Фанни Фархангшиноси

Ҳудуду чаҳорчўбаҳои фарҳангӣ ва аҳамияти онҳо барои фарҳанг

Зиндагии одам дар ҷомеаи худӣ ҳамеша тобеи қоидаҳои муайяне мебошад , ки  тарзи ҳаёти рӯзмарраи  ӯро танзим месозанд . Дар асоси ин қоидаҳо ҳар як фарҳанг нисбати рафтори шоистаю ношоиста  нуқтаи назари худро дорад. Дар ҳар як фарҳанг сохторҳои ҳудудии ӯҳдадориҳои ҳатмӣ , ки роҳандозии онҳо ба иродаи соҳибфарҳанг тобеъ набуда , ҳатмӣ шумурда мешавад ва рафори ҷайриқобили қабул , ки содир накардани онҳо низ  аз нуқтаи назари ин ё он фарҳанг ҳатмист , созмон ёфтаанд. Ин сохторҳои ҳудудии ӯҳдадориҳои ҳатмӣ, тарзи рафтори одамро дар ин ё он вазъият  танзим намуда , чаҳорчӯбаи рафторҳои шоистаю ношоистаро муайян месозанд.  Ин маънои онро дорад , ки муошират байни одамон ба таврҳои гуногун  танзим гардидаанд , ки тобеи ин ё он шарту қоидаю қонуни фарҳангӣ мебошанд. Шаклу тарзҳои гуногуни муоширати байни одамон  низ, дар чаҳорчӯбаи ҳудудҳои фарҳанг, танзим гардидаанд , ки  чи тавр  бо ҳамдигар муошират намудани одамони калонсолу хурдсол , одамони аз ҷиҳати сатҳи мансаб гуногун , марду зан , одамони соҳиб маърифат  ва одамони аз одобу хирад орӣ , одамони хориҷӣ ва амсоли инҳоро муайян менамоянд. Айни замон ба назар мерасад ,   қонуну қоидаю ӯҳдадориҳои худ аз худ дар раванди марҳилаҳои ҳаётӣ сохторёфта , нисбати қонунҳои ҷорӣ таъсироти бештареро дар ҳаёти ҷомеа касб намудаанд.

Одатан ,  инсон аз оҷози фаъолияти фарҳангӣ  , муҳтоҷи танзими рафтор ва муошират бо одамони дигар мебошад. Сабаби ногузир будани ин равади ҳаётӣ он мебошад , ки маҳсулоти модии фарҳанг , ки эҷоди инсон мебошанд, фақат ҳудудҳои  лаёқати ононро нишон медиҳанд , лекин онҳо дар муайян намудани тарзу  чигунагии рафтори одамон мавриди робитаю муошират бо ҳамдигароҷизанд. Бинобар ин ҳангоми сохтор ёфтани арзишҳои фарҳангӣ , дар баробари онҳо , талаботу ӯҳдадориҳои рафтор , ки  танзиму роҳандозии ин арзишҳоро таъмин менамоянд , инчунин гуногунии муоширати байни одамонро низ танзим месозанд. Аввалан онҳо қоидаҳоеро рӯи кор оварданд , ки рафтори одамонро танзим месохтанд , ки баъдан дар  соҳаҳои  мухталифи илмӣ , номи ҳудудро соҳиб гардидаанд. Аз оҷоз ҳудудҳо чун нишондоди амали- дар куҷо , чи тавр , кай  ва чи корҳоро дар зиндагии рӯзмарра одамон иҷро намоянд ,хизмат менамуданд. Ҳудудҳои мухталиф  дар рафтори рӯзмарраи одамон , сатҳҳои гуногуни таъсиротро доро буданд ва бархе аз онҳо , ки таъсиру аҳамияти зиёдтареро дар ҳаёти одамон касб намуданд , аз тарафи умум ,  қабулу пазируфта гардиданд.

Дар раванди  таърихи инсоният аз тарафи фарҳангҳои мухталиф  шумораи зиёди ҳудудҳои гуногуни рафтору муошират сохтору созмон ёфтаанд. Вобаста ба тарз , хусусият , мақсад , татбиқ ,иҷроиши ҳатмиашон ҳамаи ҳудудҳои мухталифи рафтор ба гуруҳҳои зерин ,- урфу одатҳо,  суннатҳо , қонуну қоидаҳо , маросимҳо ва шинохтҳо ҷудо гардидаанд.

Яке аз аввалин танзимкунандагони рафтори инсонӣ шинохтҳо мебошанд , ки онҳо барои ба низом даровардани рафтори одамон , тарзҳои роҳандозии арзишҳо , баҳодиҳӣ ба шаклҳои гуногуни муошират ва амсоли инҳо равона гардида буданд. Аз ҳамаи ҳудудҳои фарҳангӣ , — шинохтҳо пешрафтатар ва бештар мавриди истифода қарордоштае буданд , чунки барои танзими ҳаводису рафторҳои ҷорӣ кор фармуда мешуданд. Шинохтҳо – баҳои маънавииин ё он шакли пазируфтаи рафтори шахсӣ ва дигар одамон  мебошанд.  Таҳти таъсири ин ҳиссаи  ҳудудҳои фарҳангӣ , шаклҳои рафторе қарор мегиранд , ки дар ин ё он ҷомеа роҳандозӣ гардидаанд ва метавонанд мавриди баҳодиҳии маънавӣ қарор гиранд.  Бо назардошти ин хусусиятҳои худ  шинохтҳо иҷрои филфавру таъҷилии худро талаб наменамоянд ва ҷавобгарӣ мавриди  иҷро нанамудани онҳо  нисбати дигар ҳудудҳо  дар маҷмӯъ камтар аст. Ин ҷавобгарӣ хусусияти нисбӣ дорад , чунки танбеҳ барои роҳандозӣ нашудани шинохтҳо метавонад гуногун бошад – аз назари маънидорона то ҳукми қатл , лекин ҷазои бештар дар ин маврид татбиқ мешудагӣ танбеҳи шифоҳӣмебошад. Масалан агар шумо  мавриди хурдани хуроки нисфирӯзӣ дар иҳотаи одамон ба садои нобоби фашар- фишур роҳ диҳед , он гоҳ мумкин аст , ки ба тарафи шумо фақат нигоҳҳои маънидоронаи одамони ин зуҳуроти манфии шуморо шунида , равона мегарданд. Лекин дар баъзе фарҳангҳо ин зуҳурот манфӣ  шумурда намешавад ва ба он аз тарафи аҳли ҳузур умуман эътибор дода намешавад.

Байни дигар шаклҳои ҳудудҳои фарҳангӣ  урфу одат бештар маъмулу таъсирбахш мебошанд. Урфу одат –намунаҳои роҳандозишудаи дастҷамъии рафтор , қоидаҳои муқараргардидаи рафтори намояндагони фарҳанги алоҳида мебошанд. Таъсироти урфу одат асосан ба соҳаи шахсӣ-фардии ҳаёти одамон бештар мебошад. Урфу одат  бо хусусиятҳои хоси худ  барои танзими муоширати байниҳамдигарӣ ва робитаҳои хусусиятҳои берунидошта  , аслан муошират бо наздикон ва хешони дур , бо шиносону ҳамсояҳо , рафтори ҷамъиятии инсонҳо дар ҳудуди берун аз хонаи худ , одоби ҳаётии рафтор бо шиносу ношиносҳо ва амсоли онҳо мавриди истифода қарор меёбанд.

Хусусияти танзимгарии урфу одат дар он зуҳур меёбад , ки онҳо тарзи роҳандозишудаи қатъии рафторро дар вазъиятҳои муайян пешниҳод месозанд. Урфу одат дар давраҳои муайян, чун шаклҳои суннатии рафтор , ки тавассути онҳо барқарории фарҳанг таъмин мегардад ,  арзи вуҷуд намудаанд. Барои ин хусусиятҳоро касб намуданашон ҳамаи аъзоёни ҷомеа манфиатдор буданд ва кӯшиш менамуданд , ки онҳоро ҳифз намуда вориди сохтори фарҳанг созанд. Бинобар ин бештари урфу одатҳо бо гузашти асрҳои зиёд  мавриди таҷир  қарор наёфтаанд.

Дар ҳар як фарҳанг гуруҳи урфу одатҳои худӣ сохтор меёбанд , ки барои танзими ҳамаи ҷиҳатҳоиробитаҳои рузмарраи одамон равона мегарданд. Ин ё он урфу одат  ҳамеша бо вазъияти  алоҳидаи  баамаломада алоқаманд аст. Бинобар ин хусиятҳои хоси урфу одат мувофиқи тарзи ҳаёти ҷомеа сохтори ҷомеавии он  дар мутобиқат арзи вуҷуд намудаанд. Аз ин сабаб  урфу одати  дар назари аввал якхелаи фарҳангҳои гуногун мазмуну мундариҷа ва маъноҳои гуногунро касб намудаанд. Барои ин гуногунии муносибат ба ҷинсияту маросимҳои тӯю заношавҳарӣ дар фарҳангҳои мухталиф мисол шуда метавонад.

Маросими  издивоҷу тӯю сур шаклҳои гуногуни зуҳури худро доранд. Имрӯз дар Амрикои Ҷанубӣ табиист , ки ҳангоме , ки ҷавон бо духтаре дил баста бо ҳам издивоҷ менамоянд . Бе шакку шубҳа чунин тӯй ягон хусусияти ҷайриодие надорад . Дар бисёре аз мамолик шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маросими оддии тӯй ҳатмӣ мебошанд , лекин дар муқоиса ба дигар фарҳангҳо ин амалҳо ба қавле аз нӯги хамир фатир мебошанд . Барои иддае аз халқҳо ба мувофиқа омадани сарварони оила дар масъалаи издивоҷи ҷавонон расм гардидааст. Чунончи дар Юнони қадим ва то гузаштаи на он қадар дур дар Хитой , домоду арӯсшаванда то рӯзи тӯй ҳатто ҳуқуқи маънавии дидани ҳамдигарро надоштанд. Дар  ҷомеаи Ҷарб  бо тақозои шиносоии мукаммалу ишқу ошиқиаш, духтар  аз бе ризоияту ширкати ӯ,  ҳуқуқи маънавӣ надоштанаш мавриди роҳандозии издивоҷ , ба ваҳшат меомад. Дар дигар фарҳангҳо издивоҷи духтар тариқи муайян намудани қалин , ки тарафи домод барои фароҳам оварданаш бидуни чуну чаро розӣ аст , чун ҳудуди фарҳангӣ шинохта шудааст. Дар ҳамбастагӣ бо урфу одати ҷомеаи алоҳидаи Африқо низ ба кӯча баромадани зану шавҳари оянда то маросими тӯй , ҷайриахлоқӣ шумурда мешавад.

Сохтори низомҳои гуногуни рафтори одамон ҳамҳангом бо тараққиёт ва мушкилоти робита бо муҳити атроф арзи вуҷуд намудаанд. Ба андозаи бархӯрдорӣ аз таҷрибаи фарҳангию маишӣ андӯхта , шаклҳои устувори рафтор рӯи кор омадаанд , ки ба воситаи онҳо  рафтори муввафақонаю шоистаи гурӯҳи одамон , дар ваъиятҳои гуногун танзим мегардиданд.  Ин шаклҳои рафтор, бо хусусияти ба таври рӯзмарра мавриди истифода қарор доштанашон ва чандин бор  дар амал санҷида шуданашон аз насл ба насл гузаштаанд , ки дар натиҷа онҳо хусусияти чун расму русум ҷорӣ шуданро касб намудаанд ва ин боис гардид , ки шакли нави ҳудуди фарҳангӣ — расму русум арзи вуҷуд намоянд. Аввалан ин вожаҳо, яъне расму русум  маънои«интиқолшуда»-ро касб намуда , чун ифодагари хусусиятҳои хоси гузаштагон дар фарҳанг ҳисобида мешуд.  Дар ҷаҳони муосир вазифаи расму русум, танзими робитаҳои шахсию гурӯҳӣ инчунин  интиқоли таҷриба аз насл ба насл мебошад. Аслан расму русум   маҷмӯи маъниҳои фарҳангии шифоҳӣ , ки дар худ намунаҳои рафтори маишии одамонро бо  тарзҳои гуногуни сохторҳои ташкилии маишӣ ,  низому алоқа ҷунҷонидаанд , мебошанд.

Расму русум  дар соҳаҳои мухталифи ҳаётии одамон , мавқеи хосса доранд. Дар маҷмӯъ, онҳо  шаклҳои устувори рафтори одамонро дар мавридҳои гуногуни ҳаётӣ ва вазъиятҳои гуногун  танзим намуда , аҳамияти  муҳими махсусеро доро мебошанд. Хусусияти хоси расму русум, ӯҳдадории истифодаи ҳатмии ин намунаҳою шаклҳои рафтор , ки иҷрои онҳо  яке аз шартҳои муҳими зидагии ҷомеавии инсон мебошад , ба ҳисоб мераванд. Ин шакли танзими маишӣ, ҳиссаҳои сабаби пайдоиш , маъною маъвои рафторро истисно менамоянд, яъне онҳо одатан , ба таври ҷайричашмдошт худ аз худ риоя мегарданд.

Дар ҳар  маврид, одатан намояндагони ҳар як фарҳанг , тавре ба назар мерасад , бояд ба таври қатъӣ шаклҳои танзимшудаи рафторро иҷро намоянд ,яъне дар такя  ба дарки эътиқодиашон тасдиқ созанд;-« ки гузаштагони мо маҳз ҳамин тавр рафтор менамуданд , чунин расм гардидааст» ва амсоли инҳо .

Худ аз худ ба таври филфавр  дар доираи  расму русум рафтор намудан ,  дар натиҷаи  ба таври  оддӣ иҷро намудани  ҳудудот ва дигар талаботи рафтори намояндагони ин ёон фарҳанг роҳандозӣ мегардад. Барои мисол раванди хариду фурушро мегирем. Дар мамолики Аврупо  дар вақти хариди мол робитаи фурушанда ва харидор тариқи нархҳои устувор муайян мегардад. Дар баъзе мавридҳо ин ҷо муайянкунию мувофиқаи нарх ба вуҷуд меояд лекин ин истисно аст  , на қоидаю расму русум. Айни замон хариду фуруш бо нархи ноустувор яке аз хусусиятҳои доираҳои хариду фуруш дар мамолики араб мебошад. Он ҷо хариду фурӯш  дар як вақт раванди  байни муошираткунандагон  низ мебошад ва барои ин шакли ба машҷулияти фароҷатӣ ва эҳсосотии алоқамандро касб менамояд. Мисоли дигар расму русуми   ба хуроки нисфирӯзӣ таклиф намудани шиносону дӯстон ки дар бисёре аз мамолики Аврупо ва Осиё роҳандозӣ мегардад , шуда метавонад. Аммо дар Осиё  тавре расм гардидааст , баъди ношто , хайрбодӣ ва рафтан ба вуқӯъ мепайвандад. Агар касе чунин рафтор нанамояд ин маънои онро ифода менамояд , ки вай боз меҳоҳад тановул намояд. Лекин агар  дар Аврупо ё Амрикои  шимолӣ чунин рафтор суръат гирад   ин маънои беҳурматӣ ва беэҳтиромиро касб менамояд. Ин тарзи рафтор  чунин ба назар мерасад ки шумо ба ин васила  ба ин ё он хона , бо мақсади хӯрдани хурок омадаед.

Яке аз  шаклҳои гуногуни расму русум маросимҳо мебошанд , ки маънои ҷиҳатҳои мушахасси расму русуми динӣ ва маиширо ифода менамоянд. Хусусияти асосии фарқкунандаи онҳо  умумият мебошад , на интихоби ҷудогона ,-  барои ҳамин доираи таъсири маросимҳо дар доираи гуруҳи маишӣ набуда , вай мутаалиқи тамоми намояндагони  ин ё он фарҳанг мебошад. Чун қоида  маросимҳо , лаҳзаҳои муҳими ҳаёти инсонро ҳамраҳӣ  доранд , ки бо таввалуди кӯдак , тӯй , ворид шудан  ба муҳити нави фаъолият , гузаштан ба марҳилаи дигари синну сол , марг ва амсоли инҳо алоқамад мебошанд . Бо вуҷуди ин маросимҳои диние , ки асосан  бо  истифодабарии таом алоқаманданд , бештар паҳншуда мебошанд. Комилан собит гардидааст , ки дар бисёре аз динҳои аҳди қадим суннати қурбонӣ тавассути таом роҳандозӣ мегашт вале дар динни христианӣ  ин маросим бо майю нон алоқаманд аст. Ин ҷайричашмдошт нест . Чунки  таом  яке аз маводи асосӣ дар ҳаёти инсон мебошад .  Бинобар ин , дар ҳар як фарҳанг вай маъниҳои ботинӣ ва таҷассумиро касб намудааст. Дар маҳилаҳои аввали раванди ташаккули фарҳанг , таом барои одам на танҳо барои рафъи гуруснагӣ , балки  тарзҳои муносибат  ба муҳити гирду атрофро пеш меовард. Тавре онҳо фикр мекарданд , қувваи ҳайвоне ки гӯшташ истеъмол мегардад ба  ҷисми одам мегузарад ва сабзавоту меваҳо низ мувофиқи  фаҳмишашон қувваи заминро ба ҷисми онҳо интиқол медиҳанд.Чунин маъноҳои таҷассумӣ ва тимсолӣ маъноҳои маросимҳои динии асоси маросимҳои динӣ аз зумраи қурбонӣ ва амсоли онро ифода менамуданд.

Дар баробари маросимҳою урфу одатҳо , ҳиссаи алоқаманди ҳар як фарҳанги тамоми халқҳои олам  қонуну қоида мебошанд , ки маҷмӯи  қонуну қоидаҳои қатъии рафтор ки аз тарафи давлат низ эътироф гардида , дар шакли ҳудудҳои муайян сохтор ёфтаанд.Таҷассуми қоидаҳо , иҷозат надодани ин ё он амал дар рафтори одамон мебошад. Қ оидаҳо ифодагари мувофиқати дастҷамъии одамон  оиди шаклҳои рафтор мебошанд. Ин қоидаҳо барои ҳамагон ҳатмӣ буда иҷрои онҳоро давлат назорат менамояд.  Қ оидаҳо дар ҳамаи  соҳаҳои зиндагӣ мавриди роҳандозӣ қарор мегиранд; онҳо истеҳсолот ва тақсими маҳсулотро байни одамон ,муносибатҳои байниҳамдигарӣ ,  робитаю муошират ва алоқаи байни халқҳоро танзим менамоянд.

Бо хусусияти қатъии ҳудудии худ қоидаҳо аз урфу одатҳо  фарқ менамоянд , киба воситаи онҳо тарзи пазируфтаи рафтор, амалҳои ҳаммонанд , ки онҳо одатан ба вуқӯъ мепайванданд,  танзим мегарданд. Лекин ба гуногунии хусусият нигоҳ накарда, сарфи назар аз онҳо, қоидаҳо ва урфу одатҳо  бо ҳам алоқаманд мебошанд. Масалан тариқи қонуни Хитой шавҳар ҳуқуқ дорад , ки дар мавриди вафоти занаш дуюмбора издивоҷ намояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *