Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ

Мафҳуми қонуният

Қонуният ба маъноҳои зерин истифода мешавад:

1) қонуният чун принсипи ташкилу фаъолияти давлат, аз он ҷумла давлати ҳуқуқӣ;

2) қонуният чун талаботи давлати ҳуқуқӣ нисбати мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ашхоси мансабдор;

3) қонуният ҳамчун усули амаликунии ҳокимияти давлатӣ.

Конститутсияи Тоҷикистон принсипи қонуниятро мустаҳкам мекунад. Дар асоси қ. 2 м. 10 Конститутсия: «Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Шароитҳои таъмини қонуният ба умумӣ ва махсус ҷудо мешаванд.

Шароитҳои умумии қонунияти ҳуқуқӣ – он заминаҳои ҳаёти воқеӣ (иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ) мебошанд, ки барои таъмини қонуният (воқеӣ гаштани он) шароити мусоид фароҳам меоранд.

Заминаҳои иқтисодиро кори мӯътадили корхонаҳои саноатӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулот, низоми устувори пулӣ ва м.и. ташкил медиҳанд. Заминаҳои иҷтимоӣ, аз қабили шароитҳои арзандаи ҳаёти одамон дар соҳаи тандурустӣ, таъмини иҷтимоӣ, истироҳат, хизмати маишӣ ва ғ., устувории вазъи иҷтимоӣ (якфикрӣ, набудани тазодҳои иҷтимоӣ ва ғ.) ба сатҳи қонуният таъсири бевосита мерасонанд. Заминаҳои сиёсӣ низ барои таъмин гаштани қонунияти ҳуқуқӣ аҳамияти муҳим доранд. Заминаҳои маънавӣ низ дар воқеӣ гаштани қонуният саҳми муҳим доранд. Таъмини қонунияти ҳуқуқӣ сатҳи баланди маданияти ҳуқуқиро металабад.

Ғайр аз заминаҳои иҷтимоӣ барои таъмини қонуният воситаҳои махсуси ҳуқуқӣ истифода мешаванд:

1) воситаҳои ошкор сохтани ҳуқуқвайронкунӣ;

2) воситаҳои огоҳсозии ҳуқуқвайронкунӣ;

3) воситаҳои пешгирсозии ҳуқуқвайронкунӣ;

4) воситаҳои ҳуқуқҳифзкунӣ ва барқароркунӣ;

5) чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ;

6) чораҳои мурофиавӣ.

28.2. Тартиботи ҳуқуқӣ.

Тартиботи ҳуқуқӣ унсури муҳимтарин ва ҳатмии низоми танзимшудаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, асоси ҳаёти муташаккилонаи ҷомеа аст. Тартиботи ҳуқуқӣ танҳо натиҷаи қонуният нест. Барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ амали ҳамаи унсурҳои низоми ҳуқуқии ҷомеа зарур аст. Тартиботи ҳуқуқӣ натиҷаи воқеӣ гаштани тамоми нишондодҳои ҳуқуқӣ мебошад. Тартиботи ҳуқуқӣ мақсад ва натиҷаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ аст.

Аммо амалӣ шудани талаботҳову ақидаҳои, алахусус, арзишҳои башарии қонунияти ҳуқуқӣ танҳо бо тартиботи ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад. Мафҳуми «тартиботи ҳуқуқӣ» ба истилоҳи «тартибот» ишора мекунад. Ба ин маъно, тартиботи ҳуқуқӣ, мисли ҳама гуна тартибот (муташаккилӣ, муназзамӣ) иҷрои вазифаҳои муайянро, риояи интизоми қатъиро металабад. Бе иҷрои вазифаҳои ҳуқуқӣ, риояи нишондодҳо ва талаботҳои ҳокимият, бе ҳукмронии маъмурӣ-фармоишӣ тартиботи ҳуқуқиро нашояд таъмин сохт. Аз ин нуқтаи назар тартиботи ҳуқуқӣ зарурати ҳаётӣ буда, ба ҷои бенизомӣ, бесарусомонӣ, номуташаккилии ҳаёти ҷомеа истифода мешавад, яъне ҳатмӣ аст.

Вале мафҳуми қонунияти ҳуқуқӣ танҳо иҷрои вазифаҳо, қабули нишондодҳои маъмуриро дар назар надорад. Бе ҳеҷ гуфтугӯ, қонунияти ҳуқуқӣ маънои риояву иҷрои Конститутсия ва қонунҳоро дар назар дорад. Дар баробари ин, қонунияти ҳуқуқӣ таъмину риояи ақидаи давлати ҳуқуқбунёд, талаботҳои онро, ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсонро, принсипҳои ҳуқуқи байналмилалиро пешбинӣ мекунад. Аз ин нигоҳ, натиҷаи амалӣ гаштани қонунияти ҳуқуқӣ – ин «сохти ҳуқуқии ҷомеа» аст, ки тавассути на фақат иҷрои фазифаву фармоишҳо, балки эҳтирому риояи ақидаҳову арзишҳои ҳуқуқи башар таъмин мегардад.

Мафҳуми «сохти ҳуқуқӣ» нисбат ба «тартиботи ҳуқуқӣ» васеътар аст. Агар тартиботи ҳуқуқӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ асос ёфта бошад, натиҷаи амали меъёрҳои ҳуқуқӣ бошад, пас сохти ҳуқуқӣ дар баробари меъёрҳои ҳуқуқ ба ақидаву принсипҳои умумии ҳуқуқ, талаботҳои ҳуқуқи фитрӣ асос меёбад, дар натиҷаи амалӣ гаштани ҳуқуқҳои инсон, таъмини волоияти ҳуқуқ дар давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳосил мешавад. Сохти ҳуқуқӣ танҳо бо иҷрои вазифаҳо таъмин намешавад. Сохти ҳуқуқӣ ин низоми муносибатҳои ҳуқуқиест, ки дар он озодии воқеии инсон (иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғ.) таъмин шудааст, имкони истифодаву амалигардонии ҳуқуқҳои фитрӣ ҷой дорад.

Сохти ҳуқуқӣ ифодаи қонунияти ҳуқуқӣ буда, асоси онро ҳуқуқи гуманитарӣ ташкил медиҳад. Аз ин нигоҳ, сохти ҳуқуқӣ ба ҳуқуқу озодиҳои дахлнопазир ва фитрии инсон асос ёфта, тобиши фитрӣ ва табиӣ (муқаррарӣ) дорад.

28.3. Интизоми молиявӣ

Ҳоло дар муносибатҳои молиявӣ бисёр равандҳои манфӣ ба назар мерасанд: ноустувории умумии молиявӣ, бо маблағ таъмин набудани як қатор қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ, кам ситонида шудани андоз, ғайримақсаднок истифода кардани маблағи буҷет, талаву тороҷ кардан ва ҳамчунин дар бонкҳои тиҷоратӣ «чаллондани» он. Ба ин муносибат мақому аҳамияти интизоми молиявӣ беш аз пеш зиёд мешавад, ки ин дар баъзе санадҳои меъёрӣ инъикос ёфтааст (фармону қарорҳои Президент ва Ҳукумат).

Интизоми молиявӣ мафҳуми мураккаб буда, бо интизоми меҳнатӣ ва хизматӣ (давлатӣ) сахт алоқаманд аст. Хусусияти мураккаби интизоми молиявӣ ба бисёр субъектҳои муносибатҳои молиявӣ, вазифаҳои гуногунсоҳае вобаста мебошад, ки онҳоро субъектҳо бо таъсири бевосита ба муносибатҳои молиявии соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ иҷро мекунанд. Масалан, вазифаи аз ҷониби муҳосиби корхона ба нозироти андоз сари вақт ва аз рӯи намуна пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ на танҳо бо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ танзим гардонида мешавад, балки аз ӯҳдадориҳои бевоситаи меҳнатии ӯ мебошад, аз ин рӯ мувофиқан сари вақт эъломияҳои андозро пешниҳод накардани муҳосиб на фақат риоя нашудани интизоми молиявӣ, балки интизоми меҳнат низ мебошад.

Интизоми хизматчиёни мақомоти давлатӣ на танҳо бо таъсиру меъёрҳои ҳуқуқи молия, балки бо амру дастури қонунгузории интизомы ташаккул меёбад. Чунончӣ, талаби дар корхона хушсифат ва ғайратмандона гузаронидани тафтиши андозпардозӣ на танҳо ӯҳдадориҳои молиявӣ, балки ӯҳдадориҳои хизматиро низ дар бар мегирад. Зимнан интизоми молиявӣ бо интизоми меҳнатӣ ва хизматӣ (давлатӣ) баробар, якхела нест, балки бо он фақат дар иҷрои ӯҳдадориҳои муайян баробар мешавад.

Дар баробари ин интизоми конститутсионӣ асоси интизоми молиявӣ мебошад, ки он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур медиҳад, ки буҷети давлатиро тартиб дода, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод кунад ва иҷрои онро таъмин намояд ва ҳар касро ӯҳдадор месозад, ки андоз ва дигар пардохтёои ёатмии қонунан муқарраршударо пардозад (мод. 45). Зимнан интизоми конститутсионӣ танҳо талаботи асосиро, ки ба иштироккунандагони муносибатҳои молиявӣ пешниҳод мегарданд, поягузорӣ менамояд, ки онҳо дар қонунгузории молиявӣ аниқ карда мешаванд.

Ба интизоми молиявӣ нишонаҳое хосанд, ки ин интизомро ба таври умумӣ тавсиф менамоянд. Лекин онҳо бо назардошти хусусияти ҳуқуқи молиявӣ ба хусусиятҳои барояшон хос доро мешаванд. Хусусияти интизоми молиявӣ ба предмет ва тарзу усули молиявӣ, асоси меъёрӣ, таркиби субъектӣ ва ҳамчунин бо мақсадҳои ҳуқуқи молиявӣ вобаста аст.

Интизоми молиявӣ шакли алоқаи иҷтимоии субъектҳои муносибатҳои молиявӣ буда, дар ҷараёни фаъолияти молиявии субъектҳое амалӣ мешавад, ки таъсисёбӣ, тақсим ва аз рӯи нақша истифодабарии фондҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази пулии муассисаҳои давлатӣ ва маёаллиро танзим ва муташаккил мегардонад. Ин нишонаи интизоми молиявӣ аз хусусияти предмети ҳуқуқи молиявӣ ва предмети худи интизоми молиявӣ дарак медиҳад.

Нишонаи дигари интизоми молиявӣ хусусиятҳои тарзу усули ҳуқуқи молиявиро инъикос менамояд. Интизоми молиявӣ ба тарзу усули амру дастурҳои омирона асос меёбад ва ба воситаи муносибатҳои итоати як субъектро ба дигараш ифода мекунад. Субъектҳо дар муносибатҳои интизоми молиявӣ, вақте ки як иштироккунандаи муносибати молиявӣ бояд ба талаботи иштироккунандаи дигари муносибати молиявӣ итоат намояд, нобаробаранд.

Нишонаи дигар моҳияти (ҷавҳари) интизоми молиявӣ, асоси меъёрии он ва асоси ғайримеъёрии ба он асосёфтаро инъикос менамояд. Моҳияти интизоми молиявӣ на аз талабот, балки аз иҷрои худи талаботи қонунгузории молия ва ғайра, санадҳои меъёрии мутобиқи онҳо қабулгардида иборат буда, дар рафтори қонунии молиявии иштироккунандагони муносибатҳои молиявӣ ифода меёбад. Талаботе, ки иҷрои онҳоро ҳамчун интизоми молиявӣ тавсиф кардан мумкин аст, дар воқеъ на фақат дар қонунгузории молия, балки дар санадҳои танзими инфиродӣ (фармону амрҳо, дастурҳои чӣ хаттию чӣ шифоҳӣ) низ \ой доранд. Ин ҷиҳати интизоми молиявӣ ва умуман интизом мебошад. Бинобар ин интизоми молиявӣ маънои амалӣ гардонидани танҳо амру фармонҳо, дастуру супоришот, низомномаҳо ва ғайраро дорад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлаты» махсус таъкид шудааст, ки хизматчии давлаты ҳақ дорад аз и\рои супорише, ки хилофи қонунёои /умёурии То\икистон аст: саркашы намояд.

Нишонаи дигари интизоми молиявӣ таркиби субъективии он ва хусусияти алоқаи мутақобили байни субъектҳоро инъикос менамояд. Субъектҳои интизоми молиявӣ, ки нисбат ба субъектҳои дигар ваколатҳои омирона доранд, инҳоанд: Вазорати молия, мақомоти андоз, ёифзи и\тимоы, мақомоти интихобшаванда ва иҷроияи худидораи маҳаллӣ, Хазинадории давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон. Ба субъектҳои тобеъ андозсупорандагон ва ташкилотҳои молиявию кредитды мансубанд. Алоқаю робитаи тарафайнро осону сода донистан нашояд. Чунончӣ, худи субъектҳои дорои ваколатҳои омирона тобеи ҳамдигаранд. Масалан, мақомоти давлатии молия бо мақомоти интихобшавандаи минтақаҳо ва маҳаллӣ ва мақомоти маҳаллии молия тобеи мақомоти минтақавианд ва ҳоказо. Дар худи сохтори дохилии ҳар кадом мақомоти молиявӣ алоқаҳои мутақобиле ҳастанд, ки мутобиқи онҳо як қисмати сохторӣ тобеи қисмати дигар ва ҳамчунин шахси мансабдори поёнӣ тобеи шахси мансабдори болоӣ мебошад. Вале дар ҳар сурат андозсупорандагони инфиродӣ ва коллективӣ тобеи он талаботанд, ки аз мақомоти давлатӣ сар мезананд, лекин дар сохтори андозсупорандагони дастаҷамъона ба як субъект тобеъ будани субъекти дигар ба назар мерасад, зеро интизоми молиявӣ дар дохили корхонаи алоҳида низ мушоҳида мешавад.

Нишонаи дигари интизоми молиявӣ ба таъиноти мақсадноки он асос ёфтааст. Мақсади асосии интизоми молиявӣ мураттаб гардонидан ва такмил додани муносибатҳои молиявист. Ин дар як қатор мақсадҳои мобайнӣ аниқ карда мешавад; ташаккул додан ва ҳавасманд гардонидани рафтори (фаъолияти) қонунии субъектҳои муносибатҳои молиявӣ; аз муносибатҳои молиявӣ маёдуд карда баровардани рафтори воқеӣ ё эҳтимолии аз нигоҳи молия ғайриқонунӣ. Интизоми молиявӣ ҳамчунин дар комёб шудан ба мақсадҳои умумиҷаҳонӣ буда метавонад: таъмини устувории иқтисодии давлат; таъмини молиявии амалӣ гардонидани ҳуқуқи андозҳои инсон ва шаҳрванд, қонунҳо, санадҳои зерқонун ва барномаҳои иҷтимоӣ.

Инак, интизоми молиявӣ аз тарафи субъектҳо иҷро кардани ӯҳдадориҳои муносибатҳои молиявии дар қонунгузории молиявӣ, ва ҳамчунин дар санадҳои ба қонунгузорӣ мутобиқи дорои хусусияти ғайримеъёр дошта бо мақсади мураттабсозӣ ва такмили равандҳои таъсисёбӣ, тақсиму истифодаи фондҳои пулии давлат, таъсисоти маёаллы, шахсони ёуцуцы ва шахсони воқеӣ мебошад.

Интизоми соҳаи андоз аз тарафи андозсупорандагон, агентҳои андоз, мақомоти андоз ва шахсони дигар баҷо овардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи андоз, ҳамчунин санадҳои ба он мутобиқи дорои хусусияти ғайримеъёрие мебошад, ки ба сари вақт пардохтани андоз ва боҷу хироҷ равона шудаанд.

Интизоми соҳаи бонк аз ҷониби ташкилотҳои кредитдеҳ иҷро кардани талаботи қонунгузории бонк ва амру дастурҳои Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, ки ба нигоҳ доштани устувории системаи бонкӣ, пулӣ ва кредитии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини манфиати амонатгузорон нигаронида шудаанд.

Интизоми соҳаи буҷет аз тарафи ҳамаи субъектҳо иҷро кардани талаботи қонунгузории буҷет ва амру дастурҳои инфиродие мебошад, ки мақсад аз онҳо асоснок ва мақсаднок ба нақша гирифтан ва харҷ кардани маблағи буҷети ҳамаи сатҳҳо аст. Дар замони ҳозира интизоми соҳаи буҷет аҳамияти калонро касб кардааст. Вай бояд ба нақшагирӣ ва ташаккули буҷетро мураттаб созад, иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ ва аз буҷет маблағгузорӣ шудани иҷрои қонунҳои гуногунро таъмин намояд. Бе интизоми соҳаи буҷет пардохти баҳангоми нафақаю ёрипулӣ, музди меҳанти кормандони соҳаи буҷет, рушди иқтисодӣ ва суботи чӣ минтақаҳои том ва чӣ корхонаҳои алоҳида номумкин аст. Дар баробари ин риояи низоми соҳаи буҷет бояд қабули ҳар гуна қарорҳо, қонунҳои авомфиребона, имтиёзҳои беасос ва хароҷоти бемаъниеро, ки қаблан дар буҷет махсус пешбинӣ нагардида буданд, истисно намояд.

Дар бисёр санадҳои меъёрие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, самти махсуси мақсадноки интизоми соҳаи буҷет таъкид гардидааст. Чунончӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои устувор гардонидани интизоми молиявиро мукаррар менамояд: лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бо захираҳои молиявӣ таъмин карда нашудаанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд; афзоиши камомади (дефитсити) буҷети давлатӣ истисно карда мешавад; амали санадҳои маблағгузорӣ таъмин нагардидаанд, то замони ба пардохтҳои дахлдор иҷозат додани қонун дар бораи буҷети давлатӣ боздошта мешавад. Ба назари аввал ин чораҳо доираи намудҳои гуногуни ҳуқуқофариро танг мекунанд, ташаббусро монеъ мешаванд. Вале, қонунҳо ё дигар санадҳои меъёрие, ки бо мадохилоти молиявӣ, яъне маблағ таъмин карда нашудаанд, ба кӣ даркоранд? Албатта, ин гунна қонуну санадҳо қабул намешаванд ва агар қабул шаванд ҳам, аз ҳисоби моддаҳои дигари буҷет рӯи кор меоянд. Дар ин сурат ин на аз интизоми соҳаи буҷет, балки аз ҳарзу марзи соҳаи буҷет дарак медиҳад, ки оқибат ба беқурбшавӣ, эмиссия ва дигар зуҳуроти манфии иқтисодӣ оварда мерасонад. Аз ин сабаб интизоми соҳаи буҷет дар замони ҳозира аҳамият ва таъиноти махсус дорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *