неъматҳои пешбининамудаи ҳуқуқи андозпардозӣ ноил гардад. Чунончӣ, андозпардоз ҳуқуқ дорад бори андозро қонунан сабуктар кунад ва ба тарҳрезии андоз пардозад. Дар ҳуқуқшиносии хориҷӣ чунин ҳуқуқи андозсупорандаро бебаҳс мешуморанд. Масалан, дар яке аз қарорҳои Суди Олии ИМА таъкид шудааст: «Ҳуқуқи андозсупорандагонро, ки бо истифодаи тамоми воситаҳои раводидаи қонунҳо аз пардохти андоз канорагирӣ кардан мехоҳад, ҳеҷ кас мавриди баҳс қарор дода наметавонад». Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳуқуқ дар истифодаи имтиёзоти андоз ба шарти мавҷуд будани асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз ифода меёбад (мод.145 КА /Т).хусусияти худ худ фаръор, бу

Нишонаи дигари рафтори қонунии ҳуқуқӣ аз таъмин будани (кафолат доштани) он бо маҷбурият, эътиқодмандӣ ё ҳавасмандии давлатӣ иборат аст. Қоидаи рафторе, ки дар меъёри ҳуқуқи молиявӣ пешбинӣ гардидааст, бидуни таъмин намудани он бо чораҳои таъсиргузории давлатӣ сафсатаи хушкухолист. Бинобар ин риоя, иҷро ва истифода кардани меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ дар муносибати ҳуқуқи молиявӣ бояд бо чораҳои эътиқодмандӣ, маҷбурият ё ҳавасмандии давлатӣ (ҳавасмандии ҳуқуқи молиявӣ) таъмин карда шавад. Чораҳои эътиқоди ҳуқуқи молиявӣ, маҷбурият ва ҳавасмандӣ воситаҳои таъмини рафтори қонунии ҳуқуқӣ мебошанд.

Чораҳои маҷбурияти ҳуқуқи молиявӣ дар муҷозоти меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ тасвият меёбанд ва дар сатҳи иттилоотӣ (рӯҳия – психологӣ) ҳамчун таҳдиди хатари оқибати манфӣ дар мавриди халалдор шудани диспозитсияи меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ таъсир мерасонад. Чунин таъсиррасонӣ ба аниқу возеҳ кардани қоидаҳои рафтор ва муайян сохтани ин ё он гуна муносибати дохилии рӯҳия боис мешавад. Таъсиррасонӣ дар сатҳи муҷозоти меъёри молиявӣ нисбати шахсоне раво мебошад, ки ба қонуншикании молиявӣ майл доранд. Хусусияти таъсиррасонии муҷозотӣ, яъне ҷазодиҳӣ аз он иборат аст, ки муҷозот амалӣ намешавад, балки дар сатҳи иттилоотӣ ба самъи субъект оқибати имконпазири номусоиде мерасонад, ки дар сурати халал ёфтани қоидаҳои рафтор дар диспозитзияи зикршудаи меъёри ҳуқуқӣ рӯй дода метавонад.

Таъмини рафтори қонунии молиявӣ бо муҷозоти ҳавасмандгардонии молиявӣ имконпазир мебошад. Муҷозоти ҳавасмандгардонӣ ба иштироккунандагони муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ аз оқибати бахайре дарак медиҳад, ки дар сурати қонунан ва масъулиятшиносона рафтор карданашон фаро мерасад.

Рафтори қонунии молиявӣ метавонад бо омилҳое, ки андозро бекор ё маблағашро камтар мекунад, таъмин карда шавад. Масалан, андозсупорандагон шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воцеъы аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳои дигар, мод. 145, 211 КА /Т муайян кардааст: озод карда мешаванд.

Нишонаи дигари рафтори қонунии ҳуқуқӣ аҳамияти иҷтимоӣ ё ҷоизии он аст, ки мутобиқи мақсаду вазифаҳои ҳуқуқи молиявӣ ва ҳамчунин талаботи ҳақиқии давлат дар таъмини устувории иқтисодӣ ва молиявӣ ифода меёбад. Ин нишона дар ҷараёни фаъолияти мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсусро доро мегардад, ки пешрафт ва солимгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасмандгардонии фаъолияти воқеан озоди иқтисодӣ, ки асоси пойдории давлат мебошад, равона шудааст.

Фаъолияти Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мутобиқи ваколатҳояшон амалӣ шавад, лекин аз ҷиҳати иҷтимоӣ на ҳамеша фоидаовар хоҳад буд – масалан, ба рафтани сармоя аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд ( мувофици моддаи 2 б?3 Цонуни /Т «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва фиристодани асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коғазҳои қиматноке, ки ба асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд, инчунин овардан ва фиристодани асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо бо тартибе, ки Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, сурат мегирад) ва пешрафти иқтисодиро боздорад

Фаъолияти қонунии мақомоти молиявии давлат дарвоқеъ аз ҷиҳати иҷтимоӣ фоидабахш аст, ба шарте, ки он ба мақсадҳои ҳифз ва таъмини устувории асъори миллӣ – сомонӣ, ба ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ, пешрафту устувории низоми бонкӣ, таъмини кори самарабахш ва мунтазами низоми пардохт, таъмини иқтисодии ҳуқуқи инсон ва барномаҳои иҷтимоӣ мувофиқ бошад.

Рафтори қонунии молиявӣ, чунонки зикр шуд, таснифи хоси рафтори қонуниро риоя мекунад. Вале хусусияти баъзе намудҳои муносибатҳои ҳуқуқуқӣ, ки иштироккунандагони онҳо субъектҳои ҳуқуқи молиявӣ мебошанд, имконият медиҳанд муносибатҳои ҳуқуқӣ дар сатҳи ҳуқуқи молиявӣ муфассалтар тасниф карда шаванд. Чунончӣ, дар асоси ин маҳак рафтори қонунии молиявӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз, асъор, буҷет, бонк ва суғурта ҷой дошта метавонад. Ин муносибатҳо қобили аниқ кардан мебошанд, яъне рафтори қонунии молиявиро аз ин муафассалтар тасниф кардан мумкин аст. Масалан, рафтори қонунии молиявӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи андоз метавонад дар соҳаҳои: ситонидани андозёо; амалӣ кардани назорати андозпардозӣ; шикоят кардан аз руи санадҳои мақомоти андоз; ба ҷавобгарӣ кашидан барои қонуншикании андозпардозӣ р.х дода метавонад.

Гумон меравад, ки ба ҷавобгарӣ кашидан бо рафтори қонунӣ ҳеҷ алоқаманд нест, вале дар асл ин тавр нест. Аввало, субъектҳои ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашидани қонуншикан қатъӣ аз рӯи амру талаботи меъёрҳои ҳуқуқи андозпардозӣ амал мекунанд. Дуюм, зиёни расидаро метавонад худи қонуншикан – андозсупор ихтиёран яктарафа кунад, ба фош сохтани шарикон мусоидат намояд, ба гузаронидани тафтишоти андозпардозӣ монеъ нашавад, яъне аз рӯи қонун амал кунад.

26.3. Ҳуқуқвайронкунӣ

Ҳуқуқвайронкунӣин амали ба ҷомеа зараровар, гунаҳкорона ва зиддиҳуқуқии шахси дорои қобилияти амалкунӣ аст.

Ҳуқуқвайронкунӣ аломатҳои зерин дорад:

  1. Ҳуқуқвайронкунӣ пеш аз ҳама рафтор аст, ки дар шакли ҳаракат ё беҳаракатӣ (иҷро накардани амале, ки мувофиқи қонун он ҳатман бояд амали гардад) содир мешавад.
  2. Ҳуқуқвайронкуниро одамон содир мекунанд. Ҳайвонҳо субекти ҳуқуқвайронкунӣ эътироф намешаванд.
  3. Ҳуқуқвайронкунӣ – амали зиддиҳуқуқӣ аст.
  4. Ҳуқуқвайронкунӣ – амали богуноҳона аст, яъне вобаста ба шууру иродаи одам содир мешавад.
  5. Ҳуқуқвайронкунӣ – амали зараровар аст.

Ҳуқуқвайронкунӣ аз нигоҳи сатҳи хавфнокии ҷамъиятӣ ва зарари иҷтимоӣ ба ду намуд ҷудо мешавад:

1) ҷиноят – амали (ҳаракат ё беҳаракатии) богуноҳона содир шудаи барои ҷамъият хавфноке, ки Кодекси ҷиноятии ҶТ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст;

2) кирдорҳои зиддиҳуқуқи – ҳуқуқвайронкуниҳое, ки муносибатҳои идоравӣ, меҳнатӣ, молумулкӣ ва дигар муносибатҳоро халалдор мекунанд ва сатҳи хавфнокиашон аз ҷиноят пасттар аст.

Кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ намудҳои зайл доранд:

1) кирдорҳои маъмурӣ – кирдорҳое, ки ба муносибатҳои соҳаи идоракунии давлатӣ зарар меоранд; дар натиҷаи онҳо фаъолияти мӯътадили мақомоти иҷроияву амрдиҳанда, тартиботи ҷамъиятӣ вайрон мешавад; онҳо ҳамчунон муқобили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона мешаванд; кирдорҳои маъмуриро шаҳрвандон, ашхоси мансабдор новобаста аз вазъу тебеъияти хизматиашон содир карда метавонанд;

2) кирдорҳои интизомӣ – вайрон гаштани қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ дар корхона, муассисаву ташкилотҳо, интизоми хизматӣ аз тарафи коркунон, ин қабил кирдорҳо интизоми меҳнатро халалдор карда, кори мӯътадили корхона, муассисаву ташкилотро халалдор мекунанд;

3) ҳуқуқвайронкунии гражданӣ – ба муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии бо меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ танзимгашта зарар мерасонанд (масалан, иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, расонидани зарари молумулкӣ ва ғ.).

Тамоми аломатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар якчоягӣ таркиби ҳуқувайронкуниро ташкил медиҳанд, ки асоси ҷавобгарии ҳуқуқӣ мешавад. Таркиби ҳуқуқвайронкунӣ аз унсурҳои зерин иборат аст:

1) субекти ҳуқуқвайронкунӣ (ҳуқуқвайронкор) – шахсе, ки ҳуқуқвайронкуниро содир кардааст;

2) тарафи субективии (зеҳнии) ҳуқуқвайронкунӣ – дар гуноҳ (чун ҳолати рӯҳии инсон) ифода меёбад;

3) обекти ҳуқуқвайронкунӣ – он чизе, ки муқобилаш ҳуқуқвайронкунӣ равона гаштааст, яъне арзишу неъматҳое, ки ба онҳо зарар расонида шудааст, ба монанди, ҳаёт ва саломатии инсон, тартиботи ҷамъиятӣ, моликияти шахсӣ ва ғ.;

4) тарафи обективии (воқеии) ҳуқуқвайронкунӣ – кирдори содиргашта, оқибатҳои он ва алоқаи сабабӣ байни кирдору оқибаташ.

26.4. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ

Ҷавобгарии ҳуқуқӣин як намуди масъулият аст, ки дар татбиқи чораҳои маҷбурсозии ҳуқуқӣ ба шахси гунаҳкор барои содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ифода меёбад.

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ як намуди ҷавобгарии (масъулияти) иҷтимоӣ буда, аз ҷавобгарии (масъулияти) ахлоқӣ ва ғ. бо як қатор аломатҳояш фарқ мекунад.

  1. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ бо меъёрҳои ҳуқуқ (дар санксияҳои меъёрҳо) пешбинӣ мешавад.
  2. Асоси ҷавобгарии ҳуқуқӣ – ҳуқуқвайронкунӣ аст.
  3. Ҷавобгарии ҳуқуқиро танҳо мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдори босалоҳият бо тартиби махсуси пешбиникардаи қонун истифода мебарад (суд, прокурор, роҳбари корхона ва ғ.).
  4. Дар натиҷаи татбиқи чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҳуқуқвайронкунанда ба як қатор маҳдудиятҳо дучор мешавад.

Принсипҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ инҳоянд:

1) принсипи қонуният маънои онро дорад, ки ҷавобгарии ҳуқуқиро танҳо мақомоти босалоҳият бо тартиби муқарраршуда татбиқ мекунад;

2) принсипи адолат, яъне қонуне, ки ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад; барои як ҷиноят шахс такроран (дубора) ҷазо намебинад; мусодираи пурраи молу мулки маҳкумшуда манъ аст; ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд гунаҳкор дониста намешавад;

3) принсипи ногузирии ҷавобгарии ҳуқуқӣ маънои онро дорад, ки ҳеҷ як ҳуқуқвайронкунӣ бе ҷазо монда наметавонад;

4) принсипи мақсаднокӣ, яъне чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ бо назардошти ҳолатҳои вазнинкунанда ва сабуккунандаи ҷавобгарӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкор, ҳолатҳои мушаххаси содиршавии кирдор татбиқ мешаванд;

5) принсипи фардикунонии ҷазо дар он ифода меёбад, ки шахс барои ҳуқуқвайронкунии содиркардааш худаш ҷавобгар аст;

6) принсипи эҳтимолият, ки дар ҳуқуқи ҷиноӣ дар шакли презумпсияи (эҳтимолияти) бегуноҳии айбдоршаванда дар ҳуқуқи гражданӣ дар шакли презумпсияи (эҳтимолияти) гуноҳии зараррасон амал мекунад.

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ намудҳои алоҳида дорад, ки онҳо вобаста ба хелҳои ҳуқуқвайронкунӣ аз ҳам фарқ мекунанд.

  1. Ҷавобгарии ҷиноӣ, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ шудааст.
  2. Ҷавобгарии маъмурӣ, ки барои кирдори маъмурӣ пешбинӣ шудааст ва истифодаи ҷазоҳои маъмуриро дар назар дорад.
  3. Ҷавобгарии ҳуқуқии гражданӣ, ки барои вайрон кардани вазифаҳои шартномавии мазмуни молумулкӣ дошта ва ё барои расонидани зарари молумулкии ғайришартномавӣ (берун аз шартнома),
  4. Ҷавобгарии интизомӣ, ки барои содир кардани кирдори интизомӣ муқаррар шудааст.

Чораҳои ҷавобгариро кордиҳанда татбиқ мекунад. Ин чораҳо дар шакли фармон (амр) ё қарор табиқ мешаванд.

26.5. Мафҳум ва намудҳои қонуншикании молиявӣ

Қонуншиканӣ ё ҳуқуқвайронкунии молиявӣ чун намуди нави қонуншиканӣ ба қарибӣ ба ҳукми қонун даромадааст. Вай дар байни қонуншиканиҳои конститутсионӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, интизомӣ ва ғайра мақоми алоҳида, мустақим дорад, зеро дорои хусусиятҳои танҳо ба онҳо хоси объекту субъект, тарафҳои объективию субъективӣ ва ҳамчунин дорои чораҳои масъулият барои содир кардани онҳо мебошанд.

Мафҳуми қонуншикании молиявӣ ба мафҳуми умумии қонунвайронкунӣ асос мекунад, ки бо назарияи давлат ва ҳуқуқ муайян карда шудааст. Ба ҳамин тариқ, нишонаҳои қонуншикании молиявӣ инҳоянд: 1) хавфи ҷамъиятӣ; 2) хилофкории молиявӣ; 3) ибтикорӣ (амал ё беамалӣ); 4) пешбинии ҷавобгарии молиявӣ барои қонуншиканӣ; 5) гунаҳкорӣ (маъсият).

Бо назардошти ин қонуншикании молиявиро ҳамчун амали хавфнок, гунаҳкорӣ, хилофкорӣ (риоя накардани қонунгузории молиявӣ) муайян кардан мумкин аст, ки қасди муносибатҳои молиявиро кардааст ва барои содир шудани он чораҳои ҷавобгарии молиявӣ пешбинӣ гардидаанд.

Қонуншикании молиявӣ мафҳуми ҷинсӣ буда, дар доираи он, вобаста ба гуногунии объектҳои суиқасд, намудҳои гуногуни қонуншикании молиявӣ ҷой доранд, ки дар Кодекси /умёурии То\икистон дар бораи ёуцуцвайронкунии маъмуры: Кодекси \иноятии /умёурии То\икистон ва бисёр дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд.

Қонуншиканиҳои соҳаи андоз, буҷет, асъор ва соҳаи муносибатҳои оммавии бонкӣ намудҳои гуногуни қонуншикании молиявӣ мебошанд. Ин намудҳои гуногуни қонуншиканиро аз он хотир ба як ҷинс муттаҳид кардан, нисбат додан мумкин аст, ки ҳамсоҳаанд, зеро онҳо дар меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ пешбинӣ шудаанд ва онҳоро ба намудҳои гуногун дар асоси объектҳои суиқасд, ки дар доираи объекти умумии ҷинс ҷой доранд, ҷудо кардан мумкин аст.

Таҳти қонуншикании соҳаи андоз амал ё беамалии гунаҳкорона, хилофи қонун (бар хилофи қонунгузории соҳаи андоз) содиркардаи андозсупоранда, агенти андоз ва дигар шахсонеро меноманд, ки барояш мутобици қонун ҷавобгарӣ ва чораёои му\озоты муқаррар шудааст.

Нишонаи аввалин қонуншикании соҳаи андоз хилофкорӣ дар соҳаи андоз, яъне амалест, ки хилофи қонунгузории андоз ва боҷу хироҷ содир мешавад.

Нишонаи дигари қонуншикании соҳаи андоз ҷазодиҳӣ барои напардохтани андоз аст. Аз мафҳуми қонуншикании соҳаи андоз бармеояд, ки ҷазо барои напардохтани андоз бо Кодекси /умёурии То\икистон дар бораи ёуцуцвайронкунии маъмуры ва Кодекси \иноятии /умёурии То\икистон муқаррар карда шудааст. Цайд намудан \оиз аст: ки \авобгариёои соёаи андоз намудёои цонуншиканиёоеро: ки дар бар мегирифт: то 1?01?2005сол дар Кодекси андоз ва Кодекси гумрук муцаррар шуда буд ва баъд аз цабули Кодекси /умёурии То\икистон дар бораи ёуцуцвайронкунии маъмуры тамоми \авобгариёои соёаи андоз: ки хусусияти маъмуры доштанд: дар ин Кодекс инъикос гардиданд?

Ба ҳамин тариқ, нишонаи хилофкорӣ ва ҷазодиҳӣ дар соҳаи андоз ду нишонае аст, ки ҳамдигарро пурра месозанд. Аввало, ӯҳдадории пардохти андоз ва боҷу хироҷ ҳам дар Кодекси андоз ва ҳам дар санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шуда метавонад. Дуюм, ҷавобгарӣ барои риоя нагардидани ин ӯҳдадориҳо метавонад дар Кодекси /умёурии То\икистон дар бораи ёуцуцвайронкунии маъмуры ва Кодекси \иноятии /умёурии То\икистон пешбинӣ шавад.

Нишонаи амалиёт бо нишонаи хилофкорӣ зич алоқаманд аст, чунки фикру ҳиссиёт ё эҳсосот не, балки маҳз амалиёт хилофи қонун буда метавонад. Худи амалиёт бояд аз рӯи ирода ва бошуурона бошад ва метавонад дар шакли амал ё беамалӣ ифода ёбад. Баъзе қонуншиканиҳои соҳаи андоз метавонанд ҳам дар шакли амал ва ҳам дар шакли беамалӣ содир шаванд. Масалан, дағалона риоя нашудани қоидаҳои баҳисобгирии даромад ва хароҷот ва объектҳои андозбандишаванда (мод. 106 КА /Т) ҳам дар шакли амал ва ҳам дар шакли беамалӣ содир карда мешавад. Пешниҳод накардани декларатсияи андоз (мод. 164′ К/Т дар бораи ёуцуцвайронкунии маъмуры) танҳо дар шакли беамалӣ содир мешавад.

Нишонаи дигари қонуншикании соҳаи андоз нишонаи гунаҳкорист. Дар модаёои 10-11 Кодекси /умёурии То\икистон дар бораи ёуцуцвайронкунии маъмуры ду шакли содир кардани ёуцуцвайронкуны (барқасдона ва аз беэётиьты) пешбинӣ гардидааст: «Ба содир кардани қонуншикании соҳаи андоз шахсе гунаҳкор мебошад, ки амали ғайриқонуниро барқасд ё аз рӯи беэҳтиётӣ содир кардааст. Қонуншикании соҳаи андоз ба шарте барқасд эътироф мешавад, ки шахси содиркардаи он хусусияти ғайриқонунӣ доштани амали (беамалии) худро дарк карда бошад, бо чунин оқибати зиёновар анҷом ёфтани амали (беамалии) худро хоста ё бошуурона ҷоизу раво меҳисобида бошад. Қонуншикании соҳаи андоз ба он сабаб аз рӯи беэҳтиётӣ содиршуда эътироф мегардад, ки шахси онро содирнамуда хусусияти ғайриқонунӣ доштани амали (беамалии) худ ё оқибати зиёновари ин амал (беамалии) худро дарку фаҳм накарда бошад, агарчанде бояд дарк мекард ё метавонист дарк намояд».

Камбудии цонунгузории андоз ва маъмуриро аз он бояд иборат донист, ки дар онёо ишора нашудааст, ки кадом қонуншикании соҳаи андоз барқасд ва кадомаш аз рӯи беэҳтиётӣ содир мешавад, ки ин дар ҷараёни таснифи амалиёт ба субъективизими ҳуқуқтатбиқкунӣ оварда мерасонад.

Нишонаи дигари қонуншикании соҳаи андоз хавфи ҷамъиятӣ доштани он мебошад. Дар таърифи қонунгузорӣ оид ба қонуншикании соҳаи андоз аз нишонаи хавфи ҷамъиятӣ сухан намеравад, ки ин маънои воқеан дар қонуншикании соҳаи андоз набудани онро надорад. Ҳеҷ як давлат бе пурра ва саривақт ситонидани андоз ба таври мӯътадил фаъолият карда наметавонад, зеро мадохилоти он ба хазина амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти дохилӣ ва хориҷиро таъмин менамояд. Маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятие, ки сари вақт ва пурра ситонида шудани андоз ва боҷу хироҷ, назорати соҳаи андоз ва муносибатҳои мурофиавии соҳаи андозро, ки зиён ба инҳо мерасад, таъмин менамоянд, объекти умумии қонуншикании соҳаи андоз ба шумор меравад.

Чунин қонуншиканиҳои соҳаи андоз ба монанди дағалона риоя накардани қоидаҳои баҳисобгирии даромаду хароҷот (мод. 106 КА /Т), напардохтан ё пурра пардохтани маблағи андоз (мод. 38 КА /Т), аз ҷониби агенти андоз баҷо наовардани ӯҳдадории дошта гирифтан ва (ё) гузаронидани андоз (мод.161 КА /Т) суиқасд ба муносибатҳоеанд, ки сари вақт ва пурра ситонидани андозро таъмин менамояд.

Мувофици муцаррароти Кодекси \иноятии /Т цонуншиканиҳои дар мод. 351 (ҷавобгарии шоҳид), 352 (саркашӣ намудани эксперт, тарҷумон ё мутахассис аз иштирок дар тафтишоти андоз, дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ ё дидаю дониста бардурӯғ тарҷума кардан), пешбинишуда ба муносибатҳое, ки дар рафти тадқиқоти андоз ба миён меоянд, суиқасд менамоянд.

Қонуншиканиҳо вобаста ба риоя нашудани мӯҳлати гузаштан аз қайди мақомоти андоз, саркашӣ намудан аз гузаштани қайди мақомоти андоз, риоя накардани мӯҳлати пешниҳоди маълумот дар бораи кушодан ва бастани суратҳисоб дар бонк, пешниҳод накардани эъломия (декларатсия)-и андоз, ба мақомоти андоз пешниҳод накардани маълумоте, ки барои назорати соҳаи андоз зарур аст, суиқасд ба муносибатҳое, ки ба назорати соҳаи андоз мусоидат менамоянд ва дар баробари ин муносибатҳои мазкур бо муносибатҳои сари вақт ва пурра ситонидани андоз зич алоқаманданд ва барои роё додан ба цонунвайронкуниёои номбаршуда мутобици муцаррароти Кодекси /Т дар бораи ёуцуцвайронкунии маъмуры чораёои му\озоты тадбиц карда мешавад.

Қонуншиканиҳое, ки аз тарафи бонкҳо иҷро нашудани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз ва боҷу хироҷро фаро мегиранд, моддаёои алоҳидаи К/Т Дар бораи ёуцуцвайронкунии маъмуры мебошанд (модахои 165 прим 5, 165 прим 6, 165 прим 7). Таҳлили мод. 165 К/Т Дар бораи ёуцуцвайронкунии маъмуры нишон медиҳад, ки қонуншиканиҳои мазкур асосан ба муносибатҳое суиқасд мекунанд, ки ба назорати соҳаи андоз мусоидат менамояд, вале ин қонуншиканиҳо танҳо бо ситонидани андоз ва боҷу хироҷ бевосита алоқаманданд. Дар ин бобат мод. 165 прим 7 истисност, ки он барои қарори ситонидани андоз ва боҷу хироҷро баҷо наовардани бонк ҷавобгарӣ муқаррар менамояд.

Хавфи ҷамъиятии қонуншикании соҳаи буҷет аз расонидани буҷет (ё таҳдиди расонидани зиён) ба муносибатҳои ташаккули даромад ва хароҷоти системаи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буҷети фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ иборат аст. Дар асоси таҳлили қонуншиканиҳои мушаххаси соҳаи буҷет муносибатҳои мазкурро аниқ кардан мумкин аст. Масалан, инҳо муносибатҳои мақсаднок истифода бурдани буҷет, сари вақт ва пурра ба суратҳисоб гузаронидани маблағи буҷет, сари вақт пешниҳод кардани ҳисоботи иҷрои буҷет ва ғайра буда метавонанд.

Дар цонунгузории амалкунандаи /Т намудҳои зерини қонуншикании соҳаи буҷет муайян карда шудаанд: иҷро накардани қонун (қарор) дар бораи буҷет; ғайримақсаднок истифода кардани маблағи буҷет; ба суратҳисоби гирандаи маблағи буҷет нагузаронидани маблағи буҷет; пурра ба суратҳисоби гирандаи маблағи буҷет нагузаронидани маблағи буҷет; сари вақт ба суратҳисоби гирандаи маблағи буҷет надаровардани маблағи буҷет; сари вақт пешниҳод накардани ҳисобот ва дигар маълумоти бо иҷрои буҷет алоқаманд; сари вақт ба гирандагони маблағи буҷет нарасонидани огоҳинома дар бораи ҷудо кардани маблағи буҷет ва ғайра. Таҳлили қонуншиканиҳои мушаххаси буҷетӣ нишон медиҳад, ки онҳо чӣ бо амал ва чӣ бо беамалӣ содир карда мешаванд.

Чораҳои ҷавобгарии молиявӣ барои қонуншикании соҳаи буҷет (нишонаи ҷазодиҳии қонуншиканӣ дар соҳаи буҷет) дар моддаёои алоёидаи Кодекси /Т дар бораи ёуцуцвайронкунии маъмуры ва Кодекси \иноятии /умёурии То\икистон зикр гардидаанд. Нисбат ба қонуншиканиҳои соҳаи буҷет метавонанд чораҳои зерин татбиқ карда шаванд: огоҳӣ барои номатлуб иҷро кардани ҷараёни (муомилоти) буҷет; мусодира кардани маблағи буҷет; манъ кардани додуситади маблағ; ҷарима кардан.

Дар Цонуни /умёурии То\икистон «Дар бораи бу\ети давлатии /умёурии То\икистон» аз нишонаи гуноҳ ёдовар нашудааст. Ин ҳолат маънои дар муносибатҳои соҳаи буҷет бе гуноҳ мавҷуд будани ҷавобгариро надорад. Бе гуноҳ қонуншикан, рафтори шоиста буда наметавонад ва набояд ҷавобгарии ҳуқуқӣ бошаду на ҷазо. Субъектҳои қонуншикании соҳаи буҷет метавонанд танҳо шахсони ҳуқуқие бошанд, ки иштироккунандагони ҷараёни буҷетанд.

Намуди дигари қонуншиканиҳои молиявӣ қонуншиканиҳои соҳаи асъор аст. Қонуншиканиҳои соҳаи асъор дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъорӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд. Хавфи ҷамъиятии қонуншиканиҳои соҳаи асъор аз расонидани зиён ба муносибатҳои бо соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани асъор алоқаманд иборат мебошад.

Қонуншиканиҳои асосии соҳаи асъор, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъорӣ», бармеоянд, инҳоанд: хариду фурӯши асъор берун аз доираи бонки ваколатдор, риоя накардани қоидаҳои ҳатман ба бонки ваколатдор фурӯхтани як қисми даромади асъор, риоя накардани қоидаҳои кушодан ва истифода кардани суратҳисоби асъорӣ ва ҳоказо мебошад.

Ҷазо додан барои қонуншиканиҳои соҳаи асъор на танҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъорӣ», балки дар санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст. Дар қонунгузорӣ ҳамчун ҷазои қонуншиканиҳои соҳаи асъор на танҳо ҷарима, балки боздоштани эътибори иҷозатнома, ба нафъи давлат ситонидани тамоми даромади беасосе, ки аз додугирифти асъор ба даст омадааст, бозхонди иҷозатнома пешбинӣ шудааст.

Дар қонунгузории соҳаи асъор аз нишонаи гуноҳи қонуншикании соҳаи асъор сухан намеравад, вале чунонки зикр шуд, гунаҳкорӣ усули аз тарафи умум эътирофгардидаи ҷавобгарии ҳуқуқӣ буда, дар қонунгузорӣ қайду шарти махсус, ки ин усулро истисно мекарда бошад, ба назар намерасад.

Ба ҳамин тариқ, қонуншикании соҳаи асъор амалиёти барои ҷомеа хавфнок, ғайриқонунӣ ва гунаҳкоронаест, ки ба муносибатҳои соҳаи асъор, ки барои содир намудани онҳо ҷавобгарии молиявӣ муқаррар карда шудааст, таҳдид менамояд.

Намуди дигари қонуншикании молиявӣ қонуншиканиест, ки ба муносибатҳои оммавии бонкӣ таҳдид менамояд. Санади асосии меъёрии ҳуқуқие, ки ин намуди қонуншикании молиявиро муқаррар менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аст. Тибци муцаррароти моддаи 48. цонуни номбаршуда Бонки миллии Тоҷикистон барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузорӣ оиди бонк тадбриҳои зеринро меандешад:

Дар сурати аз тарафи бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ вайрон кардани қонунҳои ҷумҳурӣ, санадҳои меъёрӣ ва амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳод накардани ахборот, пешниҳод кардани ахбороти нопурра ва носаҳеҳ Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ бартараф намудани вайронкуниҳои ошкор кардашударо талаб кунад.

Агар амрномаҳои муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон оиди бартараф намудани вайронкуниҳо иҷро карда нашаванд, инчунин дар сурате, ки ин вайронкуниҳо ё амалиёти аз тарафи бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ иҷрошаванда ба манфиатҳои кредиторон (амонатгузорон) таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд оварад, Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории бонкӣ ҳуқуқ дорад:

1) аз ҳисоби муросилотии бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ бе супориши онҳо то 1 фоиз аз андозаи камтарини сармоя ё воситаҳои худии онҳо ҷарима ситонад;

2) ба бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ инҳоро тавсия намояд:

а) андешидани тадбирҳо оиди солимгардонии молиявӣ, аз ҷумла тағйир додани сохтори активҳо;

б) иваз намудани роҳбарияти бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ;

3) иваз намудани сохтори бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкиро талаб намояд;

4) барои бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ меъёрҳои ҳатмиро ба мӯҳлати то шаш моҳ тағйир диҳад:

5) аз тарафи бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ба ҷо овардани баъзе амалиёти бонкиро, ки дар иҷозатномаи додашуда пешбинӣ гардидаанд, ба мӯҳлати то як сол, инчунин кушодани бахшҳоро ба мӯҳлати то як сол манъ кунад;

6) барои идоракунии бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ , ба мӯҳлати то шаш моҳ маъмурияти муваққатӣ таъин намояд;

7) иҷозатномаи барои амалӣ намудани амалиёти бонкӣ додашударо бо тартибе, ки дар қонунҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст, бозхоста гирад.

Инчунин чораҳое, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон нисбати бонкҳо барои вайронкунии қонунҳои Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон дида мешаванд, дар моддаи 25. Цонуни /умёурии То\икистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» муцаррар карда шудааст? Барои вайронкунии қонунҳо , санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, меъёрҳои муқаррарнамудаи он, пешниҳод накардани маълумот, пешниҳод кардани ахбороти нопурра ё носаҳеҳ, инчунин содир намудани амалҳое, ки ба манфиатҳои амонатгузорон ва кредиторон (қарздиҳандаҳо) хатари воқеӣ ба вуҷуд меоваранд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба тартиби назоратӣ чораҳоеро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муқаррар кардааст, татбиқ намояд.

Хавфи ин қонуншиканиҳо барои ҷомеа дар он аст, ки бар асари онҳо муносибатҳои оммавии бонкии байни Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои кредитдеҳ зиён мебинанд (ё бо расонидани зиён таҳдид менамоянд). Инҳо муносибатҳои назорати бонкӣ, муносибатҳои таъмини устувории низоми пул, муносибатҳои таъмини ҳимояи амонат дар бонкҳои тиҷоратӣ ва ғайра буда метавонанд.

Амали ғайриқонунӣ маълумот пешниҳод накардани Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҷо наовардани меъёрҳои Бонки миллии Тоҷикистон (масалан, меъёри маблағи молҳои серхаридори ҷорӣ), ғалаткории ҳисобот, риоя нашудани шартҳои ташаккули фондҳо мебошад.

Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки қонуншиканиҳои соҳаи бонкро муқаррар менамоянд, ишора ба вуҷуд доштани гуноҳ дида намешавад, ки ин камбудии қонунгузории соҳаи бонк аст.

Субъектҳои қонуншиканиҳои соҳаи бонк аслан ташкилотҳои кредитдеҳ мебошанд.

Инак, соҳаи қонуншикании соҳаи бонк амалиёти барои ҷомеа хавфнок, ғайриқонунӣ (хилофкорӣ) ва гунаҳкоронаест, ки ба муносибатҳои оммавии бонкӣ, ки барои содир карданашон ҷавобгарии молиявӣ муқаррар карда шудааст, таҳдид менамояд.

Мафҳуми «қонуншикании молиявӣ» аксаран ба маънои мансубияти соҳавӣ, вале гоҳо ба маънои васеъ низ истифода мешавад. Дар ин ҳолат нишонаи мансубияти соҳавӣ не, балки объекти қонуншиканӣ–муносибатҳои молиявӣ асоси таснифот қарор мегирад. Дар асоси чунин таснифот қонуншикании молиявӣ ба тариқи зайл мешавад: а) ҷиноятҳое, ки ба муносибатҳои молиявӣ таҳдид менамоянд (мод. 263, 264, 265, 266, 268, 283, 284 КҶ /Т); б) қонуншиканиҳои маъмурӣ, ки ба муносибатҳои молиявӣ таҳдид мекунанд (мод. 165 прим 6, 165 прим 7 КҲМ /Т); в) қонуншиканиҳои соҳаи андоз, буҷет, асъор ва бонк. Ба ҳамин тариқ, мафҳуми «қонуншикании молиявӣ» метавонад ҳам ба маънои маёдуд ва ҳам ба маънои васеяш мавриди истифода қарор гирад.

26.6. Масъулияти молиявӣ низоми ҷавобгарии ҳуқуқӣ

Ҷавобгарии молиявӣ як намуди масъулияти ҳуқуқӣ буда, дар навбати худ масъулияти ҳуқуқӣ як намуди масъулияти иҷтимоӣ аст. Аз ин рӯ, мазмуни масъулияти иҷтимоӣ ҷиҳати мусбатро низ фаро мегирад, ки он на танҳо дар меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ, балки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муцаррар шудааст. Масалан дар моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад».

Ҷиҳати мусбати масъулияти молиявӣ ӯҳдадории ҳуқуқии субъектҳо оид ба риояи амру фармоишоти меъёрҳои ҳуқуқи молиявии аз тарафи давлат таъминшавандаест, ки дар рафтори қонунии молиявӣ амалӣ гардида, боиси таҳсин ё ҳавасмандӣ мешавад.

Ҷиҳати мусбати масъулияти молиявиро нишонаҳои зерин хосанд:

дорои яқинияти расмӣ, возеҳият ва аниқият буда, ба меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ асос ёфтааст;

аз ӯҳдадории риоя намудани амру фармоишоти меъёрҳои ҳуқуқи молиявие, ки дар рафтори қонунии молиявӣ амалӣ мешавад, иборат мебошад;

бо чораҳои маҷбурияти молиявию ҳуқуқӣ, эътиқодмандӣ ё ҳавасмандӣ таъмин карда мешавад;

дараҷаи арзёбӣ дорад ва боиси таҳсин ё татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ мешавад.

Ҷиҳати манфиати амалигардонии масъулияти молиявиро муайян кардан зарур аст, зеро бе он ҷиҳати мусбат яккаву танҳо монда, аз қобилияти таъмини худ маҳрум мешавад.

Ҷиҳати манфии масъулияти молиявӣ ӯҳдадории қонуншиканиест, ки аз воқеияти ҳуқуқии қонуншикании тоб овардан ба маҳкумият ва маҳдудияти амволӣ, ғайриамволӣ ё ташкилие зуҳур ёфта, дар муносибати ҳуқуқии муҳофизати масъулияти молиявӣ амалӣ мешавад.

Ба ҷиҳати манфии молиявӣ нишонаҳои зерин хосанд:

аз воқеияти ҳуқуқии қонуншикании молиявӣ дар шакли ӯҳдадории нав ба миён меояд;

дорои яқиният, возеҳият ва аниқияти расмӣ мебошад;

дар муносибати ҳуқуқии муҳофизатии масъулияти молиявӣ амалӣ мешавад;

бо фаъолияти омиронаи давлатии мақомоти молия, бо маҷбурияти молиявию ҳуқуқӣ алоқаманд аст;

барои қонуншикани молиявӣ боиси оқибати нохуше мегардад, ки дар муҷозоти меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ пешбинӣ шудааст;

шакли мурофиавии амалӣ гардиданро дорост.

Масъулияти молиявӣ бо тамоми намудҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ алоқаманд аст, ки ин шарти системаи ҷавобгарии ҳуқуқӣ мебошад. Алоқамандии муҳими системавии масъулияти молиявиро дида мебароем.

Масъулияти конститутсионӣ ва молиявӣ. Алоқамандии масъулияти конститутсионӣ ва молиявӣ ба хусусияти махсуси худи ҳуқуқи конститутсионӣ вобаста мебошад. Дар асоси ӯҳдадориҳои умумие, ки асоси вазъи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, ташкилотҳо ва шахсони мансабдорро ташкил менамояд, ӯҳдадориҳои соҳавӣ ба вуҷуд меоянд, ки дар намудҳои соҳавии ҷавобгарии ҳуқуқӣ аниқ мегарданд. Масалан, ӯҳдадории андозпардозӣ ба Конститутсия асос ёфта дар КА ҶТ аниқ карда мешавад. Ӯҳдадории умумии риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санадҳои сершумори меъёрии ҳуқуқие, ки ҷавобгарии молиявиро пешбинӣ менамоянд, аниқ карда мешавад.

Ҷавобгарии молиявӣ ва ҷиноятӣ. Ҷавобгарии молиявӣ бо ҷавобгарии ҷиноятӣ сахт алоқаманд мебошад. Ин ба он вобаста аст, ки предмети муҳофизати ҳуқуқии ҷиноятӣ ва танзими ҳуқуқии ҷиноятӣ як қисми муносибатҳои молиявӣ мебошад. Чунончӣ, дар моддаи 262 К/ /Т барои ба расмият даровардани (rонунb гардонидани) маблаu[ои пулb ё амволи дигари uайриrонунb ба даст овардашуда ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст. Дар моддаи 264. б.2 КҶ /Т ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ гирифтани кредити мақсадноки давлатӣ ва аз рӯи таъинот истифода накардани он муайян карда шудааст. Дар мод. 266. Саркашии бадrасдона аз адои rарзи кредиторb ҷазо пешбинӣ гардидааст. Дар КҶ /Т барои ҷиноятҳои соҳаи андоз (мод. 291, 292, 293) ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» барои ғайримақсаднок истифода намудани маблағи буҷет барнагардонидан ё худ сари вақт барнагардонидани маблағи буҷет, ки бо шарти баргардонидан гирифта шудааст меъёрёои му\озоты пешбинӣ нашудааст вале Моддаи 268 Кодекси \иноятии /умёурии То\икистон барои Uайриrонунb истифода бурдан ва бо маrсади uараз ё манфиатдории шахсb маблаuи пулии дар сурат[исоби худ бударо ба сурат[исоби ташкилоти дигар uайриrонунb гузаронидааст, [амчунин тартиботи муrарраршударо вайрон карда, маблаuи пулиро ба тарзи дигар истифода бурдааст ё дигар маблаuи буxетиро uайримаrсад истифода бурдааст, агар ин кирдор ба манфиат[ои rонунии ша[рвандон, корхона ё давлат зарар расонида бошад чораёои му\озоты муцаррар намудааст?

Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани маблағи буҷетро шахсоне доранд, ки ба мафҳуми шахси мансабдор мувофиқанд, ки дар мод. 314 КҶ /Т пешбинӣ гардидааст. Дар ҳолати риоя нашудани меъёрҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» шахсони масабдор барои хароҷоти ғайримақсадноки маблағи буҷет ва ё барои хароҷоти ғайримақсадноки маблағи фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Фарқи масъулияти молиявӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар заминаи меъёрии ҳуқуқие, ки онро муқаррар менамояд, дар тартиби мурофиавии татбиқ, субъектҳои татбиқ ва субъектҳои масъулият ва дар баъзе нишонаҳои дигар аст. Амали якҷояи масъулияти молиявӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ дар он зуҳур меёбад, ки меъёрҳои тартиботи (институти) масъулияти молиявӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ дар танзим ва муҳофизати муносибатҳои оммавии соҳаи асъор, андоз, буҷет ва бонк иштирок менамояд.

Алоқаҳои амалиро, ки аз муҳофизат ва танзими муносибатҳои молиявӣ иборат аст, дар масъулияти молиявии дорои масъулияти интизомӣ мавҷуд мебошад. Масалан, барои баъзе гурӯҳҳои шахсони мансабдор ӯҳдадории риояи интизоми молиявӣ на танҳо дар меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ, балки дар меъёрҳое зикр шудаанд, ки ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ менамоянд. Мавҷудияти алоқаи амалӣ, ки аз муҳофизати муносибатҳои молиявиро дар бар гирифтани меъёрҳои соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ иборат аст, ба тасдиқи он имконият медиҳад, ки барои риоя накардани муносибатҳои молиявӣ ба чандин намуди ҷавобгарии ҳуқуқӣ: молиявӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашидан мумкин аст.

Масъулияти молиявӣ ва ҳуқуқии гражданӣ. Масъулияти молиявӣ бо масъулияти ҳуқуқи гражданӣ алоқаманд бошад ҳам, монандии онҳо зоҳирист ва бо чораҳои ҷавобгарии пулӣ (молумулкӣ) анҷом мепазирад, ҳол он ки фарқи байни онҳо, ки ба фарқи моҳияти муносибатҳои гражданӣ ва молиявӣ вобаста аст, хеле калон мебошад. Алоқаи байни масъулияти молиявӣ ва ҳуқуқии гражданӣ дар чандин самт зуҳур меёбад. Аввало, масъулияти молиявӣ дар баъзе ҳолатҳо воситаҳои ба ҳам монанди ҳуқуқ, масалан, механизми қарздорони муттаҳидро дар ӯҳдадории соҳаи андоз дар мавриди азнавташкилёбии шахси ҳуқуқӣ, пушаймона, ноустуворонаро истифода мебарад. Дуюм, масъулияти молиявӣ, ки бо тақсиму харҷи маблағ, ситонидани андоз алоқаманд аст, дар муҳофизати муносибатҳои моликияти давлатӣ бавосита, яъне ғайримустақим иштирок менамояд.

Масъулияти молиявӣ ва маъмурӣ. Алоқаи зичи байни масъулияти молиявӣ ва маъмурӣ имконият медиҳад, ки он намуди охирин ҳисоб карда шавад. Аммо ин даъво нодуруст аст, зеро муқоисаи хусусиятҳои масъулияти молиявӣ ва маъмурӣ нишон медиҳад, ки табиат, моҳияти ҳуқуқии он мустақил мебошад.

Нишонаҳое, ки на ба табиат, моҳияти маъмурии ҳуқуқии масъулияти ҳуқуқӣ, балки ба мустақилияти он далолат менамоянд, инҳоянд: аввало, мустақилияти соҳаи ҳуқуқии молиявӣ; дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кодексшуда (Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон), дигар қонунҳо ва санадҳои зерқонун, ки аз рӯи мансубияти соҳавӣ ба қонунгузории молиявӣ дахл доранд; асосҳои гуногунии масъулияти молиявӣ ва маъмурӣ; таҳкими қонунии мафҳуми қонуншиканиҳои соҳаи андоз ва буҷет; танзими гуногуни ҳуқуқии тартиби кашидан ба масъулияти молиявӣ ва маъмурӣ; доираи гуногуни субъектҳое, ки дорои ҳуқуқи татбиқ кардани чораҳои маъмурӣ ва чораҳои масъулияти молиявиро доранд; бо чораҳои масъулияти маъмурӣ якхела набудан ва хусусияти хоса доштани чораҳои масъулияти молиявӣ.

Нишонаҳои муҳимеро, ки мақоми мустақили молиявиро дар системаи низоми ҷавобгарии ҳуқуқӣ муайян мекунад, муфассал дида мебароем. Чунончӣ, ҳуқуқи молиявӣ дар низоми ҳуқуқ соҳаи мустақил буда, дар предмети ҳуқуқи молиявӣ гурӯҳҳои хоси муносибатҳои оммавии соҳаи андоз, буҷет, асъор ва бонк муайян гардиданд. Мутобиқи онҳо зерсоҳаҳои ҳуқуқи соҳаи андоз ва буҷет, институтҳои танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи асъор, муносибатҳое, ки байни Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои кредитӣ ба вуҷуд меоянд, ташаккул ёфтанд. Мувофиқи ин соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ба предмети ҳуқуқи молиявӣ дохил мешаванд, намудҳои масъулияти молиявии соҳаи буҷет, андоз, бонк ба вуҷуд омаданд. Вале бояд дар назар дошт, ки масъулияти соҳаи андоз, асъор, буҷет ва бонк намудҳои мустақили ҷавобгарии ҳуқуқӣ не, балки намудҳои масъулияти молиявианд.

Мафҳуми «масъулият», «ҷавобгарӣ» чӣ тавр маънидод карда мешавад?

О.С.Иоффе масъулияти ҳуқуқиро дар навбати аввал ҳамчун ҷазои (муҷозоти) қонуншиканӣ, ҳамчун оқибати пешбининамудаи меъёри ҳуқуқ дар мавриди риоя накардани он маънидод мекунад. Ин муҷозот, ба қавли О.С.Иоффе, чораи маҷбур кардан ва риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқ буда, онро мақомоти давлат нисбати шахсҳое, ки ин меъёрҳоро вайрон мекунанд, татбиқ менамояд. Ва, мувофиқан, оқибати ҳуқуқиро, ки бо чораҳои маҷбуркунии давлатӣ алоқаманд намебошанд, аз ҷумлаи масъулияти ҳуқуқӣ донистан мумкин нест. Муҷозотро низ ҳамчун оқибати ногувори қонуншиканӣ муайян намуда, зимни ин таъбири барои қонуншикан «бенафъ» будани оқибате таъкид карда мешавад, ки барояш аз амри қонуншиканӣ бармеояд[1].

И.С.Самощенко ва М.Х.Фарукшин таъкид менамоянд, ки масъулияти ҳуқуқӣ аз рӯзи пайдоишаш ҳамеша масъулияти амали гузашта будааст. Масъулияти ҳуқуқӣ ҷазои амали қонуншиканӣ буда, хусусияти маҷбуркунии давлатӣ дорад. Ин масъулият пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки вай дар мавриди қонуншиканӣ новобаста ба майлу иродаи қонуншикан татбиқ (дайн) карда мешавад ва нисбати ӯ хусусияти зоҳирӣ дорад[2].

Азбаски масъулият (ҷавобгарӣ) ҳамеша намуди муайяни маҳрумияти амволӣ ё шахсӣ мебошад, он бояд бо ягон бору ташвиши иловагӣ ифода гардида, бо ҳамин оқибаташ барои қонуншикан як навъ манфӣ бошад. Намудҳои чунин оқибат бо вазифаи нав иваз кардани вазифаи иҷронакарда ва (ё) ба вазифаи риоянашуда илова кардани вазифаи нав буда метавонад.

Тибқи қонунгузории ҷории андоз масъулият чанд шаклу намуд дорад.

Барои риоя нагардидани қонунгузории андоз чунин шаклу намуди масъулият пешбинӣ карда мешавад:

  • маъмурии ҳуқуқӣ;
  • ҷиноятии ҳуқуқӣ.

Ҷавобгарии маъмурии ҳуқуқӣ ва ҷиноятии ҳуқуқӣ шаклҳои гуногуни ҷавобгарианд. Бинобар ин ҳеҷ чиз монеи он шуда наметавонад, ки шахсҳои воқеӣ ҳам мутобиқи қонунгузории андоз, ҳам мутобиқи қонунгузории маъмурӣ ва ё ҳам мутобиқи қонунгузории ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Амалияи аз рӯи ҳуқуқ татбиқ намудани андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ҳамин роҳ пеш рафта истодааст[3].

Номгӯи пурраи чораҳои ҷавобгарии маъмуриро КҶТ дар бар гирифтааст ва онҳо дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат буда наметавонанд, вале чораҳои масъулияти молиявӣ, чунонки таъкид шуд, дар санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба қонунгузории маъмурӣ не, балки ба конунгузории \инояты мансубанд, муқаррар карда мешаванд.

Ҳамчунин чораҳои масъулияти молиявӣ ва маъмурӣ бо хусусиятҳои сифатӣ ва миқдории худ, бо тартиби мурофиавии татбиқ фарқ мекунанд. Мувофиқат танҳо дар номи худи чораҳои масъулияти молиявӣ ва маъмурӣ буда метавонад, масалан, ҷарима ва огоҳӣ дар ҳуқуқи молиявӣ ва маъмурӣ дида мешавад. Инҳо ба чораҳои махсуси масъулияти молиявӣ мансубанд: огоҳӣ барои иҷрои номатлуби ҷараёни буҷет, мусодираи маблағи буҷет; боздошти амалиёт аз рӯи суратҳисобҳо; бастани филиалҳои ташкилотҳои кредитӣ; бозхонди иҷозатнома; боздошти эътибори (амали) иҷозатнома; манъи кушодани филиалҳо; маҳдуд кардани баъзе амалиёти бонкӣ ва ғайра.

Барои татбиқи чораҳои масъулияти молиявӣ мақомоти андоз, мақомоти фондҳои ғайрибуҷетии давлатӣ, мақомоти гумрук, мақомоту субъектҳои буҷетҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буҷетҳои маҳаллӣ, Бонки миллии Тоҷикистон оид ба назорати амалиёти соҳаи асъор аз тарафи ташкилотҳои кредитдеҳ ва биржаҳои асъор ва назорати умумӣ ба ташкилотҳои кредитдеҳ ҳуқуқдор карда шудаанд. Номгӯи мақомоте, ки ҳуқуқи баррасӣ кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доранд, дар боби 16 моддаёои 217-242(3) КҲМ ҶТ муайян карда шудааст. Дар ин номгӯй Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти фондҳои ғайрибуҷетии давлатӣ ва хазинадорӣ нестанд, ки ин бори дигар ба мустақилияти масъулияти молиявӣ далолат мекунад.

Татбиқи чораҳои масъулияти соҳаи андоз хусусиятҳои худро дорост. Онҳоро танҳо бо тартиби судӣ татбиқ кардан мумкин аст (мод. 103–106 КА ҶТ). Дар татбиқи чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ субъектҳои бисёр иштирок мекунанд.

Худи таърифи қонунгузории ҳуқуқвайронкунии соҳаи андоз, буҷет ва маъмурӣ аз ҳам фарқ доранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *