Фанни Таърих

Эҳё дар Англия. Тавсифи умумии эҳёи Англия

Эҳё дар Англия

Заминаҳои Эҳё дар Англия 

 

Ҳанӯз аз аввалҳои асри Х11 сар карда, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Англия пешравиҳои бузурге дида мешаванд, ки дар натиҷаи он тартиботи феодалӣ  зуд рӯ ба таназзул медиҳад. Дар ин давра дар Англия шаҳрҳо тараққӣ мекунанд, савдою тиҷорат, касбу ҳунар , хоҷагии молию пулӣ бо суръат инкишоф меёбад.  Дар давраи ҳукмронии Эдуарди 111 (1327-1377) ва Ричарди 11 (1377-1399) ҳокимияти каролии Англия бо феодалони калони мамлакат муборизаи худро пурзӯр намуда, ба тавлиди ҳокимияти марказонидашудаи королӣ мусоидат менамояд. Табақаи «ритсарҳои» миёна, дворянҳои нав ва шаҳриён ба монанди Испания ва дигар давлатҳои Аврупои ғарбӣ миёнаи худ муноқиша надоранд, баръакс онҳо хама якҷоя ташкили хокимияти марказонидашударо  тарафдорӣ  менамоянд.

Тағйиротҳои мазкур, инчунин ҷанги садсолаи Англия бо Фаронса (1337-1453) ва болоравии  рӯхияи  ватандӯстии Англияҳо ниҳоят дар охири асри Х1V ба ташаккули миллат ва маданияти нави Англияҳо оварда расонида буданд.

То асри  ХV дар Англия маданияти ягонаи миллӣ ва забони ягонаи Англияӣ низ вуҷуд надошт. То миёнаи асри Х111 миёни забонҳои франсавӣ ва нормандӣ муборизаҳо давом мекарданд. Аз миёнаи асри Х1V сар карда дар Англия ташаккули шакли хатти забони адабии Англияӣ, ки асоси онро лаҳҷаи Лондон ташкил медод, оғоз  мегардад. Аз  соли 1362 сар карда забони Англияӣ бори аввал дар парламенти мамлакат истифода мешавад. Ҳамон вақт бо қарори парламент супурда мешавад, ки минбаъд  мурофиаҳои судӣ бо забони Англияӣ гузаронида шаванд. Тахминан аз ҳамон вақт сар карда  таълиму тарбияи кӯдакон дар мактабҳо низ бо забони Англияӣ  ба  роҳ  монда мешавад, шоирон, нависандагон, умуман аҳли адаб ва санъат асарҳои  худро  бо забони Англияӣ эҷод  мекунанд.

Адабиёти Англия дар ин давра ҳанӯз пурра дар рӯҳияи асри миёна инкишоф меёфт. Дар муҳити ашрофони Англия мисли пеш адабиёти буржуазии Фаронса дар забони франсавӣ мавқеи худро нигоҳ  медошт. Дар баробари адабиёти франсавӣ дар ин давра дар Англия ғояҳои инсонгароёнаи Италия низ ба худ роҳ ёфта буданд. Маҳз ҳамин тағйиротҳои гуманистӣ бори аввал дар эҷодиёти Ҷефри Чосер инъикоси худро ёфта буд.

Эҳё дар Англия таърихан ба давраи ба сари ҳукумат омадани сулолаи Тюдорҳо, аз вақти ба тахт нишастани Генрихи 17 (1485) то то вақти вафоти малика Елизавета (1603)- охирин намояндаи ин сулола – рост меояд.

Маҳз дар давраи ҳукмронии сулолаи Тюдорҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат болоравии ҳаракати гуманистӣ, пешравии илму маърифат, афкори эҷодии мислаш диданашуда ва тараққии шаҳрҳо, савдо, муомилоти пулию молӣ дида мешавад.

Ҳарчанд сабабҳои ин болоравии афкори гуманистӣ дар Англия бо дигар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ умумияти дошта бошад ҳам, вале ёни он дар Англия хусусиятҳои хос дошт.

1.Ҳануз аз охири асри 15 сар карда дар қишлоқҷойҳо протсесси аз тарафи помешикҳо зӯран кашида гирифтани заминҳои деҳқонон ва бачарогоҳҳо табдил додани он сар шуда буд. Ин бошад дар мамлакат ба инкишофи саноати мануфактурва савдо сабаб гардида буд.

  1. Хусусияти хоси инкишофи ҷамъиятӣ дар ин давра дар умумияти манфиатҳои синфҳои доро, ҳама ҳокимияти марказиро дастгирӣ мекарданд ва дар ин замина манфиатҳои умумии мадании онҳо ташаккул меёфт, зоҳир мегардид.

3.Ҳокимияти королӣ низ дар навбати худ ба инкишофи муносибатҳои капиталистӣ мусоидат мекард. Дар мамлакат саноати дохилӣ бо тамоми иқтидори худ ба кор медарояд ва тадриҷан эҳтиёҷи Англия ба молҳои хориҷӣ аз байн бардошта мешавад. Дар ин давра худи Англия бозорҳои зиёди ҷаҳонро ба даст меорад.

4.Инкишофи муносибаткапиталистӣ аз як тараф ба афзун гардидани боигарии давлатмандон сабаб гардида бошад, аз тарафи дигар шаклҳои нави истисмори одамро ба вуҷуд оварда буд. Пурзӯр гардидани зулму истисмор дар навбати худ ба тезу тунд гардидани зиддиятҳои байни бою камбағалони шаҳрҳо сабаб гардида буд. Яке аз калонтарин шӯришҳои деҳқонон дар ин давра шӯриши Роберт Кет (15490) мебошад.

5.Инкишофи босуръати унсурҳои буржуазӣ ба инқилоби  буржуазӣ, ки дар солҳои 40-уми асри ХV11 рух дода буд, замина гардида буд. Аз давраи подшоҳи  Якови 1 (1603-1625) зиддиятҳои иҷтимоӣ тезутунд гардида, иттифоқи байни буржуазия ва мутлақияти шоҳӣ аз байн меравад, зиддияти миёни онҳо тезутунд мегардад. Дар ҳамин давра дар ҳаракати инсонгароёнаи Англия низ  ҷудоӣ ба амал меояд. Ҳаракати инсонгароёнаи Англия рӯ ба таназзул мениҳад.

Яке аз аввалин марказҳои маданияти инсонпарваронаи  Англия Университети Оксфорд  ҳисоб мешуд. Дар ин ҷо маҳфили дӯстдорони маданияти антиқӣ амал мекард. Дар кори он олимон-филологҳо Вильям Гросин, Томас Линэкр, Ҷон Колет ва баъдтар Томас Мор иштирок доштанд. Ҳарчанд ин олимон бо проблемаҳои гуногун (филология, фалсафа, тиб) машғул бошанд ҳам, вале манфиати ягона ва умумӣ-омӯхтани маданияти антиқӣ ва татбиқи он дар  ҳаёти имрӯза онҳоро ба ҳам муттаҳид сохта буд.

Дере нагузашта пайравони маҳфили Гросин дар шаҳрҳои Лондон, Кембриҷ ва ғ. низ пайдо мешаванд.

Адабиёти давраи Эҳё Англия ҳарчанд нисбат ба Италия қариб як аср дертар инкишоф ёфта бошад ҳам, вале ба ин нигоҳ накарда вай ба ҷаҳон бузургтарин шахсиятҳои ҳаракати инсонпарварони додаст, кик е аз онҳо Томас Мор мебошад.

Томас Мор  (1478-1535). Дар адабиёти инсонгароёнаи Англия аввалин нависандае буд, ки эҷодиёти ӯ дар зери таъсири пурфайзи гуманизми Италия, бахусус Пико дело Мирандола ташаккул ёфта буд. Ӯ дар адабиёти ҷаҳон пеш аз ҳама бо асри худ «Утопия»  ном баровардааст.  Маҳз ба шарофати ҳамин асар Томас Морро бунёдгузор ва нахустин намондаи сотсиализми хаёлӣ меноманд.

«Утопия»   ба адабиёт ва афкори ҷамъиятӣ-сиёсии ҷаҳон таъсири калон расондааст. Тамоми ғояҳои  утопистии асрҳои ХV1-Х1Х аз Кампанелли сар карда то Маролли, Фонтенел, Дени Верас ва Кабэ ибтидои худро аз  «Утопия»-и Томас Мор гирифтаанд. Франсуа Рабле (Фаронса), Шекспир Свифт низ болои ин асар бисёр андешаҳо рондаанд.

Дар пешрафти ҳаракати инсонпарваронаи Англия саҳми олим ва файласуф Френсис Бэкон (1561-1626) низ бузург  мебошад. Маркс Бэконро «асосгузори ҳақиқии материалиализми Англия ва тамоми илми эксперименталии ҳозира» номида буд. Бэкон табиатшиносиро илми ҳақиқӣ ва физикаро, ки ба таҷрибаи эҳсосӣ такя дорад, қисми  муҳимтарини табиатшиносӣ номида буд. Ба ақидаи олим эҳсоси одамӣ нуқс надорад ва сарчашмаи ҳамагуна донишҳо  мебошад. Ӯ илмро бе таҷриба  тасаввур  намекард. Бэкон шартҳои асосии методи ратсионалиро (ақлониро) дар индуксия (аз ҷузъ ба кулл), анализ (таҳлил), муқоиса, мушоҳида, таҷриба (эксперимент) медид.

Бэкон на фақат олим, файласуф, балки нависандаи маъруф низ буд. Асари ӯ «Таҷрибаҳо» (1597) дар ташаккули ахлоқи гуманистӣ ва ташкили маънавиёти нави инсонӣ дар адабиёти давр ҳарфи наве ҳисоб мешуд. Асари дигари ӯ «Атлантидаи нав» (1623) ба васфи илм ва прогресси техникӣ ҳамчун асоси некӯаҳолии умумӣ бахшида шудааст. Асари мазкур дар айни замон то андозае аз таназзули ҳаракати инсонгароёнаи ибтидои асри ХV11 Англия шаҳодат медиҳад.

Дар инкишофи адабиёти инсонпарваронаи Англия инчунин як қатор шоирон аз ҷумлаи Томас Уайт (1503-1542) Эдмунд  Спенсер (1552-1599), нависандагон Ҷон Лилли (1554-1606), драманависон Ҷон Бейл (1495-1563) Томас Кид (1558-1593) ва ниҳоят Вильям Шекспир (1564-1616) саҳми арзандае гузоштаанд

 

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *