Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Ҳуқуқэҷодкунӣ

Мафҳум ва принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ

Ҳуқуқэҷодкунӣ ин фаъолияти махсуси бо қонунҳо муқарраргаштаи мақомоти давлат, шахсони мансабдор (дар доираи салоҳияташон) ва халқ (дар раъйпурсӣ) аст, ки дар натиҷаи он санадҳои ҳуқуқӣ қабул мешаванд.

Ҳуқуқэҷодкунӣ, ки ба туфайли он меъёрҳои ҳуқуқ муқаррар мегарданд, ба принсипҳои муҳим асос меёбад.

Принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ гуфта он нуқтахои асосиро меноманд, ки дар асоси онҳо фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зайл асос меёбад.

  1. Принсипи инсондӯстӣ. Мақсади асосии қабули ҳар як санади ҳуқуқӣ дар ташкили ҳаёти арзандаи сокинони ҷумҳурии мо аст, ки дар айни замон вазифаи Тоҷикистон чун давлати иҷтимоӣ мебошад (м. 1, қ. 2 Конститутсияи Тоҷикистон). Санадҳои ҳуқуқӣ дар асос ва мувофиқи талаботҳои ҳуқуқи фитрӣ қабул мешаванд. Ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро Конститутсия ва конунҳои ҷумҳурӣ ҳифз мекунанд (м. 14 Конститутсия). Санадҳои ҳуқуқӣ кафили асосии ҳуқуқу манфиатҳои инсон мебошанд. Ҳангоми қабули санадҳо мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ манфиатҳои инсонро ба инобат мегиранд, нисбат ба манфиатҳои давлатӣ авлотар будани онҳоро мақсад ва асоси фаъолияти хеш қарор медиҳанд.
  2. Принсипи демократӣ. Тайёр кардан, муҳокима ва қабули санадҳои ҳуқуқӣ, алалхусус қонунҳо бо иштироки шаҳрвандон, намояндагони илму фарҳанг, мутахассисони соҳаҳои гуногун мегузарад. Ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ озод ва кушод сурат мегирад. Он дар мавридҳои зарури тавассути воситаҳои ахбори умумӣ интиқол мегардад. Тартиби муҳокима ва қабули қонунхои муҳимтарини ҷумҳурӣ дар телевизион намоиш дода мешавад. Аз фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ ва шахсони мансабдор халқ ба таври таъҷилӣ хабардор мешавад. Шаҳрвандон дар хусуси маҷлисҳои васеи Ҳукумат, кори кумитаҳои Маҷлиси Олӣ сари вақт воқиф мешаванд. Бо фармонҳои Президент ва хатто бо қонунҳои муҳимтарин (масалан, Қонуни интихобот ба Маҷлиси Намояндагӣ) тамошобинони телевизион бевосита шинос мегарданд. Шакли муҳими ифодаи принсипи демократӣ – қабули қонунҳои муҳимтарин аз ҷониби халқ аст. Бо ин мақсад раъйпурсӣ гузаронида мешавад, ки яке аз нишонаҳои сатҳи баланди демократии ҷомеа аст. Қонунҳои асосии давлатҳо одатан дар раъйпурсӣ қабул мешаванд. Масалан, Конститутсияи Федератсияи Россия (12 декабри с. 1993), Конститутсияи Тоҷикистон (6 ноябри с. 1994) дар раъйпурсӣ (овоздиҳии умумихалқӣ) қабул шудаанд.
  3. Принсипи қонуният. Ҳуқуқэҷодкунӣ, ки як шакли фаъолияти давлатӣ аст, дар асоси риояи қатъии нишондодҳои ҳуқуқӣ мегузарад. Азбаски ҳуқуқэҷодкунӣ мақсади қабули санадҳои ҳуқуқиро дорад, нисбати он талаботҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд. Қабули санади ҳуқуқи бе риояи меъёрҳои ҳуқуқ имконнопазир аст. Ҳамаи давраҳои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ (тайёр кардани лоиҳа, муҳокима, қабул, нашри қарори ҳуқуқэҷодкунӣ) бо риояи аниқи меъёрҳои ҳуқуқ мегузарад. Меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам шудаанд. Меъёрҳои муайянсозанда дар Конститутсияи ҷумҳурӣ пешбинӣ мешаванд, ба монанди, тартиби қабули қонунҳои оддӣ ва конститутсионӣ (м. 61), мӯҳлати имзои қонунҳо аз ҷониби Президент (м. 62) ва ғ.

Ҳуқуқэҷодкунӣ дар доираи салоҳияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мегузарад. Онро конунҳои ҷумҳурӣ ва пеш аз ҳама Конститутсия муайян мекунанд. Чунончи, салоҳияти Маҷлиси Намояндагон нисбати қабули қонунҳо дар м. 60 Конститутсия, салоҳияти ҳуқуқэҷодкунии Президент бо м. 70 пешбинӣ шудааст. Ҳар як санади ҳуқуқӣ дар шакли муайян қабул мешавад, ки онро Конститутсияи ҷумҳурӣ муқаррар кардааст, ба монанди, қонун ва қарор барои Маҷлиси намояндагон (м. 57, 60), фармону амр барои Президент (м. 70), қарору фармоиш нисбати Ҳукумат (м. 74).

Ифодаи дигари принсипи қонуният – ин мутобиқи Конститутсия будани тамоми санадҳои ҳуқуқии қабулгашта аст. Мувофиқи м. 10 мКонститутсияи кишвар: «Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд». Бо мақсади амалӣ гаштани ин меъёр дар ҷумҳурӣ Суди конститутсионӣ таъсис шудааст, ки ба Конститутсия мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқии мақомоту ашхоси мансабдори давлатро новобаста аз мавқеи мансабӣ ва салоҳияташон назорат мекунад.

  1. Принсипи касбӣ. Сифати баланди санадҳои ҳуқуқӣ аз он вобаста аст, ки мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кадом сатҳи касбӣ қарор доранд. Ин принсип барои мақомоти қонунгузор, ки бо қабули қонун машғуланд, аҳамияти хосае дорад. Қонунҳо ба таври дастҷамъӣ дар маҷлисҳои парламент бо иштироки вакилон қабул мешаванд. Бинобар он сатҳи касбии ҳар як вакил барои қабули қонун аҳамияти муҳим дорад. Қабули қонунҳо аз ҷониби парламенти доимиамалкунандаи касбӣ анъанаи сиёсии таҷрибаи қонунгузории ҷаҳонӣ аст. Бо назардошти он дар Тоҷикистон низ мақоми қонунгузори (Маҷлиси Олӣ) иборат аз Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ) таъсис гардид, ки барои амалӣ шудани принсипи касбият дар қонунэҷодкунӣ заминаи муҳим аст.
  2. Принсипи илмӣ. Ҳуқуқэҷодкунӣ аз илм, алалхусус илми ҳуқуқӣ ҷудо буда наметавонад. Ҳуқуқэҷодкунӣ – фаъолияти фикрӣ аст. Дар ҷараёни он хулосаву таклифҳои илмӣ бевосита истифода мешаванд. Ҳар як қонун на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, ҳамчунон санади дорои сатҳи баланди илмӣ аст. Қабули қонун аз давраҳои аввалини пайдоиши давлат оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Таърихи давлатдорӣ таҷрибаи ғании қонунэҷодкунӣ дорад. Якҷоя бо қонунэҷодкунӣ назарияи қонун инкишоф меёбад, ки дар он хулосаву ғояҳои беҳтарини олиму мутафаккирони минтақаҳои гуногуни олам дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ҷамъ мешаванд. Сифати баланди қонунҳои имрӯза натиҷаи инкишофи тӯлонии назарияи қонуни позитивӣ аст.

Принсипи илмият бо якчанд тарзҳо таъмин мешавад. Пеш аз ҳама дар таҳияи лоиҳаи қонун дар Маҷлиси Олӣ, Вазорати адлия ва дигар мақомоти дахлдор ҳуқуқшиносон – иштирок менамоянд. Сониян олимони соҳаи ҳуқуқ ба тайёр кардани лоиҳаҳои қонунҳои муҳимтарин ҷалб карда мешаванд. Дар ин ҷода саҳми, алалхусус олимони факултаи ҳуқуқшиносии ДДМТ назаррас аст. Онҳо дар таҳияи лоиҳаи Конститутсия, кодексҳои гуногун (ҷиноӣ, гражданӣ, меҳнат ва ғ.) нақши ҳалкунанда доранд.

Алоқаи илму ҳуқуқэҷодкунӣ дар давлатҳои дигар низ мушоҳида мешавад. Масалан, Донишкадаи ҳуқуқии ШМА дар таҳияи лоиҳаи кодексҳои умумифедералӣ ва қонунҳои намунавӣ бевосита иштирок мекунад. Бо иштироки ин муассиса соли 1952 лоиҳаи кодекси савдо, ҳамчунон лоиҳаи намунавии кодексҳо дар соҳаи ҳуқуқии ҷиноӣ, мурофиаи ҷиноӣ, далелҳо тайёр шудаанд.

  1. Принсипи алоқамандӣ бо амалия. Ҳуқуқэҷодкунӣ на танҳо бо илм, ҳамчунон бо амалияи ҳуқуқӣ, тамоми шаклҳои он (амалияи судӣ, прокурорӣ ва ғ.) вобастагӣ дорад. Агар илм асоси назариявии ҳуқуқэҷодкунӣ бошад, пас амалия, алалхусус амалияи ҳуқуқӣ нишондиҳандаи воқеӣ будани қонунҳост. Маҳз аз татбиқи амалии қонунҳо ба сатҳи сифати онҳо баҳо додан мумкин аст. Қонунҳои қабулшуда бе иҷрои воқеии онҳо дар қоғаз мемонанд. Вале иҷрои онҳо, аз як тараф, аз сифати баланди қонунҳо, аз тарафи дигар, аз мувофиқати онҳо ба талаботҳои амалӣ вобаста аст.

Мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ пеш аз қабули санадҳо таҷрибаи фаъолияти мақомоти татбиқи ҳуқуқро, ҷараёни амалӣ шудани ҳуқуқро меомӯзад. Ин омӯзиш баъди қабули санадҳо низ идома меёбад. Мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ нуқсонҳои санадҳои ҳуқуқиро ошкор сохта, барои бартараф кардани онҳо чораҳои фаврӣ мебинанд. Онҳо талаботҳои ҳаёти воқеӣ, таклифҳои мақомоти татбиқи ҳуқуқро (прокуратура, суд, мақомоти корҳои дохилӣ ва ғ.) ба инобат мегиранд. Лоиҳаи қонунҳои муҳим, ки ба фаъолияти мақомоти амалӣ бахшида шудаанд (дар бораи мақомоти прокурорӣ, сохтори судӣ ва ғ.) бо иштироки бевоситаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор омода мешаванд.

22.2. Намудҳо ва шаклҳои ҳуқуқэҷодкунӣ

Вобаста ба субектони ҳуқуқэҷодкунӣ се намуди асосии ҳуқуқэҷодкунӣ фарқ карда мешаванд: 1) ҳуқуқэҷодкунии мақомоти давлат 2) ҳуқуқэҷодкунии шахсони мансабдор, 3) ҳуқуқэҷодкунии халқ.

Ҳуқуқэҷодкунии мақомоти давлатӣ намуди васеъ паҳнгаштаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон аст. Онро мақомоти босалоҳияти давлат ба ҷо меоранд, аз қабили Маҷлиси Олӣ, Ҳукумат ва ғ. Ин намуди ҳуқуқэҷодкунӣ вобаста ба субектони он намудҳои ҷудогона дорад: ҳуқуқэҷодкунии мақоми қонунгузор ҳуқуқэҷодкунии мақомоти маҳаллии намояндагӣ, ҳуқуқэҷодкунии вазорату идораҳо.

Ҳуқуқэҷодкунии шахсони мансабдор намуди мустақили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии давлат аст. Онро танҳо шахсони мансабдори бо Конститутсия ваколатдоршуда ба амал мебароранд. Ҳуқуқи қабули санадҳои ҳуқуқӣ мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон ба Президент (м. 70) ва раисони вилоят, шаҳр, ноҳия (м. 79) тааллуқ дорад. Дар асоси ин моддаҳо Президент фармонҳои меъёрӣ ва раисон санади ҳуқуқӣ қабул мекунанд. Бояд гуфт, ки Президенти Тоҷикистон дар айни замон сарвари Ҳукумат буда (м. 64 Конститутсия), ба қарорҳои Ҳукумат низ имзо мегузорад. Яъне салоҳияти Президент танҳо бо қабули фармонҳои меъёрӣ маҳдуд нест. Илова бар ин раисони вилоят, шаҳр ва ноҳия намояндагони Президент дар маҳал мебошанд (м. 78 Конститутсия) ва аз ин нигоҳ санадҳои ҳуқуқии онҳо бо санадҳои Президент табиату мазмуни ягона доранд, байни онҳо ихтилофот раво нест.

Роҳбарони вазорату идораҳо низ санадҳои ҳуқуқӣ қабул мекунанд, ки дар дохили вазорату идораҳо, нисбати кормандони онҳо амал мекунанд. Роҳбарони маъмурияти иттиҳодияҳо, корхонаву муассисаҳо дар доираи салоҳияти хеш санадҳои ҳуқуқии локалӣ қабул мекунанд, ки барои кормандони онҳо паҳн мешаванд (масалан, қабули қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат).

Ҳуқуқэҷодкунии халқ намуди мустақили ҳуқуқэҷодкунӣ буда, қабули санадҳоро бевосита аз ҷониби халқ дар назар дорад. Одатан қонунҳои муҳимми давлат аз тарафи халқ қабул мешаванд. Аз ҷумла, Конститутсияи Тоҷикистон дар раъйпурсӣ аз тарафи халқ қабул шудааст. Ҳуқуқэҷодкунии халқ бо қабули қонунҳо ба итмом намерасад. Мувофиқи м. 98 Конститутсияи Тоҷикистон: «Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад». Яъне халқ субекти ҳам қабул ва ҳам тағйири Конститутсия аст.

Азбаски санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ ба қонунҳо ва санадҳои зериқонунӣ ҷудо мешаванд, ҳуқуқэҷодкунӣ дар шакли зерин сурат мегирад: 1) қонунэҷодкунӣ ва 2) ҳуқуқэҷодкунии зериқонунӣ. Қонунэҷодкунӣ аз ҷониби Маҷлиси Олӣ (мақоми қонунгузор) бо мақсади қабули қонунҳо ва ҳуқуқэҷодкунии зериқонунӣ аз тарафи мақомоти қабули санадҳои зериқонунӣ амалӣ мегардад.

22.3. Мақомоти молиявӣ ҳамчун

субъектҳои қонунофарин

Мақомоти молиявии давлат мақомоти иҷроия мебошанд ва, аввало, дар раванди қонунбарорӣ иштирок менамоянд, дуюм, ҳуқуқэҷодкунии ба зиммаашон вогузоштаро бо супориши мақомоти намояндагӣ барои қабули қарорҳои оҷил (оперативӣ) оид ба фаъолияти молиявии давлат амалӣ мегардонанд, сеюм, субъектҳои ҳуқуқэҷодкунии бевоситаи зерқонун аз рӯи масъалҳои фаъолияти молиявии давлат мебошанд. Ба сифати субъектҳои ҳуқуқэҷодкунӣ чунин мақомоти молиявиро монанди Вазорати молия, Кумитаи давлатии андоз ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Мутобиқи мод. 75 Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Лоиҳаи қонунҳо дар бораи ҷорӣ ё бекор кардани андоз, озод кардан аз пардохти он, баровардани вомбаргҳои давлатӣ; тағйир додани ӯҳдадориҳои молиявии давлат; дигар лоиҳаҳои қонунҳое, ки хароҷоти аз ҳисоби буҷети давлат ҷуброншаванда метавонанд танҳо аз рӯи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд. Чунончӣ, дар Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки вай ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои бо соҳаи фаъолияти молиявӣ алоқамандро пешниҳод менамояд. Вазорати молия дар таҳияи ин лоиҳаҳои қонунҳо ва додани хулоса дар бораи имконияти ҷорӣ ё бекор кардани андоз, озод кардан аз пардохти он бевосита иштирок мекунад, лоиҳаи буҷетро тартиб медиҳад ва ҳоказо. Ба ҳамин тариқ, хулоса баровардан мумкин аст, ки Вазорати молия дар қонунбарорӣ иштирок мекунад.

Ғайр аз ин, Вазорати молия субъекти бевоситаи ҳуқуқэҷодкунии зерқонунист. Масалан, Вазорати молия дар бораи тартиби таҳияи ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ, буҷети фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ; тартиби рӯйхат, ҷамъбасти буҷетӣ; санадҳои оид ба масъалаҳои танзим; бозрасиву назорати соҳаи ташаккул додан ва маблағгузорӣ кардани пасандози нафақа; тартиби ҳисобдории муҳосибавӣ ва таҳияи ҳисоботи муҳосибавӣ ва ғайра мустақилона санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд. Санадҳои меъёрии идоравӣ дар шакли дастур, мактуб, низомнома ва фармон қабул карда мешаванд. Фармон ду навъ: санади танзими инфиродӣ; дорои хусусияти санади меъёрии ҳуқуқӣ шуда метавонад.

Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ оид ба такомули сиёсати андоз, ба нақша гирифтани мадохилоти андоз, инкишофи қонунгузории соҳаи асъор ва соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва тамоку таклифҳо пешниҳод менамояд; дар гуфтушунидҳо дар бораи бастани созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ кардан аз андозбандии дукаратаи даромад ва молумулк иштирок мекунад; якҷоя бо мақомоти дигари ваколатдор дар таҳияи лоиҳаҳои буҷети давлатӣ ва буҷети фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ ширкат меварзад. Ба ҳамин тариқ, Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонунбарорӣ ва таҳияи шартномаҳои меъёрӣ иштирок мекунад.

Ғайр аз ин ба Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрэҷодкунии идоравӣ хос мебошад. Мақомоти андоз чун мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия, ҳуқуқи ҳуқуқэҷодкунӣ оид ба танзими муносибатҳои ҷамъиятии соҳаи андоз мебошанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти андоз дар асоси ҷамъбасти амалияи татбиқи қонунгузорӣ дар бораи андоз ва боҷу хироҷ, таҳлили маълумоти ҳисоботӣ ва омор, натиҷаҳои тафтишоти андозӣ нашр карда мешаванд.

Мутобиқи мод. 7 КА /Т санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти иҷроия наметавонанд қонунгузории андоз ва боҷу хироҷро тағйир диҳанд ё худ ба он илова ворид намоянд. Онҳо бояд ба қонунгузории давлат мутобиқ бошанд ва барои тафсир ва аниқ кардан ва ё муқаррар намудани механизми татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи андоз таъин гардидаанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба қонунгузорӣ мутобиқанд ва дар доираи салоҳияти мақомоти андоз нашр шудаанд, хусусияти омирона доранд, яъне барои андозсупорандагон ва дигар иштироккунандагони муносибатҳои соҳаи андоз ҳатмӣ мебошанд.

Қонунгузории ҷорӣ фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Бонки миллии Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд. Дар он нуктае зикр шудааст, ки санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иҷроия, ёамаи бонкёо ва ташкилотёои молиявии щайрибонкы ва мақомоти худидораи маҳаллӣ, тамоми шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳатмианд (м. 5 цонуни /умёурии То\икистон «Дар бораи Бонки миллии То\икистон») Бонки миллии Тоҷикистон ҳақ дорад аз рӯи масъалаҳое, ки дар салоҳияташ аст, масалан, оид ба муқаррар намудани меъёрҳои бонкӣ, шакли ҳисобот, тартиби кушодан ва бастани суратҳисобҳо, мӯҳлати пешниҳоди ҳисобот ва ғайра санадҳои меъёрӣ нашр намояд.

Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли низомномаҳо қабул карда мешаванд, ба шарте, ки мазмуну моҳияти асосии онҳо муқаррар намудани қоидаҳои аз рӯи низом ба ҳам алоқаманд оид ба масъалаҳое, ки аз салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон бошад.

Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли дастур қабул карда мешаванд, ба шарте, ки мазмуну моҳияти онҳо аз муайян кардани тартиби татбиқи нуктаҳои қонунҳои давлатӣ, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон бошад (аз ҷумла, дастуру низомномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон).

Ғайр аз ин, хадамоти давлатии назорати суғурта, хадамоти давлатии бозрасии молиявию буҷетӣ, мақомоти гумрук дар доираи салоҳияти худ ба меъёрэҷодкунии идоравӣ ҳуқуқ доранд. Талаботи асосӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ аз он иборат аст, ки онҳо набояд хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, ҷои онҳоро гиранд ва агар мабодо, ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бевосита дахл намоянд, бояд дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман аз қайд гузаранд.

Мақомоти молиявии давлат дар доираи ваколатҳои худ бо ёам ҳамкорӣ менамоянд, бинобар ин аз рӯи масъалаҳои ҳамкории якҷоя онҳо метавонанд санадҳои муштараки меъёрии ҳуқуқӣ қабул кунанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *