Таърихи точикон

  • Тоифаҳо ва халқиятҳои осиёи миёна дар асрҳои IV-VI милодӣ

    Таърихи сиёсӣ Давлати Сосониён Дар ибтидои асри III милодӣ дар натиҷаи ҷангҳои дурударози пуртаҳлукаи зидди римиҳо ва низову хархашаҳои дохилӣ давлати Порт завол ёфт. Зиддияти синфии байни ашрофу ғуломдор ва аҳли ҷамоату ғуломон якбора тезутунд шуда рафт; дар дасти ашроф бисёр заминҳои киштбоб ҷамъ омад. Барои барпо намудани идораи давлат…

    Муфассалтар »
  • Тасаввуроти ҳозиразамон дар бораи сохти иҷтимоию иқтисодии осиёи миёнаи қадим

    Тақсимоти иҷтимоӣ ва молумулкӣ Аллакай дар охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз милод дар Туркманистони ҷанубӣ тақсимоти молумулкӣ равшан ба назар мерасад. Дар Теппаҳисор ном осори эронӣ, ки ба ҳамин давраҳо тааллуқ дорад, қабрҳои ниҳоят бои сардорон ёфт шудааст. Дар Туркманистони ҷанубӣ ин гуна қабрҳои боён нестанд,…

    Муфассалтар »
  • Историографияи масъалаҳои форматсияи иҷтимоию иқтисодии ғуломдории осиёи миёнаи қадим

    Нотавонии илми буржуазӣ, алалхусус ҳангоми чун як чизи том омӯхтани таърихи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна ва Шарқ маълум шуд. Муаррихони буржуазӣ барои шарҳу тафсири ин масъалаҳо усулеро пеш гирифтаанд, ки ба методологияи ғайриилмӣ асос ёфтааст ва манзараи ҳақиқии таърихиро таҳриф менамояд. Бар хилофи муаррихони буржуазӣ муаррихони советӣ аллакай аз солҳои…

    Муфассалтар »
  • Маданият ва дини осиёи миёнаи Кушонӣ

    Осори хаттӣ Дар давраи Кушониён дар соҳаи маданияти маънавии халқҳои Осиёи Миёна дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯй доданд. Ин давраи пури ҳодисаҳои ниҳоят мураккабу аксаран мухталиф, давраи ба ҳам омехтани тамоилу ҳодисаҳои гуногун буд[1]. ҳанӯз дар асрҳои IV-II пеш аз милод дар Осиёи Миёна дар асоси хати оромӣ хатҳои маҳаллӣ ба вуҷуд…

    Муфассалтар »
  • Иқтисодиёти осиёи миёна дар давраи Кушониён

    Хоҷагии қишлоқ. Обёрӣ Тадқиқи муфассали археологии майдонҳои фарох нишон медиҳад, ки дар он давра тамоми ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна барои зироат истифода мешуданд. Дар водиҳо бо киштукор (асосан киштукори обӣ) ва чорводорӣ машғул буданд. Алалхусус, ирригатсия ниҳоят ривоҷ ёфта буд. Дар Хоразм, дар водии Зарафшон ва дар дигар ҷойҳо каналҳои…

    Муфассалтар »
  • Шаҳрҳо ва манзилҳои осиёи миёна дар Давраи Кушон

    Бохтари шимолӣ Ба туфайли тадқиқотҳои муфассалу мунтазами археологии территорияи Осиёи Миёна, Афғонистон ва шимоли ҳиндустон имкон шуд, ки масъалаи як навъ тамаддуни шаҳрӣ будани империяи Кушонро пеш гузорем. Бағром барин шаҳрҳои калони давраи Кушониён (дар наздикии шаҳри Кобул) – Каписаи қадим[1], Таксила (қарибии Равалпиндӣ) – Таккасила ё Такшашилаи ҳиндустони Қадим[2],…

    Муфассалтар »
  • Давлати Кушон

    Давраи аввали давлати Кушон Дар Осиёи Миёна ва инчунин дар ноҳияҳои ҷануби он – то худи хоки шимолу ғарби Покистон бисёр вақт тангаҳое ёфт мешаванд, ки дар онҳо аз миён боло сурати марде тасвир шудаасту он мард дар сар пешонабанди подшоҳӣ – диадема дорад. Мӯи сари мард мавҷ зада, хеле…

    Муфассалтар »
  • Осиёи миёна дар асрҳои II-I пеш аз милод

    Бохтар ва Суғд Аз тарафи йуҷиҳо истило шудани Бохтар боиси минбаъд пароканда ва ғайримутамарказ шудани он гардид. Вақтҳои аввал дар ҳар як шаҳр ва маҳалҳои атрофи он ҳоким менишаст. Ин тарзи идора аз замонҳои давлати Юнону Бохтар монда буд. Маъхазҳои хитоӣ хабар медиҳанд, ки дар ихтиёри ҳокими йуҷиҳо панҷ вилоят…

    Муфассалтар »
  • Порт, Юнону Бохтар Ва Кӯчманчиён. Ибтидои Таърихи Йуҷиҳо

    Кӯчманчиён ва Порт Соли 138/7 ба тахти Порт Фарҳоди II нишаст. Худи Фарҳод ҳанӯз хурд буд ва давлатро модараш идора мекард. Амнияти мамлакат талаб мекард, ки подшоҳ дар шарқ бошад. Вале кор якбора ранги дигар гирифт – ба портҳо Селевкиён боз ҳуҷум карданд. Кори лашкари Селевкиён омад карду қисмҳои асосии…

    Муфассалтар »
  • Дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна

    Яке аз муҳимтарин ноҳияҳои зироатии Осиёи Миёна – Фарғона мувофиқи маълумоти маъхазҳои охири асри II пеш аз милод дар давраи пешина ва дар давраи Юнону Бохтар соҳиби иқтисодиёти мутараққие буд. Рости гап, мо фақат дар асоси маълумоти охири асри II пеш аз милод чунин иддао карда метавонем, зеро осори асри…

    Муфассалтар »
  • Давлати Порт

    Агар бо санаҳои ин фасл маҳдуд нашавем ва материалҳои давраи сонитарро ба назар гирем, маълумот дар бораи сохти дохилии давлати Порт нисбат ба Юнону Бохтар бештар аст. Баъзе маълумотҳои муаллифони атиқа дастраси мо гардидаанд, ёдгориҳои эпиграфӣ бисёр маълумот медиҳанд ва ғ. Дар яке аз калонтарин марказҳои давлати Порт — Нисо…

    Муфассалтар »
  • Сохти дохилӣ, иқтисодӣ ва маданияти осиёи миёна дар асрҳои III-II пеш аз милод

    Давлати Юнону Бохтар Ниҳоят кам будани маъхазҳои таърихӣ имкон намедиҳад, ки сохти давлатӣ ва ҷамъиятии Юнону Бохтар муфассал тавсиф карда шавад. Дар аҳди ҳокимони тавонотар давлат ба андозае соҳиби марказият буд ва дар ин бобат, аз афти кор, асосан ба тарзи давлати Селевкиён тақлид карда мешуд. Плутарх дар ҳаққи Селевк…

    Муфассалтар »
  • Давлатҳои Юнону Бохтар Ва Порт

    Пайдоиш ва таърихи давраҳои аввали Порт ва Юнону Бохтар Дар айни муборизаи байни ду бародарон (Селевки II ва Антиохи Гиеракс) барои соҳиб шудан ба тахт аз давлати Селевкиён портҳо ҷудо шуданд, ки ба онҳо Андрагор ном юноние сардорӣ мекард. Мувофиқи ривояти воқеанигори антиқа, ки рӯйдодҳои онвақтаи Осиёи Миёнаро муфассал баён…

    Муфассалтар »
  • Осиёи миёна дар ҳайъати давлати селевкиён

    Яке аз сарлашкарони Искандари Мақдунӣ — Селевк соли 312 пеш аз милод дар Бобулистон ба сифати сатрап мавқеъ ёфт. Минбаъд дар муддати нӯҳ сол вай тадриҷан ҳукми худро ба Ғарбу Шарқ, аз ҷумла, ба Эрон ва Осиёи Миёна вусъат дод. Ҷойҳое буд, ки вай бо роҳи дипломатӣ пеш мерафт, вале…

    Муфассалтар »
  • Муборизаи Халқҳои Осиёи Миёна бо Қӯшуни Юнону Мақдунӣ

    Қувваҳои ҳарбӣ ва ҳунари ҷангии халқҳои Осиёи Миёна Халқҳои Осиёи Миёна бо кадомин қувваҳо муқобили Искандари Мақдунӣ муқовимат карданд? Бояд қайд кард, ки камбудии асосии қувваҳои мудофиавии Осиёи Миёна марказият надоштани онҳо буд. Дар даврае, ки мавриди баҳси мо қарор гирифтааст, фақат як қисми Осиёи Миёна ба қаламрави ҳахоманишиҳо дохил…

    Муфассалтар »
  • Лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ба Шарқ

    Тараққии Мақдуния Дар аҳди салтанати Файлақуси II (359–336 пеш аз милод) иқтидори Мақдуния афзуда, марказиятнокӣ ва иттиҳоди он устувор мегардад, ки дар ин бобат барҳам додани майлҳои ҷудоихоҳии аъёну ашрофи мақдунӣ роли муҳим бозид. Файлақус дар ташкили қӯшун ҳам дигаргунӣ ба амал овард. Аз ҷумла, дар қӯшуни пиёдагард воҳидҳои ҷудогона…

    Муфассалтар »
  • Осиёи Миёна ва Эрон Дар аҳди Салтанати Ҳахоманишиҳо

    Давлати бузурги ҳахоманишӣ, ки яке аз пуриқтидортарин империяҳои ҷаҳони аҳди қадим ҳисоб меёфт, мавҷудияти худро беш аз 200 сол нигоҳ дошта, дар таърихи Шарқи бостонӣ мавқеи ба назар намоёне ишғол намуд. Созмонҳои иқтисодию сиёсӣ ва анъанаҳои мадание, ки дар давраи ҳахоманишиҳо ба вуҷуд омада буданд, қарнҳо маҳфуз монда, дар давлати…

    Муфассалтар »
  • Ҷамъияти осиёи миёна дар асрҳои v-iv пеш аз милод

    Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати ҳахоманишӣ Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, қисмати муҳими Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати ҳахоманишӣ қарор гирифта буд. Дар навиштаҷоти Тахти Ҷамшед қайд шудааст, ки давлати ҳахоманишӣ аз сарзамини «сакоиҳои паси Суғд» то Кӯш (Эфиопия) масоҳати бузургеро ишғол мекард. Бо чунин ақида мумкин аст розӣ шуд, ки «сакоиҳои…

    Муфассалтар »
  • Таърихи сиёсии осиёи миёна дар асри vi — ибтидои асри v пеш аз милод

    Таърихи сиёсии осиёи миёна дар асри vi — ибтидои асри v пеш аз милод Ба вуҷуд омадани давлати ҳахоманишиҳо Пайдоиши нахустин падидаҳои давлат дар Эрон ба асрҳои IХ-VII пеш аз милод тааллуқ дорад[1]. Дар ин асрҳо аксари ноҳияҳои Эрони ғарбӣ ба ҳайъати давлатҳои Ошур ва Урарту дохил мешуд (вилоятҳое, ки…

    Муфассалтар »
  • Зардуштия

    Дар боло ишора кардем, ки «Авесто» – маҷмӯи аносири аҷноси мухталиф ва дар замони гуногун ба вуҷуд омадааст. Кайҳост, ки муҳаққиқон доир ба таҷзияи ин аносир ва муайян намудани ҷанбаҳои қадимтарини дини эрониён кор мебаранд. Махсусан, дар ду даҳсолаи охир ин корҳо хеле пеш рафтанд[1]. И.Гершевич ба ҷои як номи…

    Муфассалтар »
  • Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти «Авесто»

    Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти «Авесто» Маҷмӯи нисбатан комилтари маълумоти «Авесто» дар масъалаи тавсифи ҷамъият асари В.Гейгер «Маданияти Эрони шарқӣ дар аҳди бостон» мебошад[1]. Дар муддати пас аз соли 1882 ин асар аз бисёр ҷиҳат кӯҳна шудааст, вале, мутаассифона, асаре ҳаммонанди он аз ҷиҳати дарбаргирии материал ҳоло ба миён наомадааст.…

    Муфассалтар »
  • Ҷамъияти осиёи миёна дар асри аввали оҳан

    «Авесто» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ «Авесто», ки аз маҷмӯи матнҳои пайравони оини зардуштӣ иборат аст, муҳимтарин маъхази оид ба таърихи қадимтарини Осиёи Миёна мебошад. ҳоло ғайр аз теъдоди андаке дар Эрон, зиёда аз 100 ҳазор зардуштиён дар ҳиндустон зиндагӣ менамоянд, ки ононро одатан «порсиён» меноманд. Порсиён натанҳо дини қадима, балки матнҳои…

    Муфассалтар »
  • Материалҳои археологии асри аввали оҳан

    Металлургияи оҳан Материалҳои археологӣ бо қиёси баъзе мадракҳои забонӣ ва ҳамчунин сарчашмаҳои хаттии қадим, ки ба давраҳои баъдтар тааллуқ доранд, манзараи ҳаёти ҷамъиятии Осиёи Миёнаи охири ҳазораи II – ибтидои ҳазораи I пеш аз милодро равшан месозанд. Дар ибтидои ҳазораи I пеш аз милод сокинони Осиёи Миёна аз маъдан истеҳсол…

    Муфассалтар »
  • Роҳҳои кӯчиши тоифаҳои ҳиндуэронӣ ва комплексҳои археологии Осиёи Миёна

    Тоифаҳои ҳиндуэронӣ то замони аз ҳам ҷудо шудани худ дар куҷо сукунат доштанд, кай ва бо кадомин роҳҳо кӯчидан аз маҳалҳои аслии гузаштагони ин ва ё он тоифаҳои эронӣ ва ҳиндуориёӣ ба амал омад? Донишмандон ба ин суолҳо ҷавобҳои мухталиф додаанд. Доир ба ин масъала дар илм ақидаҳои гу-ногун ба…

    Муфассалтар »
  • Таркиби нажодии аҳолии осиёи миёна дар аҳди биринҷӣ. Масъалаи ориёӣ

    Умумияти ҳиндуэронӣ. Ориёиҳо Протсессҳои этникие, ки дар Осиёи Миёнаи аҳди биринҷӣ ба амал меомаданд, ҳам барои тараққиёти ояндаи худи ин сарзамин ва ҳам барои таърихи як қатор кишварҳои ҳамсоя, ки аз ҳиндустон то Аврупои ҷануби шарқӣ масоҳати бузургеро ишғол кардаанд, аҳамияти хеле калон доштанд. Мавҷуд набудани манбаъҳои хаттӣ ва ҳанӯз…

    Муфассалтар »
  • Асри Биринҷӣ

    Гузариш ба сохти қавмии падарӣ Асри биринҷӣ муҳимтарин давраи таърихи инсоният мебошад. Дар ин давра чи дар тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва чи дар сохти иҷтимоии ҷамъият тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ меояд: истихроҷ ва гудозиши маъдан ва сохтани асбобҳои фулузӣ шурӯъ гардида, олоти истеҳсолот такмил меёбад, дар киштукор обёрии сунъӣ ҷорӣ…

    Муфассалтар »
  • Мезолит ва Неолит

    Замони мезолит ва неолитро одатан ба 10–15 ҳазор сол тахмин мекунанд. Лекин давоми ин давраи ҳаёти инсонӣ дар ҳар маҳал ҳар хел будааст. Дар асоси маълумот ва мадракҳои мавҷудаи археологӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аҳолии Осиёи Миёна дар ин давра хеле сершумор гардида, дар шароити сохти қабилавии…

    Муфассалтар »
  • Палеолит. Сохти пеш аз қабилавӣ. Пайдоиши ҷамоати қабилавӣ

    Осори палеолити поин Замони пайдоиши нахустин одамонро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври яқин муайян кардан хеле душвор аст, зеро осори аз ҳама қадимаи ҳаёти онҳо боқӣ намондааст. Ба гумони баъзе олимон, гӯё Осиёи Миёна дар дохили минтақаи одамшавии маймун воқеъ гардида будааст[1]. ҳарчанд ин ақида маъмул ва мақбули умум…

    Муфассалтар »