Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Ҳуқуқ ва давлат

  • Тафсири ҳуқукӣ

    Мафҳуми тафсири ҳуқуқӣ Тафсири ҳуқуқӣ – ин равшан намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқ аст. Тафсири ҳуқуқ хислатҳои зайл дорад: а) зинаи (унсури) муҳим ва ҳатмии ҷараёни амалишавии меъёрҳои ҳуқуқ аст; б) мақсади тафсири ҳуқуқӣ – амаликунии меъёрҳои ҳуқуқ буда, дар натиҷаи он меъёрҳои умумии (абстрактии) қонун вобаста ба ҳолатҳои…

    Муфассалтар »
  • Амалисозии ҳуқуқ

    Мафҳуми амалисозии ҳуқуқ Амалисозии ҳуқуқ – ин дар ҳаёт ҷорӣ гаштани нишондоди ҳуқуқ, воқеиӣ гаштани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқ дар фаъолияти амалии субектони ҳуқуқ аст. Амалисозии ҳуқуқ ба ду маъно фаҳмида мешавад: 1) чун ҷараёни амалӣ кардани ҳуқуқ ва 2) ҳамчун натиҷаи дар ҳаёт ҷорӣ гардидани нишондодҳои ҳуқуқ. Амалигардонии ҳуқуқ ду…

    Муфассалтар »
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

    Мафҳум ва нишонаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – санадҳои ҳуқуқэҷодкунӣ мебошанд, ки аз ҷониби субектони босалоҳият (мақомоти давлат, шахсони мансабдор, халқ) қабул шуда, меъёрҳои ҳуқуқро муқаррар, тағйир ва қатъ мекунанд. Мафҳум ва низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ» (с.…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқэҷодкунӣ

    Мафҳум ва принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ Ҳуқуқэҷодкунӣ ин фаъолияти махсуси бо қонунҳо муқарраргаштаи мақомоти давлат, шахсони мансабдор (дар доираи салоҳияташон) ва халқ (дар раъйпурсӣ) аст, ки дар натиҷаи он санадҳои ҳуқуқӣ қабул мешаванд. Ҳуқуқэҷодкунӣ, ки ба туфайли он меъёрҳои ҳуқуқ муқаррар мегарданд, ба принсипҳои муҳим асос меёбад. Принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ гуфта…

    Муфассалтар »
  • Шаклҳои (сарчашмаҳои) ҳуқуқ

    Мафҳуми шакл ва сарчашмаҳои ҳуқуқ Сарчашмаи ҳуқуқ ба маънои иҷтимоӣ кулли заминаҳои иҷтимоӣ, талаботҳои айнии ҳаёти ҷамъиятӣ аст, ки дар асоси онҳо ҳуқуқ, меъёрҳо ва принсипҳои он пайдо ва ташаккул меёбанд. Ба маънои ҳуқуқӣ (мазмуни аслии калима) сарчашмаи ҳуқуқ ба ду маъно фаҳмида мешавад: 1) сарчашмаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ё заминавӣ-ҳуқуқӣ…

    Муфассалтар »
  • Муносибатҳои ҳуқуқӣ

    Мафҳуми муносибатҳои ҳуқуқӣ Муносибати ҳуқуқӣ – муносибати ҷамъиятии бо ҳукуқ танзимгашта аст, ки иштирокчиёнаш бо ҳам тавасути ҳуқуқҳои субъективӣ ва ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ вобастагии ҳуқуқӣ доранд. Муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа намудҳои гуногун доранд. Вобаста ба соҳаҳои ҳуқуқ онҳо ба муносибатҳои ҳуқуқии конститутсионӣ, маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва ғ. тақсим мешаванд.…

    Муфассалтар »
  • Низоми ҳуқуқ

    Мафҳуми низоми ҳуқуқ Низоми ҳуқуқ – ин сохти дохилии ҳуқуқ аст, ки дар муттаҳидгардонӣ ва ҷойгиркунии муттасили маводи меъёрӣ (меъёрҳо, соҳаҳо, институтҳои1 ҳуқуқ) ифода меёбад. Низоми ҳуқуқ аз се унсури асосӣ иборат аст: 1) меъёри ҳуқуқ, 2) институти ҳуқуқ ва 3) соҳаи ҳуқуқ. Меъёри ҳуқуқ асоси, унсури ибтидоии низоми…

    Муфассалтар »
  • Танзими ҳуқуқӣ

    Мафҳуми танзими ҳуқуқӣ Танзими ҳуқуқӣ гуфта таъсиррасонии мақсаднок, муташаккилона ва меъёриву арзиширо ба рафтори одамон ва муносибатҳои ҷамъиятӣ меноманд, ки бо воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешавад. Танзими ҳуқуқӣ як қатор хусусиятҳо дорад. Як намуди танзими иҷтимоӣ аст. Рафтори одамон на танҳо бо қонунҳо ва дигар…

    Муфассалтар »
  • Функсияҳои ҳуқуқ

    Мафҳум ва намудҳои функсияи ҳуқуқ Функсияҳои ҳуқуқ ин самтҳои асосии танзим ва таъсиррасонии ҳуқуқӣ мебошанд. Вобаста ба соҳаҳои ҷудогонаи фаъолияти инсон функсияҳои ҳуқуқ ба иқтисодӣ, сиёсӣ, тарбиявӣ, экологӣ, махсуси ҳуқуқӣ тақсим мешаванд. Функсияи иқтисодӣ роҳҳои танзиму таъсиррасонии ҳуқуқро ба ҳаёти иқтисодӣ (танзими соҳибкорӣ, низоми молия ва андоз ва…

    Муфассалтар »
  • Меъёрҳои ҳуқуқ

    Мафҳуми меъёрҳои ҳуқуқ Меъёрҳои ҳуқуқӣ гуфта муқаррароти меъёрӣ ва нишондодҳои дигари ҳуқуқро меноманд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд. Меъёри ҳуқуқ дорои як қатор нишонаҳоест, ки ба туфайли онҳо аз дигар меъёрҳои иҷтимоӣ (ахлоқ, одатҳо ва ғ.) фарқ мекунад. Меъёри ҳуқуқ дар асоси ғояҳои асосии ҳуқуқи фитрӣ – адолат ва…

    Муфассалтар »
  • Шаклҳои давлат

    Шакли давлатдорӣ ҳамчун масъалаи абадии афкори ҷомеа Шакли давлат яке аз масъалаҳои анъанавии фалсафа ва илми ҳуқуқӣ мебошад. Қариб ҳамаи мутафаккирон оиди он ибрози ақида намудаанд. Ҳанӯз дар ҷамъиятҳои қадим одамон дар ҷустуҷӯи шакли бехтарини давлатдорӣ буданд. Аз ҷумла, дар «Авасто» шоҳигарии ормонӣ тарғиб мешуд, ки он ҷо ҳаёти…

    Муфассалтар »
  • Функсияҳои давлат ва шаклҳои ҳуқуқии амалисозии онҳо

    Вазифаҳо ва функсияҳои давлат Функсияҳои давлат – самтҳои асосии фаъолияти давлат мебошанд, ки барои ҳалли вазифаҳо равона гаштаанд. Иҷрои вазифаҳо, ки фаъолият ва чорабиниҳои муташаккилонаро металабанд (сохтмони иншоотҳои саноатӣ, қабули қонунҳо, азхудсозии кайҳон ва ғ.), ба зиммаи давлат гузошта мешавадДавлат барои иҷрои вазифаҳои ҷомеаи инсонӣ амалиёти муайяни зарурро ба…

    Муфассалтар »
  • Навъҳои таърихии давлат

    Навъбандии давлат аз нигоҳи назарияи форматсионӣ Навъбандии давлатҳо, яъне аз ҳам ҷудо кардани навъҳои таърихии давлат – масъалаи марказии назарияи давлат аст. Навъбандӣ – усули таснифи илмӣ буда, мисли хама гуна таснифи илмӣ асосҳои муайянро (маҳаки илмии таснифиро) металабад. Дар илми муосир чунин асосҳо ва умуман таснифи илмии давлатҳоро…

    Муфассалтар »
  • Дастгоҳи давлат ва асосҳои ҳуқуқии ташкилу фаъолияти он

    Мафҳум ва асосҳои ҳуқуқии дастгоҳи давлат Дастгоҳи давлат – аз мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор иборат аст, ки функсияи ҳокимиятдориро амалӣ месозанд. Дастгоҳи давлатӣ воқеан дастгоҳи ҳокимиятӣ буда, воҳидҳои таркибии он аз номи давлат, ҳамчун намояндагони ҳокимият ваколатҳои ҳокимиятиро иҷро мекунанд. Аз ин ҷо аломатҳои асосии дастгоҳи давлат ҳосил…

    Муфассалтар »
  • Назарияи ҳуқуқии давлат

    Давлат ҳамчун ташкилоти (воҳиди таркибии) ҷомеа. Нишонаҳои давлат Давлат ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва худудии ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ҳамчун ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ давлат бо сиёсат алоқаманд аст. Сиёсат дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ва назарияҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ҳар хел маънидод мешавад. Мутафаккирони Юнони Қадим сиёсатро санъати идоракунии давлат меҳисобанд. Асосгузори…

    Муфассалтар »
  • Оилаҳои ҳуқуқии ҷаҳони муосир

    Низоми ҳуқуқӣ ва «оилаҳои ҳуқуқӣ»1 Ҳар як давлат дар ҷаҳони имрӯза дорои ҳуқуқи хеш аст. Аммо низоми ҳуқуқӣ бо як давлат маҳдуд намешавад. Унсурҳои якчанд низоми ҳуқуқӣ метавонанд дар ҳудуди як давлат истифода шаванд. Масалан, дар Ҳиндустон ҳуқуқи англисӣ, дар Тоҷикистон унсурҳои ҳуқуқи романӣ-олмонӣ нақши муҳим доранд. Низоми ҳуқуқии…

    Муфассалтар »
  • Низоми ҳуқуқии ҷомеа

    Мафҳумҳои низоми ҳуқуқ, низоми ҳуқуқӣ, «оилаи ҳуқуқӣ» Низоми ҳуқуқӣ яке аз унсурҳои ҷомеа буда, якҷоя бо «низоми сиёсӣ», «низоми иқтисодӣ» ва ғ. арзи вуҷуд дорад. Агар давлат, ҳизби сиёсӣ унсури низоми сиёсӣ бошанд, пас ҳуқуқ унсури низоми ҳуқуқӣ аст. Низоми ҳуқуқӣ ғайр аз ҳуқуқ боз унсурҳоеро дар бар мегирад,…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ва меъёрҳои иҷтимоӣ

    Меъёрҳои иҷтимоӣ ва техникӣ Меъёрҳои иҷтимоӣ гуфта қоидаҳои рафтори одамонро дар ҷомеаи инсонӣ меноманд. Азбаски ҳаёти ҷомеа аз соҳаҳои мухталиф ва мустақил иборат аст, меъёрҳои иҷтимоӣ намудҳои ҷудогона доранд: ҳуқуқӣ, сиёсӣ, динӣ ва ғ. Агар меъёрҳои иҷтимоӣ муносибати байни одамонро танзим намоянд, пас меъёрҳои техникӣ – муносибати одаму табиат,…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ва иқтисод

    Таносуби ҳуқуқ ва иқтисод аз нигоҳи таърихӣ-иҷтимоӣ Таносуби ҳуқуқ ва иқтисод атрофи як масъалаи муҳим – моликият сурат мегирад. Интихоби ин ва ё он шакли моликият, режими ҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият, бартарии намудҳои алоҳидаи моликият таносуби ҳуқуқ ва иқтисодро муайян мекунад. Иқтисоди давлатҳои сармоядори асри ХIХ ва индустриалии асри…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ва шахсият

    Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии давлатҳо, аз он ҷумла Конститутсияи Тоҷикистон, категорияи «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» истифода шудааст. Ҳуқуқҳои инсон миллӣ нестанд. Онҳо мутааллиқи тамоми одамони замин, новобаста аз мансубияти миллӣ мебошанд. Ҳар як сокини Замин, ҳар як инсон, чун вуҷуди биологӣ,…

    Муфассалтар »
  • Инкишофи фаҳмиши ҳуқуқ дар замони имрӯза. Мафҳуми ҳуқуқ

    5.1. Мафҳум ва таърифи ҳуқуқ Ибораи ҳуқуқ ба ду маънои асосӣ истифода мешавад: 1) умумииҷтимоӣ ва 2) юридикӣ. Ба маънои умумииҷтимоӣ ҳуқуқ, озодии рафтори инсон аз нигоҳи ахлоқ, одатҳо, қоидаҳои рафтори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, талаботҳои иҷтимоии ҷамъият аст. Ба ин маъно мафҳумҳои ҳуқуқи ахлоқӣ (маънавӣ), ҳуқуқи аъзоёни ҳизби сиёсӣ, ҳуқуқи…

    Муфассалтар »
  • Равияҳои афкори ҳуқуқии ҷаҳони муосир

    4.1. Ҳуқуқ чун объекти таҳлилҳои арзишӣ Ҳуқуқ омили муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, обекти таҳлили назарияҳои мухталиф гардидааст. Атрофи он баҳсу мунозираҳои зиёд ҷой доштанд ва мавҷуданд. Дар таърихи афкори ҷамъият нисбати ҳуқуқ ду нигориши асосӣ мушоҳида мешавад, ки вобаста ба онҳо ду равия ташаккул меёбад. Якумин ҳуқуқро ҳамчун неъмати…

    Муфассалтар »
  • Усулҳои илмии назарияи ҳуқуқ ва давлат

    2.1. Мафҳуми усули илм Усули илм гуфта маҷмӯи принсипҳо, тарзу воситаҳои таҳлили воқеиятро меноманд. Дар марҳилаи муосир бинобар мураккабии илм низоми усулҳои илмӣ низ мураккаб гардидааст, ки зарурияти таснифи онҳоро тақозо мекунад. Таснифҳои гуногун ҷой доранд. Ба сифати мисол тақсимотҳои зайлро овардан мумкин аст: а) усулҳои фалсафавӣ ва махсуси илмӣ;…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва мавзӯи омӯзиши назарияи ҳуқуқ ва давлат

    1.1. Назарияи ҳуқуқ ва давлат ҳамчун илм ва ҳамчун фанни таълимӣ. Мавзӯи он Назарияи ҳуқуқ ва давлат – маҷмӯи донишҳои айнӣ ва мураттабгаштаи илмӣ-назариявӣ ва методологӣ аст, ки тавассути онҳо воқеияти ҳуқуқӣ ва сиёсиву давлатӣ дарк карда мешавад. Мавзӯи назарияи ҳуқуқ ва давлатро қонуниятҳои умумии пайдоиш, инкишоф…

    Муфассалтар »