Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Соҳаҳо ва институтҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ

Соҳаи ҳуқуқи байналхалқӣ аз маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ иборат мебошад, ки гурӯҳи муайяни муносибатҳои байналхалқиро ба танзим медарорад.

Соҳаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ инҳоянд:

Ҳуқуқи шартномаи байналҳалқӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи байналҳалқӣ мебошад, ки аз маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ иборат буда, тартиби бастан, иҷро кардан ва бекор намудани шартномаи байналҳалқиро ба танзим медарорад.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи шартномаҳои байналҳалқӣ Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳуқуқи шартномаи байналҳалқӣ» аз 23 маи соли 1969, Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳуқуққабулкунии давлат дар муносибат бо шартномаи байналҳалқӣ» аз 23 августи соли 1978, Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳуқуқи шартнома байни давлат ва ташкилотҳои байналҳалқӣ ва байни ташкилотҳои байналҳалқӣ» аз 21 марти соли 1986 мебошанд.

Ҳуқуқи дипломатӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ мебошад, ки аз маҷмӯи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ иборат буда, муносибатҳои давлатҳо ва дигар субъектони ҳуқуқи байналхалқиро оиди ба амал баровардани фаъолияти дипломатӣ, ба танзим медарорад.

Сарчашмҳои ҳуқуқи дипломатӣ Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961, Конвенсияи Вена оид ба намояндагии давлат дар муносибати онҳо бо ташкилотҳои байналхалқии хусусияти универсалидошта аз 14 марти 1975 ба шумор мераванд.

Ҳуқуқи консулӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ мебошад, ки аз маҷмӯи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ иборат буда, муносибатҳои байналхалқиро оиди муҳофизат намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои давлат, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии ин давлатро доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ва маданиро ба танзим медарорад.

Конвенсияи Каракаси оиди функсияҳои консулӣ аз соли 1911, Конвенсияи Гавана оид ба мансабдорони кон­сулӣ аз соли 1928 ва Конвенсияи Вена оиди муносибатҳои консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ба ҳайси сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи консулӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳуқуқи байналхалқии атомӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ буда, аз маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ иборат мебошад, ки муносибатҳои байни давлатҳо ва дигар субъектони ҳуқуқи байналхалқиро баҳри барқарорнамоӣ ва амалигардонии истифодаи энергияи атомӣ бо маrсадҳои осоишта ба танзим медарорад.

Сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ Шартнома оиди манъи озмоиши яроқи ядроӣ дар фазои атмосферӣ, дар фазои кайҳонӣ ва дар зери об аз 5 августи соли 1963, Шартнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ аз 1 июли соли 1968, Шартнома оиди манъи ҷобаҷокунии яроқи ядроӣ ва дигар яроқҳои қатли ом дар қаъри баҳрҳо ва уқёнусҳо аз соли 1971, Конвенсияи байналхалқӣ оиди ҳифзи ҷисмонии моддаҳои ядроӣ аз соли 1980 ба шумор мераванд.

Ҳуқуқи байналхалқии кайҳонӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ буда, аз маҷмӯи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ иборат аст, ки муносибати давлатҳоро оид ба статуси фазои кайҳонӣ ва ҷирмҳои осмонӣ, инчунин истифодабарӣ ва таҳқиқи кайҳонро ба танзим медарорад.

Ба сифати сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқии кайҳонӣ Шартнома оиди манъ кардани озмоиши яроқи ядроӣ дар ҳаво, фазои кайҳонӣ ва дар зери об аз соли 1963 ва Шартнома оиди маҳдудкунии системаи мудофиаи зиддиракетӣ аз соли 1972 ба ҳисоб мераванд.

Ҳуқуқи байналхалқии ҳавоӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ буда, аз маҷмӯи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ иборат аст, ки муносибати байни субъектҳои ҳуқуқи байналхалқиро вобаста ба истифодабарии фазои ҳавоии авиатсияи гражданро ба танзим медарорад.

Сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқии ҳавоӣ Конвенсияи Чикаго оид ба авиатсияи граждании байналхалқӣ аз соли 1944 мебошад, Протокол доир ба тағйир додани Конвенсияи оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ аз 30 сентябри соли 1997, Конвенсияи Варшава оид ба унификатсияи баъзе қоидае, ки тааллуқманди интиқолоти байналхалқии ҳаво мебошанд, аз соли 1929 ва се Протоколи иловагии марбут ба он ворид гардида, Протоколи Гаага аз соли 1955, Протоколи Гватемала аз соли 1971 ва Протоколи Монреал аз соли 1975, Конвенсияи Рим дар бораи ҷуброни зараре, ки ҳавопаймоҳои хориҷӣ ба ашхоси сеюм дар фазо расонида шудааст, аз соли 1952 (ба ивази конвенсияи Рим аз соли 1933) амал менамояд, Конвенсияи Токио доир ба ҳуқуқвайронкунӣ ва баъзе дигар санадҳо (амалиётҳо), ки дар борти ҳавопаймо содир шудаанд аз 14 сентябри соли 1963, Конвенсияи Гаага оид ба мубориза бо ғайриқонунӣ ғасб намудани киштии ҳавоӣ аз 16 ноябри соли 1970, Конвенсия оид ба мубориза бо кирдорҳои (амалиётҳои) ғайриқонуние, ки муқобили бехатарии авиатсияи гражданӣ равона шудаанд аз 23 сентябри соли 1971, Конвенсияи Женева оид ба эътироф кардани ҳуқуқ ба ҳавопаймо аз 19 июни соли 1948.

Ҳуқуқи байналхалқии ҷиноятӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ буда, аз маҷмӯи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқӣ иборат буда, ҳамкориҳои давлатҳоро оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва таъини ҷазо барои ҷиноятҳое, ки дар шартномаҳои байналхалқӣ пешбинӣ шудаанд, ба танзим медарорад.

Ба ҳайси сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқии ҷиноятӣ Конвенсияи ягона оид ба маводи нашъадор аз 30 марти соли 1961, Конвенсияи Вена дар бораи моддаҳои психотропӣ аз 21 феврали соли 1971, Конвенсияи Гаага оиди мубориза бо ғайриқонунӣ ғасб кардани киштии ҳавоӣ аз соли 1970, Конвенсия оид ба пешгирӣ ва ҷазо додани ҷиноятҳои муқобили шахсоне, ки дорои ҳимояи байналхалқиянд, аз он ҷумла агентҳои дипломатӣ аз соли 1973, Конвенсия оиди татбиқнопазирии мӯҳлати даъво ба ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷиноятҳои ба муқобили башарият аз соли 1968, Оинномаҳои Трибунали байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳуқуқи байналхалқии бехатарӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ мебошад, ки аз маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳои байналхалқӣ иборат буда, муносибатҳои байналхалқӣ оид ба таъмини сулҳи олам ва амнияти байналхалқиро ба танзим медарорад.

Ба ҳайси сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқии бехатарӣ Резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ аз 14 декабри соли 1974 «Доир ба мафҳуми таҷовузкорӣ», Эъломия доир ба тақвият бахшидани бехатарии байналхалқӣ аз 16 декабри соли 1970, Эъломия доир ба амалӣ гардонидани ҳамкориҳо байни СММ ва созмону мақомотҳои минтақавӣ дар соҳаи дастгирии сулҳ ва амнияти байналхақӣ аз 9 декабри соли 1994, Эъломия дар бораи барқарор сохтани фактҳои СММ дар бахши дастгирии сулҳ ва амнияти байналхалқӣ аз 9 декабри соли 1991, Эъломия бахшида ба 50-умин солгарди СММ аз 24 декабри соли 1995, Санади хотимавӣ оиди машаварат доир ба бехатарӣ ва ҳамкориҳо дар Европа аз 1 августи соли 1975, Хартияи Париж барои Европаи Нав аз 21 ноябри соли 1991 ва ҳуҷҷатҳои иловагӣ ба он, Ҳуҷҷатҳои Париж оид ба инкишофи минбаъдаи институт ва сохтори СБСЕ аз 30 январи соли 1992, Қарорҳои Хелсинки СБСЕ аз 10 июля соли 1992, Эъломияи Будапешт доири мулоқот дар сатҳи олӣ аз 6 декабри соли 1994, Шартнома оид ба бехатарии дастаҷамъӣ аз 15 маи соли 1992 дар шаҳри Тошкант, Созишнома доир ба гурӯҳи мушоҳидачиёни ҳарбӣ ва қувваҳои мусаллаҳ доири дастгирии сулҳ дар ИДМ аз 20 марти соли 1992, Аҳднома доир ба пешгирӣ ва танзими низоъҳо дар қаламрави кишварҳои иштирокчии ИДМ аз 19 январи соли 1996, Эъломияи Рим доири сулҳ ва ҳамкориҳо аз 8 ноябри соли 1991 ба шумор мераванд.

Ҳуқуқи байналхалқии инсондӯстӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ аст, ки аз маҷмӯи меъёрҳои байналхалқӣ иборат буда, манфиатҳои қурбониён ҷанг ва шахсоне, ки дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок намекунанд, муҳофизат намуда, ӯҳдадориҳои тарафҳои ҷангкунандаро ҳангоми ба амал баровардани амалиётҳои ҳарбӣ муқаррар карда, интихоби метод ва воситаҳои бурдани ҷангро маҳдуд менамояд.

Сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқии инсондӯстӣ Конвенсияи Женева оиди беҳтрашавии аҳволи маҷрӯҳон ва беморон дар артишҳои амалкардаистода (Конвенсияи I Женева), Конвенсияи Женева оиди беҳтаршавии аҳволи маҷрӯҳон, беморон ва шахсони аз ҳайати қувваҳои мусаллаҳ, ки дар рафти ғарқи киштӣ дар баҳр осеб дидаанд (Конвенсияи II Женева), Конвенсияи Женева оиди муносибат бо асирони ҳарбӣ (Конвенсияи III Женева), Конвенсияи Женева оиди ҳимояи аҳолии гражданӣ дар рафти ҷанг (Конвенсияи IV Женева), Протоколи иловагӣ ба конвенсияи Женева, ки ба ҳимояи қурбониёни низоъҳои байналхалқӣ дахл дорад (Протоколи I), Протоколи иловагӣ ба конвенсияи Женева, ки ба ҳимояи қурбониёни низоъҳои ҳарбии хусусияти ғайрибайналхалқидошта дахл дорад (Протоколи II), Конвенсияи Гаага оиди ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ҳангоми низоъҳои ҳарбӣ аз соли 1954, Конвенсияи СММ марбут ба манъи коркард, истеҳсол ва захира кардани яроқҳои бактереологӣ ва заҳрнок инчунин оиди нест кардани онҳо аз соли 1972, Конвенсияи СММ марбут ба манъи коркард, истеҳсол, ҷамъ кардан ва истифода бурдани яроқи кимиёӣ ва оиди нест кардани он аз соли 1993, Конвенсияи Оттава марбут ба манъи истифодабарӣ, ҷамъ кардан, истеҳсол ва паҳн кардани минаҳои зидди аскари пиёда ва оиди нест кардани он аз соли 1997 ба ҳисоб мераванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *