Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Ҳуқуқ ва шахсият

Ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд

       Дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии давлатҳо, аз он ҷумла Конститутсияи Тоҷикистон, категорияи «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» истифода шудааст. Ҳуқуқҳои инсон миллӣ нестанд. Онҳо мутааллиқи тамоми одамони замин, новобаста аз мансубияти миллӣ мебошанд. Ҳар як сокини Замин, ҳар як инсон, чун вуҷуди биологӣ, ҳуқуқ ба ҳаёт дорад, новобаста аз он, ки вай америкоӣ, франсуз ё тоҷик аст. Ҳуқуқҳои инсон маҳдудияти нажодӣ низ надоранд. Ҳам сиёҳпӯстон ва ҳам сафедпӯстон ҳама ҳаққи зиндагӣ доранд. Ҳеҷ кас, ҳеҷ як давлат ё мақомоти давлатӣ наметавонанд шаҳрвандро бо сабаби мансубияти миллӣ ё нажодӣ аз ҳуқуқҳо маҳрум кунад.

Ҳуқуқҳои фитрии инсон ғайридавлатӣ мебошанд. Аммо давлат онҳоро дар қонунгузорӣ эътироф мекунад. Хуқуқҳои инсон, ки дар боби II Конститутсияи Тоҷикистон мустаҳкам шудаанд, дар кишварҳои дигар ҳам ҳастанд ва аз ҳамдигар фарқ надоранд. Сокини Тоҷикистон дар Англия низ ҳуқуқ ба ҳаёт дорад ва ягон мақоми Англия наметавонад ӯро аз ҳаёт маҳрум созад.

Ҳуқуқҳои инсон байналмилалӣ мебошанд. Онҳо дар тамоми кишвару манотиқи олам аз инсон ҷудонашавандаанд. Вобаста ба ин хислатҳо ҳуқуқҳои инсон дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мустаҳкам шудаанд.

Ҳуқуқҳои инсон, ки дар қонунҳои позитивии давлат мустаҳкам мешаванд, ҳуқуқҳои шаҳрванд мебошанд. Ҳуқуқҳои шаҳрванд мазмуни дохилидавлатӣ доранд. Ҳар як давлат ба шаҳрвандонаш, ки дар қаламрави ин давлат истиқомат доранд, ҳуқуқҳои алоҳида медиҳад. Ҳуқуқҳои шаҳрванд дар Конститутсия ва санадҳои дигари ҳуқуқии ҳар як давлат эътибори қонунӣ мегиранд. Давлат онҳоро ҳимоя мекунад, барои таъмини онҳо кафолатҳои зарурӣ фароҳам меорад.

Дар баробари ҳуқуқҳои фитрӣ инсон дорои озодиҳои фитрӣ аст, аз қобили озодии сухан, матбуот, намоишҳо ва ғ. Конститутсияи Тоҷикистон (м. 29) муқаррар мекунад, ки шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта ширкат варзад. Ё ин ки моддаи 30 Конститутсия ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат додааст.

Ҷомеа мумкин аст бо ҳолатҳое (офати табиӣ, вазъияти фавқулодда, ҷанг ва м.и.) дучор ояд, ки фаъолияти мӯътадили мақомоти давлатро нисбати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон халалдор намоянд. Аз ин сабаб ҳуқуқҳои позитивӣ ҳолатҳои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои инсонро пешбинӣ кардаанд. Имконияти маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳоро Эъломияи ҳуқуқи башар (м. 29) пешбинӣ карда, онро бо қонун ва зарурияти эҳтироми ҳуқуқҳои дигарон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи демократӣ вобаста мекунад. Бо назардошти ин меъёр Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолият, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулодда эълон мегардад (м. 46). Вале дар шароити вазъияти фавқулодда (то се моҳ) ҳуқуқу озодиҳои дар моддаҳои 16, 20, 22, 25 ва 29-и Конститутсияи Тоҷикистон пешбинӣ шуда маҳдуд намешаванд.

Ҳуқуқу озодиҳо дар адабиёти илмӣ ва санадҳои ҳуқуқӣ ба намудҳои ҷудогона тасниф мешаванд, аз қабили: ҳуқуқҳову озодиҳои шахсӣ (ба ҳаёт, дохилнопазирии шахсӣ, мусофирати озод, интихоби макони зист ва ғ), сиёсӣ (ҳуқуқ ба шаҳрвандӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, интихобот ва ғ), иҷтимоӣ (ҳуқуқ ба меҳнат, нафақа, манзил, истироҳат ва ғ), иқтисодӣ (ҳуқуқи моликият, ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ, интихоби озоди шуғли меҳнатӣ ва ғ), фарҳангӣ (ҳуқуқ ба озодии виҷдон, истифодаи озоди забони модарӣ, ҳуқуқ ба маълумот, ба истифодаи дастовардҳои фарҳангӣ, озодии фаъолияти эҷодӣ), экологӣ (ҳуқуқ ба муҳити солими зист, ба маълумот нисбати вазъи муҳити зист ва ғ), иттилоотӣ (озодии сухан, нашр, истифодаи озоди воситаҳои ахбор). Дар боби II Конститутсия Тоҷикистон низ намудҳои ҷудогонаи ҳуқуқу озодиҳо мустаҳкам шудаанд.

Инсон соҳиби танҳо ҳуқуқу озодиҳо буда наметавонад, вагарна фаъолияти ӯ дар ҷомеа бе назорат ва худсарона мегузарад. Дар баробари ҳуқуқу озодиҳо давлат ба зиммаи шахс вазифаҳои ҷудогона мегузорад, ки ҳадди зарурии фаъолияти одамро муқаррар мекунанд. Ба ҳар як ҳуқуқ вазифаҳои алоҳида мувофиқанд.

Конститутсияи Тоҷикистон (моддаҳои 42–45) вазифаҳои асосии (конститутсионии) шаҳрвандонро мустаҳкам мекунад, аз қабили риояи қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, табиат, супоридани андозҳо ва ғ.

Аммо Конститутсия тамоми вазифаҳои шаҳрвандро номбар намекунад. Онҳо дар санадҳои ҳуқуқӣ муайян мешаванд. Бинобар он мафҳуми «ҳуқуқу озодиҳо» мавҷуд будани вазифаҳоро низ дар назар дорад. Эъломияи ҳуқуқи башар мафҳуми умумии «вазифаҳоро» (бе номгӯи онҳо) истифода мебарад.

 

6.2.  Ҳолати  ҳуқуқии  шахс  дар  ҷомеа

 

      Ҳолати ҳуқуқии шахс гуфта вазъи ҳуқуқии инсонро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ меноманд.

Ҳолати ҳуқуқии шахс дад Тоҷикистони имрӯза дорои хусусиятҳои зерин аст:

  1. Асоси ҳуқуқии онро ҳоло теҳдоди зиёди санадҳои байналмилалӣ ташкил медиҳанд, аз қабили, Эъломияи ҳуқуқи башар, Пакт дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва ғ. Илова бар ин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд (м. 10, қ. 8 Конститутсия).
  2. Ҳолати ҳуқуқии шахс дар асоси консепсияи нави таносуби шахс ва давлат инкишоф меёбад. Ҳуқуқҳои фитрии инсон барои қонунҳои давлат нақши пешбаранда пайдо кардаанд.
  3. Ҳолати ҳуқуқӣ мазмуни сиёсиву мафкуравиашро гум кардааст. Вазъи ҳуқуқии шахс дар ҷомеаи кунунӣ аз мансубияти мафкуравӣ ва ҳизбӣ вобаста нест.
  4. Асоси иқтисодии ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон низ тағйир ёфтааст. Гуногуншаклии моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқукӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла, моликияти хусусӣ (м. 12 Конститутсия) тамоми унсурҳои ҳолати ҳуқуқиро фаро гирифтаанд.
  5. Қонунҳои танзими ҳолати ҳуқуқӣ ҳоло тағйир ёфтаанд. Дар ҳаёти имрӯза дар шароити низоми сиёсии плюралистӣ ва ғайримафкуравӣ, иқтисоди либералӣ усулҳои иҷозатдиҳандаву тавсиявӣ истифода мешаванд. Боби II Конститутсияи Тоҷикистон истифодаи маҳз усулҳои иҷозатдиҳанда ва тавсиявиро дар назар дорад.
  6. Кафолатҳои унсурҳои ҳолати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳо имрӯз васеъ гаштаанд. Дар байни онҳо кафолатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба мадди аввал баромадаанд.

Азбаски ҳолати ҳуқуқӣ гурӯҳҳои гуногуни аҳолиро дар бар мегирад, он намудҳои мухталиф дорад:

  1. Ҳолати ҳуқуқии байналмилалӣ, ки дар санадҳои байналмилалӣ муайян шудааст.
  2. Ҳолати ҳуқуқии конститутсионӣ, ки дар конститутсияҳо аниқ шудааст.
  3. Ҳолати ҳуқуқии соҳавӣ-ҳуқуқӣ, ки дар соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ мушаххас гардидааст.
  4. Ҳолати ҳуқуқии махсус, ки хусусияти ҳолати ҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидаи одамонро ифода мекунад, масалан, нафақахӯрон, донишҷӯён, муаллимон, духтурҳо, иштирокчиёни ҷанг ва ғ.
  5. Ҳолати ҳуқуқии фардӣ, ки хислатҳои шахсии одамони ҷудогонаро инъикос мекунад, ба монанди, сину сол, ҷинс, ҳолати оилавӣ ва ғ.

Ҳолати ҳуқуқии шахсони ҷудогона ба се намуд ҷудо мешавад: 1) ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандон; 2) ҳолати ҳуқуқии хориҷиён; 3) ҳолати ҳуқуқии шахсони бетабаа.

 

6.3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахс

дар соҳаи андоз

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахс дар соҳаи андоз асоси вазъи соҳавии ҳуқуқии андозсупорандагон буда, онҳо дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфтаанд. Мутобиқи моддаи 8 КА /Т шахсони воrеи ва (ё) [уrуrие, ки ба зиммаашон мутобиrи Кодекси андоз .[дадории пардохти андоз гузошта шудааст, [амчун андозсупоранда эътироф мешаванд.

Мувофиrи тартиби муrаррарнамудаи Кодекси андоз во[ид[ои махсуси шахсони [уrуrы e[дадори[ои ин шахсонро оид ба пардохти андоз[о ([амчун андозсупоранда эътироф мешаванд) дар ма[али (воrеии, аслии) xойгиршавии ин во[ид[ои махсуси шахсони [уrуrи иxро менамоянд.

Асосҳои вазъи ҳуқуқии андозсупорандагон дар моддаи 45-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: «Додани андоз ва пардохтҳое, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад». Аммо худи вазъи ҳуқуқӣ ва мувофиқан ҳуқуқу озодиҳои андозсупорандагонро умумӣ намудан нашояд, онҳо ба гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо мансубанд, зеро аз ҳолатҳои муайян (расидан ба синну сол, вазъи мансабӣ, вазъи соҳибкорӣ, адвокат, аудитор ва ғайра) вобаста буда, танҳо субъектҳоеро фаро мегирад ки ёамчун андозсупоранда эътироф шудаанд.

Ҳуқуқҳои асосии андозсупорандагон дар моддаи 37 КА ҶТ зикр шудаанд, ки ба истилоҳи ҳуқуқшиносӣ ёуцуцёои субъективӣ ном доранд. Ҳуқуқи субъективии андозсупоранда меъёри имконпазири рафтори ӯ дар муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ мебошад, ки Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ кафолат додаанд.

Ҳуқуқҳои андозсупорандаро вобаста ба моҳияташон ба якчанд гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: шахсӣ; андозӣ; мурофиавӣ (ба ҳуқуқҳои шахсӣ зич марбутанд ва як навъи он мебошанд); иқтисодӣ.

Ҳуқуқҳои шахсии андозсупорандагон имконияти дастрас кардани иттилоот, машварат, ошкор накардани сирри андоз ва рафтори матлуби ҷониби дигари муносибатҳои ҳуқуқии андозро кафолат медиҳанд. Чунончӣ, андозсупорандагон ҳуқуқ доранд:

аз маrомоти андоз доир ба [амаи масъала[ои оид ба андозбанды ва дигар пардохт[ои [атмы ба буxет вобаста буда, аз xумла оид ба санад[ои меъёрии [уrуrие, ки масъала[ои андозбандиро танзим менамоянд, оид ба санxиши дарпешистодаи фаъолияти худ (ба истиснои санxиш[ои амалиёты) маълумот талаб намояд ва вобаста ба масъала[ои татбиrи rонунгузори[ои андоз шар[и хатты гирад; (Rонун №193 аз 28.07.06с.)

манфиат[ои худро оид ба масъала[ои муносибат[ои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ му[офизат намояд;

[ангоми гузаронидани назорати андоз иштирок намуда, нусхаи [уxxат[оро оид ба натиxа[ои назорати андоз талаб намояд ва гирад; (Rонун №193 аз 28.07.06с.)

ба маrомоти андоз, дар рафти гузаронидани назорати андоз ва аз рeи натиxа[ои он, оид ба [исобкуны ва пардохти андоз[о ва дигар пардохт[ои [атмы ба буxет тавзе[от пешни[од намояд; (Rонун №193 аз 28.07.06с.)

доир ба [олати [исоббаробаркуны бо буxет оид ба иxрои e[дадори[ои андозы аз вараrа[ои [исобнома[ои шахсиаш нусха гирад;

мувофиrи тартиби муrаррарнамудаи Кодекси андоз ва дигар санад[ои rонунгузории Xум[урии Тоxикистон нисбати санад[ои санxиши андоз ва ого[нома[о оид ба санад[ои санxиши андоз ва амали (беамалии) шахсони мансабдори маrомоти андоз шикоят намояд;

пин[он доштани сирри андозро талаб кунад;

маълумотнома ва [уxxат[ои ба андозбанды вобаста набударо нади[ад;

имтиёз[ои андозро тибrи тартиб ва асос[ои мавxуда мутобиrи rонунгузории андоз истифода барад;

мe[лати тамдиди (ба таъхир гузоштани) пардохти андоз[оро тибrи тартиб ва шарт[ои муrаррарнамудаи Кодекси андоз дастрас намояд;

ба[исобгиры ё баргардонидани сариваrтии маблаu[ои андоз[ои барзиёд супорида ё ситонидашударо (андоз[ои ба буxет барзиёд дохилшударо) талаб намояд;

аз шахсони мансабдори маrомоти андоз риояи rонунгузории андозро [ангоми иxрои амал нисбати андозсупорандагон талаб намояд;

санад[о (rарор[о) ва талаботи маrомоти андоз ва шахсони мансабдори онро, ки ба rонунгузории андоз, дигар санад[ои меъёрии [уrуrы доир ба андозбанды ва rонунгузории Xум[урии Тоxикистон мутобиr нестанд, иxро накунад;

аз шахсони мансабдори санxишкунандаи маrоми андоз барои гузаронидани санxиши андоз асос талаб намояд, бо ша[одатномаи хизматии он[о шинос шавад; (Rонун №193 аз 28.07.06с.)

бо тартиби муrаррарнамудаи rонунгузоры аз маrоми андоз товони зарари дар натиxаи rабули rарор ва амал[ои (беамалии) uайриrонунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад; (Rонун №193 аз 28.07.06с.)

дар xараёни гузаронидани санxиш[ои андоз мутахассисон, намояндагони ассотсиатсия[о ва дигар ташкилот[ои xамъиятиро xалб кунад, инчунин сало[ияти шахсони xалбкарда бояд мутобиrи rисми 3 моддаи 39 Кодекси андоз тасдиr карда шавад. (Rонун №193 аз 28.07.06с.)

Ба гурӯҳи ҳуқуқҳои шахсӣ ҳуқуқҳои зерини мурофиавии андозсупоранда зич алоқаманданд: ба мақомоти андоз ва шахсони мансабдори онҳо доир ба ҳисоб кардан ва пардохтани андоз, инчунин аз рӯи санадҳои тафтишотии пардохти андоз эзоҳнома пешниҳод намояд; дар гузаронидани тафтишоти пардохти андози маҳалли матлуб иштирок намояд; аз санадҳои мақомоти андоз, дигар мақомоти ваколатдор ва аз амали (беамалии) шахсони мансабдори онҳо бо тартиби маъмурӣ шикоят кунад.

Гурӯҳи дигар ҳуқуқҳои иқтисодии андозсупорандагон мебошад: имтиёзҳои андозро дар сурати мавҷуд будани асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар бораи андоз истифода кунанд; мӯҳлати пардохти андоз (қарз) – ро ба дигар вақт мононанд, дароз кунанд; маблағи барзиёд пардохт ё ситонидашуда, ҷаримаро баҳангом ҳисобанд ё баргардонанд; дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда шудани зиёнеро, ки аз қарорҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи мақомоти андоз ё амали (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори онҳо расидааст, бо тартиби маъмурӣ талаб намоянд.

Ҳуқуқи андозсупорандагон таҳти ҳимояи давлат аст, зеро дар моддаи 37 КА ҶТ таъкид шудааст, ки: «ба андозсупорандагон ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон кафолат дода мешавад». Андозсупоранда бо салоҳдиди худ метавонад барои ҳимояи ҳуқуқҳояш ба мақомоти болоӣ ё ба суд муроҷиат намояд. Ҳуқуқи андозсупорандагон баёноти муқаррарӣ нест, чунки он бо ӯҳдадориҳои дахлдори шахсони мансабдор таъмин карда мешавад. Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид шудааст: «Ҳуқуқи андозсупорандагон тавассути ӯҳдадориҳои дахлдори шахсони мансабдори мақомоти андоз таъмин карда мешавад. Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқи андозсупорандагон боиси кашидан ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад». (моддаи 37).

Ҳуқуқ бе ӯҳдадорӣ буда наметавонад, аз ин рӯ, ба зиммаи андозсупорандагон як қатор ӯҳдадориҳои ҳуқуқие гузошта мешавад, ки онҳоро дар назарияи давлат ва ҳуқуқ .ёдадориёои субъективӣ меноманд. Ӯҳдадории субъективии андозсупоранда меъёру қоидаи рафтори зарурии ӯ дар муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ буда, бо қувваю таъсири маҷбурияти давлатӣ таъмин карда мешавад.

Ӯҳдадориҳои асосии андозсупорандагон дар моддаи 38 КА ҶТ пешбинӣ гардидаанд, ки онҳоро шартан ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст. Ба  гурӯҳи якум ӯҳдадориҳои андозие дохил мешаванд, ки бевосита ба пурра ва сари вақт пардохтани андоз ва дигар пардохтёои ёатмы нигаронида шудаанд. Гурӯҳи дуюм ӯҳдадориҳоеро дар бар мегирад, ки иҷрои назорати пардохти андоз, тафтишот ва дигар фаъолияти мақомоти андозро таъмин мекунанд.

Ҳамин тариқ, ба гурӯҳи якум ӯҳдадориҳои зерин дохил мешаванд: гузаштан аз қайди мақомоти андоз; пардохтани андози қонунан муқарраршуда; бо тартиби маъмурӣ ба ҳисоб гирифтани даромади (хароҷоти) худ ва объектҳои андозбандишаванда; пешниҳод кардани эъломияи (декларатсияи) андоз ба мақомоти андози маҳалли ба қайдгирифташуда аз рӯи андозҳое, ки бояд пардохт намоянд ва ҳамчунин ҳисоботи муҳосибавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон; оид ба даромадашон зарур аст, ки ба мақомоти андоз ва шахсони мансабдори онҳо ҳуҷҷатҳое, ки барои ҳисоб кардан ва пардохтани андоз заруранд пешниёод намоянд.

Ба гурӯҳи дуюм ҳамчунин ӯҳдадориҳои зерини андозсупорандагон дохил мешаванд:

иҷро кардани талаботи мақомоти андоз оид ба вайронкунии қонунгузорӣ дар бораи андоз, ҳамчунин монеъ нашудан ба фаъолияти қонунии шахсони мансабдори мақомоти андоз ҳангоми ӯҳдадориҳои хизматии худро баҷо овардани онҳо; пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомоти андоз; дар давоми се сол маҳфуз доштани маълумоти ҳисобрасии муҳосибавӣ ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки  барои ҳисоб кардан ва пардохтани андоз заруранд ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳое, ки даромади ба дастовардаашон (барои ташкилотҳо – инчунин хароҷоташон) ва андози пардохтшуда (касршуда) – ро тасдиқ менамоянд.

Мафҳуми «андозсупорандагон» умумӣ буда, намудҳои гуногуни онҳоро дар бар мегирад. Ба зиммаи баъзе категорияҳои андозсупорандагон ӯҳдадориҳои иловагӣ гузошта мешаванд. Андозсупорандагон, яъне ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ӯҳдадоранд, ки дар давоми 5 рӯз ба мақомоти андоз дар бораи кушодан ё бастани суратҳисоб хаттӣ хабар диҳанд ва щайра. Ин ӯҳдадориҳоро ба гурӯҳи дуюм нисбат додан мумкин аст, чунки онҳо назорати матлуби андозро таъмин менамоянд.

Ин ҳама ҳуқуқу ӯҳдадориҳо нопурра буда, танҳо аз асоси вазъи ҳуқуқии андозсупорандагон аз ҳодисоти ҳуқуқии содир шудани андоз ба миён меояд. Чунончӣ, андозсупоранда ҳуқуқ дорад дар содир шудани ҳуқуқвайронкунии андоз худро то замони бо тартиби пешбининамудаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот шудани гуноҳаш ва то муқаррар нагардидани қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд бегуноҳ ҳисобад.

Цонунгузории амалкунанда кафолат додааст, ки ҳамаи шакку шубҳаҳои рафнашуда оид ба гунаҳкории шахсе, ки  ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ба манфиати шахси мазкур таъбир карда шавад ва худи андозсупоранда ҳуқуқ дорад мункири бегуноҳии худ бошад. Ба таври умумӣ андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки аз мақомоти андоз дар рафти гузаронидани таҳқиқи пардохти андоз ва ба ҷавобгарии андозӣ кашидан риоя шудани низоми (режими) қонуниятро талаб намояд.

Вале амри ҳуқуқии ҳуқуқвайронкунии андоз на фақат боиси ба миён омадани ҳуқуқ, балки  ӯҳдадории иловатан пардохтани ҷарима мегардад. Пардохти ҷарима андозсупорандаро аз ӯҳдадории пардохти андоз озод намекунад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *