Шакли давлатдорӣ ҳамчун масъалаи абадии афкори ҷомеа
Шакли давлат яке аз масъалаҳои анъанавии фалсафа ва илми ҳуқуқӣ мебошад. Қариб ҳамаи мутафаккирон оиди он ибрози ақида намудаанд.
Ҳанӯз дар ҷамъиятҳои қадим одамон дар ҷустуҷӯи шакли бехтарини давлатдорӣ буданд. Аз ҷумла, дар «Авасто» шоҳигарии ормонӣ тарғиб мешуд, ки он ҷо ҳаёти осудаҳолона ва хушбахтона ҳукмрон буда, зиддияту зӯроварӣ ҷой надорад. Мутафаккирони юнонӣ ва римӣ вобаста ба миқдори ҳокимиятдорон се шакли давлатро ҷудо мекарданд: ҳокимияти шоҳӣ, аристократия ва демократия. Асосҳои гуногуни таснифи шаклҳои давлат истифода мешаванд: принсипи қонуният (Афлотун), манфиатҳои чамъиятӣ ва шахсӣ (Арасту) ва ғ. Дар ин минтақа мафҳуми «шакли омехтаи давлат» пешниҳод мешавад, ки чун давлати беҳтарин тарафҳои хуби шоҳигарӣ, аристократия ва демократияро дар худ муттаҳид мекунад. Шаклҳои беҳтарини давлат бо принсипи ҳукмронии хирадмандон, иштироки шаҳрвандон дар давлатдорӣ ё таъмини манфиатҳои умумии ҳуқуқӣ алоқаманд карда мешаванд.
Дар асрҳои миёна вобаста ба шакли идоракунии монархӣ, ки хоси давлатҳои феодалӣ буд, монархияҳои мутлақ ва сиёсӣ (Фомаи Аквинӣ), интихобӣ ва меросӣ (Марсилий Падуанӣ) аз ҳам ҷудо карда мешаванд. Дар айни замон дигар шаклҳои давлат (аристократия, олигархия, демократия ва диг.) низ таҳлил мешаванд (Н. Макиавелли). Дар давраи инкилобҳои буржуазӣ ва замони сохтмони капитализм, ҷумҳурии демократӣ ва монархияи конститутсионӣ шаклҳои хуби давлатдорӣ эътироф мешаванд (Ш.Л. Монтескйе, Гегел ва диг.). Шакли давлат бо ақидаҳои нави ин замона, пеш аз ҳама таҷзияи ҳокимиятҳо, озодиҳои сиёсӣ ва шахсӣ вобаста карда мешавад. Барои таснифи шаклҳои давлат асосҳои гуногун истифода мешаванд (шумораи ҳокимиятдорон, қонуният, таъмини озодӣ ва ғ.). Ш.Л. Монтескйе нисбати шакли давлат омили ҷуғрофиро истифода мебарад. Мафҳуми шакли давлат васеъ мегардад. Дар баробари шакли идоракунӣ (монархия, ҷумҳурӣ) унсури дигар – ташкили марзии ҳокимият мегардад (давлатҳои унитарӣ, федеративӣ). Принсипҳои сохти марзии давлатдорӣ дар баъзе давлатҳо амалӣ мешаванд (масалан, дар ШМА).
Масъалаи шакли давлат дар маркази таваҷҷӯҳи мутафаккирони Шарқ низ буд. Форобӣ, Сино, Низомулмулк, Захирии Самаркандӣ, Ҷомӣ, Дониш, ҳамзамонону пайравони онҳо ба таҳлили шакли давлатдорӣ эътибори муҳим медоданд. Дар ашъори онҳо шаклҳои идоракунии яккаҳокимияти (шоҳигарӣ) ва ҳокимиятдории хирадмандон (Форобӣ), шоҳигарии меросӣ ва интихобӣ (Ҷомӣ), шоҳигарии боадолат ва беадолат (Низомулмулк) ва ғ. таҳлил шудаанд.
Дар назарияи давлат зери мафҳуми шакли давлат – мансубияти субектии ҳокимияти давлатӣ, ташкили марзии он, тарзу усулҳои амалисозии он фаҳмида мешавад. Вобаста ба 3 унсури шакли давлат (субекти ҳокимият, ташкили худудӣ ва тарзи амалисозии он) шакли идоракунӣ, шакли сохти давлатдорӣ ва режими сиёсӣ аз ҳам фарқ карда мешаванд.
15.2. Шаклҳои идоракунӣ
Шакли идоракунӣ – ин тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ аст. Шакли идоракунӣ мансубияти ҳокимияти давлатӣ (ба ҳоким ё мақоми давлатӣ), тартиби ташкили мақомоти давлатӣ, муносибати ҳамдигарии онҳоро, сатҳи иштироки аҳолиро дар ташкили мақомоти ҳокимиятӣ муайян месозад.
Шакли идоракунӣ ду намуд мешавад: 1) монархия ва 2) ҷумҳурӣ.
Монархия – шакли идоракуниест, ки дар шароити он ҳокимияти давлатӣ мансуби ҳокими яккасардор (шоҳ, султон, амир, корол, император, королева ва ғ.) аст. Монархия намудҳои ҷудогона дорад: а) монархияи мутлақ, б) монархияи маҳдуд. Дар шароити монархияи мутлақ ҳокимияти монарх номаҳдуд аст. Монархияи маҳдуд – шакли идоракуниест, ки дар он ҳокимияти монарх бо мақомоти давлат маҳдуд шудааст. Як намуди монарҳияи маҳдуд – монархияи табақавӣ-намояндагӣ мебошад, ки дар он ҳокимияти монарх бо мақомоти табақавӣ («табақаи сеюм»), аз қабили штатҳои генералӣ дар Франсия, ҷоми земавӣ дар давлати Рус ва ғ. маҳдуд мешавад. Намуди дигари монархияи маҳдуд – монархияи конститутсионӣ мебошад, ки дар шароити он ҳокимияти монарх дар асоси ҷорӣ кардани принсипи таҷзияи ҳокимиятҳо маҳдуд мегардад.
Ҷумҳурӣ – шакли идоракуниест, ки дар он ҳокимият дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимиятҳо байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шуда, байни онҳо низоми мутақобилият ва худнигаҳдорӣ таъмин шудааст. Дар замони муосир ду намуди ҷумҳурӣ вуҷуд дорад: 1) ҷумҳурии президентӣ ва 2) ҷумҳурии парлумонӣ. Дар ҷумхурии президентӣ (ШМА, Тоҷикистон ва ғ.) Президент сарвари давлат ва ҳукумат аст. Ҳукумат бо тавсияи Президент ва тасдиқи парламент ташкил мешавад. Як намуди ин шакли идоракунӣ – чумхурии омехтаи президентӣ-парлумонӣ мебошад, ки дар он Президент ва Парламент ҳисси масъулият ва назорати хешро нисбати ҳукумат байни худ ҷудо мекунанд (Франсия, Португалия, Россия). Дар ҷумхурии парлумонӣ (Олмон, Италия ва ғ.) ҳукуматро ҳизби сиёсии дар интихоботи парлумонӣ ғалабакарда ташкил мекунад. Сарвари ин ҳизб сардори ҳукумат эълон мешавад. Президент ваколатҳои ҳукуматӣ надорад. Парламент метавонад истеъфои ҳукуматро талаб кунад.
15.3. Шаклҳои сохти давлатӣ
Шакли сохти давлатӣ – ин тарзи ташкили марзии ҳокимияти давлатӣ аст.
Шаклҳои асосии сохти давлатӣ: 1) давлатҳои ягона (унитарӣ) ва 2) давлатҳои федеративӣ (иттифоқӣ) мебошанд. Давлати ягона – давлати алоҳидаи марказонида буда, воҳидҳои маъмуриву марзии он (вилоят, шаҳр, ноҳия, округ ва ғ.) ташкилаҳои давлатӣ набуда, ҳуқуқҳои соҳибихтиёр надоранд. Давлатҳои ягона ба воҳидҳои маъмурӣ-марзӣ тақсим мешаванд. Масалан, Франсия ба 95 департаментҳо – коммунаҳо, Япония ба 47 префектура, Шветсия ба 24 округ (ленҳо), Зелландияи Нав ба 109 графигарӣ, Дания ба 14 вохиди маъмурӣ (амтҳо), Исландия ба 7 округи маъмурӣ (сислҳо) тақсим мешаванд. Воҳидҳои маъмурӣ-марзӣ тобеияти дутарафа доранд: ба марказ ва мақомоти маҳаллии намояндагӣ. Дар давлатҳои унитарӣ як низоми мақомоти олӣ, шаҳрвандии ягона, як Конститутсия амал мекунанд. Ҳайати аҳолӣ дар ин давлатҳо аз як миллат (Франсия, Шветсия) ё якчанд миллат (Британияи Кабир, Белгия) иборат буда метавонад.
Давлати федеративӣ – давлати мураккаби иттифоқӣ мебошад, ки қисмҳои (унсурхои) он (штатҳо, кантонҳо ва ғ.) давлат ё ташкилаи давлатӣ буда, дорои ҳуқуқи соҳибихтиёрианд. Давлати федеративӣ дар таркибаш якчанд давлатҳо ё ташкилаҳои давлатӣ дорад. Чунончи, Австралия аз 6 штат ва 2 худуд (Шимолӣ ва Марказӣ), Канада аз 10 провинсия ва 2 худуд, Олмони Федералӣ аз 16 замин, ШМА аз 50 штат ва округи федералии Колумбия иборат аст. Иттифоқи давлатҳо дар федератсия ба шартномаи иттифоқӣ ё Конститутсияи умумӣ асос меёбад. Аъзоёни федератсия конститутсия, шаҳрвандӣ, низоми мақомоти олии худро (дар соҳаи қонунгузорӣ, идоракунӣ, адолати судӣ) дошта метавонанд. Тартиби тақсими ваколатҳои ҳокимиятӣ байни федератсия ва аъзоёни он ҳар хел ба роҳ монда мешавад. Масалан, Конститутсияҳои ШМА, Канада, Бразилия, Мексика ваколатҳои истисноии федератсия ва ваколатҳои истисноии аъзоёни федератсияро аниқ мекунанд. Конститутсияҳои Олмон ва Ҳиндустон илова бар он ваколатҳои умумии федератсия ва аъзоёнашро муқаррар мекунад.
Дар баробари федератсия боз дигар шаклҳои иттиҳоди давлатҳо вуҷуд доранд. Яке аз шаклҳои таърихии ин гуна иттиҳод конфедератсия мебошад. Конфедератсия – идтиҳоди ихтиёронаи якчанд давлатҳои соҳибихтиёр аст, ки барои муваффақ шудан ба ягон мақсад (иқтисодӣ, ҳарбӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ) бо ҳам дар асоси шартнома (одатан) муттаҳид гаштаанд. Конфедератсия дар амалияи таърихӣ ё ба федератсия табдил ёфтааст (масалан, конфедератсияи штатҳои Америкаи Шимолии солҳои 1776–1787 ба федератсияи ШМА месабзад) ва ё пароканда шудааст (чунончи, конфедератсияи с. 1952 таъсисгаштаи Миср ва Сирия тақсим мешавад).
Дар замони муосир шаклҳои нави иттиҳоди одамон ташаккул меёбад. Яке аз онҳо иттиҳоди давлатҳо мебошад, аз қабили Иттиҳоди Бритонии миллатҳо, Иттиҳоди Аврупоӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
15.4. Режими сиёсӣ
Режими сиёсӣ ба ду маъно фаҳмида мешавад. Ҳамчун ҷараёни амалисозии ҳокимият, режими сиёсӣ – ин тарзу усулҳои амалисозии воқеии ҳокимияти давлатӣ аст. Ҳамчун натиҷаи ниҳоии амаликунии ҳокимият (ҳокимиятдорӣ), режими сиёсӣ – ин вазъи сиёсии ҷомеа аст, ки дар ҷараёни истифодаи тарзу усулҳои муайяни амалисозии ҳокимияти давлатӣ ҳосил мешавад.
Дар адабиёти пасошӯравӣ оиди таносуби мафҳумҳои «режими давлатӣ» ва «режими сиёсӣ» баҳси назариявӣ идома дорад.
Амалияи таърихӣ-сиёсӣ якчанд намуди режимҳои сиёсиро медонад.
- Режимҳои истибдодӣ, ки дар замони қадим ва асрҳои миёна ба кишварҳои манотиқи Баҳри Миёназамин, Шарқи Наздик, Осиё, Африка, Америкаи Лотинӣ хос буд. Дар шароити он ҳуқуқҳои шахсӣ ҷой надоранд, фишор ва таҳдиди сиёсӣ, зӯроварӣ ва пахш кардани ҳамагуна озодфикрӣ, ҳокимияти муттамарказ мушоҳида мешаванд.
Бояд хотирнишон намуд, ки мафҳуми «режими истибдодӣ таърихан дар адабиёти Ғарб ташаккул ёфта, он одатан нисбати давлатҳои Шарқи Қадим истифода мешавад. Чунин нуқтаи назар ба ташаккули нигоҳи яктарафаи ғаразнок нисбат ба давлатҳои қадимаи Шарқ оварда расонид. Дар натиҷа ҳамаи ин давлатҳо ба гурӯҳи давлатҳои истибдодӣ (зулмпарвар) мансуб дониста шуданд. Ин кӯшишҳо боиси он гардиданд, ки солҳои тӯлонӣ дар адабиёти ғарбӣ омӯзиши хислатҳои дигари давлатҳои Шарқ, таърихи ташаккулу инкишофи онҳо сарфи назар шуданд. Аммо солҳои пасошӯравӣ дар адабиёти навини пасошӯравӣ омӯзиши ҳаматарфаи инкишофи давлатҳои шарқӣ оғоз гардид.
Айни замон андешаи дигар низ ҷой дорад, ки тибқи он дар марҳилаҳои минбаъдаи инкиофи таърихӣ, аз ҷумла, дар ҷаҳони имрӯза низ шаклҳои нави режими истибдодӣ мумкин аст ҷой дошта бошанд. Ва ин режим метавонад дар ҳама гуна минтақаи олам арзи вуҷуд дошта бошад. Ба андешаи ҷонибдорони ин андеша, давлат шакли ҳуқуқии ифодаи озодӣ, баробарӣ ва адолат буда, ҳама гуна давлате, ки хилофи ин хислат аст, давлати истибдодӣ эътироф мешавад. Дар ин замина, давлатҳои авторитарӣ, тоталитарӣ – шаклҳои нави истибдод ҳисоб мешаванд. Аз нигоҳи пайравони ин андеша, ба ин гурӯҳ ҳатто давлати сотсиалистӣ низ, чун давлати тоталитарӣ, мансуб дониста мешавад. Ин андешаро намояндагони назарияи имрӯзаи либертарии давлат (В.С. Нерсесянс, В.А. Четвернин) ҷонибдорӣ мекунанд.
- Режими авторитарӣ, ки дар он ҳокимияти давлатӣ зери назорати халқ нест, мақомоти намояндагӣ вазни ҳалкунанда надоранд, дар идоракунӣ элитаи сиёсӣ (олигархҳо, ашрофон) саҳми асосӣ дорад. Дар давлат мақомоти сиёсӣ ва ҳарбӣ бештар инкишоф меёбанд. Мақомоти судӣ ба манфиатҳои ҳокомиятдорон хизмат мекунад. Ҳама гуна баромади оппозисионӣ манъ карда мешавад. Агар якчанд ҳизб амал кунад, пас яке аз онҳо ҳизби роҳбарикунанда мегардад. Механизми воқеии амаликунии ҳуқуқу озодиҳо пешбинӣ намешавад, кафолати амнияти шахсӣ ҷой надорад. Манфиатҳои давлатӣ нисбат ба шахсӣ бартарӣ доранд.
Намуди ниҳоии режими авторитарӣ — режими фашистӣ аст, ки ба ақидаи миллатгароӣ, бартарии як миллат нисбати миллатҳои дигар асос меёбад. Зарурияти ҳукмронии миллати олинажод тарғиб мешавад. Нажодпарастӣ – мафкураи расмии фашизм мебошад. Мақсадҳои ин режим – ҳимояи умумият ва манфиатҳои миллати ҳукмрон, ҳалли вазифаҳои сиёсӣ дар миқёси тамоми олам, ҳимояи тозагии нажод ҳисоб мешаванд. Дар асоси онҳо зарурияти ҷангҳои ҷаҳонӣ талқин мегарданд.
- Режими демократӣ таърихи тӯлонӣ дошта, қариб ба ҳамаи марҳилаҳои инкишофи таърихии давлатҳо хос аст (демократияи Афинагӣ, демократия дар шаҳр-давлатҳои асрҳои миёна, демократияи буржуазӣ ва сотсиалистӣ). Дар замони Нав ва алалхусус дар асри XX режими демократӣ имкониятҳои арзишии худро ошкор мекунад, аз қабили кафолати ҳуқуқу озодиҳо, гуногунии сиёсӣ ва мафкуравӣ, раъйпурсӣ, низоми демократии интихобот, ошкорбаёнӣ, иштироки шаҳрвандон дар идоракунӣ.
Намуди режими демократӣ – ин режими либералӣ-демократӣ аст, ки дар шароити никишофи муносибатҳои бозор ташаккул ёфта, хислатҳои зерин дорад: ривоҷи арзишҳои ҳуқуқи гуманитарӣ, озодии фаъолияти иқтисодӣ, гуногуншаклӣ ва баробарии моликият, бартарии манфиатҳои шахсӣ, ривоҷи фардияти шахсӣ, имкони вусъати муносибатҳои молию пулӣ, таъмини иқтисоди бозоргонӣ, дастгирии ташаббускории хусусӣ, номумкин будани дахолати беандоза ба иқтисод, шароити мусоид барои рақобати озод, низоми бисёрҳизбӣ, фаъолияти иттифоқҳои ҷудогонаи соҳибкорон, ташкилотҳои иттифоқи касаба, динӣ, таҷзияи ҳокимиятҳо, ҳокимияти номуттамарказ, сатҳи баланди шуури сиёсӣ, ахлоқӣ ва маданияти ҳуқуқӣ.
- Режими тоталитарӣ, ки дар шароити он давлат кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро, аз он ҷумла, ҳаёти хусусиро зери идораи хеш қарор медиҳад, соҳибкории хусусӣ ва намудҳои дигари фаъолияти озоди иқтисодиро эътироф намекунад, ба ҷои гуногуншаклии моликият нуфузи моликиятдории давлатиро таъмин мекунад. Дар шароити ин режими сиёсӣ одатан як ҳизби сиёсӣ чун ҳизби ҳукмрон амал намуда, хислати мақоми давлатиро соҳиб мешавад, гуногунии мафкуравӣ ва сиёсӣ инкишоф намеёбад.