Фанни Таърих

Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлати соҳибистиқлол

1.Заминаҳои ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон.

2.Иҷлосияи тақдирсоз ва натиҷаҳои таърихии он.

Бозсозӣ, ки такмил ва инкишофи давлати сотсиалистиро дар назар дошт, ҷомаи амал напӯшид. Бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазъи рукудро (карахтиро) барҳам надода, мамлакатро ба бӯҳрони умумӣ овард.

Ба ивази ИҶШС Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ташкил гардид, ки ба ҳайати он Россия, Белоруссия, Украина, Арманистон, Гурҷистон, Молдавия, Озорбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон дохил шуданд.

Тоҷикистон низ роҳи соҳибистиқлолиро пеш гирифт. 24 августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ Эъломия қабул намуд.

Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ (сентябри соли 1991) рӯзи 9 сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тасдиқ намуда, онро рӯзи истироҳат эълон кард.

Дар мамлакат зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад.

Яке аз тадбирҳои ҷиддӣ дар барпо кардани ҷомеаи нав тайёр намудан ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кардани Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд. Бо ин мақсад як комиссияи салоҳиятнок таъсис дода шуд ки вай лоиҳаи қонуни асосиро тартиб дод. Лоиҳаи Конститутсияи ба райъпурсии умумихалқӣ пешниҳодгардида, 6 ноябри соли 1994 қабул карда шуд.

Дар моддаи якуми Конститутсия омадааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Аз номи халқ Маҷлиси Олӣ ва Президент Сухан гуфта метавонанд. Сохти давлатииҶумҳурӣ унитарӣ мебошад. Тоҷикистон аз воҳидҳои маъмурии зерин: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.

Мувофиқи Конститутсия Президент ба мӯҳлати 7 сол интихоб шуда, дар айни ҳол сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳкумат) мебошад. То ҳол дар Тоҷикистон се нафар: Қаҳор Маҳкамов (дар Шӯрои Олӣ), Раҳмон Набиев ва Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Точикистон интихоб шудаанд. Органи олии намояндагӣ, қонунгузории ҷумҳурии Точикистон Маҷлиси Олӣ буда, ба муддати 5 сол интихоб мегардад. Ҳоло Маҷлиси Олӣ аз ду палата: Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Точикистон тибқи моддаи 3 Конистутсия рамзҳои зерин: Нишон, Парчам ва Суруди Миллиро қабул намуд, ки хусусиятҳои хоси ҷумҳурии соҳибихтиёрро баён мекунад. Муаллифи шерри Суруди Миллӣ Гулназар Келдӣ мебошад.

Яке аз самтҳои тадбиқи ислоҳоти сиёсӣ ин ба амал омадани сохтори бисёрҳизбӣ дар Ҷумҳурӣ мебошад. Акнун дар қатори ҳизби коммунистӣ ҳизбҳои наҳзати исломи Точикистон (26 октябри соли 1991), демократии Точикистон (10 августи соли 1990), халқии Точикистон (10 декабри соли 1994), Ҳизби шаҳрвандони ватандӯст (ноябри соли 1994), ҳизби сотсиалистии Точикистон (15 июни соли 1996) ва ғайра ташкил ёфта, амал мекарданд. Ҳизби халқии Точикистон соли 1998 ба ҳизби халқӣ – демократии Точикистон табдил ёфта дар анҷумани ҳизб Э. Ш. Раҳмонов Раис интихоб шуд. Дар Ҷумҳурӣ сол аз сол миқдори ҳизбу созмонҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ зиёд шуда истодаанд. Ҳоло дар Точикистон зиёда аз 600 ҳизбу созмонҳои гуногун амал мекунанд.

Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Точикистон 18 июли соли 1997 таъсис ёфт, ки ба он Президенти Ҷумҳурии Точикистон Э.Ш. Раҳмонов роҳбарӣ мекунад. Соли 1989 Қонун оид ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ қабул гардид.

Дар роҳи ҳалли масъалаҳои аграрӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон Э. Ш. Раҳмонов аввал 50 ҳазор ва баъд 25 ҳазор гектар замин ба шаҳрвандон тақсим карда шуд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ шаклҳои гуногуни моликият: шахсӣ колективӣ а давлатӣ вуҷуд дорад.

Ҳамин тавр, самтҳои асосии стратегияи иқтисодии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Точикистон барои ибтидои асри ҶҶI муайян гардидаст. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурӣ Э. Ш. Раҳмонов сохтмони ГЕС – и Сангтӯда, Роғун, Помир 2, роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб, Роҳи мошингарди Кӯлоб – Кулма – Қароқурум, Нақби Истиқлол пеша шудааст ва пурра ба кор даромадани онҳо ҷумҳурии соҳибистиқлоламонро дар қатори давлатҳои мутараққӣ хоҳад гузошт.

Дар асоси Барномаи ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ ва барқ Точикистон бояд истиқлолияти комил ба даст дарорад.

3. Фарҳанг ва маданияти шаҳрвандон

Ҷанги бародаркуш ва зиддияти ду қувва дар дохили мамлакат асосҳои ахлоқии шаҳрвандон, хусусан насли наврасро суст карда, авбошӣ, ғоратгарӣ, дуздӣ, нашъамандӣ, фоишагарӣ, бекоргардиро афзун гардонид. Барқарор кардан ва инкишоф додани маориф, адабиёт, марказҳои фароғат, воситаҳои ахбор, санъат ва ғайра, чун самтҳои асосии фарҳанг, зарурияти ҷамъият гардиданд.

Бе инкишофи маорифи халқ пешравии мамлакатро таъмин кардан ғайриимкон мебошад. Соли 1997 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4 ҳазор мактаб буда, қариб 700000 бачагон таҳсил мекарданд. Дар донишкадаҳои олӣ ва омӯзишгоҳо бошад, қариб 100000 донишҷӯён ба омӯхтани ихтисос машғул буданд. Маҷлиси Олӣ 27 декабри соли 1993 Қонун «Дар бораи маориф»-ро қабул намуд, ки дар он роҳҳои гузаронидани ислоҳоти мактабҳои ҳамагонӣ ва донишщкадаҳо нишон дода шудаанд.

Ҳар чанд дар пажӯҳишгоҳҳои академияи илмҳо ва донишка-даҳои олии ҷумҳурӣ зиёда аз 7000 кормандони илмӣ кор карда бошанд, вале бо сабабҳои иқтисодӣ аз кор рафтани як қисми олимон баъзе мавзӯҳо тадқиқ нашуда монданд. Сарфи назар аз мушкилиҳо олимони пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷии академияи илмҳои ҷумҳ ва олимони Қазоқистон чанд тадқиқотро оид ба огоҳинамоии заминҷумбӣ бомуваффа қият бурда истодаанд.

Дар баланд бардоштани маданияти шаҳрвандон адабимавқеи муҳимро ишғол мекунад. Дар қатори шоир ва нависандагони ботаҷриба Мумин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Урун Кӯҳзод, Аскар Ҳаким, Убайд Раҷаб, Абдулҳамид Самадов, Гулчеҳра Сулаймонова, Сорбон, Зулфия Атоӣ, Салимшо Халимшо, Камол Насрулло, Наимҷон Назирӣ, Ҳадиса Исоева, инчунин як гурӯҳ ҷавонони боистеҳдод Фарзона, Олимҷон Исматӣ, Ато Мирхоҷа ва дигарон асарҳои эҷодкардаашонро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бо забонҳои гуногуен нашр каданд.

Артистони халқии ҷумҳурӣ: Ҷурабек Муродов, Давлатмаанд Холлов, Нуқра Раҳматова, Ҷурабек Набиев, Муродбек Насриддинов, Саидқул Билолов, артистони шоиста: Даврон Алиматов, Афзалшо Шодиев, Хосият Ортиқова, Лола Азизова ва ҳофизони мардумӣ Нигина Рауфова, Наимҷон Маҳкамов бо ҳунари худ дили мухлисонро шод мегардонанд.

Телевизион ва радиои ҷумҳурӣ низ дар гирд овардани дастаҳои ҳунарии мардумӣ хизмат карда, мунтазам оид ба суруд, рақс ва навозандаи беҳтарини озмунҳо мегарданд.

Кори тарбиявии байни занон ва духтарон аз тарафи шӯроҳои занон ва асотсиатсияҳои гуногуну сершумор бурда мешавад. Вале бо сабаби вуҷуд надоштани координатсия ҳанӯз ин масъалаи муҳим ҳалли дусти худро наёфтааст.

20 марти соли 2001 дар «Кохи Ваҳдат» вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Точикистон Э. Ш. Раҳмонов бо зиёиёни мамлакат баргузор гардид. Дар нутқи барномавии Э. Ш. Раҳмонов вазифаҳои стратегии ҳар як зиёӣ, кормандони соҳаи фарҳанг оиди баланд бардоштани маданияти умумӣ ва сиёсии шаҳрвандон ба тариқи мушаххас баён ёфтаанд.

  1. Ҷанги шаҳрвандӣ. Сулҳ ва ваҳдат дар сарзамини тоҷикон.

Воқеаҳои фоҷиавии авали солҳои 90-уми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ б таърихи халқи тоҷик дохил гардидаанд. Ин воқеаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо бо чунинномҳо «ҷанги бародаркуш», «ҷанги шаҳрвандӣ, «ҷанги минтақавӣ», «ҷанги худкушӣ» ва ғайра ифода ёфтаанд.

Ҷанги ба вуқуъ омада сабабҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Аввалан, дар рафти бозсозӣ чӣ дар миқёси Иттифоқ ва чӣ Ҷумҳурии Точикистон мушкилиҳои иқтисодӣ ба амал омаданд. Аз кор мондани баъзе корхонаҳо, ба фурӯш нарафтани маҳсулот, сари вақт нагирифтани маош, зиёд шудани миқдори бекорон то рафт норозигиро дар минтақа бештар мекард. Сониян, дар ибтидои солҳои 90-ум норозигии иҷтимоӣ шиддат гирифт.

Адабиёт:

  1. Раҳмонов Э.Ш. Аз Ориён то Сомониён – Душанбе.1999.
  2. Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих- Душанбе. 2000.
  3. Раҳмонов Э.Ш. – Ваҳдати миллӣ-мароми мост.-Душанбе. Ирфон. 1997.
  4. Юнусов С. Внешняя политика Республики Таджикистан на современном этапе.-Душанбе. 1994.
  5. Набиева Р.А, Зикриёев Ф. Б. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе ,2001.
  6. Алимов Р., Лебедев М., Қосимов Э. Таджикистан – ООН. М., 1995.
  7. Актуальные проблемы истории таджикского народа. Душанбе, 1992.
  8. Усмонов И. Соли Набиев. Д., 1993.
  9. Достиев А. Тоҷикистон – шикастанҳо ва бастанҳо. Д.2003.

10. Усмонов И. Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол. Д.,1993.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *