Фанни Таърих

Пайдоиши аввалин решаҳои фарҳанги шаҳрӣ

 

Таъғироти ҷиддие, ки дар ҷамъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии зиндагонии мардуми Франсия дар асрҳои 11-12 ба амал омад, ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангиро тамоман дигар сохт. Маҳз дар ин давра иттоат нанамудан ба калиссо ва руҳониён он қадар гуноҳи азиме ҳам хонда намешуд. Бевосита изҳоркунанда ва муарифкунандаи асарҳои мусиқӣ ва драмавии оммаи меҳнаткаши Франсия дар асри11-12 инҳо асосан  маълум бо номҳои жанлёрҳо, ҳамзамон ҷодугарон, акрабатҳо ва тренирҳои ҳайвонот ба ҳисоб мерафтанд. Бо ин амалҳо онҳо метавонисти пардапушона аҳволи бади зиндагии оммаи халҳро изҳор намояндж, ва дардашон ҳамдардиро байён созанд.

Аҳвол ва зиндагонии сароядагон ва актёрҳо хеле ҳам бад буд, ки далели он дар ривояти машҳури мардумӣ «дар бораи жанглёре, ки дар дузах буд» байён шудааст. Маълум аст, ки санъати онҳо ба пуррагӣ ва амиқан халқӣ буд. Дар он санаҳо ва пессаҳое ки жанлёруо изҳороти худро баён менамуданд не фаодалонро ва не намояндагони калиссоро ором монда наметавонист. Зеро онҳо воқеиян тавсифи тасвираҳои зиндагонии марумро иниккос менамуданд. Масъалан дар яке аз тасвираҳои онҳо нақл карда мешавад, ки жанглёр- тренери ҳайвонҳо бо ҳамроии ду маймуни худ ба қаср шоҳи ҳозир шуда раванди таълимоти ҳарбии сипоҳиёнро нишон дод, ки иникоскунандаи ҳақиқат буд. Ин амал барои амалдорон номатлуб буда барои у  ҷазои сахтаринро сазовор донистанд, то дигаронро панд шавад.

Ин амалҳои онҳо чандин бор аз тарафи руҳониён маҳкум дониста мешуданд ва дар калиссо чандин маротиба асарҳои онҳоро дар ҷамъомад таҳлил менамуданд. Худи жанглёронро бошад аз дастовардҳои одитарини зиндагӣ ва баъзан ҳуқуқҳояшон маҳрум менамуданд. Барои онҳо ҳатто иҷозат дода намешуд, ки мудаашонро дар баробари дигар марудагон дар қабристонҳо ҷой дода шавад. Онҳоро душмани халқ ва калиссо эълон намуданд.

Дар асрҳои 11-12 ин яке аз фарҳанги навташкилёфтаи мардуми Франсия, к ибо фарҳанги мардумӣ алоқамандии зич дошт, ин мусиқии хори умумӣ буд. Ин сурудҳо аслан халқӣ буда мазмуни асосиашон мубориза бар зиди нодориҳои зиндагӣ ба ҳисоб мерафт. Асари машҳур дар асри 13 ин «бозии Робен ва Марион » мебошад, ки ба қалами Адам де ла Аль (1238-1286) таалуқ дорад. Дар ин асар дар бораи ду дилдода – деҳқонбача Робен ва духтари оддӣ Мариона, ки аз ҷониби сипоҳӣ дуздида шуда буду , лекин  ба ишқаш содиқ буд,  сухан меравад.

Пайдоиши мактабҳои ғайрикалисоӣ дар шаҳрҳо

Дар баробари ҳар чи бештар инкишоф ва тараққӣ ёфтани шаҳрҳо ҳудудашон васеътар шуда, дар байни аҳолӣ шумораи шахсони саводноку бомаданият тадриҷан зиёд шудан мегирифт. Ҳамаи ин дастовардҳо боиси он гардиданд, ки дар шаҳрҳо мактабҳои нави шахсӣ ташкил ёфтанд,ки дар аввал таъминоти онҳо ба пуррагӣ ба души калиссоҳо буд. Магистрҳо (омузгорҳои ин мактабҳо) аз ҳисоби талимгирандагони ин мактабҳо, ки барои омӯзиш маблағ пардохт мекарданд, ризқу рузӣ мегузарониданд. Маҳз дар ҳамин давра табақаҳои дигари ҷамиятӣ дар баробари ашрофон ва руҳониён низ имконияти босавод шуданро касб намуданд.

Аз ҳама беҳтарин ва асоситарин мактаби ғайрикалиссоии Франсия, ки миёнаи асри 12 дар шаҳри Париж воқеъ буд, ин мактаби Гилома Коншский ва Петра Абеляра ба шумор мерафт. Дар раванди омузиши онҳо аслан такя ба илм мекарданд ва кушиш мекарданд, ки ҳар як зуҳуроти табиатро, ки ҳамзамон дар зидагии ҷомеа падидор аст бо тариқи илмӣ таҳлил намуда, раванди ба вуҷуд омадани онро ошкор намоянд. Вале на аз нигоҳи дин ва ё кори Худованд. Калиссо башад дар навбати худ асосгузори ин мактабро душмани Худо хонда кушиш мекард, ки онҳо дар ҷомеа дастгирӣ наёбанд.

Намояндаи дигари намоёни «санъати озод»-и Франсия ин файласуфи баҳтарини асри 12 ин Пётр Абеляр (1079-1142) ба шумор меравад. Маърузаҳо ва баромадҳо ва умуман ташвиқоте, ки Абеляр дар ҷомеа мебурд шуҳрат ва манзалати ӯро якбора баланд намуд, ин сабабгори баланд шудани қаҳру ғазаби калиссо гардид. Пётр Абеляр илмро аз дин ва боварӣ ба удо авлотар дониста , ҷомеаро таълим медод то аз омузиши фалсафаи замони атиқа руй гардонда ба омузиши илмҳо замони муосир(ҳамон давра) руй оваранд. Пётр Абеляр барои ашрофон ва боёну руҳониёни калиссо қувваи шадидтарин ҳисобида мешуд, чунки вай тавонист бо ташвиқоташ диқати шумораи зиёди ҳомеаро ба худ каша два аз ин сабаб онҳо ҳамаҳониба кушиш мекрданд, ки аз ҳарифи боқудрати худ халос шаванд. Дар охир эҳодиёти Пётр Абеляр қариб ба пуррагӣ сузониданд, мактабҳои уро бастанд, худи уро ду бор дар калиссо суд намуда ҷазо додан ва пайравонаш бошад ҳамеша дар таъқиби доимӣ қарор доштанд.

Қисмати зиёди намояндагони мактабҳо ғайрикалиссоиро асосан вагантҳо ташкил медоданд. Вагантҳо аз калимаи лотинии vagary гирифта шуда маънояш саргардон мебошад. Дар ин давра вагантҳоро голиардамҳо( аз номи Голиафа, дар асоси афсонаҳои китоби Инҳил) низ мегуфтанд. Дар асри12 ҳамаи ашори вагантҳо бо забони лотинӣ эҷод мешу два ҳатто таълимоти умумӣ ҳам бо забони лотинӣ сурат мегирифт.

Муборизаи шадиди синфии дар Франсия асрҳои 14-15 бавуҷудомада тавонист, ки ба маънавиёти аҳолии меҳнаткаш ва табақаҳои гуногуни франсия Франсия таъсир расонида, дар байни мардум афроде ёфт мешудан, ки фикрҳои озодихоҳонаи худро бо роҳҳои гуногун байён намоянд. Яке аз чунин шахсон, ки андншаи озодихоҳонаи худро дар байн халқ паҳн менамуд, ин деҳқонзодаи асил Жен де Венетт (1307-1361) буд. Вай муқобили шуришҳои оммавӣ  буда, кушиш мекард, то зиндагии халқро бо роҳи адолати подшоҳ беҳбуд диҳад. Ӯ дар солномаи худ воқеияти асосӣ ва ҳақиқати зиндагии оммаро тасвир намуда, ҳамдардии худро байён менамояд. Жен де Венетт таъкид менамояд, ки агар деҳқонон дар тобеиятии бевоситаи фиодалон бошанду онҳо аз ҳисобашон руз гузаронанд, пас барои феодалон лозим меояд, ки деҳқононро аз тохтутози аҷнабиён муҳофизат намоянд ва дар баробаи ин муносибати худро низ бо косибон дуруст намоянд.

Дар асри 14-15 тағирот асосан дар соҳаи адабиёти бадеӣ ба вуҷуд омад, ки мазмуни асарҳояшон ба муборизаҳои синфӣ ба амаломада ва баланд шудани ҳувияти миллӣ ва ватандустӣ  дар Франсия ташкил медод.Намояндаи машҳури ин санъат Машо(1300-1377), ки аз санъати мусиқӣ ҳам бохабар буд, ба ҳисоб меравад. Дар қатори ӯ боз шоирону нависандагони зиёд аз қабили Христина Пизанская (1364-1429), Карл  Орлеанский (1394-1465) ва дигарон асарҳои хуро руи қалам меофариданд. Асарҳои навишташудаи Машо дар мактабҳо ҳамчун маводи таълимӣ омухта мешуданд, бар замми ин у лирикаҳои ошиқонаро ҳам эҷод менамуд.  Христина Пизанская муқобили шуришҳои оммавӣ баромад мекард, вале боз дар навбати худ ғалабаи Франсия ва қаҳрамонии Жана д Аркро бисёр тавсиф менамуд. Дар эҷодиёти Карл  Орлеанский, ки 25 сол дар дасти англисҳо баъд аз муҳорибаи назди Азенкур асир афтода буд, масъалаҳои ватандустӣ асосноктар ва ҳақиқатан байён мешуданд.

Машҳуртарин санъати ривоҷёфтаи адабиёт ин сурудҳои халқӣ ба ҳисоб мерафтанд. Аввалин маротиба ин намуд сурудҳо дар нимаи асри 15 навишта мешуданд, ки онҳоро комплентҳо (гилла, норозегӣ) мегуфтанд. Комплентҳо асосан аз осори чандин нафарон иборат мебошанд, вале ба номи  Оливе Баслен ё Башлен аз Нормандия маълум мебошанд.  Баслен яке аз он иштирокунандагони ҳаракатҳои партизаннӣ ба муқобили англисҳо буда, дар яке аз муқовматҳо дар соли 1450 қаҳрамонона ҳалок мегардад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *