Фанни Накди адабӣ

Нақди иҷтимои

Дар ин равияи нақд суханшинос ҷанбаи иҷтимоии асарро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад. Ба қавли А.Зарринкӯб «Дар равиши нақди иҷтимои таъсиреро, ки адабиёт дар ҷомеа дорад ва низ таъсиреро, ки ҷомеа дар осори адаби дорад мавриди мутолиа аст. Ба ибораи дигар дар назди ин даста аз наққодоне, ки дунболи ин шева рафтаанд аз одобу русум ва ақоиду наҳзатҳое, ки дар осори адаби инъикос ёфтаанд ва худ низ гоҳ то ҳадде мавлуду махлуқи осори адаби дар ҷомеа мебошанд, сухан меравад.»
Агар ба таърихи нақди адабии замони шӯрави назар андозем, он як навъ нақди иҷтимоию сиёси ба шумор мерафт. Адиб дар кадом мавқеи иҷтимои қарор дорад, ба сиёсати замон чи тавр муносибат мекунад, дастуру супоришҳои ҳизбиро ҷи гуна дар осораш татбиқ кардааст ва ба ин монанд масъалаҳои дигар. Табиист, ки замони шӯрави ҳамаи адабиёту санъат аз рӯи меъёрҳои таъиншудаи методи реализми сотсиалисти санҷидаву баҳо дода мешуд.
Як масъалаи хеле муҳим дар ин ҷода, ба он нигаронида шудааст, ки харидори асари адиб кист? Ё худ ки ҳаққи қалами адибро мепардозад. Дар гузашта харидори осори суханварон шоҳону ҳокимони вақт буданд. Айни ҳол оммаи васеъи хонандагон. Чигунагии асари адибро дар ин маврид аз он ҷо муайян кардан мумкин аст, ки ӯ барои кадом пояи завқ асар эҷод кардааст

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *