Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Принсипҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ дорои принсипҳои ба худ хос мебошад, ки ин принсипҳо дар конститутсия ва қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муқарар шудаанд. Принсипҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ он идеяҳои роҳбарикунандае фаҳмида мешавад, ки дар асоси онҳо меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷииноятӣ амал мекунанд. Принсипҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятиро ба намудҳои зерин ҷудо менамоянд: принсипҳои умумӣ, ба монанди принсипи қонуният, принсипи баробарии маҳкумшудагон дар назди қонун; принсипи инсондустӣ; принсипи демократизм.

Принсипи махсус (соҳавӣ) аз қабили принсипи ислоҳшаванда будани маҳкумшудагон, принсипи нақши муҳим доштани меҳнат ба маҳкумшудагон принсипи аз ҷиҳати педагогӣ ва психологӣ асоснок будани меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; принсипи фардгузорӣ ва фардисозии иҷрои ҷазо; принсипи тамоми мӯҳлати ҷазоро дар як муасиссаи ислоҳӣ меҳнати адо кардани маҳкумон.

Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дорои системаи дохилии худ аст, ки системаи фанни мазкуро силсила мавзӯъҳое ташкил медиҳанд, ки аз тарафи ҳамин фан омӯхта мешавад. Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ду қисм иборат мебошад: қисми умумӣ ва қисми махсус. Ба қисми умумӣ масъалаҳои умумӣ аз қабили мафҳум, предмет, метод, принсипҳо, муносибатҳо, қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳолатҳои ҳуқуқи маҳкумшудагон мақомотҳои иҷрокунандаи ҷазои ҷиноятӣ дохил мешавад.

Қисми махсуси ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба масъалаҳои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян, маҳрум намудан аз рутбаи махсуси ҳарбӣ, рутбаҳои дипломатӣ, мукофотҳои давлатӣ ва мусодираи амвол таркиб ёфтааст. Инчунин қисми махсуси ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дорои институтҳои ба худ хос дорад аз қабили иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум намудан аз озодӣ, назорат бурдан аз болои маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо озод шудаанд ва иҷрои ҷазо нисбати хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда.

  • 3. Сарчашмаҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Шакли зоҳирии ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқи ва ифодаву иродаи мақомоти қонунгузориро, ки дар он меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ инъикос ёфтаанд, яъне санадҳое, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муқарар шудаанд, сарчашмаҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ меноманд, ки дар шакли қонунҳо ва фармонҳо бароварда мешаванд. Бояд қайд кард, ки сарчашмаи асосии ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Конститутсияи ҶТ аст, ки таҳкурсии муносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷинояӣ ба ҳисоб меравад, чунки Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро ҳимоя ва кафолат медиҳад. Сарчашмаи дигари ин соҳаи ҳуқуқ Кодекси ҷиноятии ҶТ мебошад ва барои он сарчашмаи муҳими ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он мафҳум мақсад намудҳои ҷазо ва қоидаҳои умумии таъини ҷазо пешбини шудаанд.

Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҶТ сарчашмаи асосии ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятист. Дар ин кодекс се гурӯҳи масъалаҳои муҳими ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пешбини шудаанд. Дар гурӯҳи аввал масъалаҳои умумӣ аз қабили мақсад, вазифа, принсипҳо, субъектҳо ва ғайраҳо пешбини шудаанд.

Гурӯҳи дуввуми масъалаҳои тартиби иҷро ва адои ҷазои ҷиноятие мебошанд, ки ҷанбаи таъсири ислоҳӣ доранд. Гурӯҳи саввум масъалаҳо, тартиби иҷро ва адои ҷазои ҷиноятие, ки ҷанбаи таъсири ислоҳӣ надорад. Инчунин қарорҳои Маҷлиси Олии ҶТ, қарорҳои ҳукумати ҶТ ва фармонҳои Президенти ҶТ ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятиӣ баромад мекунанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *