Фанни Таърих

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Таърихи точик ва чахон

  • Ҷангҳои Шоҳаншоҳии Порт ва Империяи Рим

    Тавре маълум аст, дар муқобили нерӯҳои ҳарбии точанде пурзуршавандаи Рими Қадим на Карфаген ва на давлатҳои эллинистию баъди эллинистии Юнони Қадим истодагарӣ карда натавониста, пасиҳам аз легионҳои Рим шикаст хурда, ба музофотҳои Ҷумҳурӣ ва Империяи Рим табдил дода мешуданд. Дар қатори давлатҳои Юнони Бузург, Юнони Балкан, Осиёи Хурд, Назди баҳри…

    Муфассалтар »
  • Ҷангҳои Македонӣ ва муқаррар гардидани ҳокимияти Рим дар Балкан

    (солҳои 201 – 146 то милод) ҶАНГИ ЯКУМИ МАКЕДОНӢ (СОЛИ 201 ТО МИЛОД). Рим баъди ба анҷомрасии Ҷанги Дуюми Пунӣ дар амал ба низоъҳои сершумори Балкан ва Осиёи Хурд кашида мешавад, аниқтараш ба истилои Шарқ оғоз мекунад. Дар охири асри III то милод мамлакатҳои олами эллинистӣ аллакай ба давраи буҳрон…

    Муфассалтар »
  • Ҳукмронии сулолаи Северҳо (солҳои 193 – 235)

    ИМПЕРАТОРОНИ СУЛОЛАИ СЕВЕРҲО. Дар сарчашмаҳои таърихӣ шумораи императорон дар замони ҳукмронии сулолаи Северҳо иборат аз 10 нафар зикр карда шудааст: Пертинакс, Дидий Юлиан, Септимий Север, Пестсенний Нигер, Клавдий Албин, Каракалла, Публий Септимий Гета, Марк Опеллий Макран, Элагабал (Гелиогабал), Александр Север. Вале дар идораи Империяи Рим на ҳамаи онҳо нақши калон…

    Муфассалтар »
  • Ҳукмронии Марк Опеллий Макрин (солҳои 217 — 218)

    Макрин дар Кесарияи Мавритания (ҳозира шаҳри Шаршали Алҷазоир) ба дунё омадааст. Бо ҳамин сабаб баъзе муосирон ӯро мавр ҳам номидаанд, гарчанде, ки Макрин гражданини ҳақиқии Рим буд ва дар оилаи яке аз аъзои табақаи савора таваллуд шудааст. Маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифта (гарчанде, ки «Таърихи Августҳо» бар он аст,ки Макрин гладиатор буд…

    Муфассалтар »
  • Ҳукмронии Марк Аврелий ва писари ӯ Коммод

    Оғози ба бӯҳрон гирифтор шудани империяи рим Дар зарфи камтар аз ним сол то вафоташ (соли 138) Адриан, Тит Аврелий Антонинро, ки бештар бо номи Антонин Пий маълум аст, писар хонд ва меросхӯри худ таъйин кард, ба он шарте, ки ӯ, дар навбати худ, Марк Анний Вер (императори оянда Марк…

    Муфассалтар »
  • Ҳукмронии Константини бузург ва вазъи калисои масеҳӣ

    ВАЗЪИ ҲУКМРОНИИ ТЕТРАРХИЯ. Баъди 20 соли ҳукмронӣ кардан, соли 305 Диоклетиан ихтиёрӣ аз тоҷу тахти императорӣ даст кашида, ҳамҳокими худ Максиминро низ маҷбур кард, ки аз тоҷу тахт даст кашад. Сезарҳо Августҳо ва Сезарҳои нав – лашкаркаш Валерий Север (дар Ғарб) ва додарзодаи Валерий — Максимин Даза (дар Шарқ) мешаванд.…

    Муфассалтар »
  • Ҳукмронии Константини бузург ва вазъи калисои масеҳӣ

    ВАЗЪИ ҲУКМРОНИИ ТЕТРАРХИЯ. Баъди 20 соли ҳукмронӣ кардан, соли 305 Диоклетиан ихтиёрӣ аз тоҷу тахти императорӣ даст кашида, ҳамҳокими худ Максиминро низ маҷбур кард, ки аз тоҷу тахт даст кашад. Сезарҳо Августҳо ва Сезарҳои нав – лашкаркаш Валерий Север (дар Ғарб) ва додарзодаи Валерий — Максимин Даза (дар Шарқ) мешаванд.…

    Муфассалтар »
  • Ҳукмронии императорон — меросхӯрони Тиберий: Калигула, Клавдий, Нерон

    Император Тиберий 16 марти соли 37 дар бустонсарои худ воқеъ дар Мизен аз дунё чашм пӯшид. Дар солҳои охирини ҳаёташ ӯ худро дар корҳои давлатӣ хеле хаста ҳис мекард, зеро ӯро бемории мезантропияи (аз калимаи нафрат гирифта шуда, шахси гирифтори он аз ҷомеа ҷудо шуда, нисбати инсон нафрат пайдо мекунад…

    Муфассалтар »
  • Ҳукмронии императорон Нерва, Траян ва Адриан

    Ташаккули низоми бюрократии ҳокимияти давлатӣ дар империя ҲУКМРОНИИ МАРК КОКСЕЙ НЕРВА (СОЛҲОИ ҲУКМРОНӢ: 96 – 98; СОЛҲОИ ҲАЁТ: 30 -98) асосгузори сулолаи Антонинҳо мебошад.. Сенаторҳои Рим аз ба қатл расонида шудани Домитсиан истифода бурданд, то ки одамеро аз байни худ ба тахт шинонанд. Ин одам шахси пиронсол сенатор Марк Коксей…

    Муфассалтар »
  • Ҳукмронии Диоаклетиан. Моҳияти Тетрархия ва Доминат

    ҲУКМРОНИИ МАРК АВРЕЛИЙ. Марк Аврелий Кар (солҳои 282 – 284) аз императорон нахустин касе буд, ки барои тасдиқи ваколатҳои худ ба Сенат муроҷиат накарда, танҳо ба як аккламатсий (аз лотинӣ: «acclamo» – «роҳбарӣ кардан», «дод задан») дар урдугоҳи ҳарбӣ маҳдуд шуд. Ин воқеа нишонаи оғози аз масъалаҳои ҳокимият ба таври…

    Муфассалтар »
  • Ҳукмронии Бассиан Каракалла

    (солҳои ҳаёт: 188 – 211; СОЛҲОИ ҲУКМРОНӢ: 211 — 217) – императори Рим аз сулолаи Северҳо, писари Септимий Север ва бародари Гета мебошад. Писари император Лутсий Сентимий Север аз никоҳи дуюм бо Юлия Домна дар пойтахти Галлия Лугдунум 4 апрели соли 188 ба дунё омадааст. Номи расмиаш Император Сезар, Марк…

    Муфассалтар »
  • Ҳукмронии Антонин Гелиогабал

    (СОЛҲОИ ҲАЁТ: 204 – 222; СОЛҲОИ ҲУКМРОНӢ: 218 — 222) аз рӯи пайдоиаш Бассиан Вари Авит номгузорӣ шуда буд. Бобокалон, бобо ва падараш, сенатор Секст Варий Мартсел, коҳинони худои финикиягии Офтоб Элагабел буданд ва пуштибонони шаҳри Эмес ҳисобида мешуданд. Аз тарафи модарӣ бошад, Бассиан бо оилаи императорӣ хеш буд: бибии…

    Муфассалтар »
  • Ҳукмронии Александр Север

    (СОЛҲОИ ҲАЁТ: 208 – 235; СОЛҲОИ ҲУКМРОНӢ: 222 — 235). Ин император дар сарчашмаҳо бо номи Марк Аврелий Север Александр (бо лотинӣ Marcus Aurelius Severus Alexandrus) ҳам муаррифӣ карда мешавад. Александр Север 1 октябри соли 208 дар шаҳри финикии Қайсари (Арки Сезар) воқеъ дар Лубнон ба дунё омадааст. Дар овони навзодӣ…

    Муфассалтар »
  • Ҳаракатҳои халқӣ дар охирҳои мавҷудияти империяи Рим

    ТЕЗУТУНДШАВИИ МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОӢ. Дар охирҳои асри IV замони устуворшавии Империяи Рим, ки тавассути ислоҳоти Диоклетиан ва Константин ба даст омада буд, ба анҷом мерасад. Омилҳои дарозммуддате пурзур мешаванд, ки онҳоро дар вақташ бӯҳрони асри III ба миён оварда буд. Марказонида шудани моликият ба замин, фишор дода баровардани меҳнати ғуломон дар…

    Муфассалтар »
  • Ташаккули табақаи колонҳо ва нақши таърихии он дар империяи Рим

    КОЛОНАТ ВА МОҲИЯТИ ОН. Дар аввал колонат дар Рим як шакли вуҷуддоштаи иҷоракории деҳқонӣ аз замонҳои қадим боз вуҷуд дошт. Ҳанӯз дар мулкҳои патритсийҳои Ҷумҳурии барвақта қисми зиёди қувваи кориро одамони тобеъ, клиентҳо ва иҷоракорон ташкил менамуданд. Аммо дар асрҳои IV–III то милод дар ҷараёни заминҳои аз тарафи римиҳо забткарда…

    Муфассалтар »
  • Сохти давлатии ҷумҳурии Рим: муассисаҳои демократӣ ва мансабҳои давлатӣ

    МАХСУСИЯТҲОИ ҶУМҲУРИИ РИМ. Дар марҳалаи муборизаи табақавии патритсийҳо ва плебейҳо, дар як вақт ҷараёни ташаккули сохти давлатӣ дар Ҷумҳурии Рим сурат мегирифт. Дар оғози асри III то милод он бо нишонаҳои асосии худ ташаккул ёфт ва ин сохти сиёсӣ то охири Ҷумҳурии Рим бетағйир мондан гирифт, ки онро дар мақомоти…

    Муфассалтар »
  • Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Октавиан Август

    Режими сиёсие, ки Октавиан Август дар Рим барпо кард, расман «Барқарорунии Ҷумҳурӣ» (Respublica restituta) номида мешуд. Дар бораи он, ки дар зери ин овеза дар амал ба Рим ҳокимияти мутлақа (монархия) ворид мешавад. аллакай дар болотар гуфта шуд. Вале сиёсатмадорони «республиканизм» («таълимоти ҷумҳурияхоҳии»)-и Август ба таври пурра як чизи бебунёд…

    Муфассалтар »
  • Сарчашмаи таърихии халқу давлатдории МО

    Ҳанӯз дар оғози ҳазорсолаи III то милод дар Эрони қадим иттиҳодияҳои давлатии барвақтаи қабилаҳои форсӣ ба вуҷуд меоянд. «Пойтахти яке аз иттиҳодияҳои давлатӣ шаҳри калоне дар водии дарёҳои Қорун ва Кёрха, Суза мешавад, ки он дар чорроҳаи Эломро бо Байнаннаҳрайн, Эрони Шимолӣ ва Эрони Шарқӣ пайвасткунанда воқеъ гардида буд. Ғайр…

    Муфассалтар »
  • Сабабҳои барҳамхурии империяи ғарбии Рим

    АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ ТАҚДИРИ ТАЪРИХИИ ИМПЕРИЯИ ҒАРБИИ РИМ. Шикасти Империяи Ғарбии Рим ба муосирон таассуроти чуқур бахшид. Бутпарастон (аз он ҷумла таърихнигор Зосим) сабабгори фоҷеае, ки ба сари Империяи Ғарби Рим омад, дар он медиданд, ки худоҳои падариро ба хотири фаромӯшӣ додаанд. Ақидаҳои бутпарастонро муаллифони масеҳӣ (Б.Августин, П.Орозий) рад карда,…

    Муфассалтар »
  • Рим ва карфаген дар байни ду ҷанг (солҳои 241–218 то милод)

    Ҷанги Якуми Пунӣ, ки бо ғалабаи Рим анҷом ёфт, иқтидори шоҳаншоҳии Карфагенро нашикаста, онро танҳо каме заифтар гардонид. Дар Карфаген кайфияти ниқорталабона пурзӯр бошад ҳам, вале онро яку якбора амалӣ кардан имконнопазир буд. Ғайр аз ин, соли 241 то милод дар Африқо легионерҳои кирояи Карфаген бо сабаби саривақт пардохта нашудани…

    Муфассалтар »
  • Рим аз таъсиси ҷумҳурӣ дар соли 509 то асри iii то милод

    Ҷумҳурии рими барвақта (солҳои 509-264 то милод) Барҳам хурдани ҳокимияти шоҳӣ дар рим ва Барпошавии ҷумҳурӣ Марҳалаи шоҳӣ дар Рим қариб дуним аср идома дошта, он соли 509 то милод сарнагун шуда, ба ҷояш Ҷумҳурӣ барпо гардид. Дар бораи ин воқеаи муҳими таърихӣ қиссаю ривоятҳои аҷоибу ғароиби воқеӣ вуҷуд доранд.…

    Муфассалтар »
  • Пурзӯршавии ҳокимияти император дар аҳди Флавийҳо

    БА ТАХТИ ИМПЕРАТОРӢ СОҲИБ ШУДАНИ СУЛОЛАИ ФЛАВИЙҲО (СОЛҲОИ 69 – 96 ). Баъди ҷанги начандон дуру дарози гражданӣ (солҳои 68 – 69), ки дар рафти он якчанд ҳокими ноӯҳдабаро (Галба, Отон, Вителий) иваз шуда, тахту тоҷи императориро ба таври таҳкимбахш сулолаи нав – Флавийҳо соҳиб мешавад. Императори якум аз хонадони…

    Муфассалтар »
  • Пешгузаштагони Диоклетиан ва Донстантин

    Он фикрҳое, ки дар боло баён карда шуданд, маънии он далелеро надоранд, ки пешгузаштагони ин императорони ислоҳотчии асрҳои III-IV Диоклетиан ва Константин, ки баҳри барҳам додани зуҳуроти бӯҳронии замони худ мубориза бурда буданд, инкор карда шавад. Бинобар ин, таъкид менамоем, ки нисбат ба императорони дигари пеш аз Диоклетиан ва Константин…

    Муфассалтар »
  • Омилҳои Асосии Бӯҳрон Дар Асри III

    Дар асри III парокандашавии Империяи Рим дар амал амри воқеӣ гардида буд: ҳукумати марказӣ музофотҳои калон, аз он ҷумла Галлия ва Шарқро дигар дар зери назорати худ нигоҳ дошта наметавонист. Яке аз нишонаҳои вақтро метавон дар ҷудоӣ дар доираҳои баландпояи (элитаи) имперӣ бараъло дид. Ду гурӯҳи бо ҳам муқобил дар…

    Муфассалтар »
  • Муттаҳидшавии италия дар зери ҳокимияти Рим. Федератсияи Риму Италия

    МАРҲАЛАҲО ВА МУШКИЛИҲОИ МУТТАҲИДШАВӢ. Ҷараёни муттаҳидшавии Италияро ба зери ҳокимияти Рим ба 4 марҳала тақсим кардан мумкин аст: Марҳалаи 1. Солҳои 509 – 390 то милод (аз оғози Ҷумҳурӣ то ҳуҷуми галлҳо) – давраи пастсуръат, лекин бемайлон болоравии иқтидори Рим. Марҳалаи 2. Солҳои 390 – 343 то милод (аз ҳамлаи…

    Муфассалтар »
  • Марги нерон ва анҷомёбии салтанати сулолаи юлийҳо – клавдийҳо

    ҲАРАКАТИ ЗИДДИ НЕРОН ДАР ГАЛЛИЯ. Моҳи марти соли 68 дар Галлияи Лутдукк (музофоти Рим дар қаламрави имрӯзаи Фаронса бо марказаш шаҳри Лион) ҳаракати зидди Нерон оғоз ёфта, сардори он намояндаи ашрофи романишудаи Галлия Юлий Виндекс буд. Шумораи ҷонибдорони ин шӯриш бо суръати том ба 100 ҳазор нафар мерасад. Гарчанде нерӯи…

    Муфассалтар »
  • Мактабҳои илмӣ ва симоҳои қонунгузории Рим

    АҚИДАҲОИ ҲУҚУҚШИНОСОНИ РИМ. Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Рим ҳуқуқшиносон мавқеи намоёнро ишғол карда, дар байни аъёну ашроф ва гражданҳои оддӣ дорои обрӯю эътибори калон буданд. Ба онҳо натанҳо оид ба масъалаҳои хусусӣ, балки ашхоси амалдори баланди давлатии то императорҳо ҳам барои маслиҳат муроҷиат мекарданд. Дар замони Октавиан Август ҳуқуқшиносони маъруф…

    Муфассалтар »
  • Карфаген – рақиби асосии рим

    КАРФАГЕН ШАҲР -МУСТАМЛИКАИ ФИНИКИҲО. Марҳалаи нав дар таърихи Рими замони ишғолгариҳои бузург аз оғози ҷангҳои бисёрсолаи Рим бо Карфаген, ки мустамликаи бузурги Финикия дар Африқои Шимолӣ буд, сар мешавад. Гузашта аз ин, маҳз се ҷанги Рим бо Карфаген, ки римиҳо аҳолии онро пунҳо меномиданд, воқеаи аз ҳама муҳим ва гуворотарини…

    Муфассалтар »
  • Империяи рим дар марҳалаи рушд ва нашъунамо асрҳои аввали милодӣ

    Принсипат ва ҳукмронии императорон Октавианавгуст, Тиберий ва ворисони ӯ Принсипат гуфта (аз лотинӣ – princeps – «якум» – «дар ҷои аввалбуда») дар илм аллакай дар замони антиқа ин тавр ном бурдани низоми сиёсӣ қабул шуда, он дар Рими замони Октавиан Август ва меросхӯрони наздиктарини ӯ ташаккул ёфта, баъд бо баъзе…

    Муфассалтар »
  • Империяи рим дар аҳди Тиберий

    АСЛУ НАСАБИ ТИБЕРИЙ. Ҷойгири Октавиан Август Тиберий (солҳои ҳаёт: соли 42 то милод – 37 милодӣ) (солҳои ҳукмронӣ: 14 то милод – 37 милодӣ) буда, писари ҳамсари Август Ливия аз никоҳи аввал бо Клавдий Нерон мебошад. Аз афти кор, ӯ барои принсепс меросхури муроди дил набуд, вале марги барвақтаи ҳамаи…

    Муфассалтар »