Фанни Адабиёт

Зафарномаи Абуали ибни Сино

Дар рузгори Анӯшервони Одил1 ҳеҷ чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳукамои он аср ҳама парҳезгор будаанд.

Як рӯз Анушервон Бузургмеҳрро талаб кард ва гуфт:

— Мехоҳам сухане чанд муфид, дар лафз андак, маонӣ бисёр ҷамъ созй, чунон, ки дар дунё ва уқбо судманд бошад.

Бузургмеҳр як сол муҳлат хост ва ин чанд калимотро ҷамъ кард. Ва ба назди Анушервон бурд ва ӯро хуш омад ва фармуд, ки калимотро ба оби зар нависанд ва доим бо худ медошт ва аксар вақг мутолиаи ин китоб менамуд.

Бузургмеҳр забон бикушод ва гуфт:

-64-

  • Аз устоди худ пурсидам:
  • Эӣ устод, аз Худои азза ва ҷалла2 чӣ хоҳам, ки ба ҳамаи некуиҳо хоста бошам?

Гуфт:

  • Се чиз: тандурустй, амонӣ ва тавонгарй.

Гуфтам:

  • Корҳо ба кӣ супорам?

Гуфт:

  • Ба он кас, ки шоиста бошад.

Гуфтам:

  • Аз кӣ эмин бошам?

Гуфт:

  • Аз дӯсте, ки ҳасуд набошад.

Гуфтам:

  • Чӣ чиз аст, ки Биҳиштро сазовор бошад?
  • Гуфт:
  • Илм омӯхтан ва ба ҷавонӣ ба кори ҳақ машғул будан. Гуфтам:
  • Кадом айб аст, ки наздики мардум мӯътабар намояд? Гуфт:
  • Хунари худ гуфтан.

Гуфтам:

  • Чун аз дӯст ношоист падид ояд, чӣ гуна аз вай дустӣ бибояд бурид?

Гуфт:

  • Ба се чиз: ба зиёраташ кам рафтан, аз ҳолаш напурсидан ва аз вай ҳоҷат нахостан.

Гуфтам:

  • Аз ҷавонон чӣ беҳтар ва аз пирон чӣ некӯтар?

Гуфт:

  • Аз ҷавонон шарм ва далерӣ ва аз пирон дониш ва оҳистагй. Гуфтам:
  • Ҳазар аз кӣ бояд кард, то растагор бошем?

Гуфт:

  • Аз мардуми чоплус ва хасис, ки тавонгар шуда бошанд. Гуфтам:
  • Сахӣ кист?

Гуфт:

  • Он кас, ки саховат кунаду дилшод шавад.

Гуфтам:

  • Чӣ чиз аст, ки мардум ҷуянд ва касе тамом дарнаёфт? Гуфт:
  • Се чиз: тандурустй, шодӣ ва дӯсти мухлис.

Гуфтам:

  • Некӯӣ беҳтар ё аз бадӣ дур будан?

Гуфт:

  • Аз бадӣ дур будан сари ҳамаи некуиҳост.

Гуфтам:

  • Ҳеҷ ҳунаре бошад, ки айб шавад?

Гуфт:

  • Саховате, ки бо миннат бувад.

Г уфтам:

  • Чӣ чиз аст, ки донишро биафзояд?

Гуфт:

  • Ростӣ.

Гуфтам:

  • Чӣ чиз аст, ки бар далерӣ нишон аст?

Гуфт:

  • Авф кардан чун қодир шавй.

Гуфтам:

  • Аз зиндагонӣ кадом зоеътар аст?

Гуфт:

  • Он соат, ки некуӣ дар ҳаққи касе тавонад кард ва накунад. Гуфтам:
  • Аз фармонҳо кадом фармонро хор набояд кард?

Гуфт:

  • Се, аввал фармони Худои азза ва ҷалла, дувум фармони оқилон, савум фармони падару модар.

Гуфтам:

  • Чӣ чиз аст, ки кори мардумро хароб кунад?

Гуфт:

  • Ситудани ситамкорон.

Гуфтам:

  • Дунё ба чӣ тавон ёфт?

Гуфт:

  • Ба фарҳанг ва сипосдорй.

Гуфтам:

  • Чӣ кунам, ки бар табиб ҳоҷат набошад?

Гуфт:

  • Кам хурдан, кам хобидан ва кам гуфтан.

Гуфтам:

  • Аз мардумони кӣ оқилтар аст?

Гуфт:

  • Он ки кам гӯяд ва беш шунавад ва бисёр хонад.

Гуфтам:

  • Хорӣ чист?

Гуфт:

  • Кохилӣ ва фасод.

Гуфтам:

  • Ранҷ аз чист?

Гуфт:

  • Аз танҳоӣ.

Гуфтам:

  • Чист, ки ҳамийятро9 барад?

Гуфт:

  • Тамаъ.

Гуфтам:

  • Дар ҷаҳон чӣ зишттар?

Гуфт:

  • Ду чиз: тундӣ аз подшоҳон ва бахилӣ аз тавонгарон. Гуфтам:
  • Асли тавозуъ чисг?

Гуфт:

Рӯӣ тоза доштан ва ба охир аз худ хуш будан.

Гуфтам:

  • Тадбир аз кӣ пурсем?

Гуфт:

  • Аз он кас, ки се фазилат дар вай бошад: дили пок, муҳаббати нек ва донипш тамом.

Гуфтам:

  • Некӯӣ ба чанд чиз тамом мешавад?

Гуфт:

  • Ба тавозуъи бетаваққуф10 ва саховатп беминнат ва хизмат бе талаби мукофот.

Гуфтам:

  • Агар илм омузам, чӣ ёбам?

Гуфт:

— Агар хурд бошӣ, бузург ва номдор, агар муфлис бошӣ, тавонгар гардӣ, агар маъруф бошӣ, маъруфтар гардӣ.

НАМУНАҲО АЗ РУБОИЁТИ
АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

  1. Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал11.

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

  1. Куфри чу мане газофу12 осон набувад,

Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,

Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.

  1. Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дуст набоядам дигар бор нишаст.

Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,

Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.

  1. Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд Аз ҷахд, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *