Фанни Ҳуқуқи инсон

Махсусиятҳои адолати судӣ нисбат ба парвандаҳои ноболиғон аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои адолати судӣ нисбат ба ноболиғон

Тартиби баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Низомнома дар бораи Комиссияи оид ба корҳои ноболиғон (соли 1995), Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бограи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (соли 1985) ва Кодекси ҷиноятӣ- просессуалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1961) муайян карда мешавад.

Ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон бо фасли 5-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан ба махсусияти шахсияти ноболиғ муайян гардида, дар боби 14-и кодекси мазкур муфассал баён карда шудааст.

Ҳангоми истифодаи асосҳо ва принсипҳои умумии ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон хусусиятҳои махсуси онҳо, аз ҷумла синнусолӣ, рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ, шароитҳои тарбия ва дигар хусусиятҳои шахсияти онҳо ба инобат гирифта мешаванд. Чун қоидаи умумӣ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғонро аз синни 16-солагӣ муқаррар менамояд, аммо аз рӯи ҷиноятҳои вазнине чун куштор, дуздидани одам, таҷовуз ба номус ва ғайра ҷавобгарӣ аз синни 14-солагӣ фаро мерасад.

Махсусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон дар масъалаҳои навъҳои ҷазо (моддаи 87), таъин кардани ҷазо (моддаи 88), озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ (моддаи 89), озод кардан аз ҷазо (моддаи 90), иваз кардани ҷазо бо ҷазои нисбатан сабук (моддаи 92), мӯҳлати адо кардани ҷазои судӣ (моддаи 94), ҷиноятҳои ретсидивӣ (моддаи 21), ҳолтҳои сабуксозандаи ҷавобгарӣ (моддаи 61) зоҳир мегардад.

  1. Махсусиятҳои истеҳсолоти судии ҷиноятӣ

нисбат ба ноболиғон

Тартиби кушодан, тафтиши пешакӣ, таҳқиқ ва баррасии судии ҷиноятҳои ноболиғон бар фарқият аз калонсолон баъзе хусусиятҳои хос дорад. Масалан, иштироки ҳимоятгар ҳангоми таҳқиқи ҷиноятҳо аз рӯи парвандаҳои ноболиғон ҳатмист (моддаи 51-и Кодекси ҷиноятӣ-просессуалӣ), дар мавриди пурсиши ноболиғони то 16-сола бояд иштироки омӯзгор таъмин карда шавад (моддаи 150). Тафтиши ҳама гуна парвандаҳои ҷиноятии ноболиғонро мақомоти корҳои дохилӣ мебарад. Чунки мақомоти мазкур хадамоти махсусе дорад, ки таъиноташон кор бо ноболиғон буда, онҳо бо ҳаёти ноболиғон аз наздик шиносанд (моддаи 122-и КҶП).

Агар нисбат ба ҷиноятҳои содиркардаи калонсолон исбот кардани панҷ ҳолати содир кардани ҷиноят, (чун рӯйдоди ҷиноят (макон, усул ва дигар ҳолатҳои содир гардидани ҷиноят); гунаҳкорӣ ва сабаб ё мақсади ҷиноят; ҳолатҳои ба дараҷа ва характери ҷавобгарии айбдоршаванда таъсиррасонанда, инчунин ҳолатҳои дигари тавсифбахшандаи шахсияти айбдоршаванда; характер ва ҳаҷми зарари аз ҷиноят расида ва сабабҳо ва ҳолатҳои ба содир гардидани ҷиноят мусоидаткарда) талаб карда шавад, нисбати парвандаҳои ноболиғон бояд ба таври аниқ якчанд ҳолати иловагӣ: синну соли ноболиғ, шароитҳои зиндагӣ ва тарбия, мавҷудияти калонсолони таҳрикгар (моддаи 61-и КҶП) муқаррар гарданд.

Навъ, тартиб ва шарту шароитҳои истифодаи чораҳои дастгиркунӣ нисбат ба ноболиғон, аз ҷумла ҳабс кардан низ махсусиятҳои худро доранд. Масалан, агар масъалаи ба ҳабс гирифтани ашхоси калонсол ба миён ояд, прокурор вазифадор нест, ки ҳар кадоме аз онҳоро пурсад. Вале агар масъалаи ба ҳабс гирифтани ноболиғ пайдо шавад, прокурор вазифадор аст, ки ӯро пурсад ва ҳолатҳои кори ҷиноиро аз худи ноболиғ фаҳмида гирад.

Кодекси ҷиноятӣ- просессуалӣ талаб менамояд, ки ҳаддалимкон парвандаи ҷиноии ноболиғ ҷудо карда, бо истеҳсолоти алоҳида таҳқиқ карда шавад.

Баррасии судии парвандаҳои ҷиноятии ноболиғон низ бояд бо дар назардошти хусусиятҳои синнусолии онҳо сурат бигирад. Масалан, КҶП дар мурофиа ҳатман иштирок доштани намояндагони қонунии ноболиғро (волидон, парасторон), ки онҳо соҳиби баъзе ҳуқуқҳои просессуалӣ, масалан, чун иштирок дар таҳқиқи далелҳо, пешниҳод кардани далелҳо, дархост намудан, рад кардан ва ғайра мебошанд, пешбинӣ менамояд. Ҳангоми баровардани ҳукм нисбат ба ноболиғ дар ҳолатҳои шартан маҳкум кардан, истифодаи чораҳои ҷазои бо маҳрум кардан аз озодӣ алоқаманд набуда ё мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм суд вазифадор аст масъалаи зарурати ба ноболиғ таъин кардани мураббии ҷамъиятиро муҳокима кунад.

Ба ин тариқ, барои таъмини вазъи беҳтари ноболиғони дучори таъқиби ҷиноятӣ гашта Кодекси ҷиноятӣ-просессуалӣ баъзе бартариҳои просессуалӣ муқаррар менамояд, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои ноболиғон кӯмак мекунанд.

? Ба андешаи Шумо, нисбат ба ноболиғон кадом чораҳои ҷазои ҷиноятӣ метавонанд пурсамар бошанд?

  1. Ҷавобгарии маъмурии ноболиғон

ва махсусияти просессуалии он

Амалисозии раванди маъмурии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ноболиғон бо Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (соли 1985) танзим мегардад. Мутобиқи ин Кодекс ба ҷавобгарии маъмурӣ шахсе кашида мешавад, ки вақти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба синни 16 расидааст.

Нисбати ашхоси аз 16 то 18 солаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда чораҳое андешида мешаванд, ки дар Низомнома дар бораи Комиссияи кор бо ноболиғон муқаррар гардидаанд. Ҳангоми баррасии парвандаҳои маъмурии ноболиғон қарори дахлдор бо дар назардошти характери ҳуқуқвайронкунӣ ва шахсияти ноболиғ ( моддаи 13-и Кодекс) қабул карда мешавад.

Солҳои охир дар мамлакати мо масъалаи имконпазирии ҷорӣ намудани механизмҳои комиларзиши адлияи ювеналӣ (адолати судӣ барои ноболиғон) муҳокима мешавад.

Зери мафҳуми «адлияи ювеналӣ» низоми махсуси адлияи судӣ барои ноболиғон, низоми сохторҳои давлатӣ (мунисипалӣ) ва ташкилотҳои ғайридавлатии якҷоя амалкунанда бо мақсади ташаккул ва фаъолияти низоми томи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак фаҳмида мешавад.

Яке аз принсипҳои асосии ин низом кӯшиш ба иваз намудани ҷазои маҳрумият аз озодии ноболиғон аз ҷумла, бо роҳи истифодаи чораҳои алтернативии ҷазо чун корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ мебошад. Ба адлияи ювеналӣ, масалан, судҳои махсуси ювеналӣ дохил мешаванд, ки парвандаҳои яке аз иштирокдорони кӯдак (ноболиғ) буда ва дигар хадамоти гуногуни иҷтимоиро баррасӣ мекунанд. Бартарии адлияи ювеналӣ аз он иборат аст, ки вай имконият медиҳад ба андозаи пурра махсусияти истеҳсолотро нисбат ба ноболиғон бо фарогирии судҳои махсус тайёркардашуда, қоидаҳои махсуси амал кардан ва ғайра — ҳамаи он чи ки ба манфиати рушди ҳар чи бештари кӯдак ва ҳифзи ӯ аз ҳама гуна таъсиррасонии нохуб инъикос намояд, амалӣ созад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: адолати судӣ нисбат ба ноболиғон, махфияти истеҳсолоти судӣ нисбат ба ноболиғон, баррасии таъхирнопазири парвандаҳои ноболиғон, ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурии ноболиғон, адлияи ювеналӣ.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *