Фанни Таърих

Сохти ҷомеаи ибтидоӣ ва давраҳои он дар ҳудудҳои тоҷикнишин

Нақшаи кор:

  1. Асри санги қадим (800 — 100 ҳазор сол пеш аз милод) .
  2. Асри санги миёна (100 — 40 ҳазор сол пеш аз милод) .
  3. Асри санги нав (40 -10 ҳазор сол пеш аз милод) .
  4. Асри санг ва давраҳои асосии он.

Сохти ибтидоии ҷомеавӣ дар таърихи башарият аввалин форматсияи ҷамъиятию иқтисодӣ маҳсуб мегардад. Мафҳуми ҷомеа дар луғатҳо ҳамчун «гурӯҳи мардум» /Ғиёс-ул-луғат/, «гурӯҳе аз мардум», мардумтӯда /Фарҳанги забони тоҷикӣ/ ва амсоли инҳо шарҳ дода, истифодаи он фақат ба инсон ба ҷомеаи инсонӣ мансуб дониста мешавад.

Доир ба сохти ҷамъияти обшинаи ибтидоӣ дар Осиёи Миёна байни муҳаққиқон фикру мулоҳизаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Бисёр олимон чунин ақида доранд, ки ҷамъияти ибтидоӣ дар ин кишвар тақрибан як миллион сол пеш оғоз ёфтааст. Ин сохт, ки асоси муносибатҳои истеҳсолиашро моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот ташкил медод, давраи дуру дарози таърихи инсониятро дар бар мегирад.

Барои дуруст фаҳмида тавонистани сохти ҷамъияти ибтидоӣ, дар навбати аввал, инкишофи олотҳои меҳнати одамони қадимро омӯхтан зарур аст. Азбаски аввалин олотҳои меҳнат аз санг сохта шуда буданд аз ин рӯ ин давраро асри санг меноманд. Асри санг асосан ба се давра — асри санги қадим (палеолит), асри санги миёна (мезолит) ва асри санги нав (неолит) тақсим мешавад.

Иқлими замони палеолит аз иқлими замони мо фарқи калон доштааст. Аз ҳамин сабаб, наботот ва ҳайвоноти он давра то ба замони мо нарасида, нобуд шуда аз байн рафтаанд. Одамони замони палеолит чизҳои дар табиат тайёр бударо истифода карда, барои зистан ба шикор машғул мешуданд. Онҳо зарфсозӣ, зироаткорӣ ва ром кардани ҳайвонотро намедонистанд.

Дар замони неолит, ки ҳамагӣ ҳашт — шаш ҳазор сол давом карда буд, одамон дар қатори шикор ва ҷамъ намудани маводи ғизоӣ шаклҳои ибтидоии зироатчигӣ ва ром кардани ҳайвонотро низ каму беш ёд гирифта буданд. Агар палеолити поёнӣ ва миёна давраи ташаккулёбии инсон ва шаклҳои аввалини ҷамъияти ибтидоӣ ҳисобида шаванд, пас палеолити болоӣ ва неолит давраи пурра инкишоф ёфтани ҷамъияти ибтидоӣ — авлоди модарӣ ба шумор меравад.

  1. Асри санги қадим (800 — 100 ҳазор сол пеш аз милод).

Кашфиётҳои илмӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар давраҳои сеяки баъдинаи асри санги қадим шароитҳои табии Осиёи Миёна тағйир ёфта буданд. Дар Ҷануби Тоҷикистон, на он қадар дуртар аз шаҳри Кӯлоб, устухонҳои зиёди ба ҳам часпидаи ҳайвонҳои қадима ёфт шуданд, ки дар байни онҳо устухонҳои барзагов, гӯрхар ва гавазн мавҷуданд.

Қадимтарин ёдгории асри сангӣ (палеолити поёнӣ) бошишгоҳи Кулдара дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба ҳисоб рафта, олоти аз санг сохташудаи он ҷо аз 800 ҳазор то 600 ҳазор сол пеш сохта шудаанд. Дар он ҷо устухони филҳои қадима, каркадан, уштур, юз, кафтор, гург дарёфт шудааст. Хусусан, ёдгориҳои Обимазор нодиранд. Олоте, ки онҳо месохтанд, хеле оддӣ буда шакли дурушт доштанд ва бо олоти меҳнате, ки дар дигар нуқтаҳои дунё ёфта шудаанд шабоҳат доранд.

  1. Асри санги миёна (100 — 40 ҳазор сол пеш аз милод).

Одамони замони палеолити миёнаро неандерталҳо меноманд, ки

оташро ихтироъ намуда буданд. Дар ҳаёти неандерталҳо нақши асосиро шикор ташкил мекард. Яке аз мавзеъҳои машҳури одамони неандерталӣ дар Осиёи Миёна мағораи Тешуктош мебошад, ки кофтукови он ҳанӯз соли 1938 аз тарафи бостоншиноси машҳури Шӯравӣ А.П.Окладников сар шуда буд. Ин мағора дар доманаи қаторкӯҳи Ҳисор (дар ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон) дар баландии 1500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир гардида, аз панҷ қабати маданӣ иборат аст, ки ғафсии ҳамаи онҳо 1,5 метрро ташкил медиҳад. Ҳар як қабати мадании мағораро устухонҳои ҳайвонот, сангпораҳо, олотҳои корӣ, хокистар, лахча ва монанди инҳо ташкил медиҳанд.

  1. Асри санги нав (40 -10 ҳазор сол пеш аз милод).

Хусусиятҳои фарқкунандаи асри санги нав аз он иборат аст, ки дар ҳаёти ҷамъиятии ин давра авлоди модаршоҳӣ пурра ҳукмрон мегардад. Истеҳсоли олотҳои сангӣ хеле зиёд мегардад ва намуди онҳо тағйир ёфта, шаклҳои махсуси он мисли буррандаҳо, гулмехҳо, кордҳо, белчаҳо (скребочки) пайдо мегарданд. Одамон дар ин давра ба нӯги устухонҳо нуклеусчаҳо (сарнайзаҳо)- ро ҷой карда, аз устухон дарафш, сӯзан ва чизҳои ороиши занона тайёр карданро ёд гирифтанд. Одамон дар замони палеолити боло аллакай ба сохтани истиқоматгоҳҳо, хандакҳо ва капаҳо шурӯъ карда буданд.

Дар давраи палеолити боло санъат ҳам пайдо шуда буд. Одамон аз рангҳои табиӣ сурати ҳайвонҳоеро, ки шикор мекарданд хеле моҳирона мекашиданд ва дар сангу устухонҳо кандакорӣ мекарданд. Дар ин давра намуди зоҳирии одамон ҳам тағйир ёфта, аз шакли одамони неандерталӣ ба шакли одамони ҳозира монанд мешаванд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *