Фанни Накди адабӣ

Нақди адабии форсу тоҷик дар асрҳои xiii-xv

Новобаста ба вазъияти ноороми сиёси, яъне ҳуҷуми муғул адабиёт дар ин давра аз равнақ намонд ва бо вуруди суханварони маъруфе чун Мавлавии Руми, Аттори Нишопури, Саъди, Маҳмуди Шабистари, Амирхусрави Деҳлави, Ҳасани Деҳлави, Фахриддини Ироқи,Бадри Чочи, Носири Бухорои, Ҳофиз, Камол, Ҷоми ва дигарон адабиёт марҳилаи таҳаввул ва ташаккули дигареро пеш гирифт.

Илми адабиётшиноси ва нақди адаби илова бар сухансанҷиҳои суханварон, инчунин бо падид омадани асарҳои назариявие аз қабили «Ал-мӯъҷам»-и Шамси Қайси Рози, «Меъёр-ул-ашъор» ва «Асос –ул-иқтибос»-и Насириддини Тӯси, «Эъҷози хусрави»-и Амир Хусрави Деҳлави, «Меъёри ҷамоли ва мифтоҳи Абӯисҳоқи»-и Шамси Фахрии Исфаҳони (асри XIV), «Ҳақоиқ-ул-ҳадоиқ»-и Шарафиддин Ромии Табрези (асри XIV), «Рисолаи арӯз», «Рисолаи қофия» чаҳор рисолаи «Муаммо»-и Абдурраҳмони Ҷоми (асри XV), «Мизон-ул-авзон», «Маҷолис-ун-нафоис», «Муфрадот»-и Навои (асри XV), «Арӯзи ҳумоюн ё мизон-ул-авзон»-и Абдулқаҳҳор ибнии Исҳоқ (ба тахаллуси Шараф (асри XV), «Рисолаи «Ҷамъи мухтасар»-и Ваҳиди Табрези (асри XV), «Бадоеъ-ул-афкор фи саноеъ-ил-ашъор»-и Ҳусайн Воизи Кошифи (асри XV- XVI), «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайни (асри XV- XVI) ва ғайра илми назарияи адабиёт пеш рафт ва дар ин осор мулоҳизаҳои интиқодии ҷолибе оид ба ҷанбаи лафзии каломи бадеъ вуҷуд доранд.

Инчунин дар ҳамин давра ба вуҷуд омадани ду тазкираи адаби, яке «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухорои (асри 13) ва «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқанди (асри 15) аз ташаккул ёфтани илми таърихи адабиёт дарак медиҳанд. Дар ин ду тазкира ҳам нуктасанҷиҳои ҷолибе мушоҳида мешавад.

Зарурати нақди суханро суханварону суханшиносон дар ин давра ба таври ҳассос дарк кардаанд, масалан Амир Хусрав мегӯяд:

Агар таҳсини шеъри хештан бар дасти хеш асти,

Ҳама кас хештанро Унсурию Анвари донад.

Бале, ғаввос аз дарё гуҳар берун кашад, аммо

Чу вақти қимат ояд, қимати он ҷавҳари донад.

Нақди суханварон

Дар осори ҳамаи суханварони ин давра оид ба шеъри хубу бад, арзиши ашъори худу дигарон мулоҳизотеро метавон пайдо кард.

Саъди:

Чи ҳоҷат, ки нӯҳ курсии осмон,

Ниҳи зери пои Қизил Арслон.

Магӯ пойи иззат бар афлок неҳ,

Бигӯ рӯйи ихлос ба хок неҳ.

Ин эътирози Саъди ба ин байти Заҳири Форёби аст, ки гуфта буд:

Нӯҳ курсии фалак ниҳад андеша зери пой,

То бӯса бар рикоби Қизил Арслон занад.

Ҷои дигар Саъди менависад:

Ман ин ғалат написандам зи ройи равшани хеш,

Ки дасту табъи ту гӯям ба баҳру кон монад.

Ин ҷо таъриз ба Анвари аст, ки гуфта буд:

Гар дилу даст баҳру кон асти,

Дилу дасти худойгон асти.

Ҷои дигар менависад:

Ботил аст ин ки муддаи гӯяд,

Хуфтаро хуфта кай кунад бедор

Ҷавоб ба шеъри Санои аст, ки гуфта буд:

Олимат хуфтасту ту хуфта,

Хуфтаро хуфта кай кунад бедор.

Муносибат ба суханварони пешин

Дар ин давра аксарияти суханварон нисбат ба шоирони пешин бо лаҳни эҳтиромомез муносибат кардаанд, аммо дар баробари ин ҷо-ҷо худро аз онҳо бартар шумурдаанд. Чунончи, Амир Хусрав худро дар мавъизаву хикмат шоигирди Санои ва Хоқони, дар тағаззулу мадеҳа худро тобеи Камоли Исмоилу Разиуддини Нишобури ва дар маснавию ғазал тобеи Низомию Саъди мешуморад, аммо нисбат ба Низоми боз ҳам даъво дорад:

Кукубаи хусравиям шуд баланд,

Ғулғула дар гӯри Низоми фиканд.

Гарчи бар ӯ мӯҳри сухан хатм баст,

Сиккаи ман мӯҳри заррашро шикаст.

Ибни Ямин ҳам худро аз Унсурию Анвари камтар намедонад:

Мурабби чу Маҳмуд агар боядам,

Чи санҷад ба мизони ман Унсури.

Чу Санҷар ҳунарпарваре ку маро,

Ки то бишкнам равнақи Анвари.

Бузургии ин ҳар ду шоир зи чист?

Зи икроми Маҳмудиву Санҷари.

Камоли Хуҷанди:

Гуфт соҳибдиле ба ман, ки чарост,

Ки туро шеър ҳасту девон нест.

Гуфтам аз баҳри он ки чун дигарон

Сухани ман пуру фаровон нест.

Гуфт: ҳарчанд гуфтаи ту кам аст,

Камтар аз гуфтаҳои эшон нест.

Ҳамчунин ғазалҳои худро бо муосирон месанҷад:

Оқибат Ассори мискин мурду рафт,

Хуни девонҳо ба гардан бурду рафт.

Ва ё:

Яке шеъри Салмон зи ман банда хост,

Ки дар дафтарам з-он сухан ҳеҷ нест.

Бад-ӯ додам он гуфтаҳои чу об,

К-аз он сон дурре дар адан ҳеҷ нест.

Ман аз баҳри ту менависам вале

Суханҳои ӯ пеши ман ҳеҷ нест.

Имоди Фақеҳ:

Ман, ки дар ақсоми шеър мӯйшикофам ба фикр,

Ҳам ҳиҷову ҳам мадеҳ ҳам ғазалу ҳам луғаз.

Арбада бо ман кунад он ки надонад ҳаме

Баҳри тавил аз хафиф, вазни сареъ аз раҷаз.

Котибии Нишобури:

Гар Ҳасан маъни зи Хусрав бурд натвон кард манъ,

З-он ки устод аст Хусрав, балки з-устодон зиёд.

В-ар маонии Ҳасанро бурд аз девон Камол,

Ҳеҷ натвон гуфт ӯро дузд бар дузд уфтод.

Нисбат ба Салмон ҳам эътиқод надорад:

Он қавм, ки дар даъви аз ҷониби Салмонанд,

Дар маърази шеъри ман аз баҳри чи меоянд?

Шеъри мани равшандил в-он гаҳ сухани Салмон,

Ман ҳеч немегӯям мардум ҳама биноянд.

Дар бораи Бадри Шервони менависад:

Ди Бадраки бадрагро гуфтам, ки наи шоир,

Он к-аз шуаро бошад ангехтанаш бояд.

Гуфто, ки ба ҳар шаҳре овехтаам шеъре,

Шеър он ки чунон гӯяд, овехтанаш бояд.

Рӯҳи Аттор дар масъалаи мувозанаи Ҳофиз ва Салмон:

Намудаанд чунин моликони мулки сухан,

Ки кардаанд мусаххар ҷаҳон ба теғи баён.

Ба ин камина, ки аз пири фикри хеш бипурс,

Ки нутқи Ҳофиз беҳ ё фасоҳати Салмон.

Чу кардам ин сухан аз пири ақл истфсор,

Ки эй хулосаи адвору зубдаи аркон.

Бигӯ, ки шеъри кадомин аз ин ду некӯтар,

Ки бурдаанд кунун гӯйи шӯҳрат аз майдон.

Ҷавоб дод, ки Салмон ба даҳр мумтоз аст,

Ба лафзи дилкашу маънии бикру шеъри равон.

Дигар таровати алфози ҷазли Ҳофиз бин,

Ки шуд балоғати ӯ рашки чашмаи ҳайвон.

Яке ба гоҳи баён тутиест шакарбор,

Яке ба назми равон булбулест хишилҳон.

Зи бурҷи хотири ин моҳ назм рахшанда,

Зи дурҷи фикрати он лӯлӯи сухан резон.

Дар ин маҳосини ахлоқ чун инаб бар бор,

Дар он фунуни фазойил чу дона дар рамон.

Яке ба гулшани назм аст савсани озод,

Яке ба боғи латоиф чу лолаи нӯъмон.

Яке мувофиқи табъи латиф ҳамчун ақл,

Яке муносиби чашми шариф ҳамчун ҷон.

Ҳазор рӯҳ фидои дами чу Исии ин,

Ҳазор ҷони гироми нисори гуфтаи он.

Амир Хурсав дар бораи моҳияти шеър:

Ин ки номи шеър ғолиб мешавад бар номи илм,

Ҳуҷҷати ақли дар ин ман гӯям ар фармон бувад.

Ҳар чи такрораш куни одам шавад устоди он,

В-он чи талқинист устод эзади субҳоон бувад.

Пас чаро бар донише, к-аз одами омӯхти,

Н-ояд он ғолиб, ки таълими вай аз яздон бувад.

Илм, к-аз такрор ҳосил шуд чу обе дар хум аст,

К-аз вай ар даҳ далв бар боло каши нуқсон бувад.

Лек илми шеър он чашмаст зоянда, к-аз ӯ,

Гар каши сад далв берун об сад чандон бувад.

Моҳияти шеър аз назари Ҷоми

Шеър чи бувад навои мурғи хирад,

Шеър чи бувад мисоли мулки абад.

Мешавад қадри мурғ аз он равшан,

Ки ба гулшан дар аст ё гулхан.

Месарояд зи гулшани малакут,

Мекашад з-он ҳарим қуввату қут.

Ё худ аз гулхани ҳавову ҳавас,

Мезанад дам зи дудноки нафас.

Сомеъонро зи зикри лобаву лоғ,

Меҳнати хотир асту ранҷи димоғ.

Гар бувад лафзу маънияш бо ҳам,

Ин дақиқу латифу он маҳкам.

Сайти ӯ роҳи осмон гирад,

Номи шоир ҳама ҷаҳон гирад.

В-ар бувад аз табиати торик,

Маънии ӯ касифу лафз ракик.

Наравад аз бурути ӯ боло,

Пеши ришаш бимонад он коло.

Ҳасани Деҳлави:

Аз сухандузди наёрад шуд касе соҳибсухан,

Дев гар ангуштари дуздид Сулаймон кай шавад?

Аз фузули ҳосидони фазл Ҳасан махфи намонд,

Офтоб андар пари хаффош пинхон кай шавад?

Эй Ҳасан, бар остини назми худ нав кун тироз,

Хосса ин соат, ки тарзи хос пайдо кардаи.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *