Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Функсияҳои ҳуқуқ

Мафҳум ва намудҳои функсияи ҳуқуқ

Функсияҳои ҳуқуқ ин самтҳои асосии танзим ва таъсиррасонии ҳуқуқӣ мебошанд.

Вобаста ба соҳаҳои ҷудогонаи фаъолияти инсон функсияҳои ҳуқуқ ба иқтисодӣ, сиёсӣ, тарбиявӣ, экологӣ, махсуси ҳуқуқӣ тақсим мешаванд. Функсияи иқтисодӣ роҳҳои танзиму таъсиррасонии ҳуқуқро ба ҳаёти иқтисодӣ (танзими соҳибкорӣ, низоми молия ва андоз ва ғ.) дар бар мегирад. Функсияҳои сиёсӣ ҳаёти сиёсиро фаро гирифта, масоили сиёсиро танзим мекунанд, аз қабили танзими фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, низоми интихобот ва м.и. Функсияҳои тарбиявӣ дар соҳаи ҳаёти маънавӣ амал мекунанд. Онҳо барои баланд бардоштани савияи ҳуқуқии мардум, маданияти ҳуқуқӣ, паҳн шудани донишҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Функсияи экологӣ даҳсолаҳои охир, вобаста ба аҳамияти глобалӣ пайдо кардани ҳифзи табиат аҳамияти хосаро соҳиб гаштааст. Он ғайр аз воситаҳои ҳуқуқӣ чораҳои давлатӣ ва маблағҳои кофии молиявиро талаб мекунад. Функсияҳои махсуси ҳуқуқӣ новобаста аз соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа (иқтисод, сиёсат ва ғ.) танҳо дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқӣ (қабули қонунҳо, муқаррар кардани қоидаҳои рафтор, шаклҳои амалӣ кардани онҳо, чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ) истифода мешаванд. Ҳамаи функсияҳои номбаршуда (иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғ.) ҳуқуқӣ мебошанд, аз тарафи ҳуқуқ амалӣ мешаванд. Вале ҳар яке аз функсияи иҷтимоӣ дар як соҳаи алоҳида амал мекунад, вобаста ба хусусияти соҳа воситаҳои махсуси танзими ҳуқуқиро истифода мебарад (қонунҳои иқтисодӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, китобҳои дарсиву илмии хусусӣ дар ҳаёти маънавӣ ва ғ.).

Функсияҳои ҳуқуқӣ ба ду намуд ҷудо мешаванд: 1) танзимсозӣ ва 2) ҳифзнамоӣ. Функсияи танзимкунанда асосӣ буда, муносибатҳои ҷамъиятиро тавассути воситаҳои махсуси ҳуқуқӣ танзим мекунад. Ин функсия тавассути истифодаи роҳу воситаҳои гуногун амалӣ мешавад, ба монанди муқаррар кардани қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии шахс, ҳолати ҳуқуқии шахс дар давлат, салоҳияти мақомоти давлатӣ, пешбинӣ кардани ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ, ки асоси пайдоиш, тағйир ва қатъи муносибатҳои ҳуқуқӣ мешаванд.

Функсияи танзимсозӣ ба ду намуд ҷудо мешавад: 1) функсияи танзими статикӣ ва 2) функсияи танзими динамикӣ1. Функсияи статикӣ муносибатҳои ҷамъиятиро бо роҳи мустаҳкам кардани онҳо дар институтҳои ҳуқуқӣ танзим мекунад (масалан, институти моликият, институти ҳуқуқҳои инсон ва ғ.). Тавассути ин функсия ҳолати ҳуқуқии шахс, ҳуқуқу вазифаҳои вай, салоҳияти мақомоти давлат, қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии шаҳрвандон мустаҳкам мешаванд. Функсияи динамикӣ инкишофи муносибатҳои ҷамъиятиро мустаҳкам мекунад. Ин функсия нишон медиҳад, ки рафтори ояндаи шахс бояд чӣ гуна бошад. Масалан, қонунҳо шаҳрвандонро вазифадор мекунанд, ки ватанро ҳифз намоянд, андоз супоранд ва ғ. Барои амалӣ кардани функсияи статикӣ меъёрҳои ваколатдоркунанда ва манъкунанда ва нисбати функсияи динамикӣ меъёрҳои вазифадоркунанда истифода мешаванд.

Функсияи ҳифзи ҳуқуқ муносибатҳои ҷамъиятиро бо роҳи ҳифз намудани онҳо танзим мекунад. Ин функсияро бештар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода мебаранд. Он тавассути меъёрҳои ҳифзкунанда татбиқ мешавад. Ин функсия аз вазифаҳои ҷудогонаи ҳуқуқ бармеояд. Ҳуқуқ, масалан, вазифа дорад, ки ҳуқуқвайронкуниро пешгирӣ кунад, дар сурати содир шуданаш онро беҷавоб нагузорад. Бо ин мақсад функсияи ҳифзкунӣ бо роҳҳои гуногун амалӣ мешавад: манъ ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, муқаррар кардани чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва тартиби истифодаи онҳо, истифодаи чораҳои мухталифи огоҳсозӣ ва барқароркунии ҳуқуқӣ.

17.2. Шаклҳои амалӣ шудани функсияҳои ҳуқуқ

Азбаски функсияҳои ҳуқуқ зиёданд, барои амалӣ шудани онҳо шаклҳои алоҳида истифода мешаванд. Функсияи ҳуқуқ, чи тавре қайд шуд, танзими ҳуқуқӣ ва таъсиррасонии ҳуқуқиро дар бар мегирад. Танзими ҳуқуқӣ дар асоси воситаҳои ҳуқуқӣ сурат мегирад. Таъсиррасонии ҳуқуқӣ ду намуди асосӣ дорад: 1) ахборотӣ (бо истифодаи воситаҳои ахбори умумӣ, нашри қонунҳо ва м.и.) ва 2) арзишӣ (бо истифодаи воситаҳои ҷудогона бо мақсади тарбияи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва м.и.). Вобаста ба ин 3 шакли асосии амалишавии функсияҳои ҳуқуқ ҷой дорад: 1) танзимсозӣ, 2) иттилоотӣ, 3) арзишӣ.

Ҷои марказиро шакли танзимӣ ишғол мекунад. Ин бо он муайян мешавад, ки танзимсозӣ функсияи асосии ҳуқуқ аст. Ин шакли амалӣ шудани функсияҳои ҳуқуқ истифодаи воситаҳои мухсуси ҳуқуқиро металабад, ки дар якҷоягӣ механизми танзими ҳуқуқиро ташкил медиҳанд.

Шакли иттилоотии амалишавии функсияҳои ҳуқуқ дар он аст, ки бо ёрии он аҳолӣ аз қонунҳои қабулшуда, нишондодҳои ҳуқуқӣ ва зиддиҳуқуқӣ воқиф мешавад. Дар татбиқи он олимони ҳуқуқ, адвокатҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши калон доранд. Барои истифодаи ин шакл радио, телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо, адабиёти ҳуқуқӣ васеъ истифода мешаванд. Дар низоми ахбори ҳуқуқӣ ҷои марказиро шиносоӣ бо қонунҳо ишғол мекунад. Ин амал махсусан дар Тоҷикистони муосир, ки теҳдоди зиёди қонунҳо қабул мешаванд, аҳамияти хосае дорад.

Барои иҷрои қонунҳо ва танзими ҳуқуқӣ паҳн кардани донишҳои ҳуқуқӣ кифоя нест. Барои он, ки шаҳрвандон бошуурона ва ихтиёран ҳуқуқро риоя намоянд, тарғибу тарбияи арзиши ҳуқуқ лозим аст. Одамон бояд аҳамият ва зарурияти ҳуқуқро дар ҷомеа дарку эҳсос намоянд. Шаҳрванд дар ҳар як қонуни давлат бояд инъикосу ифодаи манфиатҳои шахсиашро бинад. Қонун бояд як ҷузъи ҳаёти шахсӣ гардад. Барои ин таъсири арзишӣ ба шуури аҳолӣ истифода мешавад. Ҳар як қонун бояд таъсирбахш бошад, дар шуури одамон арзишҳои ҳуқуқиро ҷой кунад.\

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *