Год: 2017

  • Пурсиши хонандагон аз забони тоҷикӣ

    Пурсиши хонандагон дар дарсҳои забони тоҷикӣ низ аз лаҳзаҳои муҳим ба шумор меравад. Он ҳам мисли санҷиши вазифаи хонагӣ (санҷиши натиҷаи машқу супоришҳои хаттии додашуда) воситаи  ҳам санҷиши дараҷаи дониши назариявию шифоҳии хонандагон ва ҳам воситаи мустаҳкам намудани ҳамон донишҳои дар дарси гузашта омӯхтаи онҳо ба шумор меравад. Пурсиш, инчунин,…

    Муфассалтар »
  • Вазифаи хонагӣ аз забони тоҷикӣ

    Яке аз муваффақиятҳои ҷараёни таълим дар кори доимии омӯзгорон ба он ҳам вобаста аст, ки агар онҳо ба лаҳзаи супориши вазифаи хонагӣ ҳам эътибори ҷиддӣ диҳанд. Чунки дар ҷараёни таълим вазифаи хонагӣ яке аз қисматҳои муҳими таълими забони модарӣ маҳсуб меёбад.[1] Аз ин рӯ, методистон яке аз сабабҳои паст будани…

    Муфассалтар »
  • Дарси санҷиши дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон

    Ин навъи дарс, гарчи хели сеюми дарсҳои забони тоҷикӣ ҳисоб ёбад ҳам, ҳама вақт пас аз дарси такрори боби калон (ё чанд боби хурд), дар охири чорякҳо, пас аз такрори аввали сол ва такрори  солона (пас аз такрори пурраи фаслу бобҳои дар давоми соли хониш таълим додашуда), яъне дар охири…

    Муфассалтар »
  • Дарси мустаҳкам намудани дониш ва малакаи хонандагон

    Дар таълими забони тоҷикӣ ин хели дарс, яъне дарси мустаҳкам намудани дониши хонандагон, аз он ҷиҳат басо муҳим аст, ки маҳз тавассути самаранок ташкил намудани он дониши дар рафти баёни мавзӯи нав гирифтаи онҳо тадриҷан мустаҳкам гардида, оқибат, аз маҳорат ба малака табдил меёбад. Барои ҳамин ҳам, онро дарси мустаҳкам…

    Муфассалтар »
  • Баёни мавзӯи нав

    Баёни мавзӯи нав лаҳзаи асосӣ ва муҳими дарси додани дониши нав (ё худ дарси донишдиҳанда) аст, ки дар ҷараёни он ба хонандагон доир ба грамматика (морфология ва синтаксис), орфография ва аломатҳои китобат, фонетика, лексика, услубҳои нутқ ва ғайра маълумот дода мешавад. Вале омӯхтани маводи нав аз ин қисматҳои назариявии забони…

    Муфассалтар »
  • Сохту лаҳзаҳои дарсҳои забони тоҷикӣ

    Сохту лаҳзаҳои дарс ва тартиби ҷобаҷогузории лаҳзаҳои дарс ба ин ду масъала-мақсади дарс  ва  хусусияти мавзӯи дарс вобаста аст. Аз ин рӯ, агар муаллим мақсади ҳар як дарс ва хусусияти мавзӯъ ва ё маводи онро ба назар гирад, тарз ё усули ташкил ва гузаронидани онро ҳам дуруст муайян мекунад. Бояд…

    Муфассалтар »
  • Хелҳо (типҳо)-и дарси забони тоҷикӣ

    Шаклҳои кор ё худ системаи машғулиятҳо дар мактаб доир ба ҳар як фанни таълимӣ, аз ҷумла марбут ба таълими забони тоҷикӣ ба навъҳои зерин ҷудо карда мешаванд: а) машғулиятҳои синфӣ, ки дар шакли дарс гузаронида мешаванд; б) машғулиятҳои факултативӣ, ки махсус, вале бо шумораи на камтар аз 11-12 нафар хонандагоне,…

    Муфассалтар »
  • Истифодаи воситаҳои техникӣ

    Истифодаи воситаҳои техникӣ – магнитофон, радио, телевизор, филмҳои таълимӣ, кодоскоп, эпидиоскоп, патифон, диафилмҳо ва компютер дар дарсҳои забони тоҷикӣ мисли аёнияти графикии таълим (таблитса ва схемаҳои гуногун) нақши муҳимеро доро буда, барои аёнӣ ва ҳам шавқовар ташкил намудани машғулиятҳо имкониятҳои хубро фароҳам оварда, дар баланд бардоштани фаъолияти забономӯзии хонандагон, ба…

    Муфассалтар »
  • Истифодаи варақчаҳо (карточкаҳо)

    Ба ҷуз аз машқҳои дар китоби дарсӣ буда дар дарсҳои забони тоҷикӣ аз варақчаҳо ё худ карточкаҳо ҳам самаранок, вале ба маврид истифода бурдан мумкин аст. Яъне тавассути истифода аз варақчаҳо мазмуну мундариҷаи маводи ҳар як параграфи ба мавзӯи дарс дахлдор васеътар фаро гирифта шуда, ҳамзамон,  донишҳои назариявии хонандагон амалан…

    Муфассалтар »
  • Методикаи кор бо китоби дарсӣ

    Методи кор бо китоби дарсӣ ё худ исифодаи китоби дарсиро ба хонандагон омӯзонидан, умуман, яке аз вазифаҳои аввалини омӯзгорон, алалхусус, вазифаи муаллими забони тоҷикӣ ҳам ба шумор меравад. Ин нукта ҳар доим дар баромаҳои таълими забони тоҷикӣ низ таъкид ёфта меистад. Аз ҷумла, дар «Макуби эзоҳӣ»-и барномаи соли 1973 чунин…

    Муфассалтар »
  • Интихоби матн барои таҳлили грамматикӣ

    Барои таҳлили грамматикӣ калима, ибора, ҷумлаҳои ҷудогона ва матни алоқаманд, ки аз якчанд ҷумла иборат бошад, интихоб карда мешавад. Ҳар як мисоле, ки барои таҳлили грамматикӣ интихоб карда мешавад, бояд аз ҳар ҷиҳат — ҳам аз ҷиҳати маънову мазмун, ҳам мавзӯъ, ҳам услуб ва ҳам аз ҷиҳати методӣ санҷида шавад.…

    Муфассалтар »
  • Методи таҳлили  забон

    Дар заминаи истифода аз ин  метод ҳама вақт  ин ё он ҳодисаи забон чи дар  алоҳидагӣ ва чи дар таркиби ибора ё ҷумла ва чи  дар матн  мавриди муҳокима қарор мегирад. Бояд донист, ки дар рафти чи истифода аз усули мушоҳида  ва чи усули таҳлил ҳодисаҳои гуногуни забон муайян ва…

    Муфассалтар »
  • Методи таҳлили забон

    Дар заминаи истифода аз ин метод ҳама вақт ин ё он ҳодисаи забон чи дар алоҳидагӣ ва чи дар таркиби ибора ё ҷумла ва чи дар матн мавриди муҳокима қарор мегирад. Бояд донист, ки дар рафти чи истифода аз усули мушоҳида ва чи усули таҳлил ҳодисаҳои гуногуни забон муайян ва…

    Муфассалтар »
  • Усули муқоиса дар таълими забони тоҷикӣ

    Муқоиса ё худ муқоисакунӣ яке аз усулҳои (приёмҳо) — и таълим ва ҳам амалиёти фикрӣ ба шумор меравад.[1] Ба фикри акад. А.В. Текучев, «Муқоиса ва муқоисакунӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини дарк намудани, умуман ҳақиқату воқеият, аз ҷумла, дар омӯзиши забон ҳам дониста мешавад.»[2] Ба ифодаи дигар, муқоисаи ҳодисаҳои лексикӣ, фонетикӣ,…

    Муфассалтар »
  • Методи сӯҳбат

    Сӯҳбат, ё ки саволу ҷавоб, яке аз методҳоест, ки дар дарсҳои забони тоҷикӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Ин методи таълим дар ҳамаи типҳо(хелҳо) — и дарс – ҳам дар дарси додани дониши нав (дар лаҳзаи баёни мавзӯи нав), ҳам дарси мустаҳкам намудани дониш (марбут ба як дарси гузашта)…

    Муфассалтар »
  • Методи нақли муаллим

    Методи нақли муаллим ё сухани ӯ барои баёни мавзӯи нав, ҳангоми ҷавоб додан ба саволҳои хонандагон ва дар дарсҳои ба ном такрори умумии маводи гузашта доир ба як боби калон ё чанд бобу фасли хурд ва дар дарсҳои такрори аввали сол ва солона (дар охири соли таҳсил) зарурат дорад. Дар…

    Муфассалтар »
  • Барнома ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ

    Барномаи забони тоҷикӣ чун ҳамаи барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳуҷҷати давлатӣ ба ҳисоб рафта, пурра таълим додани маводи дар он нишондодашуда ва қатъӣ риоя намудани талаботи он, пеш аз ҳама, ба ҳар як омӯзгори ин фан шарт ва ҳатмист, ҳатто дар чунин ҳолатҳо ҳам: а) агар ба ягон мавзӯи…

    Муфассалтар »
  • Аз таърихи методикаи таълими забони тоҷикӣ

    Ҳар як омӯзгори забони тоҷикиро лозим аст, ки бо назарияи таълими забони модарӣ шиносоии амиқ дошта бошад. Дар ин бобат, пеш аз ҳама, барои ӯ донистани мероси методии гузаштагон марбут ба вазъи ҷараёни пайдоиш ва таҳаввулоти методу усулҳои таълими забони тоҷикӣ шарти аввалиндараҷа ба шумор меравад. Зеро донистани мероси методӣ,…

    Муфассалтар »
  • Алоқаи методикаи таълими забони тоҷикӣ бо фанҳои дигар

    Алоқаи методикаи таълими забони тоҷикӣ бо фанҳои дигар Фанни методика, азбаски ба силсилаи фанҳои педагогӣ маҳсуб аст, чун педагогика предмети ҷамъиятӣ ҳам ба шумор меравад. Аз ин рӯ, методикаи таълими забони тоҷикӣ, сараввал, бо фанҳои ҷамъиятӣ (философия, забоншиносии умумӣ, забони адабии ҳозираи тоҷик, шевашиносӣ, педагогика ва таърихи он, психология, адабиёт…

    Муфассалтар »
  • Предмет, вазифа ва мақсади методикаи таълими забони тоҷикӣ

    Фанни методикаи забони тоҷикӣ чун методикаи таълими фанҳои дигар ба зумраи фанҳои педагогӣ[1] мансуб буда, барои омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таълими самараноки забони тоҷикӣ ва  дониши амиқ додан ба хонандагон аз ин фан яке аз воситаҳои пурзӯр ба шумор меравад. Чунки он–методикаи таълими забони тоҷикӣ — ба…

    Муфассалтар »
  • Саволномаи тести аз фанни «Консепсияхои табиатшиносии муосир»

    1.Ба илмҳои табиатшиносӣ кадом фанҳо дохил мешаванд? -A) Адабиёт,забон,кимиё,биология; -B) Таърих,забон,кимиё,биология,астрономия; +C)Физика,математика,кимиё,биология,география,астрономия,геология,экология; -D) Экология, биология,фалсафа,забон,география; -E) Фалсафа,забон,география; 2.Маданият чист? -A) Маданият аз калимаи юнонӣ «Cultura» гирифта шудааст ва маънои парваридан,тарбия,маълумотро дорад; +B) Маданият аз калимаи лотинӣ «Cultura» гирифта шуда ва маънои парваридан,тарбия,маълумот, инкишоф, эҳтиромро дорад; -C) Маданият аз калимаи арабӣ…

    Муфассалтар »
  • Назария ва амалияи кори иҷтимои

    Адабиёт: 1. Баҳромбеков В., Миров Ф. Асосҳои сотсиология. — Душанбе: “Матбуот”, 2015. 2. Баҳромбеков В.A., Зеваров Х., Миров Ф. ва диг. Муқаддимаи кори иҷтимоӣ. –Душанбе,2011. 3. Кори иҷтимоӣ: Фарҳанги мухтасари энсиклопедии тоҷикӣ-русӣ.-Душанбе,2010. 4. Новикова К.Н. Социология социальной защиты населения. — М.: РГСУ, 2013. Мафҳумҳои калидӣ: “Сотсиология”, “объект”, “предмет”, “категория”, “қонун”,…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми “умумияти иҷтимои” ва таснифоти он

    Инсон аз лаҳзаи таваллуд то ба охири умр дар дохили умумиятҳои иҷтимоӣ зиндагӣ ва кору фаъолият менамояд. Дар сотсиологияи Шўравӣ (имрўз дар сотсиологияи русиягӣ) умумиятҳои иҷтимоӣ ҳамчун категорияи асоси таҳлили сотсиологӣ ба ҳисоб меравад. Њатто баъзе аз сотсиологҳо (масалан, А. Ядов) сотсиологияро илме меноманд, ки барқароршавӣ, рушд ва тағйироту дигаргуншавии…

    Муфассалтар »
  • Нақди равоншиноси

    Дар ин равияи нақд ҷаҳони ботинии адиб ва ҷанбаи психологии асар мавриди пажӯҳиш қарор мегирад. А.Зарринкӯб менависад, ки «Ин даста аз наққодон мекӯшанд ҷараёни ботини ва аҳволи дарунии шоир ё нависандаро идрок ва баён намоянд, қудрати таълиф ва истеъдод, таркиби завқ ва қариҳаи ӯро бисанҷанданд, нерӯи авотиф ва тахаюлоти ӯро…

    Муфассалтар »
  • Нақди иҷтимои

    Дар ин равияи нақд суханшинос ҷанбаи иҷтимоии асарро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад. Ба қавли А.Зарринкӯб «Дар равиши нақди иҷтимои таъсиреро, ки адабиёт дар ҷомеа дорад ва низ таъсиреро, ки ҷомеа дар осори адаби дорад мавриди мутолиа аст. Ба ибораи дигар дар назди ин даста аз наққодоне, ки дунболи ин шева…

    Муфассалтар »
  • Нақди адаби дар Русия

    Маънои луғавии «декадент» афтодарӯҳи аст. Як ҷараёни адаби, ки аввал дар Фаронса пайдо шуда, баъд дар тамоми мамлакатҳои Ғарб паҳн гардид. Дар ин ҷараёни адаби тарғиби афтодарӯҳи, ҳаёти он дунё, нафрат ба аҳли меҳнат, дури аз ҳаёти иҷтимои, бовари ба қувваҳои ғайритабии, санъат барои санъатвар мебошад. Дар асри нуздаҳам револютсионер-демократҳои…

    Муфассалтар »
  • Масъалаи мувозана

    Аз сарчашмаҳо ва осори адабию таърихи бармеояд, ки дар таърихи нақди адабии олам, аз замони Юнони Қадим сар карда, масъалаи мувозана яке аз масоилест, ки суханшиносон ва аҳли завқро борҳо ба муноқишаву моҷароҳо барангехтааст. Мувозана дар асли луғат чунин маъноҳоро дорост: «ҳамвазн кардан, санҷидани ду чиз, муқоиса кардан, овардани ду…

    Муфассалтар »
  • Масъалаҳои нақди адаби дар гузашта. Сирқат ва анвои он

    Имрӯз фанни нақди адаби аз нигоҳи дарбаргирии масъалаҳо қаламрави густурдаро соҳиб аст. Ноқид аз як асар масъалаҳои гуногунро ҷустуҷӯ менамояд. Аммо дар нақди асримиёнагии мо суханшиносон бештар ба ҷанбаи лафзи аҳамият медоданд. Дар баробари ин чанд масъалаи дигар ҳам вуҷуд дошт, ки сари он ҳам суханварон ва ҳам суханшиносон муноқишаву…

    Муфассалтар »
  • Нақди адабии форсу тоҷик дар асрҳои xiii-xv

    Новобаста ба вазъияти ноороми сиёси, яъне ҳуҷуми муғул адабиёт дар ин давра аз равнақ намонд ва бо вуруди суханварони маъруфе чун Мавлавии Руми, Аттори Нишопури, Саъди, Маҳмуди Шабистари, Амирхусрави Деҳлави, Ҳасани Деҳлави, Фахриддини Ироқи,Бадри Чочи, Носири Бухорои, Ҳофиз, Камол, Ҷоми ва дигарон адабиёт марҳилаи таҳаввул ва ташаккули дигареро пеш гирифт.…

    Муфассалтар »
  • Нақди адаби дар аҳди Сомониён ва Ғазанавиён

    Дар ин давраҳо адабиёт ташаккул ёфт ва нақди адаби ҳам маҳдуд ба сухансанҷиҳои шоирон дар мавриди ашъори худу дигар суханварон мебошад. Аз қадимтарин намунаҳои нақди адаби дар ин давра муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абӯмансури аст, ки онро куҳантарин намунаи мавҷуди насри форси мешиносанд. Дар он баҳси ҷолибе дар бораи «Шоҳнома» ва ривояту…

    Муфассалтар »