Таърихи точикон

  • Ҳаёти халқи тоҷик дар давлати Шайбониён (асри ХVI)

    Истилои давлати Темуриён Сиёсати дохилии Шайбонихон Дар охирҳои асри ХV ва ибтидои асри ХVI ӯзбекҳои бодянишин бо сардории Муҳаммад Шайбонихон Мовароуннаҳри марказӣ ва андаке баъдтар тамоми қисмати боқимондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ – «Шайбонӣ» машҳур гардид. Худи Шайбонихон аслан аз хонадони Чингизхон…

    Муфассалтар »
  • Маданият дар давлати Темур ва Темуриён

    Бинокорӣ ва меъморӣ Аз асри ХV ба замони мо миқдори зиёди ёдгориҳои мӯҳташами меъморӣ боқӣ мондааст, вале ин фақат як қисмати камест аз он чи ки дар он даврони таърих ба вуҷуд омада буд. Темур ва Темуриён сохтмони биноҳоро беш аз пеш вусъат медоданд ва феодалони сарватманд дар ин кор…

    Муфассалтар »
  • Хоҷагӣ дар давлати Темур ва Темуриён

    Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ Вазъи умумии хоҷагӣ ва истисмори деҳқонон Дар замони Темуриён вазъияти хоҷагии қишлоқ назар ба замони муғулҳо хеле беҳтар гардид. Ҷангҳои Темур харобиовар буданд, ӯ мардуми бисёреро нобуд сохт, хусусан дар шаҳру қишлоқҳои муқобилатнишондода ваҳшигариҳои бемислу монанде кард. Лекин, дар айни замон, вай барои барқарор намудани иншоотҳои обёрии…

    Муфассалтар »
  • Халқи тоҷик дар давлати Темур ва Темуриён

    Темур ва аввалин қадамҳои ӯ дар роҳи ба даст овардани ҳокимият Хонҳои муғул батадриҷ дини исломро қабул карда, ба атрофи худ намояндагони уламо ва тоҷиронро ҷамъ намуда, сиёсати марказият додани ҳокимияти ҳомиро пеш гирифтанд. Чунин рафтори онҳо норизогии пешвоёни қабилаҳои муғул ва туркро ба вуҷуд меовард. Ин буд, ки дар…

    Муфассалтар »
  • Маданияти халқҳои осиёи миёна дар замони Муғулҳо

    Меъморӣ. Касбҳои амалӣ. Санъат Вусъати фаъолияти бинокорӣ, ки дар миёнаҳои асри ХIII ва алалхусус, асри ХIV ба вуқӯъ пайваст, ба ҳолати муқаррарӣ даромадан ва, сипас, нисбатан боло рафтани ҳаёти шаҳр ва умуман хоҷагии мамлакатро инъикос менамояд. Пули сохтмонро феодалони динӣ ва ашрофӣ, ҳатто намояндагони ҷудогонаи табақаи ҳукмрони муғулҳо мепардохтанд. Аммо…

    Муфассалтар »
  • Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии осиёи миёна дар замони Муғулҳо

    Категорияҳои моликияти замин. Суюрғол Муносибати иҷтимоию иқтисодии замони муғулҳо, таъсири истило ва фармонфармоии онҳо ба созмонҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии давлати ҳулокуиҳо ҳаматарафа омӯхта шудааст.[1] Албатта, мушоҳида ва хулосаҳои муаррихони Эронро ба таври механикӣ ба шароити Осиёи Миёна татбиқ кардан мумкин нест, лекин ин материалҳо барои фаҳмидан ва дарк кардани баъзе…

    Муфассалтар »
  • Истилои Муғул. Хоҷагии осиёи миёна дар замони ҳукмронии Муғулҳо

    ҳуҷуми ӯрдуи Чингизхон ба Осиёи Миёна Давлати хоразмшоҳӣ дар солҳои бистуми асри ХIII боз ҳам бештар сабзида, ғайр аз Хоразм ва Мовароуннаҳр Афғонистони кунунӣ ва қисмати бузурги Эронро низ дар бар мегирифт. Вале ҷанбаи марказият ёфтани ин давлат хеле суст буд. Иддае аз ҳокимони маҳаллӣ фақат зоҳиран тобеияти худро нисбат…

    Муфассалтар »
  • Маданияти асри ХI-ибтидои асри ХIII

    Бинокорӣ, меъморӣ ва ҳунари амалӣ Аз асрҳои ХI–ХII ва ибтидои асри ХIII миқдори зиёди осори меъмории мӯҳташам то замони мо омада расидааст. Ин албатта, бесабаб нест. Агар теъдоди ин биноҳои таърихӣ бо маълумоти роҷеъ ба сохтмони қасрҳо, масҷидҳо, ҳаммомҳо ва ғайра муқоиса карда шавад, овони авҷи бинокорӣ будани давраи мавриди…

    Муфассалтар »
  • Хоҷагӣ ва муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар асрҳои ХI–ХII

    Иқтаъ ва заминдории шартӣ дар асрҳои ХI–ХII Дар асрҳои ХI–ХII иқтаъ ва иқтаъдорӣ, яъне ба тариқи хизматона инъом карда шудани заминҳои кишт хеле ривоҷ ёфт, вале ин усул барои давлатҳои Ғазнавиён, Қарохониён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён якранг ва яксон набуд. ҳангоми аз нуқтаи назари муайяни таърихӣ таҳқиқ намудани мавқеи иқтаъ дар…

    Муфассалтар »
  • Халқи тоҷик дар асри XI-ибтидои асри XIII. Давлатҳои Ғазнавиён, Қарохониён, Ғуриён ва Хоразмшоҳиён

    Муборизаи бесамари Абӯиброҳими Мунтасир барои аз нав барқарор намудани ҳокимияти Сомониён Дар солҳои аввали асри ХI, пас аз забт кардани Мовароуннаҳр ба Қарохониҳо лозим омад ба муқобили амалиёти бародари Абдулмалик Абӯиброҳим Исмоил ибни Нӯҳ, ки дар муҳорибаҳои зидди Қарохониён бо номи Мунтасир (фотеҳ) маъруф гардида буд, мубориза баранд. Мунтасир аз…

    Муфассалтар »
  • Илм ва адабиёти халқи тоҷик (асрҳои 1х-х)

    Тараққиёти адабиёти бадеӣ Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ҳанӯз дар ибтидои асри IХ барои тараққии адабиёти нави китобии тоҷик, ки бар асоси эҷодиёти даҳанакии халқ қарор гирифта буд, шароити мусоид фароҳам овард, вале ин шароит самараҳои худро дар вақти Сомониён бахшид. Бинобар ҳамин ҳам давраи Сомониён давраи пайдоиши адабиёти классикии тоҷику…

    Муфассалтар »
  • Оид ба масъалаи пайдоиш ва инкишофи забони адабиёти классикии тоҷик

    Асри Х ва асрҳои минбаъда аз давраҳои нашъунамои адабиёти классикии тоҷику форс ҳисоб меёбанд. Осори адабиёти бадеӣ (аксаран, асарҳои манзум), асарҳои таърихӣ ва илмӣ, ки дар ин давра ба вуҷуд омаданд, дар ҳаёти мадании мардуми Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони ғарбӣ, ҳиндустони шимолӣ ва бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна роли калон…

    Муфассалтар »
  • Анҷоми ташаккули халқи тоҷик

    Дар ҳамон даврае, ки ҳокимият дар Мовароуннаҳру Хуросон дар дасти Сомониён буд, ташаккули халқи тоҷик анҷом ёфт. Дар шароити нави истиқлоли давлатӣ бисёр анъанаҳои мадании пештара боз таҷдид гардиданд, сарватҳои нави маънавӣ, аз ҷумла, назми классикӣ, ки дар тамоми ҷаҳон эътироф гардидааст, ба вуҷуд омад. ҳанӯз хеле пештар аз оғози…

    Муфассалтар »
  • Бухоро – маркази давлати Сомониён

    Асри VIII барои аҳолии шаҳрҳои Мовароуннаҳр асри бениҳоят вазнин буд. Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» навиштааст, ки арабҳо соли 709 Бухороро ишғол карда, на фақат нисфи ҳавлии ҳар як аҳолии шаҳрро кашида гирифтанд, балки як қисми калони шаҳрро тамоман аз аҳолии маҳаллӣ холӣ карда, дар он гузарҳо намояндагони қабилаҳои арабро ҷой…

    Муфассалтар »
  • Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар асрҳои IХ-Х

    Хоҷагии қишлоқ Аксари аҳли меҳнат машғули зироат ва чорводорӣ буд. Зироати обӣ дар Осиёи Миёна ва дар Хуросон ба ғояти равнақ расид, шабакаи пурвусъати анҳору каналҳо ва иншооти мураккаби обёрӣ самараи зироатро ниҳоят афзун гардонданд. Барои тавсифи хоҷагии ин давра таъини ҳамин ҷиҳат хеле муҳим мебошад, ки дар асрҳои IХ-Х…

    Муфассалтар »
  • Таърихи сиёсии асрҳои IХ-Х

    Қувват гирифтани ашрофи феодалии маҳаллӣ Шӯришҳои пай дар пайи халқҳои Мовароуннаҳр, ки аз замони мавриди ис-тилои хилофат қарор гирифтани Осиёи Миёна сар карда, ба муқобили ҳукм-ронии арабҳо давом менамуд, пас аз хобонидани шӯриши Муқаннаъ ҳам қатъ нагардид. Дар соли 806 шӯриши бузурге бо сардории Рофеъ ибни Лайс ба амал омад.…

    Муфассалтар »
  • Роли Халқҳои Осиёи Миёна дар муборизаи байни Умавиҳо ва Аббосиён

    Гурӯҳҳои мухолиф дар хилофат Рӯҳияи душманона нисбат ба ҳокимияти хилофат на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар дигар кишварҳои таҳти тасарруфи арабҳо низ хеле пурқувват буд. Усули идораи халифаҳои араб на фақат норизоияти оммаи меҳнаткашро ба вуҷуд меовард, дар айни замон, ба ашрофи заминдори маҳаллӣ ҳам намефорид. Зеро ашрофи маҳаллӣ…

    Муфассалтар »
  • Аз тарафи Арабҳо забт карда шудани Мовароуннаҳр (давраи дувум)

    Аҳволи халқҳои Осиёи Миёна Арабҳо дар тамоми шаҳру деҳаҳои бузурги Осиёи Миёна қувваҳои ҳарбии худро гузошта, бо пуштибонии онҳо аҳолии маҳаллиро дар зери итоат нигоҳ медоштанд ва молиёт ҷамъоварӣ мекарданд. ҳукмронии хилофати араб дар Осиёи Миёна бар дӯши аҳолӣ бори сангине гардида буд. Чунончи, Қутайба дар вақти тарк кардани Самарқанд,…

    Муфассалтар »
  • Аз тарафи Арабҳо забт карда шудани Мовароуннаҳр (давраи аввал)

    Парокандагии сиёсии Мовароуннаҳр дар миёнаҳои асри VII Арабҳо аз ҳамон рӯзе, ки ба Эронзамин қадам гузоштанд, ғасб кардани вилоятҳои дар ин сӯи Омударё воқеъгардидаи Осиёи Миёна, яъне Мовароуннаҳрро мақсади асосии худ қарор доданд. Чи навъе ки дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ (асри Х) ва «Мӯъҷам-ул-булдон» ном асари ҷуғрофидони араб — Ёқут…

    Муфассалтар »
  • Халқҳои осиёи миёна дар ҳайъати хилофати араб

    Аз по афтидани давлати сосониён Арабистон дар арафаи ислом Дар асарҳои таърихшиносӣ аксар вақт ақибмондагии арабҳо дар арафаи пайдоиши ислом таъкид мешавад. Ин ақида яктарафа ва нодуруст аст. Соли 1853 Ф.Энгелс навишта буд: «Дар ҷое, ки арабҳо зиндагии муқимӣ ба сар мебурданд, яъне дар қисмати ҷануби ғарбӣ,– зоҳиран, онҳо мисли…

    Муфассалтар »
  • Сохти иҷтимоию иқтисодӣ. Ташаккули муносибатҳои феодалӣ

    Маъхазҳои хаттӣ дар бораи сохти иҷтимоию иқтисодии давраҳои аввали асримиёнагии Осиёи Миёна он қадар маълумоти воқеӣ намедиҳанд, ки сохти иҷтимоию иқтисодии асрҳои V–VIII Осиёи Миёнаро, алалхусус, рафти инкишофи онро муфассал тадқиқ кардан мумкин бошад. То ба қарибиҳо муаррихон маҷбур буданд, ки танҳо ба маълумоти ниҳоят кам, ба маълумоти, бе муболиға,…

    Муфассалтар »
  • Фарғона

    Дар маъхазҳои хориҷӣ Фарғона дар асрҳои VI-VII Фейхан, Бохан, Паханна номида шудааст. Дар асоси ин транскрипсия ва номи суғдии Фарғона гуфтан мумкин аст, ки дар қадим Фарғона Фарҳо]ғона ё Фрағона талаффуз карда мешуд.[1] Мувофиқи хабари Сюан-сзан, Фарғона аз чор тараф бо кӯҳҳо иҳота шудааст.[2] Ин гап далели ҳамин, ки дар…

    Муфассалтар »
  • Уструшан

    Дар маъхазҳои хитоӣ ин ноҳия Сао (Саои шарқӣ), ё худ Су-дуй-ша-на (Sғо-tғâi-şа-nâ)[1] номида шудааст. Маълумоти маъхазҳо дар бораи ин ноҳия ниҳоят кам аст. «Тан-шу» хабар медиҳад, ки қароргоҳи малик дар ёнаи шимолии кӯҳи Боси (ё Поси) мебошад (эҳтимол, қаторкӯҳи Туркистон бошад.– Б.Ғ.). Ин маҳал дар қадим ба шаҳри Арши, яъне…

    Муфассалтар »
  • Хати суғдӣ ва адабиёти он

    Чи тавре дар боло гуфта гузаштем, хати суғдӣ аз хати оромӣ бармеояд. Дар он даврае, ки алҳол мавриди назар аст, хати суғдӣ хати курсив буд. Одатан дар амалия 18-19 ҳарфи алифбо ба кор мерафт ва баъзе калимаҳо бо идеограмма ифода карда мешуд. Соли 1965 дар арки Панҷакент археолог А.Исҳоқов бори…

    Муфассалтар »
  • Самарқанд, Варахша ва дигар бошишгоҳҳои шаҳрӣ

    Маркази Суғд шаҳри Самарқанд буд. Шаҳр дар димнаи Афросиёб ҷой дошт.[1] Вусъати димна 219га аст. Дар Афросиёб Н.И. Веселовский, В.В. Бартолд, В.Л.Вяткин ҳафриёт гузаронидаанд. ҳафриёте, ки А.И. Тереножкин дар Афросиёб гузаронд, асоси он донишҳои ҳозиразамоне гардидаанд, ки роҷеъ ба Афросиёб вуҷуд доранд. Тадқиқоти муфассали археологҳои ӯзбек, ки бо роҳбарии марҳум…

    Муфассалтар »
  • Суғд дар асрҳои VI-VII

    Тавсифоти умумӣ Номи «Суғд» дар маъхазҳои гуногунзабон дар муддати мадид дучор мешавад.[1] Муҳаққиқи машҳур В. Томашек тахмине пеш ниҳод, ки калимаи «суғд» аз калимаи умумиэроние бармеояду маънояш «рахшидан», «дурахшидан» ва «сӯхтан» аст.[2] Дар фарҳангҳои тоҷикию форсӣ калимаи мазкур тамоман дигар хел шарҳ дода мешавад: «шибарзамин, ё худ пастие, ки дар…

    Муфассалтар »
  • Суғд дар асрҳои VI-VII

    Тавсифоти умумӣ Номи «Суғд» дар маъхазҳои гуногунзабон дар муддати мадид дучор мешавад.[1] Муҳаққиқи машҳур В. Томашек тахмине пеш ниҳод, ки калимаи «суғд» аз калимаи умумиэроние бармеояду маънояш «рахшидан», «дурахшидан» ва «сӯхтан» аст.[2] Дар фарҳангҳои тоҷикию форсӣ калимаи мазкур тамоман дигар хел шарҳ дода мешавад: «шибарзамин, ё худ пастие, ки дар…

    Муфассалтар »
  • Тахористон дар асри VI – ибтидои асри VIII

    Маълумоти сарчашмаҳо дар бораи вазъияти Тахористон дар асри VI – ибтидои асри VIII Номи «Тахористон» бори аввал дар як асари тарҷумавии соли 383 зикр мешавад.[1] Маъхазҳои хитоӣ ин мамлакатро «Тухоло» (Т’оғ-hо-1о, Тоғ-hо-1-о ё Тоғ-hои-1о)[2] номидаанд. Тахористон ноҳияҳои ҳозираи ҷануби Тоҷикистон, вилояти Сурхандарёи РСС Ӯзбекистон ва ноҳияи шимоли Афғонистонро дар бар…

    Муфассалтар »
  • Халқҳои осиёи миёна дар асри VI – ибтидои асри VIII

    Халқҳои осиёи миёна дар асри VI – ибтидои асри VIII Воқеаҳои асосии таърихи сиёсӣ. Муборизаи синфӣ Хоқонии турк ва нуфузи ҳокимияти он дар Осиёи Миёна Дар асри VI хеле дур аз ҳудуди Осиёи Миёна дар Олтой зери унвони «Хоқонии турк» (солҳои 551-744) иттиҳоди давлатие пайдо шуд, ки дар таърихи Осиёи…

    Муфассалтар »
  • Масъалаҳои таърихи этникӣ. Муборизаи синфӣ

    Масъалаи пайдоиши хиёниён ва ҳайтолиён Нависандаи суриёнии аввали асри VI Яшу Стилат менависад, ки: «хиёниён, ки худ гунн ҳастанд».[1] Вале ин даъворо бечунучаро қабул кардан лозим не. Дар назари муаллифони онзамонаи ғарб тамоми кӯчманчиёни Осиёи Миёна сарфи назар аз номи аслии онҳо, «гуннҳо» ё «гуннҳои сафед» буданд. Баъзе муҳаққиқони имрӯза…

    Муфассалтар »