Фанни Таърих

Илми забоншиносӣ дар рими қадим

АСАРҲОИ СИМОҲОИ ЗАБОНШИНОСИИ РИМИ ҚАДИМ. Забоншиносӣ дар Рими Қадим то миёнаҳои асри II то милод бо омӯзиши асосҳои маданияти хаттӣ маҳдуд гардида буд. Баъдтар омӯзиши забон ва адабиёт, поэтика ва риторикаи юнонӣ вусъат меёбад. Дар ин давра дар Рим олимони зиёди филолог ба фаъолият оғоз мекунанд, аз он ҷумла Варрон (солҳои 116 – 27 то милод) ҳамчун муаллифи рисолаҳои зиёд дар бораи забон, Марк Туллий Сисерон (солҳои 106 – 43 то милод), Гай Юлий Сезар (солҳои 384 – 322 то милод). Рисолаи Сезар «Дар бораи аналогия» (соли 54 то милод) кушише буд дар бораи коркарди принсипҳои тасвири сарфу навҳ (грамматика) ва меъёргузорӣ ба забон, дар як вақт шаҳодати рузмаррагии «дурустии» нутқи лотинӣ ва меъёргузории давлатии забон мебошад.

Соли 4 милодӣ аз тарафи Элий Донат (Донастус) (солҳои 320 – 380) «Дастури грамматикӣ» навишта мешавад, ки он дар тамоми Аврупо китоби дарсии забони лотинӣ ба ҳисоб мерафт. Аз рӯи намунаи грамматикаи Элий Донат олимони соҳаи филологӣ аз давлатҳои дигар грамматикаҳои миллии худро оид ба забонҳои зиёд мураттаб гардониданд. Худи номи Элий Донат дар анъанаҳои аврупоии асрҳои зиёд синоними калимаи «грамматика» мегардад.

1447407721-aristotel.jpg 200px-M-T-Cicero.jpg caesar.jpg

Арасту Сисерон Гай Юлий Сезар

Баъди дар соли 476 афтидани Империяи Ғарбии Рим ҳам, дар як қатор марказҳои боқимондаи илмии юнонию лотинии анъанаҳои забоншиносии антиқӣ мавҷудият ва рушди худро давом медиҳанд, аз он ҷумла дар пойтахти Империяи Шарқии Рим – шаҳри Константинопол ҳам. Тахминан дар нимаи дуюми асри VI Пристсиан дар ин ҷо рисолаи арзишманди то ба мо расидаи грамматикии қадим–«Курси грамматика»-ро меофарад, ки он аз 18 китоб иборат мебошад. Ин грамматика дар асоси анъанаҳои мактаби Искандария бо истифода аз мушоҳидаҳо ва дастовардҳои забоншиносони (грамматикҳои) римӣ таҳия карда шуда буд. Грамматикаи Пристсиан дар амал рушди забоншиносии анъанавиро ба анҷом мерасонад, вале ин анъана дар Аврупои Шарқӣ марказонида мешавад, аз он ҷумла дар байни славянҳои ҷанубӣ ва шарқӣ низ, ки илмияти антиқӣ ба воситаи анъанаҳои юнонизабонии Византия роҳ меёбад. Ин зуҳурот ба паҳншавии дини масеҳӣ алоқаманд буд.

Анъанаи антиқии забоншиносӣ дар ҷараёни баррасии яке аз масъалаҳои асосии фалсафаи ҷаҳонбинии юнонӣ ба миён омадааст – масъалаи таносуб дар байни «ашё», «калима» ва «тафаккур». Дар ин давра ҳанӯз мафҳум дар бораи забон ҳамчун ягона моҳияте, ки берун аз тафаккур вуҷуд дорад, набуд. Тафаккур ва нутқ дар якҷоягӣ бо «логос» фаҳмида мешуд. Таълимот дар бораи «логос» ягонагии онтологию мантиқии он, аз ҷумлаи хосиятҳои грамматикии юнонию римӣ мебошад.

АСОСҲОИ ЗАБОНШИНОСИИ РИМИ ҚАДИМ. Грамматика ҳамчун илм дар бораи сохти забон аз оғотзёбии нутқи хаттӣ ибтидо мегирад. Сабаб он буд, ки нишонаи такягоҳии хати юнонӣ ҳарф буд, пас ин таълимот ҳамчун зинаҳои пайдарпайи (иерархияи) аз ҳарф сохтани ҳиҷо, аз ҳиҷо сохтани калима ва аз калима сохтани ҷумла иборат шудааст.

Картинки по запросу Картинки по запросу Древнеримский грамматик Гермоген Картинки по запросу Древнеримский грамматик Гермоген

Афлотун Тритсиан Гермоген

Рӯҳияи демократӣ, мубоҳисаи озоди фалсафӣ, мавҷуд набудани обрӯю эътибори ягонаи давлатӣ дар баррасии масъалаҳои пайдоиши забонҳо ва меъёргузории забонӣ шароити рушди тафаккури забоншиносии Юнони Қадимро муайян намудаанд. Дар нисбати анъанаҳои ҳиндии қадим, ки санскритро забони муқаддаси (сокралӣ) «пайдоиши илоҳидошта» эълон намудааст, анъанаҳои юнонию лотинӣ сарчашмаи «дурустии» нутқро дар худи забон ва мантиқи маърифати олам тавассути забон ҷустуҷӯ мекард. Дар асоси ҳамин ҷустуҷӯ «баҳси антиқӣ» дар бораи аналогия (монандкунӣ) ва аномалия (аз меъёрҳо, қонуният ва нодурустиҳо берун баромадан) ба миён меояд. Ин баҳс забонро низ дар бар мегирад.

горгий ритор FRASIMAKH1.jpg Horatius02.jpg

Горгий Исократ Фрасимахи Халкидӣ Горатсий

Дар баррасии масъала дар бораи «пайдоиши номҳо» дар байни ҷонибдорони бо «табиат» алоқамандии байниҳамдигарӣ доштани «номҳо» ва «ашёҳо» ва ҷонибдорони алоқа «аз рӯи ҳолат», «мувофиқи муқарраркунӣ» мерафт. Ин масъаларо Афлотун мантиқан баррасӣ намуда, ба он ақида омад, ки масъалаи мазкурро аниқ аст, ки наметавон ҳал кард. Арасту бошад, чунин мешуморад, ки «ҷустуҷӯи моҳияти табиии калимаҳо ба рушди таҳқиқоти шаклию мантиқӣ монеа эҷод менамояд», ки ин ҳолат имконият фароҳам меоварад аз калимаҳо ҳамчун рамзҳо истифода бурда шавад. Ҳамин тариқ, воқеан зоҳирӣ будани робитаро дар байни «ном» ва «ашё» эътироф менамояд. Дар низоми илмҳо пешниҳоди Арасту (солҳои 384 – 322 то милод), забон предмети омӯзиши мантиқ («диалектика»), грамматика ва риторика мегардад. Арасту дар ҳаргуна навишти забонӣ қисматҳои зеринро медид: унсур, ҳиҷо, пайвандак, ном, феъл, аъзо, падеж ва ҷумла, ки онҳоро асоси омӯзиши грамматикии забон ҳисобидааст.

http://lib.rus.ec/i/31/496131/i_012.jpg Epikur.jpg Aristarchos_Samos.thumbnail.jpg

Хрисипп Эпикур Аристарх

АНЪАНАҲОИ САРФУ НАВҲИ АНТИКИИ РИМ ВА СИМОҲОИ ИЛМИИ ОН. Анъанаи антиқии грамматикии баррасии забон мувофиқи ҳиссаҳои нутқ ва категорияҳои грамматикӣ на танҳо асоси забоншиносии аврупоиро, балки асоси як қатор анъанаҳои забоншиносиро дар Шарқи Миёна низ ташкил намудааст. Риторҳо ва шоирони антиқӣ, аз он ҷумла асарҳои Фрасимахи Халкидӣ (солҳои 459 – 400 то милод) Горгий (солҳои 483 – 375 то милод) ва Исократ (солҳои 436 – 338 то милод), рисолаҳои Арасту «Поэтика» ва «Риторика», баъдтар рисолаҳои Дионисийи Галикарнасӣ «Дар бораи пайвастани калимаҳо», «Мактубҳо ба Помпей», аз Деметр Хлор «Дар бораи услуб», аз Сисерон «Дар бораи суханвар» ва «Суханвар», «Поэтика»-и Горатсий (солҳои 65 – 8 то милод), «Риторика ба Горений»-и бемуаллиф, рисолаҳои Квинтилиан ва Гермоген дар омӯзиши синтаксис ва стиллистика саҳми калон гузоштаанд; инчунин таълимот дар бораи назм ва наср, дар бораи гардишҳо (тропа) ва фигураҳо, дар бораи сифати нутқ, дар бораи ҳамоҳангии калимаҳо, дар бораи типҳо, ё услубҳо ва нутқ асоси назарияи услуби аврупоии забоншиносӣ гардида, дар он саҳми рушди забоншиносӣ дар Рими Қадим хеле калон мебошад.

Дар рушди илми грамматикаи Рими Қадим як қатор муҳаққиқони дигар аз ҷумлаи мактабҳои гуногуни математики аз қабили Квинтилиан (солҳои 35 – 95), Гормоген (солҳои 160 – 23), Квинтилиан (солҳои 35 – 95), Дионисийи Фракӣ (солҳои170 – 90 то милод) Деметрий Хлор (асрҳои III – II то милод), Аристархи Самофракӣ (солҳои 216 – 144 то милод). Асклепиади Мирмисӣ (асрҳои II — I то милод), Аполлоний Ошкол ( асри II то милод), Зенодоти Эфесӣ (солҳои 325 – 260 то милод), Аристофани Византиягӣ (солҳои 257 -180 то милод), Аполлондори Афинӣ (нимаи дуюми асри II то милод), Хрисипп (солҳои 280 – 260 то милод) ва дигарон саҳми бузург гирифтаанд. Вале дар рушду нумӯи илми грамматика дар Рими Қадим саҳми мактаби Искандария аз ҳама бештар ба назар мерасад.

Dionigi_di_Alicarnasso.jpg/267px-Dionigi_di_Alicarnasso.jpg kuznetsova_oratorskoe_iskusstvo5-1.jpg rj26nobs1vg.jpg

Дионисийи Галикарнасӣ Квинтилиан Дионисийи Фрикӣ

DONAT_Elii1.jpg chronicles_f_143v_5.jpg фрасимах

Элий Донат Пристсиан Фрасимах

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *