Фанни Накди адабӣ

Нақди адаби дар Русия

Маънои луғавии «декадент» афтодарӯҳи аст. Як ҷараёни адаби, ки аввал дар Фаронса пайдо шуда, баъд дар тамоми мамлакатҳои Ғарб паҳн гардид. Дар ин ҷараёни адаби тарғиби афтодарӯҳи, ҳаёти он дунё, нафрат ба аҳли меҳнат, дури аз ҳаёти иҷтимои, бовари ба қувваҳои ғайритабии, санъат барои санъатвар мебошад.
Дар асри нуздаҳам револютсионер-демократҳои рус Герцен, Белинский, Добролюбов, Чернишевский, Салтиков Шедрин назарияи ватандӯстиву ҳаётдӯсти ва инсонпарвариро пеш гузошта, адабиётро дигар хел дидан мехосанд.
Белинский Виссарион Григоревич (1811-1848) дар таърихи адабиёти рус ҳамчун мубориз ва мунаққиди оташинсухан маъруф аст. Ӯ дар ибтидо зери таъсири фалсафаи идеалистии Гегел ва Шеллинг буд ва баъдтар ба материализми механикии Фейербах мегузарад. Белинский қонунҳои объективии адабиёту санъатро тасдиқ карда, гуфтааст, ки яке аз қонунҳои адабиёт ба ҳақиқат мувофиқат намудани он мебошад, яъне зиндаги чунонки ҳаст, ҳамон тавр инъикос мешавад.
Ӯ ҳаёти мавҳуму хаёлиро не, балки ҳаёти моддии муҳити мо, муносибатҳои ҷамъияти, олами ботинии инсон ва алоқаи байниҳамдигарии инсону зиндагии ҳаррӯзаро тарғиб мекард. Адабиёт бояд воқеаҳои дараҷаи дуюмро интихоб накунад ва предмети тасвири адабиёт худи воқеият бошад. Санъаткор ҳодисаҳои ҳаётро набояд айнан нақл кунад, балки моҳияти он ҳодисаҳоро ошкор намояд.
Добролюбов Николай Александрович (1836-1861) ҳамфикри Белинский буд.
Чернишевский Николай Гаврилович (1828-1889)- файласуф, публитсист, муаррих ва мунаққиди машҳури рус аст. Ӯ низ пайрави Белинский ва Добролюбов буд. Ӯ назари худро доир ба адабиёту санъат асосан дар рисолаи илмии худ «Таносуби эстетикии сухан бо воқеият» баён кардааст. Ӯ мегуфт, ки «Худи ҳаёт зебост. Барои одам ҳамон вуҷуд зебост, ки аз вай нишонаҳои ҳаёт зоҳир гардад. Аз вай нишонаҳои зиндаги намоён бошад. Ӯ бо мисолҳои эътимоднок нишон медиҳад, ки зебои ва ҳусн аз тарафи асилзодагон дигар хел, аз тарафи аҳли меҳнат дигар хел ва аз тарафи зиёиён ба таври дигар дарк карда мешавад.
Вазифаи адабиёти пешқадамро Чернишевский таъин намуда, менависад, ки «Фақат ҳамон ҷараёни адаби ба дараҷаи олии инкишоф мерасад, ки бо таъсири идеалҳои бузургу қобили зиндаги пайдо шуда, талаботи муҳими замонро таъмин намояд.»
Нақди адабии тоҷик дар садаи ХХ зери таъсири адабиётшиносии руси ташаккул ёфтааст. Дар замони Шӯрави тибқи талаботи методи реализми сотсиалисти адабиёт санҷида ва баҳо дода мешуд. Ин метод соли 1934 дар Анҷумани якуми Иттифоқи нависандагони СССР қабул карда шуда буд ва се принсип дошт: партиявият, халқият, синфият. Дар ин давра ҳам худи шоирону нависадагон ба адабиёт баҳо медоданд ва ҳам мунаққидону адабиётшиносон. Мунаққидони маъруфи адабиёти тоҷик дар садаи ХХ Муҳаммадҷон Шакури, Соҳиб Табаров, Холиқ Мирзозода, Расул Ҳодизода, Юрий Бобоев, Юсуф Акбаров, Раҳими Мусулмониён, Абдунаби Сатторзода, Худои Шарифов, Ҷӯра Бақозода ва дигарон буданд. Дар ин давра ҳамаи ҷисҳои адаби аз қабили лирика, эпика ва драма нақд мешуданд ва ҳар кадом соҳа мунаққиди худро дошт.
Баъди ҷангҳои шаҳрванди бинобар нобасомониҳои рӯзгор нақди адаби як андоза аз равнақ монд. Аммо имрӯзҳо дар ҳамаи саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо тақризу мақолаҳоро дарёфтан мумкин аст, ки оид ба эҷодиёти адибони алоҳида ва ё умуман адабиёт навишта шудаанд

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *