Фанни Ҳуқуқи инсон

Проблемаи зӯроварӣ нисбат ба занон

  1. Проблемаи зӯроварӣ нисбат ба занон дар ҷаҳон

Зӯроварӣ нисбат ба занон яке аз зуҳуроти дар ҷаҳон аз ҳама зиёд паҳншуда аст. Он аксаран бо амалияи анъанавии дар ин ё он фарҳанг қабулшуда, ки арзишҳо ва эътиқодмандиҳои дар ин ҷамоа дар умри наслҳои зиёд мавҷударо инъикос менамояд, алоқаманд мебошад. Чунин навъҳои хавфноки амалияи анъанавӣ аз ҷумла инҳоро фарогир мебошанд: никоҳ дар синну соли бармаҳал; манъкуниҳои гуногун, ки ба занҳо имконият намедиҳанд, таваллуди кӯдаконро худ зери назорат гиранд; бартарӣ додан ба кӯдакони ҷинси мард (писарҳо) ва нобудсозии духтаракони нав таваллудшуда, санҷиши духтарӣ, гузоштани бандина ба панҷаи пой ва ғайра. Ин навъҳои амалияи анъанавӣ моҳиятан ҳодисаҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон мебошанд, ки аз ҷониби оила ва ҷамоа зоҳир мегарданду аммо давлат ба онҳо аксаран чандон эътиборе намедиҳад. Лату кӯб ва таҷовуз дар оила низ аз ҷумлаи чунин амалияҳои анъанавист.

Ҷомеаи байналмилалӣ вақти зиёде бо масъалаи зӯроварӣ нисбат ба занҳо машғул набуд, чунки чунин меҳисобид, ки ин проблема ба соҳаи хусусӣ дахл дошта, таъсири конвенсияҳои байналмилалӣ ба он намерасад. Аммо ба андозаи зиёд шудани шумораи низоъҳои миллӣ ва умуман, афзоиши ҷаҳолат дар ҷомеа аз зӯровариҳо на танҳо занҳои алоҳида, балки кулли гурӯҳҳои иҷтимоӣ- занҳо- гурезаҳо, занҳо-муҳоҷирин, занҳои мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ, занҳо-маъюбон, занҳо-маҳбусон ва ғайра низ азиятҳои зиёд диданд. Ҳарчанд вайрон кардани ҳуқуқҳои занон дар мамлакатҳои гуногун ба тарзҳои гуногун ба амал меояд, ҳамаи ҷабрдидагони чунин ҳуқуқвайронкуниҳо як омили умумии дучори зӯроварӣ шудан доранд, яъне онҳо зан ҳастанд.

Ва маҳз ба ҳамин сабаб Ассамблеяи Генералии СММ 20 декабри соли 1993 Эъломия дар бораи решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба занонро қабул намуд. Моддааи 2-и ин Эъломия, ки оид ба зӯровариҳои ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва равонӣ нисбат ба занон на танҳо дар оила ва ҷомеа, ҳамчунин зӯровариҳо аз тарафҳои дигар ё ҳар ҷое бошад, ба сабаби бетафовутии давлат аст, боиси таваҷҷӯҳи махсус мебошад. Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсони СММ ғояи Эъломияи мазкурро инкишоф дода қарор кард, ки Маърӯзагари махсусро оид ба масъалаи зӯроварӣ нисбат ба занон бо фарогирии сабабҳо ва оқибатҳои он таъин намояд. Дар Эъломия давлатҳои узви СММ вазифадор карда шудаанд дар маърӯзаҳояшон дар бораи ҳуқуқҳои инсон, ки ба мақомоти СММ пешниҳод мекунанд, дар хусуси зӯроварӣ нисбат ба занон, чораҳои андешидашаванда бобати решакан сохтани он, ҳамчунин таҳлили тамоюлҳо доир ба ин масъала иттилооти муфассал ҳамроҳ кунанд.

«Зӯроварӣ нисбат ба занон» ҳамчун «ҳама гуна кирдори зӯроваронаи дар асоси аломати ҷинсӣ содиркардашуда, ки ба занон зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ ё равонӣ ё азобу машаққат мерасонад ё расонида метавонад, бо фарогирии таҳдиди содир кардани чунин кирдорҳо, маҷбурсозӣ ё худсарона маҳрум кардан аз озодӣ, ё дар ҳаёти ҷамъиятӣ ё дар ҳаёти шахсӣ арзёбӣ мегардад».

Моддаи 1-и Эъломияи СММ оид ба решакан кардани

зӯроварӣ нисбат ба занон.

Тӯли ҳазорсолаҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, экологӣ, фарҳангӣ, динӣ ва омилҳои дигари иҷтимоӣ дар сохтори оила ва дар шаклҳои амал кардани он ҳукмфармоии шавҳар ба зан ва фарзандон барои аксари тамаддунҳо хос буд ва хос мемонад. Барои бисёр фарҳангҳо, махсусан дар Осиё ва Африка, муносибати некбинона ба писарҳо нисбат ба духтарҳо хос аст. Дар баъзе ҷамоаҳо дар Осиёи Ҷанубӣ мақоми пасти духтарон бояд бо додани бисот ба шавҳари ӯ аз ҷониби волидайни духтар, вақте вай ба шавҳар мебарояд, ҷуброн карда шавад. Дар ҳамин замина бо фарогирии шиканҷаҳои ахлоқию ҷисмонӣ, маҳрум кардан аз ғизо, таҷовуз кардан ба номус ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондани занон аз ҷониби шавҳарони онҳо ва ё хешовандонашон дар ҳолатҳое, ки бисот нест, ҷиноятҳои басо гуногуне содир мешаванд.

Амалиётҳои ҷарроҳии ахта кардани занон ва духтарон, яъне бо роҳи ҷарроҳӣ бурида партофтани узвҳои нисбатан эҳсосии олоти ҷинсии занону духтарон бисёре аз онҳоро ба таври даҳшатовар маъюбу маслуқ мегардонанд. Ҳадаф аз ин амалияи бисёрасра пеш аз ҳама таъмини нигаҳдории бокирагии духтар то никоҳ ва кафолати оқилагии минбаъдаи ӯст. Чунин амалиётҳои ҷарроҳӣ ба ҷуз ҳалокати зиёди бевосита ҳангоми ҷарроҳӣ аз шиддати дард, хунравии зиёд ва ғайра дар занону духтарон то ба марговарӣ ва проблемаҳои зиёди психологӣ як силсила нуқсу мураккабиҳои тиббӣ ба амал меоранд. Ба ин тарз амалиётҳои ҷарроҳии ваҳшиёна камаш дар 25 мамлакати Африқо, инчунин байни онҳое гузаронида мешаванд, ки аз аҳли ин мамолик буда, ба мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ, ИМА ва Австралия муҳоҷир шудаанд.

Барои занҳо хатари дучори зӯроварӣ гаштан дар соҳаи хусусии ҳаёт басо зиёд аст. Мутаассифона, чунин вазъият барои ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон муҳим мебошад. Зӯроварӣ нисбат ба занон метавонад дар ҳама ҷо – дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ( дар кӯча, дар нақлиёт, дар шабнишиниву дискотекаҳо ва ғайра); дар кор ва дар хона ҷой дошта бошад. Зӯроварӣ дар ин ё он шакл дар ҳар оилаи чорум ба мушоҳида мерасад. Наздики 30%-и шумораи умумии худкушиҳо дар оила ба амал меоянд, нисфи ҳамаи ҷиноятҳои марбут ба сабабҳои маишӣ (рашк, майзадагӣ, авбошӣ) дар натиҷаи ҷангу ҷидолҳои дуру дарози оилавӣ рух медиҳанд. Дар ҳамаи ин ҳодисаҳо характери зӯроварӣ метавонад гуногун бошад ва аз ҳуқуқвайронкуниҳои хоси ҳуқуқи маъмурӣ то ҷиноятҳои вазнин омада расад.

Шакли нисбатан маъмули зӯроварӣ нисбат ба занон таҷовуз ба номус мебошад. Мутаассифона, ин зуҳуроти паҳншудаест дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон. Дар ҳолатҳои фавқулодда (амалиётҳои ҷангӣ, пайдошавии гурезаҳо, муҳоҷирин ва ғайра) теъдоди ҳодисаҳои таҷовуз ба номус махсусан меафзояд. Бо сабабҳои гуногун занҳо, пеш аз ҳама ҷабрдидагони талошҳои шаҳвонӣ, инчунин онҳое, ки аз зӯровариҳо дар оила азиятҳо дидаанд, на ҳамеша ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ариза дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон муроҷиат мекунанд.

Шаклҳои зӯроварӣ дар оила хеле бисёрҷабҳаанд. Онҳо зӯровариҳои ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ва рӯҳӣ, таҳдидҳои куштан ва зараррасонӣ ба саломатӣ, расонидан то ба ҳадди худкушӣ бо роҳи муносибати бераҳмона бо ҷабрдида, маҷбурсозӣ ба истеъмоли шароб, маводи мухаддир, машғул шудан бо фоҳишагарӣ ва ғайраро фаро мегиранд. Вале шакли аз ҳама зиёдтар паҳншудаи зӯроварӣ дар оила, ки аз он беш аз ҳама занон ва фарзандони ноболиғ азият мекашанд, муштзӯрӣ, ё худ лату кӯб кардан аст.

Зимнан, шахси муштзӯр ҳар каси ба одами ҷабрдида наздик – ҳамсар, ҳамхоба, писар, духтар, бародар, падар, хешованди дигар ва ғайра шуда метавонад. Дар Фаронса 95% ҷабрдидагони ҷиноятҳои гуногун занонанд, нисфи онҳо аз шавҳарон ва ошиқонашон ҷабр мебинанд. Вазъият дар дигар гӯшаҳои дунё низ аз ин беҳтар нест. Дар Перу 70% ҷабрдидагони ҷиноятҳои аз ҷониби политсия ба қайд гирифташуда занон ва духтаронанд. Дар Ҳиндустон аз ҳар 10 нафар зан 8 нафарашон аз зӯровариҳои хонагӣ ҷабр мебинанд. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид сабаби тахминан нисфи ҳалокатҳои занон дар сайёра зӯроварӣ аст. Чун ҳадди ақал 20% занон дар ҷаҳон замоне дучор ё гирифтори зӯроварии ҷисмонӣ ё шаҳвонӣ, муносибати бераҳмона аз тарафи мардон шудаанд. Мумайизони СММ қайд мекунанд, ки зӯроварӣ нисбат ба занон «ҳамон гуна сабаби ҷиддии ҳалокат ва ғайри қобили меҳнат гардидани онҳо чун саратон ва сабаби бештари бад шудани саломатӣ назар ба садамаҳои роҳ ва табларза дар якҷоягӣ мебошад». Тавре амалия шаҳодат медиҳад, аксари кулли ҳодисаҳои зӯроварии хонагӣ аз назари дигарон пинҳон мемонад.

СММ бо дар назардошти ҷаҳонӣ будани проблемаи зӯроварӣ дар оила дар шакли қонунгузории амсилагӣ тавсияҳои дахлдор таҳия намуд. Вазифаи ин тавсияҳо бартарафсозии номукаммалии қонунҳои ҷиноятӣ ва граждании дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон мавҷуда ва ба ҳамин васила фароҳам овардани шароитҳо барои риояи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, алалхусус онҳоест, ки дар Эъломияи СММ оид ба решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба занон баён шудаанд. Тибқи тавсияҳои СММ қонунҳои миллӣ дар бораи зӯроварӣ дар оила бояд ҳамзамон баҳри муваффақшавӣ ба ҳадафҳои зерин нигаронида шаванд: 1) ҳифзи ҷабрдидагони зӯроварӣ; 2) пешгирии зӯровариҳои минбаъда; 3) ҷазо додани ашхосе, ки нисбат ба занон – аҳли хонадон ё занони бо одами зараррасанда наздикбуда зӯроварӣ содир кардаанд. Дар тавсияҳои СММ шартҳои зарурии муваффақшавӣ ба ин ҳадафҳо, аз ҷумла дар мамлакат гузаронидани корҳо оид ба ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар ин соҳа; таъсиси хадамоти таъхирнопазири кӯмакрасонӣ ба ҷабрдидагони навъҳои гуногуни зӯроварӣ ва оилаҳои онҳо (паноҳгоҳ ва ғайра); маърифатноксозӣ ва маслиҳатҳо додан барои гунаҳкори зӯроварӣ, ҷабрдида ва дигар аъзои оила бо фарогирии кӯдакон; таълим ва маслиҳатҳо додан ба судяҳо, прокурорҳо, кормандони полис ва соҳаи иҷтимоӣ бобати пурсамар амал кардан дар ҳолатҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила номбар гардидаанд. Дар тавсияҳо махсус таъкид шудааст: давлатҳо набояд роҳ диҳанд, ки расму оинҳои динӣ ё фарҳангӣ ба ягон зани алоҳида ё гурӯҳи занҳо бобати дидани ҳифзи пурра дар доираи қонун аз зӯроварӣ дар оила монеъгӣ кунанд.

Ҳуқуқи байналмилалӣ зӯровариро нисбат ба занҳо ба сифати яке аз монеаҳои роҳи муваффақшавӣ ба ҳадафҳои баробарӣ, рушд ва сулҳ баррасӣ намуда, баробари занҳо – гурезаҳо, муҳоҷирин ва ашхоси ҷойивазкарда, ҳамчунин гурӯҳҳои дигари занҳоро ҷудо мекунад, ки махсусан зери хавфи дучороӣ ё гирифторӣ ба зӯроварӣ қарор доранд. Дар шумули онҳо занони дар шароити қашшоқӣ зиндагикунанда, дар ноҳияҳои деҳотӣ ва дурдаст иқоматдошта, занҳои маҳрум аз воситаҳои зиндагӣ, занҳои дар маҳбасбуда ё дар муассисаҳои гуногун нигоҳдошташаванда, занҳои маъюб, занҳои пиронсол ва дигарон ҳастанд.

Ҷомеаи ҷаҳониро ҳамчунин бесамарии мубориза бо хариду фурӯши занон ва кӯдакон ба мақсадҳои фоҳишагарӣ ба изтироби ҷиддӣ овардааст. Конвенсия дар бораи мубориза бо хариду фурӯши одамон ва бо истисмори фоҳишагарӣ аз тарафи шахси сеюмро Ассамблеяи Генералии СММ ҳанӯз соли 1949 қабул карда буд. Аммо дар зарфи ним асри сипаришуда, ҳарчанд ҷойгиршавии таҳвилкунандагони моли зинда баъзе тағйироту дигаргуниҳо дид, вазъият, мутаассифона, беҳтар нагашт.

Агар то соли 1991 онҳо аксаран мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ, Африка ва Америкаи Лотинӣ бошанд, ҳоло секс-мол асосан аз Россия, Украина, Белоруссия ва дигар мамолики ИДМ таҳвил карда мешавад. Ҳар сол дар ҷаҳон ба сифати ғуломони шуғлҳои шаҳвонӣ қариб 500 ҳазор зан фурӯхта мегарданд. Ин «бизнес» даромадҳои астрономӣ медиҳад: гардишҳои пулии гурӯҳҳои байналхалқии ҷиноятии бо истисмори шаҳвонии занон ва кӯдакон машғулбуда соле 6 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди тадбирҳои васеъмиқёси дар ҷаҳон оид ба решакан сохтани зӯроварӣ нисбат ба занон гузаронидашаванда ин проблема аз ҳалли қатъии худ ҳанӯз хеле дур аст.

? Дар мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбат ба занон кадом тадбирҳоро аз ҳама пурсамартар номидан мумкин аст?

2. Зӯроварӣ нисбат ба занон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистони ҳозира проблемаи зӯроварӣ, бо дар назардошти миқёси ин зуҳурот дар ҷомеа, проблемаи муҳими иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ин ба шаҳрвандони ҳар ду ҷинс ва ҳама гуна синну сол дахл дорад. Аммо барои занҳо шиддати проблемаи зӯроварӣ ду карат муҳимтар аст, зеро онҳо дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ объекти амалҳои зӯроварона мегарданд. Ҷиноятҳо дар заминаи «муносибатҳои боӣ-феодалӣ»: бисёрзанӣ, маҷбурсозӣ барои бастани ақди никоҳ; пардохт ва қабули харид барои арӯс; муқаррарсозии ризоият дар бораи бастани ақди никоҳ бо шахси ба синни никоҳ нарасида ва ғайра, тавре қайд кардем, решаканнашавандаанд.

Зӯроварӣ нисбат ба занон на танҳо дар оила, балки дар соҳаи гузориши меҳнати касбии онҳо – дар кор, ҳангоми таҳсил ва тайёрии касбӣ шукуфо аст. Бисёр вақт талошу талаби шаҳвонӣ ҳамчун заминаи қабул кардан ба кор (ба таҳсил), пешрафти хизматӣ ва ҳатто чун шарти аз кору вазифа озод накардан баромад мекунанд, ки дар мавриди бекории мавҷуда алалхусус байни занон аҳамияти назаррас дорад. Талошу талаби шаҳвонӣ чи дар корхонаҳои давлатӣ ва чи дар ширкатҳои хусусӣ ҷой дорад. Табиист, ки чунин амалҳо хилофи қонунанд. Аммо ин проблема бо вуҷуди тамоми шиддатнокӣ дар паси парда аст. Ҷабрдидагони зӯроварӣ аз худ шарм кардаву «хиёнат»- и оилавиро ошкор кардан нахоста ва аз бой додани ҷои кору ҷабру зулми шахси ба зӯроварӣ дастзада тарсида, ҳамчунин ба самаранокии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бовар накарда, дар бораи ин амалҳо хабар додан намехоҳанд. Бисёр вақт ҳам хешовандон ва ҳам баъзе намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин амалҳои ба вуқӯъ- пайваста маҳз худи ҷабрдидаро гунаҳкор меҳисобанд. Чунин бадгумонӣ дар амалия ба рад кардани қабули шикоятҳо, ҳолатҳои муносибати дағалона бо ҷабрдида, кашолкориҳо бобати таҳвили кор ба баррасӣ дар суд оварда мерасонад. Дар натиҷа зан бисёр вақт бо дарду ғам ва ошуфтагиҳои худ танҳо ба танҳо мемонад.

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки соли 1999 таҳқиқот гузаронидааст, дар Тоҷикистон 50% занҳо дучори зӯровариҳои ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ё равонӣ мегарданд. Мувофиқи иттилои IRIN дар Тоҷикистон аз се ду ҳиссаи занҳо гирифтори зӯроварии хонагианд. Дар солҳои 2003-2004 наздики 90 зан худкушӣ карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо дар назардошти вазъият дар ин соҳа моҳи апрели соли 2006 Шӯрои ҳамоҳангсозро оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон таъсис дод ва тасдиқ намуд. Роҳбарии ин Шӯроро яке аз муовинони Сарвазири мамлакат ба ӯҳда дорад. Дар Тоҷикистон ҳамчунин шабакаи фаъоли созмонҳои ғайриҳукуматии занон амал менамояд, ки бисёре аз онҳо, масалан, чун Ассосиатсияи СҒҲ оид ба баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон, вазифаи асосии худро иборат аз муқовимат кардан ба зӯроварӣ нисбат ба занон медонанд. Ғайр аз ин Гурӯҳи корие таъсис ёфтааст, ки дар сари тавзеҳот ва қайду эродҳо оид ба лоиҳаи қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоӣ- ҳуқуқӣ аз зӯроварии хонагӣ кор мебарад.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 «таҳкими чораҳои пешгирикунанда оид ба рафъи зӯроварӣ нисбат ба занон ва расонидани кӯмакҳо ба ҷабрдидагони зӯроварӣ» ба сифати яке аз самтҳои асосии амалиёти минбаъда нишон дода шудааст.

Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз тартиботи умумии ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳо бар зидди ҳуқуқҳои шахсият ҳамчунин бобе дар бораи ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳо бар зидди дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии ҷинсии шахсият (таҷовуз ба номус, амалҳои зӯроваронаи характери шаҳвонидошта ва маҷбурсозӣ ба он, амалҳои бадахлоқона ва ғайра) мавҷуд аст. Кодекси ҷиноятӣ баробари ҷавобгарӣ барои ҷалб кардани ноболиғон ба фоҳишагарӣ ҷавобгариро баҳри ҷалб кардан ба фоҳишагарӣ, агар чунин амалҳо бо роҳи истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он, иғвоандозӣ, нобудсозии амвол ё зараррасонӣ ба он ё бо роҳи фиреб анҷом дода шуда бошад, муқаррар кардааст.

Албатта, Тоҷикистон дар сатҳи сиёсӣ ва қонунгузорӣ дар роҳи решакан сохтани зӯроварӣ нисбат ба занон тадбирҳои ҷиддӣ андешида, қадамҳои устувор ба пеш мегузорад, вале ин сиёсат танҳо вақте натиҷа медиҳад, ки ҳамаи институтҳои ҷамъиятии имконпазир, оила ва аҳли ҷомеа ба ин кор ҷалб гарданду фаъолона амал кунанд. Тавре мебинем, амалияи табъизӣ ва зӯроварӣ нисбат ба занон пеш аз ҳама натиҷаву оқибати ҳолатҳои манфии ҷамъиятӣ, таассубу хурофот нисбат ба мавқеи зан дар ҷомеа мебошад. Занҳо аз дифои ҳуқуқҳои худ бо ворид сохтани ҳуқуқҳои муҳиме ба онҳо чун ҳуқуқ ба қадру қимат, номус, шаъну эътибор ва дахлнопазирии шахсӣ набояд тарсанд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *