Мавзухои точикиФанни Таърих

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Фаронса аз оғоз то кунун

1.Муносибатҳои иқтисодӣ.

2.Муносибатҳои парлумонӣ.

3.Муносибатҳои сиёсӣ.

 

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шудаанд. 3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе сафоратхонаи Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Айни ҳол Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруа (августи 2012) мебошад. Моҳи маи соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҳ. Назаров таъин шуд. Муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг ва ҳарбӣ ҷараён доранд. Фаронса яке аз давлатҳое мебошад, ки соли 1991 мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард. Ташрифи котиби давлатии Фаронса оид ба корҳои хориҷӣ ҷаноби Ален Вивен ба шаҳри Душанбе далели гуфтаҳои болост. Дар рафти ташриф масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва берунии ду мамлакат, роҳҳои инкишофи муносибатҳои дутарафа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин маросими имзои протокол оид ба муқаррар намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид. Моҳи ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд.

Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Фаронса моҳи декабри соли 2002 нишондиҳандаи манфиатдории тарафҳо дар тақвиятёбии ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Ҳангоми боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Жак Ширак, раиси Сенат, вазири корҳои дохилӣ, вазири мудофиа, вазири савдои беруна ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса вохӯриҳо доир намуд. 11-12 апрели 2008 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Бернар Кушнер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Б.Кушнерро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ муҳокима гардиданд. Дар солҳои охир робитаҳои дуҷониба дар сатҳи баланд инкишоф ёфта истодаанд. Ба таври мисол метавон ба ташрифҳои сатҳи баланди дуҷониба инҳо ишора кард: ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардани вазири ҳамкорӣ ва франкофонияи Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Шарл Жоселана моҳи феврали соли 1999, вазири амнияти Фаронса ҷаноби Ален Ришар моҳи январи соли 2002, вазири корҳои хориҷии Фаронса Доминик де Вилпен моҳи сентябри с. 2002, вазири мудофиаи Фаронса хонум Мишел Ало-Мари моҳи декабри с.2003, вазири савдои берунаи Фаронса ҷаноби Франсуа Лооса моҳи маи с. 2004. Вақтҳои охир ҳамкориҳои ҳарбии ду давлат инкишоф ёфта истодаанд. Боздидҳои охирини вазири мудофиаи Фаронса хонум Мишел Ало-Мари 17-19 декабри соли 2005, 20-21 июл ва 16-18 декабри соли 2006 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Дар доираи ин боздидҳо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмонов вохӯрӣ намуд, ки дар рафти он масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумлаи чунин масъалаҳо ин дароз намудани мӯҳлати иқомати қисми ҳарбии Ҷумҳурии Фаронса дар фурӯдгоҳи ш.Душанбе аст, ки дастгирии техникӣ қувваҳои коалитсиониро дар Афғонистон бар ӯҳда доранд. Моҳи декабри соли 2002 Созишнома оид ба ҳамкории байни муассисаҳои ҳарбии ду давлат ба имзо расид. Созишномаи мазкур ҳамкориро дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои ҳарбӣ барои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад. Дар доираи ин созишнома низомиёни тоҷик ҳар сол дар машқҳо ва чорабиниҳо, ки тибқи нақшаи ҳамкории ҳарбӣ баргузор мешаванд, иштирок намуда, донишҳои зарӯрӣ мегиранд. 28 ноябри соли 2012 дар Париж дар бинои Сенати Фаронса гурӯҳи Ассотсиатсияи дӯстӣ «Фаронса-Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Раиси Ассотсиатсия якдилона собиқ Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани интихоб карда шуд.

Вақтҳои охир тамоюли рушди муносибатҳои парлумони ду кишвар мушоҳида мешавад. Апрели соли 2011 ҳайати гурӯхӣ байнипарлумонии дӯстии Сенати Фаронса-Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Андре Дюле ва моҳи июни 2011 «маъмурият оид ба геополитикаи об» Ассамблеяи миллии Фаронса таҳти роҳбарии Лионнел Люка ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ҷараёни сафар мулоқотҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмон, Раиси Маҷлиси Милли Маҷлиси Оли М. Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Оли Ш. Зухуров, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Зарифӣ ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардиданд.
2 сентябри соли 2013 сафари гурӯҳи парлумонии дӯстӣ Фаронса-Тоҷикистон Сенати Ҷумҳурии Фаронса таҳти роҳбарии ҷаноби Андре-Дюле баргузор гардид. Дар соҳаи муносибатҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса 12 ҳуҷҷат имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду давлатро ташкил медиҳанд. Ҳаҷми савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса дар соли 2009 — 1327,1 ҳазор доллари ШМА-ро (содирот- 0, воридот- 1327,1 ҳазор дол.ИМА) ташкил дод. Дар соли 2010 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба 4610,4 ҳазор доллари ИМА (содирот 336,6 ҳазор дол. ва воридот 4273,8 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил дод. Дар соли 2012 ин нишондод 4424,6 ҳаз. долл. ШМА-ро ташкил дод, ки онро 62,0 ҳаз. долл. ШМА содирот ва 4362,6 воридот дар бар мегирад.  Соли 2013 нишондод 12664,3 ҳаз.долл. ИМА-ро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба солҳои гузашта 4,8 маротиба зиёдтар буда аз он 416 содирот ва 12248,3 воридотро дарбар мегирад. Дар соли 2014 ҳаҷми умумии савдо байни ду кишвар 8754,9 ҳаз.долл. ИМА-ро ташкил медиҳад, аз он 8315,1 ҳаз.долл. ИМА ба воридот ва 439,9 ҳаз.долл. ИМА ба содирот рост меояд. 8 августи 2008 дар Душанбе Протоколи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба имзо расид. Муфовиқи Протоколи мазкур ҷониби Фаронса ба Тоҷикистон ба маблағи 17 млн. евро қарзи имтиёзнок медиҳад, ки мӯҳлати бозпардохти он 35 сол буда, аз он 20 солаш давраи имтиёзнок ва фоизи солонааш 0,15% мебошад. 19 ноябри 2008 Созишнома дар асоси Протоколи номбурда ба имзо расид.

Маблағи мазкур барои амалӣ гардонидани лоиҳаи сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешбинӣ шудааст. Мӯҳлати амалисозии лоиҳа 2 сол мебошад. Сохтмони терминали навро ширкатҳои фаронсавии «Sofema group» ва «Alpha airport» анҷом медиҳанд. 1 майи 2009 дар Душанбе Протоколи иловагӣ ба имзо расид. Тибқи санади мазкур барои татбиқи лоиҳа, ки бояд сентябри 2011 ба анҷом расад, Фаронса иловатан 3 млн. Еврои дигар ҷудо хоҳад кард. Ҳамин тариқ, маблағи умумии ҷониби Фаронса дар амалӣ намудани ин лоиҳа ба 20 млн. евро мерасад. Дар маҷмӯъ Фаронса барои бозсозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 49 млн. евро сарф мекунад.18 октябри соли 2009 дар рафти сафари Намояндаи махсуси Президенти Фаронса оид ба масоили Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Терри Мариани ба Тоҷикистон маросими расмии сохтмони терминали фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузоршуд. Бо даъвати ҷониби Тоҷикистон 17-20 феврали 2010 ҳайати Вазорати иқтисод, саноат ва шуғли аҳолии Фаронса ба Тоҷикистон сафар намуд. Ҳайатро инчунин намояндагони Гурӯҳи ширкатҳои «Софема-Алфа Аэропорт» ҳамроҳӣ карданд. Зимни сафар мулоқотҳои ҳайат бо роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва коммуникация, Вазорати молия, Вазорати энергетика ва саноат ва Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» доир гашт, ки дар рафти онҳо масъалаи маблағгузории сохтмони терминали нави Фӯрудгоҳи байналмилалии Душанбе ва дигар масъалаҳои ҷойдошта муҳокима гардиданд.

3-5 июни соли 2010  Директори генералии ширкати «Софема», ҷаноби Гиём Жискар д’Эстанва Директори генералии ширкати «Алфа Аэропорт», ҷаноби Даниел Раве ба Душанбе сафар карданд. Зимни сафар мулоқотҳои ҳайат бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Оқилов, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳ.Зарифӣ, Вазири нақлиёт ва коммуникация О.Бобоев ва Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баргузор шуд. Дар рафти мулоқот масъалаи сохтмони терминали  нави Фӯрудгоҳи байналмилалии Душанбе ва дигар масъалаҳои ҷойдошта муҳокима гардиданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *