Месяц: Июнь 2017

  • Сухан аз лиҳози кайфият ва мафҳум

    Вобаста ба таносуби мавзуъҳо ва тобишҳои мухталифи зиндагии иҷтимоӣ гуфторҳо чанд навъанд: Гуфтори сиёсӣ: Нутқи сиёсӣ бояд бо ҳадафи лозима манзури ошно сохтани афроди миллат бо ҳақиқати зиндагии иҷтимоӣ бар забон ронда шавад. Гоҳе иттифоқ меафтад, ки намояндагони сиёсӣ, иқтисодӣ ё фарҳангии ду ва ё зиёда миллат дар ҷаласаи муштарак…

    Муфассалтар »
  • Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно  бегона мегардад

    Бояд донист, ки ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. Дар маҷлисҳо, шабнишинҳо, маҳфилҳо ва суҳбатҳои хосса дониста, андешида ва бомавқеъ бояд сухан гуфт. Дар чунин анҷуманҳо пеш аз ҳама сухан бо лутфу меҳрубонИ бояд гуфт. Ҳарфи беҷо, таънаю таҳқири ошное, рафиқе, бегонае сабаби ранҷиши ҳамнишинон мегардад ва номақбулу нописанд…

    Муфассалтар »
  • Офариниши сухан

    Аз нестӣ ба ҳастӣ овардан, эҷод кардан, сохтан ва пардохтани чизеро, ки то ҳол ба миён наомадааст, офариниш мегуянд. Офариниши сухан бар чаҳор омил устувор аст: -Ҳадаф. -Маводи лозима (модда). -Тарҳ. -Шахсияти созанда (муаллиф). Агар хонае мехоҳед бисозед, пораи матое барои таҳияи либос дар назар бигиред, китобе ба риштаи таҳрир…

    Муфассалтар »
  • Таносуби шунавандагон бо якдигар  ва суханвар бо онон

    Равиши ба расмият даромадаи таълимоти ҷаҳон тариқи ҷамъист, ки дар он гуруҳе бо дараҷаи таҳсили яксон ва суннатӣ наздик ва ҳам дар ҷое гирд меоянд ва чун аз назари истеъдод, қудрати дарк, ҳофиза, амалу алоқа аз якдигар тавофут доранд, устод ногузир аст, ки омузиши худро ба меҳвари кайфиёти руҳӣ ва…

    Муфассалтар »
  • Панҷ омили муҳим дар  суханпайвандӣ

    Омили аввал: Даромади сухан — гуфтор аксар вақт даромад мехоҳад ва мақсуд аз даромад ин аст, ки гушҳо барои шунидан ва зеҳну дидаҳо барои таваҷҷуҳ кардан ба сухан омода шаванд. Ҳангоме ки суханвар сухан оғоз мекунад, шунавандагон аҳволи мухталиф доранд. Мумкин аст, касе зеҳни эшонро нисбат ба гуянда ё матлабе,…

    Муфассалтар »
  • Зарофатгуйи ва латифаҳо

    Дар ҷараёни суханварӣ гоҳ иттифоқ меафтад, ки барои аз хастагӣ баровардани табъи шунавандагон ба овардани матолиби дилчасп ва нағз, ки ҳам мояи кушоиши хотир ва ҳам омузанда бошад, ниёз пайдо мекунем. Овардани чунин гуфторҳо, ки хоҳ дар сурати назм бошад ё наср, ба суханвар имкон медиҳад, ки дар тарғиби шунавандагон…

    Муфассалтар »
  • Суханвари ва Суханвар

    Суханварӣ бо каломи зебо ва лаҳни шево баён кардани мақсад, ҷалб намудани таваҷҷуҳи шунавандагон ва ҳунари сухан гуфтанро меомӯзонад. Суханварӣ фаннест, ки ба воситаи он гӯянда шунавандаро бо сухани хеш қаноатманд намояд ва бар ҳадафи худ тарғиб кунад. Бинобар ин, ҳадаф аз суханварӣ ҳамин ду натиҷа аст, ки шунаванда сухани…

    Муфассалтар »
  • Суханвари дар Арабу Аҷам

    Мулки Машриқзамин низ дар тули таърих суханварони забардастеро ба майдон оварда, машҳури олам гардонид. Суханварӣ дар Шарқ бо дини мубини ислом пайванди ногусастанӣ дошта, бо номҳои «хатиб», «воиз», «қиссахон», «ровӣ» ва амсоли он дар ин ҷомеа зуҳур кардаанд. Аз саррофони сухан ва кашшофони таърихи куҳан чунин бармеояд, ки сухандониву суханварзӣ…

    Муфассалтар »
  • Суханварӣ дар рум

    Дар қарни дувуми пеш аз милодӣ дар Мағрибзамин давраи румиён оғоз гардид. Румиён дар аввал қавми дурушту дағал, бадху ва бетарбият буданд. Онҳо ба ҷуз зуриву ҷанговарӣ ва кишваргирӣ дигар ҳунаре ва хираде надоштанд. Дар зарфи чандин аср, ки аз таърихи он огоҳӣ дорем, ҳарфе аз илм, адабу ҳикмат, санъат…

    Муфассалтар »
  • Тақвияти қувваи ҳофиза

    Тақвияти қувваи ҳофиза ба омилҳои зайл робитаи зич дорад: суханронӣ бояд дар асоси нақшаи муайян сурат бигирад ва ин нақша пешакӣ танзим гардад, вагарна сухани гуянда берабт ва хушку беруҳ садо медиҳад. Дар чунин маврид ақидаву афкори гуянда низ ба ҳам пайвандие надошта пароканда аст. Пас барои таҳияи гуфтор наметавонем…

    Муфассалтар »
  • Танзими сухан ё суханпайвандӣ

    Суханвар чун марҳалаи суханофариниро паймуд, он маъниҳое, ки бо овардани далелу ҳуҷҷат ва санад барои исботи мақсад лозим аст, дар хотир нигоҳ дорад. Зеро ҳар андоза маънӣ хубу мақбул бошад ҳам, агар суханвар ҳар якеро дар ҷову мавқеи худ нагуяд, тартиби муйянеро дар он риоят нанамояд, парешонгуйӣ хоҳад кард ва…

    Муфассалтар »
  • Асари либос дар суханрони

    Равоншиносон зимни пурсишномаҳо собит сохтаанд, ки ба таври куллӣ ҳар вақт инсон либоси хуб бипушад, эътимоду боварро ба худ бештар эҳсос мекунад. Дар мавқеи суханронӣ либоси хуб ҳамин асарро дорад. Масалан, агар суханвар бо шими дарзмолнокарда, риши расида, муйҳои парешон дар муқобили шунавандагон истода ҳарф занад, онҳо ба у аҳамият…

    Муфассалтар »
  • Адабиёт ва муносибати он бо санъат

    Адабиёт дар илми ҳозиразамон китобҳоеро мегўянд, ки дар ягон соҳаи илму дониш таълиф шуда бошанд. Масалан, дар таркиби «адабиёти илмӣ» ҷомеи китобҳои мансуб ба таҳқиқу тадқиқдахлдор дар назар дошта мешавад. Ба ин маъно мафҳуми адабиёт дар замони нав, аз охири садаи нуздаҳ ва авали садаи бистуми мелодӣ маълум гаштааст. Дар…

    Муфассалтар »
  • Суханварй дар юнони қадим ва аврупо

    Суханварй ҳанўз дар аҳди қадим интишор ёфта ва қонуниятҳояшро пайдо карда буд. Шоирони араб аз аҳди ҷоҳилият ровиёни худро доштанд , ки шеърашонро бо лаҳну оҳанги махсусе қироат мекарданд. Дар Чини қадим суханрониҳои бофтаи шоҳон дар маҷмўаҳои бузурге ҷамъоварӣ ҷамъоварӣ ва тадвин мешуданд. Аммо ҳунари суханварӣ аз ҳама бештар дар…

    Муфассалтар »
  • Тарзҳои суханварӣ

    Давлатҳои қадим, аз қабили Ҳахоманишиҳо ва Сосониён системаи бо низоми сиёси, маъмурй, динй ва таълимй доштанд. Аз ин рў, нутқу суханварй дар мавзўъҳои сиёсй, низомй, давраҳои сиёсию иҷтимой, мазҳабй ва ахлоқй эрод мешуданд. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсй қариб ҳамаи ин навъҳои суханвариро мушоҳида мекунем. Аз он ҷумла, шоир пандҳои Бузарҷмеҳри…

    Муфассалтар »
  • Балоғат ва Фасоҳат

    Маънои балоғат Маънии балоғат расидан ва ба интиҳои кор қадам мондан, камол ва расоии сухан аст, ки аз он беҳтар имкон набошад. Аз назари истилоҳ, ба балоғат дурустй ва бе Каму кости сухан аст. Сухан аз ҷиҳати мавқеи калимаю таркибот ва талаби грамматики нуқсу камбуд надошта бошад, онро каломи балеғ…

    Муфассалтар »
  • Адаб ва Адабиёт

    Адаб ва Адабиёт  Маънои адаб Адаб хулқи хушу рафтори рафтори некўи қобили таваҷҷўҳро мегўянд. Шахси хушхулқу боадабро муаддаб гуфтаанд. Абдураҳмони Ҷомӣ муаддаб буданро сарчашмаи сиришти инсонӣ медонад ва мегўяд: Таълими одоб ўро чӣ ҳоҷат, К – ў худ зи оғоз омад муаддаб. Адаб аз маҷмўаи муомилаҳои инсонӣ ва русуми одатию…

    Муфассалтар »
  • Калом ва сухан(Гуфтор)

     Маънои калом Калом ба маънои қавл ва суханест, ки дорои маънии том бошад, иборат ва ҷумлаи аз сараъзо ва аъзои пайрави ҷумла таркиб ёфта ва дорои маъниро калом мегўянд. Калом ва сухан ҳамчун муродифҳои истилоҳӣ истифода мешаванд. Калом чун истилоҳ ба маънои низоми андешаи махсус, ки аз масоили бунёдии оини…

    Муфассалтар »
  • Фанни Хитоба (Риторика)

    Инкишофи суханварй боиси ба вуҷуд омадани фанни махсус гардид. Дар Юнони қадим аввал фанни шеър (поэтика) ба вуҷуд омад ва баъд хитоба. Хитоба дар ибтидо илм дар бораи суханварй ва наср буд. Пайдоиши илми хитоба дар ҳамаи адабиётҳо як равиш надорад. Дар адабиёти араб ва форсу тоҷик қонунҳои суханварй ба…

    Муфассалтар »
  • Назм ва наср

     Назм дар луғат ба маънои ба ҳам пайвастану дар ришта кашидани донаҳои ҷавоҳир омадааст. Дар истилоҳ суханни дорои вазну қофияро назм мегўянд. Ба сифати муродиф ва синонимии он калимаи шеър низ истифода мешавад. Аммо бо мафҳуми назм паҳлуи шаклӣ (вазну қофия) ва шеър ҷиҳатҳои маъноӣ эътибор пайдо мекунад, зеро лафзи…

    Муфассалтар »
  • Анвои сухан

    Мақсад аз сухан табодули назар, дарки воқеот, огоҳи аз диди сиёсӣ, иҷтимоӣ, динию мазҳабӣ, илмӣ ва ташвиқи марому мавқеъҳои гуногун мебошад. Анвои асосии сухан аз инҳо иборатанд : Диалог ё гуфтугўи дунафарӣ ки аз баҳси ду нафари дар мақоми илмию фарҳангӣ ҳампоя ва баробар иборат аст. Ин навъ гуфтугўҳо дар…

    Муфассалтар »
  • Мавзӯи баҳси фанни «Балоғат ва суханварӣ»

    Мавзӯи баҳси фанни «Балоғат ва суханварӣ» Дар солҳои охир ба барномаи таълми мактабҳои миёна ва баъдан мактаби олӣ фанни тозае ворид карда шуд, ки мақсади он омўзонидани ҳунари суханварӣ мебошад. Дар шароити имрўзаи Тоҷикистон, бахусус баъди ба мақоми забони давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ ва пастравию нузуле дар сатҳи фарҳангии забон,…

    Муфассалтар »
  • Илми баён

    Илми баён, мувофиқи тақсимоти қудамо, бо иловаи маонӣ яке аз ду фанни балоғат аст. Дар луғат баён пайдо кардан, ба зоҳир овардани чизеро мегўянд. Таърифи баён ҳамчун навъи дониш чуни наст. Маърифати эроди маънии воҳид ба тариқи мухталиф аст, ки аз сабабҳои зиёди ваҷҳи далолати ақлӣ сар мезанад. Ба воситаи…

    Муфассалтар »
  • Илми маонӣ

    Улуми балоғатро донишмандон ду навъ тасниф кардаанд. Донишмандони аҳди қадим, то асри XV илмҳои маонию баёнро мансуб ба балоғат медонанд ва бадеъро тобеи илми фасоҳат кардаанд. Сабаби ин тасниф ба маънии калом дахл доштани маъонию баён ва ба шакли сухан мансуб будани бадеъ мебошад. Баъдҳо баён ва бадеъро ба ҳам…

    Муфассалтар »
  • Муҳоварот ва суханварӣ

     Одоб ва шароити муҳовара Инсон бояд сухангўй сухандон бошад ва ин аз фазилатҳои аввалини ўст. Аммо сухан одоби гуфтан дорад, ки аз маврид ва мусоҳиб вобаста аст. Унсурулмаолии Кайковус суханро иборат аз ҷаҳор навъ медонад: 1. Надонистаниву нагуфтанӣ оид ба чизҳост, ки дар бораи онҳо надонистан ва нагуфтан барои шахс…

    Муфассалтар »
  • Таърихи пайдоиши суханвари

    Барои фанни суханварӣ оғозу анҷоме нест, вале низ равшан нест, ки кадом шахсони муайян нахустин суханварони ҷаҳон шинохта шудаанд. Баъзе падидаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар оғоз барои иртибот таъсири худро ба ҷамъият расонидан, бартарӣ доштан аз дигарон бар башарият эҳтиёҷи сухандонӣ ва суханварӣ пайдо шудааст. Маҳз ҳамин омилҳоро…

    Муфассалтар »
  • Тарзи баёни афкор

    Пас аз пайдо шудани малакаи аввалини суханронӣ ин ҳунарро бояд такмил ва сайқал дод. Маҳаки асосии суханронӣ пас аз саводи дуруст ҳосил кардан донишу таҷриба аст. Сухан бояд бо тарбия тавъманд бошад ва дар ҳамин поя устувор гардад. Донистан ва фаҳмидани ҳама чиз имкон надорад. Наметавон дар тули кутоҳи умри…

    Муфассалтар »
  • Фасоҳату балоғат дар суханвари

    Фасоҳат дар луғат ба маънии равшанбаёнӣ, салосат ва равонии сухан гуфтан аст, вале дар истилоҳи адабӣ холӣ будани каломеро аз се айб гуянд: -Душвории маънӣ -Мушкил будани талаффуз -Хилофи қоидаҳои дастури забон. Агар дар навишта ва гуфтори шахсе ба ҷумлаҳо ва ифодаҳое дучор оем, ки маънии онҳоро надонем, дар талаффузи…

    Муфассалтар »
  • Таъсири суханронӣ бар ҳадафи  шунаванд

    Ҳар амали хубе, маҳорате, санъти волое қабл аз ҳама ба шавқу ҳавас ва рағбат вобаста аст. Ҳатто агар сухандоне қонуниятҳои сухандониро комилан риоя намояду панду ҳикматҳои бисёре донад ҳам, агар нисбати ҳарфи гуфтааш бетафовут бошад, тир ба ҳадаф нахоҳад расид. Бинобар ин, муҳимтарин нуктае, ки дар ин ҷода бояд ба…

    Муфассалтар »
  • Шароит, омилҳои  суханвар ва суханронӣ

    Оё сухангуй ба илҳоме, ки аз дил бармехезад, бовар дорад ё аз роҳи омузиш, парвариш ба нуфуз дар қалбҳо ноил мегардад? Ҳамин ки кудаке ба дунё меояд, зеҳни у чун иншои аккосӣ соф, бенақшу нигор аст, аммо дар айни ҳол барои пазириши тасвири истеъдод омодагӣ дорад. Бинобар ин, навзод ба…

    Муфассалтар »