Фанни Таърих

Забт карда шудани сарзаминҳои аҷдодии тоҷикон аз тарафи Искандари Македонӣ

Нақшаи кор:

  1. Болоравии давлати Юнону Мақдуния.
  2. Вазъияти дохилӣ ва хориҷии давлати Ҳахоманишиҳо дар нимаи дуюми асри IV п. м.
  3. Аз тарафи Искандари Мақдунӣ барҳам дода шудани давлати Ҳахоманишиҳо.
  4. Муборизаи мардуми Ориёно бар зидди истилогарони Юнону Мақдуния. Шӯриши Спитамен.
  5. Оқибатҳои забткории Юнону Мақдуния дар Осиёи Миёна.
  6. Болоравии давлати Юнону Мақдуния.

Болоравии давлати Мақдуния дар замони ҳукмронии Файлақуси II (Филиппи II солҳои 359 — 336 п. м.) хеле назаррас буд. Ӯ лашкари хеле боинтизом ташкил намуда, барои истилои сарзамини мамлакатҳои ҳамсоя омода шуд. Файлақуси II соли 336 п. м. бо лашкари даҳ ҳазорнафара дар Осиёи Хурд пайдо шуд ва бар зидди форсҳо ба ҷанг шурӯъ кард. Аммо Файлақуси II ба мақсади хеш нарасид. Ӯро муҳофизатгараш ба қатл расонид.

Кушта шудани Файлақуси II пеши роҳи забткориҳои Юнону мақдуниҳоро гирифта натавонист. Ба ҷои Файлақуси II писари ҷасури бистсолааш Искандар (солҳои 336 — 323п. м.) ба тахт нишаст ва амали падарро идома дод. Баъди вафоти Файлақуси II дар Юнон ҳаракатҳои зидди мақдунӣ оғоз ёфт. Искандар тавонист, ки пеши роҳи онро гирад. Вай нисбат ба падараш маккору ҷаллодтар буд ва тавонист, ки пеши роҳи бетартибиҳоро гираду, таъсирашро дар Юнон зиёдтар намояд.

Баъди он, ки Юнон дубора мутеъи Мақдуния гардид тайёрии ҳарбии Искандар ба юриши Ҷанубу Шарқ пурзӯр шуд. Ӯ пеш аз ҳама лашкари пиёдагарду савораро ба муҳорибаҳо омода намуд.

Сипас мошинҳои деворшиканро ба кор омода сохт. Вай тавонист, ки тамоми ҷузъу томҳои сусти лашкарро то ба ҷанг даромадан мустаҳкам намояд. Искандар ба воситаи ҷосусонаш дар бораи лашкари душмани худ ва омодагии он ба ҳарбу зарбҳо маълумоти кофӣ дошт.

  1. Вазъияти дохилӣ ва хориҷии давлати Ҳахоманишиҳо дар

нимаи дуюми асри IV п. м.

Дар солҳои 40-30-юми асри IV то мелод дар натиҷаи табаддулотҳои давлатӣ, муборизаи дарборӣ, шӯришҳои халқӣ ва кӯшишҳои марказгурезии сатрапҳо мавқеи ҳокимияти марказии Ҳахоманишиҳо торафт суст гардид. Зиддият махсусан дар дохили дарбор тезутунд буд. Ардашери II — 115 писар дошт. Баъди сари ӯ соли 358 то мелод, яке аз писаронаш ба худ номи Ардашери III — ро гирифта ба тахт нишаст. Ӯ вақте, ки падараш дар қайди ҳаёт буд тамомии бародаронашро бо ҳилаву найранги зиёде ба қатл расонда буд. Баъди соҳиби тоҷу тахт гаштан тамоми хешовандони наздики худро саросар ба қатл расонида нобуд кард.

Ардашери хунхор баъди анҷоми ҷангҳо барои Осиёи Хурд ба муқобили Миср ҷанги тӯлониро оғоз намуд. Ҷанг бо Миср дар соли 341 хотима ёфт. Қисми зиёди сарзамини Миср аз дасти эрониён рафт. Дар натиҷаи ҷанги дуру дароз мамлакат хеле харобу заиф гашт. Куштор ва ноӯҳдабароии Ардашери III ба дили дарбориён зад. Ин буд, ки бо ташаббуси яке аз шахсиятҳои бонуфузи замон Хоҷасарои Боҳуй ба Ардашери III заҳр доданд.

Марги Ардашери III ба тахти Ҳахоманишиҳо подшоҳи бенуфуз Арсасро овард, ки ӯ бозичаи дасти дарбориён буд. Подшоҳ дар дарбор обрӯ ва нуфуз надошт. Ҳамаи корҳоро Хоҷасароӣ Боҳуй ҳал мекард. Дар натиҷа ба Арсас низ заҳр хӯронида, ӯро низ куштанд. Сипас бо тавсияи Боҳуй яке аз хешони дури Арсас бо номи Дорои III ба тахт шинонида шуд. Даставвал ӯ низ бозичаи дасти Боҳуй буд. Дере нагузашта Боҳуй хост, ки Дорои III — ро низ бо усули одаткардааш аз байн барад. Вақте, ки Боҳуй ба подшоҳ косаро пеш оварда дод, Дорои III аз заҳр доштани он бохабар буд ва худи Боҳуйро маҷбур намуд, ки онро нӯшад.

Пай дар пай иваз шудани подшоҳон, ҷангу ҷидолҳои дохилидарборӣ боиси суст ва заиф гардидани ҳокимияти марказии давлати Ҳахоманишиҳо гардид. Аз тарафи дигар, баъди ба тахт нишастани Дорои III (соли 336 п. м.) зиддияти сатрапҳо боло гирифт. Ба назар чунин мерасид, ки сатрапҳо аз итоат ба ҳукумати марказӣ тамоман рӯ гардонида буданд.Ташаббускори ин бесарусомонӣ сатрапи Бохтария Бесс буд. Ӯ аз сустӣ ва нотавонии Дорои III истифода бурда, худро мустақил эълон намуд. Ба замми ин ӯ сатрапияҳои дигарро низ ба ҷудошавӣ водор мекард. Кор ба ҷое расида буд, ки Дорои III ба ном шоҳ буду халос. Ӯ қобилияти подшоҳию сарлашкарӣ надошт. Мағлубиятҳои пай дар паи ӯ аз лашкари Юнону Мақдуниҳо шоҳиди гуфтаҳои болоянд.

Муҳорибаҳои ҷангӣ бо ғалабаи Искандар анҷом меёфтанд. Ин мағлубияти Дорои III Бессро дастболо мекард. Ин буд, ки ӯ дар байни лашкариён иғво андохта, ба подшоҳ сӯиқасд ташкил намуд. Сарлашкарон исён бардошта, бо сарварии Бесс Дорои III — ро ба қатл расониданд. Бесс худро бо номи Ардашер ё худ «Шоҳи Осиё» подшоҳ эълон намуда, дар ҷангҳои зидди Искандари Мақдунӣ сарлашкариро ба ӯҳда гирифт.

  1. Аз тарафи Искандари Мақдунӣ барҳам дода шудани давлати Ҳахоманишиҳо.

Искандар аз парокандагии сиёсӣ ва суст шудани давлати Ҳахоманишиҳо истифода бурда, моҳи майи соли 334 п.м. ба Осиёи Хурд ҳуҷум кард. Вай даставвал дар соҳили дарёи Граник ба лашкари Ҳахоманишиҳо, ки ба он Дорои III сарфармондеҳ буд шикасти сахт дод. Сипас тирамоҳи соли 333 п.м. дар наздикии шаҳри Исса бори дуюм ба қӯшуни Дорои III зарба зада, ба қисми ғарбии давлати Ҳахоманишиҳо соҳиб гашт. Баъди он вай ба ҷануб ҳаракат намуд. То соли 331 ӯ Осиёи Хурд, Сурия, Фаластин ва Мисрро ишғол намуд.

Искандари Мақдунӣ баъди забт намудани мамлакатҳои номбурда, моҳи сентябри соли 331 п.м. милод боз ба ҷангҳои зидди Ҳахоманишиҳо камар баст. Ӯ 1 -уми октябр дар наздикии деҳаи Гавгамела, воқеъ дар

Шарқу Шимолии Байнаннаҳрайн ба лашкари Дорои III зарбаи ҳалокатовар зад. Дорои III майдони ҷангро тарк намуда, роҳи гурезро пеш гирифт. Ин рафти забткориҳои Искандарро хеле осон намуд. Баъди ин задухӯрд лашкари Юнону Мақдуниҳо бемамониат ба забти ноҳияҳои марказии мамлакат камар бастанд. Пай дар пай шаҳрҳои калони Эрон, аз ҷумлаи Шуш, Истахр, Экботан ва ғайра ба дасти душман гузаштанд. Искандар аз ин рӯҳбаланд шуда, аз паи дастгир намудани Дорои III шуд.

Баъди кушта шудани Дорои III вазифаи сарлашкариро Бесс ба ӯҳда гирифт.Бесс лашкари 7 ҳазорнафараи бохтариёнро, ки чандин маротиба аз ҷангиёни Искандар кам буд ба ҳарб омода намуда, ба ин восита ҳуҷуми Юнониёну Мақдуниҳоро ба Ориёно ним сол ақиб партофт. Оқибат Искандар муқобилияти бохтариёнро шикаста, баҳори соли 330 пеш аз милод Бохтарияи ҷанубиро ишғол намуд. Бесс бошад ҳамроҳи отрядҳои суғдиён бо сардории Спитамен ва ашрофи бохтарӣ Оксиарт аз дарёи Ому гузашта, ба дохили Ориёно ақиб нишаст.

Ҳамин тавр, давлати Ҳахоманишиҳо, ки бештар аз ду аср арзи вуҷуд дошт ба ҳарбу зарби душмани маккор истодагарӣ карда натавонист. Акнун бо баҳонаи таъқиби Бесс Юнону Мақдуниҳо ба сӯи Ориёно ҳаракат намуданд.

  1. Муборизаи мардуми Ориёно бар зидди истилогарони Юнону Мақдуния. Шӯриши Спитамен.

Искандар худро наҷотдиҳандаи халқ эълон намуда, тамоми гуноҳро ба гардани Бесс ва шарикони ӯ бор кард. Вай барои сари Бесс ваъдаҳои калон дод. Бо ин роҳ ӯ хост, ки оташи ғазаби халқро каме паст кунад.Ҷанговарони Ориёно ва пешвоёни онҳо (Спитамен, Оксиарт ва дигарон) ҳангоми задухӯрд бо яроқ бо усулҳои ҷангии лашкари Юнону Мақдуниҳо аз наздик шинос шуданд. Аз ҳамин ҷиҳат амалиёти Бесс барои муборизаи минбаъдаи халқҳои мардуми Ориёно аҳамияти махсус дошт.

Искандар баъд аз ишғол кардани Балх роҳи Осиёи Миёнаро ихтиёр кард. Азбаски дар дарёи Ому сохтани кӯпрук кори душвор буд, лашкари ӯ ба амаду машкҳо савор шуда, дар муддати 5 рӯз аз дарё гузаштанд. Ин воқеа баҳори соли 330 пеш аз милод рух дода буд. Искандар таъқиби Бессро идома дод. Вақте, ки Бесс ба Суғд омад аз тарафи Спитамен ва ҳамсафонаш дастгир гардида, ба дасти Искандари Мақдунӣ супорида шуд. Баъди дастгир шудани Бесс бо амри Искандар гӯшу бинии ӯ бурида шуд. Бессро аз шаҳр ба шаҳр гардонида, оқибат дар шаҳри Экботан ба қатл расониданд. Бо ин роҳ Искандар худро тарафдори шоҳ Дорои III нишон дода, аъёну ашрофи форсро ба тарафи худ кашид.

Дар Осиёи Миёна шаҳрҳо бо девори мустаҳкам иҳота шуда, дар дохил қалъа вуҷуд дошт. Ба ин гурӯҳ шаҳрҳо шаҳрҳои Мароқанд, Курушкада, Марв ва ғайра дохил мешуданд.

Искандари Мақдунӣ бо лашкари худ аз Навтоқ ба тарафи пойтахти Суғд — шаҳри Мароқанд рафта, он ҷоро забт намуд, баъд ба водии Фарғона ҳуҷум овард.

Сакоиҳо, ки дар тарафи шимолии дарёи Сир бодиянишин буданд, аз таҳдиди Искандар тарсида, ба назди ӯ сафири худро фиристоданд. Искандари Мақдунӣ ҳам дар ҷавоб ҷосусони худро ба мулки сакоиҳо ба сифати сафирон фиристод. Вақте, ки лашкари Юнону Мақдунӣ саргарми забт намудани Фарғонаи Ғарбӣ буд, дар ақибгоҳи онҳо суғдиҳо дар зери роҳбарии марди шуҷоъю далер — Спитамен парчами муборизаи озодихоҳиро бар зидди ғоратгарон баланд афрӯхтанд.

Шӯриши Спитамен бар зидди ғоратгарони Юнонию Мақдунӣ намунаи барҷастаи муборизаи озодихоҳонаи аҷдодони халқи тоҷик мебошад. Дар ҳамаи шаҳрҳо аҳолӣ қаҳрамонона меҷангиданд. Аз ин рӯ, Искандари Мақдунӣ маҷбур шуд, ки тамоми қувваҳои худро барои пахш намудани шӯриш сафарбар намояд. Дараҷаи баландтарини мубориза бар зидди аҷнабиён дар шаҳри Курушкада ба амал омад. Дар ин мубориза қариб 18 ҳазор кас иштирок кард, ки аз он 8 ҳазор нафарашон кушта шуданд. Искандар бо лашкари худ шӯриши шаҳри Курушкадаро бераҳмона пахш намуда, тамоми мардонро ба қатл расонид ва занону кӯдаконро асир кард.

Ҳангоме, ки лашкари Юнону Мақдуниҳо ба аҳолии шӯриш бардошта ҷабру ситам мекарданд, дар Суғд шӯриши дигаре авҷ гирифт. Барои ҳамин Искандар ба сохтмони шаҳр — қалъаи пурзӯри ҳарбӣ машғул шуд. Ин шаҳр дар соҳили дарёи Сир дар наздикии ноҳияи Нов сохта шуда, ба худ номи Искандарияи Ақсоро гирифт.

Воқеъаҳои Курушкадаву он тарафи дарёи Сир асосан амалиёти якҷояи халқҳо ва қабилаҳои бодиянишини Осиёи Миёнаро бар зидди Юнону Мақдуниҳо нишон медиҳанд. Сарвари муборизони зидди истилогарон Спитамен буд.

Баъди воқеъаҳои Курушкада аҳволи Искандар дар Мароқанд табоҳ гардид. Мароқанд аз тарафи Спитамен иҳота карда шуд. Искандар бар зидди шӯришгарон отряди начандон калонеро (2360 нафар) дар зери роҳбарии Фарнаух фиристод. Спитамен усули муборизаро дигар карда, ақибнишинӣ намуд. Отрядҳои Юнону Мақдуниҳо ӯро таъқиб мекарданд. Ҳангоми ақибнишинӣ отряди скифҳо ҳам ба лашкари Спитамен ҳамроҳ шуданд. Баъд аз ин Спитамен мавқеи мувофиқро интихоб карда, ногаҳон ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт.

Аз чунин ранг гирифтани воқеъа отряди Юнону Мақдуниҳо дар ҳарос афтода, ба тарафи дарёи Зарафшон ақиб нишастанд. Спитамен бошад бо отряди худ онҳоро ҳалқапеч намуда, несту нобуд кард. Ин ғалабаи бебаҳо рӯҳияи ҷанговарони Суғдро баланд бардошта, барои Искандари Мақдунӣ ва лашкари ӯ фоҷиаи калоне гардид.

Пас аз ин ғалаба Спитамен барои озод кардани Мароқанд камар баст. Искандар ба ваҳму ҳарос афтода, тамоми қувваашро бар зидди шӯришгарон равона кард. Спитамен усули пештараашро такрор карда, ба тарафи биёбон ақибнишинӣ кард. Искандар онҳоро то ҳамон ҷои талаф ёфтани лашкараш таъқиб карда тарсид, ки ба дарунтари биёбон равад. Ӯ лашкарашро қафо гардонида, ба ғоратгарӣ ва куштани мардуми бегуноҳ шурӯъ намуд ва бештар аз 120 ҳазор касро қатл намуд.

Спитамен дар роҳи озодии Ватан ҷони хешро нисор кард. Марги Спитамен ҳамчун яке аз симоҳои барҷастаи қаҳрамонӣ ва ватандӯстӣ барои шӯришгарон талафоти бузурге буд. Спитамен фармондеҳи бомаҳорат, муборизи далери зидди истилогарони хориҷӣ, ватандӯст, озодихоҳ ва қаҳрамони ҳақиқии халқамон мебошад.

Давраи сеюми мубориза баҳори соли 327 пеш аз мелод оғоз ёфт. Дар ин давра қувваҳои асосии зидди Мақдунӣ дар ноҳияҳои ҷанубии Осиёи Миёна муттаҳид гашта буданд. Дар яке аз кӯҳҳои Бохтария, ки онро кӯҳи Сизимитра меномиданд ва дар он қалъаи мустаҳкаме буд, бохтариҳо бо сардории Оксиарт ном ашроф ба ҷанги зидди Искандар бархостанд. Искандар бо роҳи фиреб ин қалъаро ба даст даровард. Дар ин ҷо зану духтари Оксиарт пинҳон буданд. Искандар ба духтари Оксиарт — Рухшона, ки дар зебогӣ ва ҳусну латофат ҳамто надошт дил бохта, ба ӯ хонадор мешавад. Оксиартро Искандар ба тарафи худ кашид. Мувофиқи тасдиқи бисёр сарчашмаҳо қалъа дар ағбаи Шар — Шари шаҳри Нораки имрӯза воқеъ гардида будааст.

Баъди пурра истило кардани Осиёи Миёна Искандари Мақдунӣ ба Ҳиндустон лашкар кашид. Пеш аз юриши Ҳиндустон Искандар ворисони хешро дар мулкҳои Осиёи Миёна ҳоким кард. Аз ҷумла, падари арӯсаш Оксиартро волии Кобул таъин намуд. Вай баъди юриши Ҳиндустон ба Бобулистон рафта, тобистони соли 323 то милод дар синни 33 солагӣ аз олам даргузашт.

  1. Оқибатҳои забткории Юнону Мақдуния дар Осиёи Миёна.

Юнону Мақдуниҳо дар Осиёи Миёна бедодгариҳои зиёде карда, ба пешрафти маданияту иқтисодиёти халқи маҳаллӣ зарбаи сахте заданд.

Яке аз натиҷаҳои юриши Искандари Мақдунӣ ғорати халқҳои Шарқ ва аз ин ҳисоб бойшавии Мақдуния буд. Аҳолӣ ба истисмори бераҳмона дучор шуданд. Дар мубориза бар зидди аҷнабиёни хориҷӣ ҳамаи халқу қабилаҳои барзгару бодиянишини Осиёи Миёна ҷасурӣ ва мардонагӣ нишон дода, то дараҷае муттаҳид гардида буданд.

Аз тарафи Юнону Мақдуниҳо истило шудани Осиёи Миёна зарари калони маънавӣ низ расонд. Шаҳрҳои ободу зебои ин ҷо ба мисли Мароқанд, Курушкада, Балх ва ғайра ба харобазор табдил ёфтанд. Пеш аз ҳама ғоратгарон ганҷинаҳои бои маданияту маърифати халқҳои Осиёи Миёна ва Эронзаминро ба яғмо бурданд. Ба пешрафти илму маърифати мардуми Суғдзамину Бохтаристон, Порту Хоразм таъсири манфӣ расонданд. Ғайр аз ин ҳуҷуми аҷнабиён раванди ташаккулёбии халқияти тоҷикро асрҳо ақиб партофт. Зеро онҳо хостанд, ки бо роҳи зӯрӣ забони худро дар ин сарзамин ҷорӣ намоянд. Забткориҳои Юнону Мақдуниҳо ба инкишофи Зардуштия, ки оини ягонаи мардуми Осиёи Миёна ва Эрон буд, таъсири бади хешро расонид. Оташкадаҳои зардуштиён хароб гардиданд. Бо амри Искандар маъхази бои таърихии эрониён «Авесто»- сӯзонида шуд, ки ин зарари калони маънавӣ ба мардуми Ориёно буд.

Бо вуҷуди зарару зиёни зиёди овардаи лашкари Искандари Мақдунӣ дар натиҷаи истилои Осиёи Марказӣ синтези арзишҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии юнонию шарқӣ ба вуҷуд омад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *