Фанни Таърих

Ҳаёти халқи тоҷик дар асрҳои ХV-нимаи авали асри Х1Х

Нақша:

1.Тоҷикон дар ҳайати давлати Шайбониён.

2.Осиёи Миёна дар ҳайати давлати Аштархониён.

3. Халқи тоҷик дар аҳди сулолаи манғитиён.

Давлати Шайбониён солҳои 1501-1599

Воқеаҳои авали асри XVI дар ҳаёти халқҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон аз бисёр ҷиҳатҳо ба дигаргуниҳои ҳаёти халқҳои бодиянишини Дашти Кинҷақ ва бастаги доштанд. Дашти Кипчоқ гуфта, замини васеи байни дарёҳои Урал ва Иртиш дар назар дошта шудааст.

Дар байни солҳои 1499-1510 Мовароуннаҳру Хуросон аз нав дучори ҳамлаву тохтутозҳои қӯшунҳои ӯзбекҳои бадави аз тарафи Дашти Қипчоқ бо сарварии Муҳаммад Шайбонихон (1451-1510) ва лашкари сурхкулоҳои (қизилбошиҳо) таҳти роҳбарии шоҳ Исмоили Сафави (1487-1524) аз тарафи Эрони Ғарби гардиданд.

Шайбониён – сулолаест дар Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки солҳои 1500-1599 ҳукмрони карда, давлати Шайбониёнро ташкил намудааст. Шайбониён аз авлоди Шибон (Шайбек) – набераи Чингизхон, бародари Ботухон будааст. Давлати таъсисдодаи Ботухон – Олтии Ӯрда дар нимаи дуюми асри XVI рӯ ба таноззул ниҳод. Ин давлат ба якчанд хонигарии мустақил аз қабили хонигарии Қрим, Қазон, Астрахон тақсим мешавад. Дар натиҷаи зиддиятҳои дохилӣ як гурӯҳи ин қабилаҳо ҷойҳои худро тарк намуда ба тарафи шарқ, яъне то ба Шарқии Баҳри Арал ва гирду атрофи ҳафтрӯд ҷой мегиранд.

Аз миёнаи асри ҶV сар карда иттиҳоди сиёсии ин қабилаҳо ба вуҷуд омад. Абдулхайрхони Шайбони (1440-1468) намояндаи ин хонадон дар Ҳафтрӯд давлати кӯчиёнро таъсис медиҳад, ки асоси лашкари он аз қабилаи узбекхониҳо ташкил шуда буд. Дар манбаъҳои хаттии асри ҶV ин иттиҳоди қабилаҳоро ба маънои сад авлод ё ин, ки юз бек мебошад. Ва эҳтимолан узбек аз мафҳуми таъғирёфтаи юзбекҳо пайдо шуда бошад.

Тадқиқотчии таърихи Осиёи Миёна, олими рус А.А. Семенов фаъолияти Муҳаммад Шайбонихонро ба ду давра тақсим кардааст: 1. Солҳои 1480 – 1498 ва 2. солҳои 1498-1510 Муҳаммад Шайбонихон шахси таълимдида ва сиёсатмадор буд. Дар ҷовонӣ якчанд маротиба ба Бухоро омадааст. Бори аввал ӯ ду сол дар Бухоро дар мадраса аз шайх ва олим Ҳусайн Босури, Халифа Хоҷа Маҳмуд аз фанни илоҳиёт таълим гирифта аст. Шайбонихон шоири хуб буд. Вале ӯ бештар ҳамчун лашкаркаш, сиёсатмадори маккор, даъвогари тоҷу тахт ва мулки темуриён маъруф гаштааст. Ӯ монанди Чингизхон ва Темур ҷаҳонгир шудан мехост. Аммо ӯ бо унвони «Имом – уз — замон» ва «Халифат – ур — раҳмон» худро бештар талқингари имон ва маҳвкунандаи бадӣ вонамуд кард.

Барои забткориҳои Шайбонихон дар Мовароуннаҳр шароити он давраи сиёсии давлати Темуриён мусоидат менамояд.

  1. Муборизаи шоҳзодаҳои Темурӣ барои тоҷу тахт.
  2. Задухӯрдҳои феодалӣ чунон пурқувват гардида буданд, ки пояи сиёсии давлатро суст гардиданд.
  3. Муқобилияти синфи чунон тезу тунд буд, ки барои оммаи халқ вазшавии ҳокимон фарқ надошт.
  4. Шайбонихон забони тоҷикӣ – форсӣ ва туркиро медонист ва пешаки қисми зиёди рӯҳониёнро ба тарафи худ кашида буд.

Муҳаммад Шайбонӣ бо қувваи ҳарбии худ соли 1499 ба Мовароҳуннаҳр лашкар кашид. Ӯ дар амалӣ гаштани нақшаҳои худ ҳар гуна макру фиребро моҳирона истифода мебурд. Соли 1500 Тошканд, 1501 Самарқандро забт намуда ба пойтахти худ табдил медиҳад. Пеш аз Самарқандро соҳиб шудан ваъда медиҳад, ки ба модари ҳокими Самарқанд султон Алӣ хонадор мешавад, аммо модар ва писарро ба коргоҳи худ таклиф намуда ба қатл мерасонад. Хоҷа Яҳё, ки дар дарбори Султон Алӣ дорои мақоми баланд буд, аз тарафи Шайбони иҷозат дода мешавад, ки бо тамоми молу сарваташ аз Самарқанд барояд, вале дар роҳ бо фармони Шайбонӣ кушта мешавад. Дар байни атрофони Темурӣ гурӯҳе буд, ки барои аз нав барқарор кардани ҳокимияти Темуриён дар Бухоро ва Самарқанд кӯшиш карданд. Дар ин мубориза ашрофони темурӣ дар атрофи шоҳзода, ҳокими фарғона Зоҳириддин Бобури муттаҳид шуданд. Ӯро пинҳонӣ бар шаҳр дароварда подшоҳ эълон мекунанд. Аммо ин тантана дер давом накард. Моҳи апрели соли 1501 Бобури шикаст мехӯрад ва баъди чанд моҳи муҳосира ба гуруснагӣ тоб нооварда Самарқандро ба Шайбониён месупорад. Солҳои 1501-1506 Меҳдӣ султон водиҳои Сурхон ва Ҳисорро забт намуд. Ҳокими Ҳисор Хусравшоҳи Темурӣ буд. Шайбониён барои Урганҷу Бухоро ва Марв бо Исмоили Сафавӣ кашмакашиҳои зиёд намуданд. Шоҳ Исмоили I Сафавӣ (1487-1524) аз хонадони Суфиёни бонуфузи туркҳои Ардабили Озорбойҷон буд. Соли 1504 мулкҳои ӯ дар Шарқ бо темуриён ҳамҳудуд гаштанд. Аз ин рӯ ҷанг байни ду давлат ногузир шуда монд. Он гоҳ Муҳаммад Шайбонӣ пешакӣ ба Исмоили I мактуб навишта талаб мекунад, ки аз «бидъати манфури шиа» даст кашида ба мазҳаби сунъии ислом баргардад. Исмоили I дар номаи ҷавобии худ аз Шайбонихон бас кардани тохтутози узбекҳоро дар Кирмон талаб намуд. Шайбонихон дар ҷавоб асо ва кашкӯли дарвешонаи қаландариро фиристод ва бо ин насаби Исмоилро хотирррасон кард. Дар ду задухӯрдҳо – соли 1507 дар Урганҷ ва 1510 дар Марв тақдири мулкҳои Темуриён ҳал шуд. Байни Эрони Сафавӣ ва Шайбониён дар ҳудуди Хуросон сарҳад ба миён омад.

Соли 1510 Муҳаммад Шайбонӣ дар задухӯрди назди Марв кушта шуд ва бо фармони шоҳ Исмоил аз косахонаи сари Шайбонихон ҷом барои шароб тайёр кард, ки ӯ аз он дар базмҳои худ истифода мебурд.

Кушта шудани Муҳаммад Шайбониҳои аз як тараф боиси он гардид, ки дар байни ворисони Муҳаммад Шайбонихон барои тоҷу тахт мубориза сар шавад ва аз тарафи дигар шоҳ Исмоили I намаяндаҳои хонадони Темуриҳоро ҳоким таъин менамуд. Бо дастгирии Исмоили Сафовӣ Бобур аз Кобул ба воситаи дарёи Аму гузашта ба тарафи Ҳисор ҳаракат намуд. Муҳорибаи ҳалкунанда дар назди Пули Сангии дарёи Вахш (дар ҷои имрӯзаи ГЭС-и ,Норак) ба вуҷуд омад. Султонҳои Шайбонӣ аз муқовимат даст кашида бе мубориза шаҳрҳои Самарқанд, Бухороро ба ихтиёри Бобур гузоштанд. Аз баски Бобур бо осонӣ ғалаба ба даст оварда буд, барои мустаҳкам намудани ҳокимияти худ чорабинии зарурӣ наадешида, ба айшу ишрат дода шуд. Вазн ва меёри пулҳо вайрон шуданд. Қӯшуни Бобур, ки таъминоташ аз аҳолӣ буд ба ғоратгарӣ даст заданд. Инчунин алоқаи Бобур бо Исмоили Сафавӣ, ки шиа буд, муносибаташро аз ӯ дур кард.

Баҳори соли 1512 бародарзодаи Муҳаммад Шайбонӣ Убайдулло-Султон аз вазъият истифода бурда бо лашкари на чандон калон ба Бухоро ҳуҷум карда ғалаба ба даст овард. Бобур маҷбур шуд, ки соли 1512 бо воситаи Ҳисор тамоман аз Мовароуннаҳр баромада равад. Ҳамин тавр Шайбониён тавонистан, ки аз нав ҳокимияти худро барқарор кунанд.

Мувофиқи анъанаи Шайбониён сардори давлат шахси аз ҳама калонсоли хонавода, ки унвони хонӣ дашт, таъин карда мешуд. Тахти хонӣ ҳанӯз пурра меросӣ набуд. Аъзоёни ҷудогонаи қабилаҳои ҳукмрон унвони хониро ба воситаи интихоб ва ё табадуллоти ҳарбӣ ба даст меоварданд. Ҳар чанд Убайдуллохон шахси обрӯмандтарини Шайбониён бошад ҳам ба тахт Кучкунҷихон, ки обрӯю эътирофи кофӣ надошт ба тахт соҳиб шуд, фақат баъди Абӯсаидхон, Убайдуллохон (1539) ба тахти Шайбониён соҳиб шуд. Ин давраи нисбатан ороми давлатдории Шайбониён буд.

Таърихи сиёсии давлати Шайбониёнро ба 3 давра тақсим кардан мумкин аст.

Давраи якум- аз солҳои 50-уми асри ҶV-то солҳои 60-70 асри XVI-ро дар бар мегирад.

Давраи дуюм– то солҳои авали 80-уми асри XVI-ро дар бар мегирад. Дар ин давра ҷангҳои байнифеодалӣ, ки харобиҳои зиёдро ба амал оварданд. Абдулло – султон ба арсаи сиёсат мебарояд, ки дар муддати 20 сол давлати ягона ба вуҷуд меорад. Ӯ солҳои 1573 – Балх, 1574 – Ҳисор, 1578 – Самарқанд, 1582 – Тошкандро ба зери тасарруфи худ медарорад.

Давраи сеюм – аз соли 1583 вақте ки Абдуллохон қисмати зиёди мулкҳои Мовароҳуннаҳро ба даст дароварда худро ҳоқони мамлакат эълон кард, сар мешавад. Дар натиҷаи ҷангҳои нобаробар қаламрави давлат хеле васеъ шуданд. Соли 1584 Бадахшонро ба тасарруфи худ даровард. Соли 1585 сафорати Шайбониён ба Ҳиндустон фиристода шуд. Соли 1588 Ҳирот ва Балх тобеи Абдуллохон гардиданд. Соли 1595 мулки Хоразм ба ҳайати давлати Шайбониён ҳамроҳ карда шуд. Баъди вафоти Абуллохон соли 1598 зиддиятҳои дарборӣ авҷ мегиранд ва дар натиҷаи он сулолаи Шайбониён аз тахти салтанат дур шуда, ба сари қудрат сулолаи нав хонадони Аштархониён (Чониён) мебароянд.

Давлати Шайбонихон дар натиҷаи истилогарӣ, ҷангҳо ва ғорату тороҷ барпо гардида буд. Шайбонихон аз рӯи одати кӯчманчиён сарзаминҳои тоҷиконро байни хешу таборони худ тақсим намуд. Лекин воҳаҳои зироатӣ ва марказҳои шаҳрҳои тасхиршуда ҳарчанд дар асорати ҳукмронҳои узбек бошанд ҳам мустақилияти худро каму беш нигоҳ доштанд. Султонҳои ӯзбек на ҳама вақт ба ҳокимияти марказӣ итоат мекарданд. Бинобар ин Муҳаммад Шайбонихон баъзе вилоятҳоро ба дасти худ мегирад. Шояд аз ин сабаб сари вақт ёрии ҳарбӣ ба Марв нарасид ва ба шикасту марги Шайбонихон анҷом ёфт.

Сиёсати дохилии Шайбонихон ба манфиати синфи ҳукмрон, феодалон, рӯҳониёни калон равона карда шуда буд. Шайбонихон ва сипоҳиёнаш аз ҳисоби мусодираи молу мулки темуриён сарвати зиёд ҷамъ карда буданд. Аз тарафи дигар Шайбонихон тамоми давлат ва мулкҳоро ба тариқи тӯҳфа тақсим карда буд. Барои мустаҳкам кардани мавқеи худ истилогарони ӯзбек ба хариди замин, иморатҳо, устохонаҳо сар мекунанд. Бо ин восита ба дасти Шайбониён боигарии зиёд ҷамъ мешавад.

Давлати Шайбониён аз якчанд мулкҳои калон ё вилоятҳо бо сарварии амирон ва онҳо дар навбати худ ба тийулҳо – воҳидҳои маъмурӣ сиёсӣ тақсим шуданд, иборат буд. Ба фаъолияти тийулҳо – султонҳо бо супориши хон мансабдорони калон бо номи «атолиқ» (падарсолор) назорат мекарданд. Пойтахт Самарқанд ба ҳисоб мерафт, ки дар ин ҷо ҷолус яъне ба тахт нишастан ва машварат, ки «кӯктош» (санги кабуд) – и муқаддас гузаронида мешуд. Аммо хон на ҳама вақт дар Самарқанд буд. Ӯ асосан дар мулки худ ба қувваҳои ҳарбии боэътимодаш зиндагӣ мекард.

Сиёсати дохилии Шайбонихонро ду тамоюл ташкил мекард: 1. Аз як тараф кӯшиши қонеъ гардонидани даъвоҳо ва ниятҳои хешутаборон ва аъёну ашрофи қабилаҳои кӯчманчии ӯзбек бошад.

2. Аз тарафи дигар ҳаракати васеъ намудани базаи иҷтимоии ҳокимият бо роҳи ба худ ҷалб намудани амалдорон, рӯҳониён ва тоҷирону ҳукуматдорон муайян мекард.

Мусодиракунӣ ва тороҷгарии кушоду равшан ҳарчанд истилогаронро сарватманд кунад ҳам, сарчашмаи доимии даромади давлати узбекҳо шуда наметавонист.

Шайбонихон бо Темуриён дар аввал муборизаи беамон бурда истода дар навбати худ мансабдорон ва хайрхоҳони узбекҳо, раияти хироҷдиҳанда ва аҳолии шаҳрро ба тарафи худ мекашад. Шайбонихон баъди забти Самарқанд соли 1501 муомилоти бемамониати сиккаҳои нуқрагӣ ва мисинро дар тамоми ҳудуди давлат ҷорӣ кард. Аммо ин ислоҳот кори зироатхонаҳо ва муомилоти тангаҳои нуқраро ба низом оварда натавонист. Баъди забти Ҳирот ӯ забр ва муомилоти пулиро комилан ислоҳ намуд.

Мувофиқи ислоҳот аз соли 1507 сиккаҳои нави нуқрагини ба номи Шайбонихон зарб шуда асоси муомилоти пулӣ гардиданд. Тангаҳо дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Марв, Машҳад, Ҳирот, Нишопур зарб зада мешуданд, то ки бозор таъмин гардад. Вазни сиккаҳо дар ҳаҷми мисқол ва тангаи мисқол 5,2 грам дар тамоми мамлакат ба муомилот ворид шуданд. Бо ин тадбир муомилоти пулӣ устувор гардид.

Соли 1502 аз болои рӯди Зарафшон пули сангин сохта шуд, ки аҳамияти стратегӣ дошта яке аз тадбирҳои мӯътадил гардонидани ҳаёти дохилии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Парокандагии давлат, ҷангҳои бетанаффус, зиддиятҳои дохилии феодалон дар асрҳои ҶV-XVI боиси пастравии иқтисодиёт, хонавайроншавии деҳқонон гардиданд.

Ҷангҳои истилогаронаи хонҳои Шайбониён ба сабабҳои зӯран ҷамъ овардани ғала ва таъмин намудани лашкар бо озуқаворӣ ба мардум азобу кулфатҳои зиёд оварданд.

Асоси хоҷагии қишлоқи ин давра зироатчигӣ, чорводорӣ ба ҳисоб мерафт. Аз обёрикунии сунъи истифода мебурданд. Ба ин хотир дар аҳди салтанати Шайбониён оббёри аз рӯди Зарафшон бо туфайли сохтани пули обтақсимкунак беҳтар гардид. Бо фармони Абдуллохон дар шарқи Нурато сарбанди обнигоҳдоранда бо номи «Банди Абдуллохон» ҳамчун иншооти муҳандисӣ барпо шуд. Сохтмони шоҳрудҳо дар минтақаи Вахш ба зиёдшавии заминҳои оби ва афзудани даромадҳои шайхҳои ҷӯйборӣ оварда расонд. Сабзавоткорӣ, боғдорӣ хусусан токпарварӣ шуғли асосии аксари мардуми Осиёи Миёна буд.

Дар ҳаёти тоҷикони Мовароуннаҳр чорводорӣ низ мавқеи хос дошт. Асосан ба парвариши уштур, асп маркаб, ки воситаи боркашӣ буд диққат дода мешуд. Дар баробари ин тоҷикон бо зотҳои хушсифати гӯсфандони худ машҳур буданд.

Замин аз рӯи ҳуқуқи моликият дар аҳди Шайбониён ба панҷ гурӯҳ (категория) тақсим мешуд:

1. Замини давлатӣ – аз калонтарин категория ба ҳисоб рафта даромади он ба хазинаи давлат ирсол мешуд. Давлат метавонист ин заминро фурӯшад ё ин ки инъом кунад. Инчунин даромади ин катогорияи замин аз тарафи давлат ба ихтиёри шахсони ҷудогона низ вогугошта мешавад. Мисол: андози аз замини давлатӣ ҷамъ шуда ба хизмати ягон амалдори давлатӣ ва фоидаи ӯ дода мешуд, аммо замин чун пештара моликияти давлати ба ҳисоб мерафт.

2. Замин – мулки ҳурри холис – ба шахсони ҷудогона мансуб буда рентаи (андози замин) феодалӣ ба манфиати онҳо дохил мешуд. Соҳибони мулк метавонистанд заминашро ба мерос гузоранд, фурӯшанд, ба ягон каси дигар инъом кунанд ё ба вақф диҳанд.

3. Академик Б. Ғафуров категорияи заминро аз рӯи ҳуқуқи моликияти мулки феодалӣ (замине, ки қисми даромад ба давлат ва қисми дигар ба нафъи шахси алоҳида) мегузашт номбар мекунад. (Б. Гафуров. Тоҷикон.15.2.с.23) . Миқдори ин гуна замин асосан аз ҳисоби мусодираи замини Темуриён зиёд мешавад.

4. Заминҳои мулкона ба феодал, амалдорон, таалуқ дошт. Ба ин гурӯҳ ҳунармандон ва рӯҳониёни камбағал дохил мешудаанд. Соҳибони ин замин ба давлат андоз дода бо қувваи худ дар замин кор мекарданд.

5. Заминҳои вақф – қитъаи замин, ки аз ҷониби шахсони алоҳида барои нигоҳ доштани мадрасаҳо, масҷидҳо ё мазорҳо бахшида мешавад. Ин заминро мерос ё фурухтан мумкин набуд. Аз баски қисми зиёди деҳқонон буданд, онҳо ба тариқи иҷора заминро мегирифтанд, ки шартҳои вазнин дошт.

Дар асри XVI нисбати асри ҶV барои тараққиёти фарҳанг бештар шароит ба амал омад. Адабиёт чун пештара дар ду тамоми дарборӣ ва халқӣ тараққӣ медод.

Ин чунин дар асри XVI дар Мовароуннаҳр мактаби миниатура ба вуҷуд омад, ки он ба санъати ороиши китоб ва хаттотӣ машғул буданд.

Албата, дараҷаи маданияти сарварони қабилаҳои узбекҳо паст буд. Лекин Муҳаммад Шайбониҳои, Абдулазизхон хеле бомаърифат буданд. Онҳо ба қадри адабиёт, мусиқӣ, китоби хуб оро ёфта мерасиданд. Шоирони маъруфу ин давра К.Биноӣ, Ҳафиз, Мушфиқӣ, тазкиранавис Ҳасанхоҷаи Нисорӣ буданд.

Давлати Ҷониён (Аштархониён) солҳои 1599-1753

Соли 1598 Абдуллохони II аз тарафи писараш Абдулмуъмин кушта шуд. Баъди ин фоҷеа худи Абдулмуъмин ба тахт нишаст, вале муддате нагузашта, ӯ низ бо фармони як гурӯхи манфиатдор кушта шуд. Пирмуҳаммадхони II охирин намояндаи сулолаи Шайбониён низ ба зудӣ дар низоъҳои дохилӣ ҳалок гардид.

Сафавиён, доираҳои манфиатхоҳи хонии Хева ва қазоқҳо аз гирифториҳои Шайбониён истифода намуданд. Шоҳи сафавӣ шоҳ Аббоси 1 қисмати зиёди Хуросон ва ҳатто Ҳиротро пас аз муҳосираи нуҳмоҳа ба даст овард. Дар чунин ҳолат, ки аз авлоди Шайбониён касе зинда намонд, аъён ва ашрофи Бухоро маснади хониро ба Ҷонмуҳаммад султон (Ҷонибексултон) пешниҳод намуданд. Ӯ аз авлоди ҳамон чингизиёне буд, ки пас аз пароканда шудани давлати Ӯрдаи тиллоӣ дар Аштархон ҳукумати хонӣ ташкил дода буданд. Вақте ки Аштархонро Русия забт намуд (соли 1556), хонзодаҳои аштархонӣ фирор карда, ба назди Шайбониён омаданд. Яке аз онҳо Ҷонибек буд, ки бо хоҳари Абдуллохони Шайбонӣ издивоч кард. Ин силсила бо номи ӯ, яъне Ҷониён ёдоварӣ мешавад.

Ҳарчанд, ки Ҷонибек-султон пешниҳоди ашрофро рад кард, бо розигии ӯ ба ҷоӣ вай бародараш Боқимуҳаммад (1599-1605) ба тахт нишаст.

Боқимуҳаммад Балхро аз дасти сафавиён кашида гирифт ва онро ба истиқоматгоҳи вориси тахт табдил дод. Ғайр аз ин ӯ дар идоракунии давлат ва лашкар дигаргуниҳо гузаронид. Баъди вафоти Боқимуҳаммад аъёну ашрофи мамлакат писари бародарзодаи ӯ Имомқулихонро (1611-1642) бар тахти хонӣ бароварданд.

Имомқулихон давлати пурзӯре ташкил дода, бар зиди феодалони саркаш ва ҳокимони якрав бо муваффақият мубориза бурд. Ӯ дар шимол ҳам бо халқҳои бодиянишини қазоқ, қароқалпоқ бисёр ҷангҳои бераҳмона кард.

Минбаъд Имомқулихон тавонист ҳудуди давлати худро васеътар намояд: ӯ қазоқҳоро ронда, Тошкандро бозпас гирифт, писараш Искандарро дар ин шаҳр воли таъин намуд, зеро аз лиҳози стратеги он аҳамияти муҳим дошт. Ӯ қабилаҳои қалмиқ, қарақалпоқ ва айротҳоро, ки ҳамагӣ ба Мовароуннаҳр cap дароварда буданд, аз сарзамини худ пеш кард. То поёни салтанати Имомқулихон таҷовузи ин ғоратгарон ба шаҳрҳои тоҷикнишин қатъ гардид. Дар давраи ӯ тиҷорат хеле пешрафт карда, дар масъалаи обёрӣ низ тадбирҳои мунаффақона анҷом дода шудааст.

Имомқулихон соли 1642 кӯр шуд ва аз давлатдорӣ даст кашида, бародараш Нодирмуҳаммад (1642-1645)-ро, ки амири Балх буд, ба тахт нишонида, худ ба зиёрати Макка шитофт ва мувофиқи ривояти сарчашмаҳо соли 1650 аз олам чашм пӯшид.

Давраи кӯтоҳи ҳукмронии Нодирмуҳаммад (1642–1645) дар дарбор аз кашмакашиҳоро ба амал овард. Аз ин душманони хориҷии онҳо истифода намуда боз забткориҳои худро оғоз намуданд. Махсусан қазоқҳо ба ҳудуди Қӯқанд сар даровардаанд. Аз ин бесарусомони истифода намуда писари Нодирмуҳаммад Абдулазиз табадуллоти давлатӣ гузаронида ба ҷои падараш ба сари ҳокимият омад.

Ба сари ҳокимият омадани Абдулазиз ( 1645–1680) муборизаи дохили сулолавиро пурзӯр намуд. Ин давраи ҳукмрони давраи душвортарин дар таърихи ин давлат ба ҳисоб мерафт. Пеш аз ҳама ин муборизаро дар байни писару падар тезу тунд гардонд. Аз ин Хевагиҳо, эрониҳо ва ҳатто Темуриёни ҳинд истифода намуда барои ба даст овардани Хуросону Мовароҳуннаҳр кӯшиш мекарданд. Аз баски давлат аз ҷониби ду марказ Балх ва Бухоро идора карда мешуд, бинобар мубориза асосан дар атрофи ин шаҳрҳо суръат мегирифт. Нодирмуҳаммад дид, ки бо қувваи лашкари Балх аз болои фарзандонаш ғолиб омада наметавонад. Бинобар ба сардори Темуриёни Ҳиндустон Шоҳҷаҳон (1628–1650) барои кӯмак муроҷиат намуд ва бо сардории писарони ӯ Аврангзеб ва Муродбахш қушуни калон ба тарафи Балх ҳаракат кард. Аммо мақсади асосии ӯ на ёри барои Нодирмуҳаммад балки ба даст овардани замини бобоёни худ иборат буд. Нодирмуҳаммад аз Эрон боз ба Балх баргашт. Абдулазиз дид, ки аз омадани падараш вазъи сиёсии мамлакат халалдор мегардад ва бародараш Субҳонқулихонро ба Балх фиристод. Аммо бо ин муборизаҳои дохилӣ барои ба даст овардани ҳокимият хомӯш нашуд. Аз ҳуҷумҳои хориҷиён ва нотавону лоғар гаштани бародараш Субҳонқулихон (1680–1702) истифода намуда ба тахт нишаст. Аммо ӯ низ бо муборизаҳои дохилӣ ва хориҷӣ хотима дода натавонист.

Хевагиҳо боз барои забти Мовароҳуннаҳр ва Самарқанд оғоз намуданд. Субҳонқулихон тавонист онҳоро аз шаҳр ронда аз амалдорон товони ҷангро ситонд ва бо ёрии наздикони хони Хева онро ба даст овард, ки ягона мувафақияти ӯ ба ҳисоб мерафт. Дар дигар корҳои давлатдорӣ ба комёби ноил гардида натавонист. Низоҳои байни худи феодалон кайҳо аз доираи хонадони салтанат берун баромада буданд. Сарони тоифаҳои ӯзбек пеш аз беш қувват мегирифт. Дар замони ҳукмронии Субҳонқулихон мавқеъи Маҳмудбӣ атолиқ баланд мегардид. Барои ёрдаме, ки Маҳмудбӣ барои ӯ дар забти Хева расонида буд ӯро ҳокими Балху Бадахшон таъин сохт.

Ҷангҳои мушкиле, ки ӯ мебурд боиси холи шудани хазинаи давлат ва қувват гирифтани зулму истисмори оммаи меҳнаткаш гардидаанд. Барои ҷангҳои дохилии зидди феодалони саркаш сармояи зиёд лозим буд, аз ин рӯ хон пешаки аз аҳолӣ ситонидани андози солҳои ояндаро низ ҷорӣ кард, ки барои вазъияти онвақтаи мамлакат ҷорӣ намудани ин намуди андоз барои аҳолӣ ниҳоят дараҷа вазнин буд. Ришвахурӣ ва сӯистифодае, ки амалдорон дар арафаи ситонидани андоз иҷро мекарданд, халқи меҳнаткашро боз ҳам руҳафода мекард.

Дар замони ҳукмронии Убайдуллохон (1702-1711) муборизаи ҳокимон ба муқобили ҳокимияти марказӣ ниҳоят тезу тунд гардид. Убайдуллохон барои суст намудани иқтидори ҳокимони маҳалли як қатор чораҳо андешид. Ӯ дар тамоми фаъолияти худ пеш аз ҳама бо феодалони табақаҳои тоҷикон такя мекард.

Оқибат, феодалони калон ва рӯҳониён сӯиқасд ташкил намуда, дар соли 1711 Убайдуллохонро куштанд. Баъд аз марги Убайдуллохон бародари ӯ Абдулфайзхон бар тахти хонӣ нишаста бошад ҳам, ҳокимият асосан дар дасти намояндаи қабилаи манғитиҳо Муҳаммадҳакимбии атолиқ буд. Худи Абдулфайзхон қариб аз тамоми ҳуқуқҳо маҳрум гардонида шуда буд.

Дар ин давра парокандагии феодалӣ то андозае пурзӯр гардид, ки ҳукумати марказӣ тамоми иқтидорашро аз даст дод ва давлати хонӣ ба ноҳияҳои мустақилу ҷудогонаи Фарғона, Балх, ва ғ. тақсим шуд.

Дар чунин ҳолат давлати Аштархониҳо соли 1740 ба ҳуҷуми шоҳи Эрон Нодиршоҳ дучор гардида ба вай таслим шуд.

Дар замони Аштархониён ҳокимони бисёр вилоятҳо аз ҳисоби амирони қабилаҳо дар он ҷойҳо танхоҳхӯр ба шумор мерафтанд. Амирон то рафт пуриқтидор шуда аз ҳисоби ҳамқабилаҳои худ отрядҳои пурзӯри ҳарбӣ ташкил менамуданд.

Дар натиҷаи фурӯш, тақсим ва ҳадя кардани заминҳои давлатӣ ва мулкӣ миқдори онҳо кам гашт ва даромади хазина ночиз шуд. Дар баробари ин харобшавии минбаъдаи хоҷагии барзгарон ҳам яке аз сабабҳои кам шудани даромади андозҳо гашт.

Убайдуллохон барои муқобилият ва иқтидори иқтисодии амиронро суст намудан кӯшиш мекард, ки асоси молиявии ҳокимияти марказиро пурзӯр кунад. Бо ин мақсуд ӯ соли 1708 ислоҳоти пулӣ гузаронид. Вале ин чораҷуӣ хазинаи тиҳигаштаро бой карда натавонист.

Аз сустии иқтисодии давлат ва заифии қувваҳои ҳарбии хон истифода бурда, амирон дар вилоятҳо худашонро ҳокимони мутлақ эълон намуда, аз итоати ҳокимияти марказӣ рӯй мегардониданд.

Бар хилофи амирони вилоятҳо рӯҳониён, сармоядорони миёна ва калон, ашрофони авлодӣ тарафдори пурзӯршавии ҳокимияти марказӣ буданд. Зеро онҳо ҳамчун соҳиби заминҳои зиёд, корвонсаройҳо дӯконҳои савдогарӣ дар шаҳру деҳот мехостанд, ки дар зери ҳимояи доимии давлат бошанд. Аз ин ҷост, ки дар байни ин ду гурӯҳи феодалон ҳамеша муборизаҳо давом доштанд ва оқибат амирон дар ин муборизаҳо ғолиб омаданд.

Дар давраи ҳукмронии Аштархониён эшонҳо, яъне сардорони ҷамоаҳои пурзӯри дарвешон низ соҳиби эътибор ва нуфузи калон буданд. Онҳо шахсони бадавлат буда, мулк, дӯкон, муассисаҳои савдо ва пули зиёде доштанд. Эшонҳо дар муборизаи байни хонҳо, султонҳо ва амирон роли калоне бозида, мусбат ё манфӣ ҳал шудани ин муборизаҳо аксар вақтҳо ба мавқеи онҳо вобаста буд. Эшонҳо дар вилоятҳо баъзан ҳокимони маъмурӣ мешуданд.

Рӯҳониён, яъне шайхулислом, раисон, муфтиён, муллоён ва ғ. дар ҳаёти ҷамъияти ва сиёсии мамлакат мавқеъ ва мақоми махсус доштанд. Ҳамаи онҳо нозирони имону риояи қоидаҳои шариат ва аркони ҳокимияти хон ҳисоб мешуаданд.

Дар миёнаи асрҳои XVI баъд аз он ки қушунҳои рус қазону астраханро ишғол карданд ба Осиёи Миёна наздик шуданд. Ин наздикшавӣ сафирони ду кишварро соли 1558 ба Бухоро овард, ки муносибатҳои дипломатӣ ва савдо барқарор карда шуда масъалаҳои тиҷоратӣ матраҳ гардид. Аз Расия ба Осиёи Миёна тилло, нуқра, лавозимоти ҳарбӣ, шароб, асал, пӯст ва ғ. оварда мешуд, ки бисёри ин молҳо ба Ҳиндустону Эрон интиқол дода мешуд. Аз Осиёи Миёна ба Россия матоъҳои пахтагин шоҳивор, гилем, қолин, қоғаз, яроқҳои шарқӣ, меваҳои хушк бурда мешуд.

Дар асрҳои XVI-XVIII вазъияти мамлакат барои инкишофи илму маданият на он қадар муфид буд. Зеро ҷангҳои шайбониён ва саффавиён дар солҳои 1507-1510 ба ҳаёти мадании Ҳирот зарба зада инчунин низоъҳои сунниҳо ва шиаҳо ба пешрафти он халал ворид сохт. Шоирони маъруфи ин давра Камолиддин Биноӣ (1458-1512), Бадриддин Ҳилолӣ (вафоташ 1529), Зайниддин Восифӣ ва Абдураҳмони Мушфиқи буданд. Асри XVIII давраи нави адабиёти классики тоҷик буд, ки дар ин давра шоирону мутафакирони забардаст ба монанди Биноӣ, Восифӣ, Ҳилоолӣ, Саидои Насафӣ, Бедил, Зардӯзии Самарқандӣ умр ба сар бурданд. Дар нимаи дуюми асри XVIIII кӯшишҳои марказгурези ва мустақилшавии бисёр ҳокимони вилоятҳои Бухорои Шарқӣ, Ӯротеппа ва Хуҷанд авҷ гирифта буд.

Сулолаи Манғитиён солҳои 1753-1920

I. Дар нимаи 2-юми асри XVIIII, ки дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ, иқтисодиёт хеле хароб гашта буд, Осиёи Миёна парокандагии сиёсиро аз сар мегузаронад. Дар чунин вазъияти номусоид ва мураккаб шоҳи Эрон Нодиршоҳи Афшор баъди ғалаба ба Ҳиндустон, Кавказу Балх ба Мовароуннаҳр ҳуҷум мекунад. Ин ҳодиса соли 1740 ба вуқӯъ меояд.

Дар Осиёи Миёна давлати ягона вуҷуд надошт, ки пеши роҳи Нодиршоҳро гирад. Дар сари давлати хонии Бухоро намояндаи сулолаи Ҷониён Абдулфайзхон (1711-1747) меистод, ки ба айшу ишрат дода шуда, аз ӯҳдаи идоракунии давлат баромада натавонист. Ин буд, ки давлат рӯ ба инқироз ниҳод, ҳар кас тамаъи сардорӣ, ҳар фард талоши роҳбарӣ дошт. (ниг. Б. Ғафуров, Тоҷикон, к. 2 с. 86).

Дар баробари Нодиршоҳи Афшор солҳои 1723 – 1730 қабилаҳои бодиянишин водии Зарафшонро ба харобазор тадбдил доданд.

Дар чунин вазъияти вазнини сиёсӣ ба арсаи сиёсат намояндаи қабилаи манғит Муҳаммадҳакими атолиқ бо писараш Муҳаммадраҳимбий бо дастгирии шоҳи Эрон Нодиршоҳ мебароянд.

Манғит – гуфта он қабилаи туркнажодеро меноманд, ки қисман дар Миёнкол ва қисман дар байни дарёҳои Волгаю Урал зиндагӣ мекунанд. Пешомади Манғиён нуғайҳо,ки пешомади муғулҳо буданд. ки дар асри 13 дар Дашти Қипчоқ ҷой гирифтанд. Дар зери таъсири қипчоқҳо забони туркӣ – қипчоқиро қабул мекунанд.

Муҳаммадраҳимбий дар аввал ҳукмрони Миёнкол буда дар дарбори Аштархониён то ба вазифаи атолиқӣ ва баъдтар ҳокими Чағониён (Ҳисор) ва соли 1714 Самарқанд гардид. Аз дастгирии шоҳи Эрон истифода бурда солҳои 40-уми асри XVIII сулолаи Аштархониён ба бозичаи дасти ӯ табдил меёбад. Соли 1747 аз кушта шудани Нодиршоҳ дере нагузашта, Муҳаммадраҳимбий Абдулфайзхонро бо ду писараш ба қатл расонда бо дастгирии амалдорони дарбор ва сардорони қабилаҳои узбек ба тахти Бухоро мешинад. Аз ҳамин давра сар карда Бухоро номи хонигариро мегирад. Муҳаммадраҳимбий аз саркардаҳои қабилаҳои ӯзбек итоат ва фармонбардории ягонаро талаб намуда феодалони саркашро ба ҷазои сахт маҳкум намуда, баръакс тарафдоронашро бо тӯҳфаҳо қадр менамуд. Бо ин Муҳаммадраҳимбий сиёсати мутамарказонидани давлатро пеш гирифта буд, ки ба фоидаи амалдорон, тоҷирон ва ҳунармандон буд. Феодалони калонеро, ки сиёсати ӯро дастгирӣ намекарданд ба ҷойҳои дурдаст бадарға менамуд, ки онҳо аз ҳуқуқи сиёсӣ ва даромадҳои худ маҳрум мешуданд.

Моҳи сентябри соли 1748 дар Арки Бухоро сӯиқасд ба ҷони Муҳаммадрабий ташкил карда мешавад. Ӯ сӯиқасдчиёнро ҷазои сахт дода ӯрда (қароргоҳ) – и худро аз назди Манораи Калон ба Арк кӯчонид. Ӯ тавонист, ки зиддияти феодалони Миёнкол, Нурато, Ҳисор, Қабодиён, Бойсун, Шаҳрисабз, Ғузор ва Ургутро шикаст додат тобеи худ гардонид.

Тирамоҳи соли 1752 девори атрофи Бухоро аз нав таъмир карда мешавад. Дар натиҷаи походи соли 1753 ба саргаҳи дарёи Зарафшон, Панҷакент, Ёрӣ, Фалгар, Киштут, Ургут, Диззах, Зомин ба Бухоро тобеъ карда мешавад. Муҳаммадраҳимбий ба духтари Абдулфайзхон хонадор шуда, домоди авлоди Чингизхон шуд. Соли 1756 бо дастгирии амирони қабилаҳои манғит Муҳаммадраҳимбийро ба намади сафед бардошта ба тахт шинонданд. Ӯ 45 сол умр дид, ки аз он 11 сол дар тахт буд. Моҳи Марти соли 1758 Муҳаммадраҳимбий вафот мекунад. Аз баски ӯ танҳо як духтар дошт, саркардаҳои манғит ба тахт амаки ӯ Дониёлбий (1758-1785) – ро шинонданд. Аммо баъди як сол саркардаҳои қабилаҳои ӯзбек дар Самарқанд, Шаҳрисабз, Ҳисор бар зидди ӯ баромад. Он гоҳ Дониёлбий ба хотири оромии давлат набераи Муҳаммадраҳимбийро аз духтараш ҳокими Ӯротеппа (Истаравшан) Фозилтӯраро ба тахт овард, аммо ҳокимиятро пурра дар дасти худ нигоҳ медошт. Баъди исёни навбати Фозилтӯра ҳокими Қарши таъин карда шуда ҳамроҳи падараш ба Насаф фиристода мешавад.

Соли 1784 табақаи ҳунармандон ва тоҷирон шӯриш бардоштанд, ки дар натиҷа зиёда аз ҳазор нафар кушта шуданд. Дониёлбий маҷбур шуд, ки ҳокимиятро ба писари порсо ва қаландармиҷозаш Шоҳмурод супорад. Шоҳмурод тарафдори равияи суфия буда муриди шайх низ будааст. Ӯ дар бар либоси дарвешӣ карда ҳамроҳи ҳаммаслаконаш мегаштааст. Бо фармони шайх дар бозор ҳаммолӣ ҳам кардааст. Баъд аз вафоти падар Шоҳмурод бо либоси тавбагӣ дар тан дар кӯчаҳои Бухоро гашта аз мардум гуноҳҳои падарашро мепурсад. Он ҳиссае, ки аз падар мерос ба ӯ доданд, бо фармони ӯ ба камбағалон тақсим карда мешавад. Либоси оддӣ мепӯшид ва то дариданаш аз тан намекашид. Таомро хеле кам мехӯрд. Дар як рӯз барои эҳтиёҷоташ ҳамагӣ як танга сарф мекард, ки атрофиёнашро ба ҳайрат гузашта буд. Аз ин рӯ ба ӯ лақаби «Маъсум» (бегуноҳ) – ро доданд. Амалдороне, ки нисбати аҳли меҳнат зулм мекарданд, дар ҳузури омма ҷазо дода мешуд.

Зиндагии шикастнафасонаи шоҳзода, соддагӣ хоксорӣ ба халқ наздик буданаш дар байни омма эътибори зиёд пайдо мекунад.

Давраи салтанати Шоҳмурод (1785-1800) дар таърихи сулолаи Мантия давраи нисбатан устувор гардидани давлати Бухоро буд. Ӯ аз мансаби хонӣ даст кашида, худро амир эълон мекунад, чунки ӯ ба Шаҳбону ном духтари Саид Абдулфайзхони Аштархонӣ хонадор шуда ба ин восита унвони амириро гирифтааст.Аз давраи Ҳайдар сар карда ба номи амирони Манғит калимаҳои «Саид ва амир» илова мегардад.

Дар солҳои охири ҳукмронии Аштархониён ва давраи аввали манғитиён, дар байни қурби расмӣ ва амалии он тафовут ба амал омада буд. Соли 1785 Шоҳмурод ислоҳоти пулӣ мегузаронад. Аз ин рӯ ислоҳоти пулии Шоҳмурод барои ба тартиб даровардани муомилот аҳамияти калон дошт. Ба ҷои тангаҳои нуқраю мис аралаш, ки «ашрофӣ» ном дошт, тангаҳои нуқрагине, ки вазнашон 0,7 мисқолӣ (3,36гр) ба муомилот бароварда шуданд. Инчунин амир Шоҳмурод зарробии (сикказании) озод ҷорӣ кард, яъне шахсони алоҳида метавонистанд нуқра оварда танга бароранд.

Шоҳмурод ҷараёни мурофиаи судӣ ва роҳбарияти идораи қозиётро ба зима мегирад. Аз тарафи ӯ дастурамали ҳуқуқӣ барои судҳои вилоятҳо ва туманҳо тартиб дода шуд. Палатаи суди Олӣ, ки аз чил нафар муфтиён фақеҳо ниборат буд, бо иштироки худи амир парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданиро дида мебаромаданд. Шахсан ба суд ҳозиршавии ҳамаи даъвогарон, ҷавобгарон, айбдоркунандагон ва гунаҳкорон новобаста ба вазъи иҷтимоиашон зарур буд. Ҷазоҳои сахт муайян карда мешуданд. Мисол, Барои роҳзани сар аз тан ҷудо карда мешуд, барои дузди дасти ростро мебуриданд… Ин тадбирҳо як андозае пеши роҳи ғорату тороҷро мегирифт.

Шоҳмурод дар лашкар низ таъғиротҳо дохил мекунад. Мулкҳои калонтарини сарлашкарон ба хазина баргардонида шуда, ба ҷои замин моҳонаи пулакӣ таъин гардиданд. Барои қонеъ гардонидани талабҳои қӯшун, ки ташнаи ҳокимият буд, бо шиори «Ҷиҳоди муқаддас бар зидди шиаҳо» чандин маротиба ба Хуросон лашкар кашид. Аз ҳисоби асирон бозори ғуломфурӯшӣ дар Бухоро равнақ ёфт. Ӯ ду маротиба ба Марв лашкар кашида, сарбанди дарёи Мурғобро вайрон мекунад, аҳолии онро ба Самарқанд ва Бухоро мекучонад, ки имрӯз бо номи эрониҳо машҳур мебошанд.

Ба гуфти Аҳмади Дониш амири маъсум Шоҳмурод 15 сол ҳукмронӣ намуда моҳи ноябри соли 1800 дар сини 52 солагӣ вафот мекунад.

Баъд аз сари Шоҳмурод писараш Ҳайдар (1800-1826) ба тахти Бухоро мешинад. Вале ӯ сиёсати падари худро давом дода натавонист. Мувофиқи сарчашмаҳо амир Ҳайдар аксар вақти худро ба омӯзиши асарҳои фиқҳ сарф карда дар мадрасаи Арк ба дарсгӯи машғул буд. Албатта муллобачаҳои мадрасаро ба дарси «амири донишманд» ба зарби чӯб ҷамъ мекарданд. (Давлатбеков Н. халқи тоҷик дар давраи феодалӣ ва ташаккули муносибатҳои капиталистӣ; Душанбе, 2006 123).

Амир Ҳайдар қуръонро саропо аз бар карда бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ зоҳиди риёзаткаш набуд, чунки ҳар моҳ ҳамсарашро иваз менамуд.

Дар солҳои авали ҳукмрониаш ба амир Ҳайдар муяссар гардид, ки Хеваро суст гардонад ва бо ин хавфи ҳуҷум ба Бухоро кам гардид. Соли 1810 дар ҷанги Ӯротеппа ғалаба ба даст оварда Ҷиззах ва саргаҳи Зарафшонро ба қаламрави худ дохил намуд. Ӯ Ҳисорро тобеи худ намуда хусурашро ҳоким таъин намуда бо унвони атолиқ сарфароз мегардонад.

Ҷангҳои доимии амир Ҳайдар ба некӯаҳволии Аморати Бухоро таъсири манфӣ расонид. Хароҷоти ҳарбӣ ба гардани оммаи хулқ бор шуд, ки ин ба шӯриши калони қабилаи узбекҳои нимкӯчманчии Хитой – қипчоқ дар солҳои 1821-1825 гардид. Ба тамоми кӯшишҳои амир Ҳайдар нигоҳ накарда, ӯ натавонист, ки ҳокимияти худро мустаҳкам намояд. Уламо ва амалдорони калон нисбат ба амир муносибати душманона доштанд.

Моҳи октябри соли 1826 амир Ҳайдар дар сини 53 – солагӣ вафот мекунад.Писараш Насрулло ӯро ба хатнатӯи писараш даъват намуда заҳр медиҳад. Аз рӯи васияташ писари калониаш Ҳусайн вориси тахт шуд. Вале баъди 76 рӯз амир Ҳусайн низ бо заҳр кушта мешавад. Писари дуввум ва сеюми Ҳайдар Умархон ва Насрулло ҳамсол буданд. Дарбориён Умархони ишратдӯст ва меҳнатқимобро аз тарси Насруллои низомӣ боло дониста ба тахт меоранд. Насрулло бо лашкари Насаф, Самарқанд ва Миёнкол ба Бухоро ҳуҷум карда 70 рӯз шаҳрро ба муҳосира мегирад. Бо ёрии Муҳаммад Ҳаким қушбегӣ, ки вазири амир Ҳайдар буд, ба Бухоро дохил мешавад. Аммо дарҳол

Муҳаммад Ҳакимро қатл мекунад. Ӯ дар аввал аз баҳри куштани бародараш Умар гузашта иҷозат медиҳад, ки ба Фарғона паноҳ шавад. Вале бо супориши Насрулло Хайруллобек ном ҷалод ӯро дар Қӯқанд мекушад. Барои чунин бераҳми ба Насрулло лақаби «амири қассоб» дода мешавад. Ӯ ҷасади бародаронашро поймол карда моҳи апрели соли 1827 ба тахт мешинад. Ӯ аъёну ашрофи қабилаҳои узбекро, ки ба ӯ итоат кардани набуданд сахт саркуб намуда дар идоракунии давлат бештар тоҷиконро истифода мебарад.

Дар замони ҳукмронии амир Насрулло як қатор ислоҳотҳо гузаронида шуданд, ки мақсад аз онҳо мустаҳкам кардани ҳокимияти давлатӣ буд.

Соли 1837 дар натиҷаи ислоҳоти ҳарбӣ дар Бухоро лашкари доими ва мунтазами сарбозон аз мардуми оддии тайёрии ҳарбӣ надошта ташкил меёбад. Ӯ дастаи 250 – нафараи тупчиёнро таъсис дод. Мувофиқи ислоҳот ба аскарон либоси ягонаи махсуси ҳарбӣ, ки аз куртаи сурх, шимми сафед ва телпаки эронӣ доштанд. Ҳар як сарбоз бо милтиқи найзадор, шамшер ва тапонча мусаллаҳ буд. Асирони рус ба сифати мушовир хизмат мекарданд. Сарбозон бо оилаҳояшон дар хонаи махсус (казармаҳо) зиндагӣ мекарданд. Дар як моҳ 3 суми нуқра маош мегирифтанд. Амир Насрулло соли 1842 Қӯқандро забт карда хони он Муҳаммадалихон ва модараш шоираи маъруф Макнуна (Нодира)-ро ба дор мекашад. Ӯ 20 сол ба қабилаи кенагасҳои Шаҳрисабз ҷанг карда баъди 32 паходи ҳарбӣ соли 1856 онро забт мекунад.

Дар замони амир Насрулло Бухоро ба арсаи рақобати Россияи подшоҳи ва Англия мегардад. Хусусан Англия бо ҳар роҳ кӯшиш мекард, ки ба давлатҳои Осиёи Миёна бештар таъсир расонад. Аммо ин барои ҷосусони Англия бебарор анҷом ёфт ва онҳо барои ноҳурматиашон нисбати тартиботи амир ба қатл расонида мешаванд.

Амир Насрулло дар охири умраш ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат мерасад. Зани ба зӯр гирифтааш Кенагасхонум – духтари волии Шаҳрисабз ҳангоми хоб ба гӯшаш симоб рехт. Амир аз дарди ҷонкоҳ бедор шуда, пеш аз маргаш фармуд, ки зан ва ҳамаи бачаҳои вайро кушта ба чоҳ партоянд. Ин воқеа соли 1860 ба амал омада буд.

Баъди вафоти амир Насрулло ҳокимият ба дасти писари ягонааш Музаффар (1860-1885) мерасад. Дар ин бора А.А. Семенов чунин мегӯяд:

«Писар ва вориси амир Насрулло Музаффар меҳри падарро ягон қадар эҳсос намекард ва амир Насрулло ҳеҷ намехост, ки Музаффар вориси тахти Бухоро гардад. Бинобар ин падар аз паи куштани писар буд. Вале азбаски дигар писари оқиле надошт ин қасди худро ба таъхир меандохт». (Семенов А.А. 1954 с.4).

Давлати хонии Қӯқанд дар нимаи авали асри XIX.

Асосгузори хонигарии Қӯқанд Шоҳрухбий аз қабилаи мингҳо буд, ӯ соли 1710 мулкҳои хоҷагони Фарғонаро дар Чодак сарнагун карда шаҳри Қӯқандро бино мекунад. Ба ақидаи В.В. Бартольд Шоҳрухбий ташкилкунандаи давлати мустақил дар Фарғона ва пойтахт дар Қӯқанд мебошад. Аммо ҳукмронии ӯ дер давом накард. Соли 1722 дар натиҷаи зиддияти сардорони қабила кушта мешавад. Ба ҷои ӯ писараш Абдураҳимбий (1722-1733) ба тахт мешинад. Дар муддати 12 соли ҳукмрониаш ҳудуди давлати худро аз ҳисоби мулкҳои забткардааш Қӯқанд, Андиҷон васеъ гардонид. Писари дуюми Шоҳрухбий Абдулкарим (1733-1747/48) қалъаи дигаре месозад, ки он ҳамчун рамзи давлатдорӣ буда, Эскиӯрда ном гирифт. Набераи ӯ Ирдонбий (1748-1774) марзи мулкҳои худро бо сарҳади давлати Чин мерасонад. Соли 1754 -1760 Фарғона ба чор бекигарӣ – Андиҷон, Намангон, Марғелон, Қӯқанд тақсим шуда буд. Ин бекигариҳо дар атрофи Қӯқанд мутаҳид шуда соли 1754 бар зидди Ӯротеппа походи ҳарбӣ ташкил карда, ғалаба ба даст оварданд. Соли 1774 Ирдонбий вафот мекунад. Яке аз хешовандонаш бо номи Норбӯтабий (1774-1800) хон эълон мекунад. Ӯ бо давлати Чин иттифоқчӣ буда дар давраи ҳукмрониаш Қӯқандро тобеи худ мегардонад. Аксари таърихнигорон айёми ҳукмронии Норбутаро ҳамчун давраи беҳтаршавии хоҷагӣ, арзоншавии нархҳо, сохтмони иншоотҳои обёрӣ, сохтмони мадрасаҳо (Мадрасаи Мир с. 1799) мешуморанд.

Вориси Норбуттабий писараш Олимхон (1800-1810) ба мулкҳои Фарғона Тошканд ва Чимкентро ҳамроҳ мекунад. Олимхон аввалин хони бонуфӯзи Қӯқанд буда ӯ 15 маротиба ба Ӯротеппа лашкар кашида, дар охир тобеъ мекунад, ки он баъд боиси ҷангҳои пай дар паи Қӯқанду Бухоро шудааст. Олимхон соли 1809 Қаротегин Дарвозро забт мекунад. Ӯ аз ҳисоби тоҷикони кӯҳистони Қаротегину Дарвоз лашкари зархарид ташкил мекунад. Ӯ соли 1805 ба таври расми рутбаи хониро қабул мекунад ва давлати Фарғона хонигарии Қӯқанд ном гирифт. Олимхон соли 1810 аз тарафи бародараш Умар кушта мешавад.

Умархон (1810-1822) бо дастгирии феодалони калон ба сари ҳокимият омада сиёсати бародарашро дар мустаҳкамкунии давлат давом медиҳад. Умархон ба қисмати шимолии Осиёи Миёна лашкар кашида шаҳри Туркистон ва масоҳат паҳновари даштҳои қазоқнишинро аз Баҳри Арал то Ҳафтрӯд ишғол намуд. Қалъаҳои Оқмачит (Қизилӯрда), Авмета (Ҷамбул), Пишкек (Бишкек) сохта шуданд. Бо ин як қисми қабилаҳои қазоқу қирғиз ба қаламрави Қӯқанд ҳамроҳ шуданд. Баъди ин Умархон унвони «Амир – ал — муслимин» гирифта бо номи худ тангаҳо сикка мезанад. Пойтахти давлат ҳамчун «Қӯқанди латиф» маъруф гашт, ки номи аслии тоҷикиаш Ҳавоканд – манзили шамол мебошад. Ӯ байни Андиҷону Қӯқанд шаҳри нави Шоҳрухонро месозад. Умархон табъи шоири дошта бо тахалуси амир бо забони тоҷики шеър менавишт. Ӯ беҳтарин шоирон, рассомон хаттотонро ба дарбор ҷамъ мекунад. Мактабҳои духтарона ташкил мекунад, ки саҳми ҳамсари Умархон Моҳлар ойим, ки дар адабиёти тоҷику узбек калон аст. Умархон моҳи январи с 1822 вафот мекунад.

Писар ва вориси Умархон Мадалихон (Муҳаммад Алихон) (1822-1842) вақти ба тахт нишастанаш 14 сола буд. Ба хурдсолиаш нигоҳ накарда ҳукмрониро аз қатлу бадарғакунии амалдорони номақбул сар мекунад. Шарқшиноси рус В.П. Наливкин соли 1886 дар бораи Мадалихон чунин навиштааст: «Ин писарчаи хурдсол, инҷиқ, нозпарвард, сернозунуз, аз хушомадгӯиҳои дарбор ва занон ибрати муҳити атроф бадахлоқ ва бадрафтор шуда буд». (Насивкин В.П. Краткая история Какандского Ханства 1886г).

Соли 1826 Мадалихон ба ҷанги зидди Хитой барои ба даст овардани Қошғар аз тарафи авлодони махдуми Аъзам кашида шуда шикаст мехӯрад. Соли 1834 лашкари Қӯқанд, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлобро забт карда бо ҳудуди Шуғнон мерасад. Аммо васеъшавии ҳудуди давлат ҳукумати ӯро мустаҳкам накард.

Рӯҳониёни ислом Мадалиро ба мурдор кардани дин ва мулҳидӣ айбдор мекунанд, чунки ӯ ба модарандараш ва ду хоҳари угаи худ издивоҷ мекунад. Аз ин рӯ рӯҳониён ӯро кофир эълон карда ба амири Бухоро Насрулло – сарвари мусулмонони Осиёи Миёна мактуби шикоятӣ менависанд.

Соли 1842 амир Насрулло аз шӯриши Нодири Мадалӣ истифода бурда ба Қӯқанд лашкар мекашад. Мадалӣ, модари ӯ Нодирабегим, бародараш Султон Маҳмудхон ва писари калониаш дар толори маҷлис ба қатл расонда шуданд. Амир Насрулло дар Қӯқанд Иброҳим додхоҳро валӣ таъин мекунад.

Баъди 3 моҳ қипчоқҳои Хӯқандро бо сардории Мусулмонқулӣ намояндагони амир Насруллоро пеш мекунанд ва ба тахт Шералихон (1842-1845) амакзодаи Олимхонро шинонданд. Ҳукмронии Шералихон дер давом намекунад ва ба тахт писари хурдсолаш Худоёрхон (1845-1875) мешинад. Зиддиятҳои дохилӣ аз нав авҷ мегирад. Аз ин истифода бурда соли 1853 ҳокими Уротеппа Ғафорбеки ва ҳокими Тошканд бародари Худоёрхон Маллахон зидди ҳокимияти марказӣ исён мебардоранд. Аз тарафи дигар қӯшунҳои рус таҳти фармондеҳии Перовский қалъаи Оқмачидро муҳосира мекунанд. Қабилаҳои қазоқ низ ба шӯриши зидди Қӯқанд бархостанд. Ҳамин тариқ, дар нимсаи дуюми асри XIX дар натиҷаи низоъҳои байни қувваҳои муқимӣ дар дохили хонигарии Хӯқанд ба вуҷуд меояд. Дар чунин шароити таърихӣ истилои Осиёи Миёна аз тарафи Россия сар мешавад.

АДАБИЁТ:

1.Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. Қитоби дуюм , Д.,1983.

2. Мухторов А.М. Раҳмутуллоев А.З Таърихи халқи тоҷик. Москва, 2002.

3. Абдураҳмони Толеъ. Таърихи Абулфайзхонӣ. Тошкент,1959.

4. Мухторов А. Ҳисор. Очерки таърихӣ. Душанбе ,1995.

5. Муҳаммадамини Бухороӣ. Убайдуллонома. Тошкент,1957.

6. Муҳаммадюсуф Муншӣ. Таърихи Муқимхонӣ. Тошкент,1965.

7. Шукуров М.Р. Раҳматуллоев А.З Таърихи халқи тоҷик.Душанбе,1975.

8. Турсунов Н. Таърихи тоҷикон. Хуҷанд, 2001.

9. Ахмедов Б.А. Государство кочевых узбеков. М.1965.

10. История таджикской ССР под. ред. Антоненко Б.А. Душанбе,1983.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *