Фанни Педагогика

Дидактика ва вазифаҳои он

Дидактика ва вазифаҳои он
Категорияҳои асосии дидактика

Зермавзӯъҳо:

  1. Маълумотҳои мухтасари таърихӣ дар бораи дидактика
  2. Категорияҳои асосии дидактика
  3. Принсипҳои таълим ва моҳияти он
  4. Вазифаҳои дидактикаи муосир
  5. Дидактика як қисми муҳими илми педагогика буда, қонуниятҳои хониши мактабиён ва фаъолияти дарсдиҳии муаллимонро меомӯзад. Калимаи «дидактика» ҳамчун вожа аз калимаи юнонии didakticos гирифта шуда, маънояш таълимдиҳанда, меомӯзонам, ёд медиҳам мебошад.

Дидактика ҳамчун соҳаи илм назарияи таълим ва маълумотро меомӯзад. Ҳанӯз файласуфон ва донишмандони қадим Суқрот, Демокрит, Афлотун, Арасту оид ба таълим нуқтаи назари худро тавсиф намуда буданд.

Дидактикаро ҳамчун соҳаи илм олим – педагоги немис В. Ретке (1571-1675) муайян кард. Олими чех Я.А. Каменский дидактикаро аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда доир ба он асари барҷастаи худ «Дидактикаи бузург»-ро соли 1632 навишт.

Дар инкишофи минбаъдаи дидактика олими фаронсавӣ Ж. Ж. Руссо, И.Г. Песталотсий, К.Д.Ушинский, В.И.Водовозов, М. А. Данилов, Ю. К. Бабанский ва дигарон саҳм гузоштаанд. Олимони классики тоҷик А. Форобӣ, А. Берунӣ, А.И. Сино, Ал — Хоразмӣ ақидаҳои муфиди худро оид ба дидактика баён кардаанд. Педагогҳои муосири тоҷик: Орифӣ, М.Лутфуллоев, Б.Раҳимов, Х.Раҳимов, И.Обидов, Ф.Шарипов, У.Зубайдов низ оид ба ин соҳаи илм саҳми босазо гузоштаанд.

Дар тадқиқотҳои соҳаи дидактикаи тоҷик чунин мафҳумҳо бештар маъмуланд: таълим, моҳияти раванди таълим, усулҳои таълим, мазмуни маълумоти мактаб, усулҳои таълим.

  1. Категорияҳои асосии дидактика аз инҳо иборат аст: маълумотдиҳӣ, таълим — омӯзонидан, дониш, маҳорат, малака, мақсад, мазмун, ташкилкунӣ, шакл, метод, воситаҳо, натиҷаҳо.
  • маълумот – маҷмӯи системаи донишҳои ҳосилкарда дар раванди дониш, омӯзиш, маҳорат, малака мебошад;
  • дониш – маҷмӯи ғояҳои одаме, ки назарияи фанро аз худ кардааст, ифода мекунад;
  • маҳорат – амалиёти бошуурона истифодабарии донишҳои андӯхта мебошад;
  • малака – сатҳи маҳорати баланди автоматигашта – одатшудаи шахс мебошад;
  • мақсад (таълим, тарбия, ташаккулёбӣ) – он манбаҳои зарурие, ки ба он саъю кӯшиш ба харҷ дода мешавад;
  • мазмун – донишҳои илмӣ, маҳорат, малакаҳои амалӣ, тарзи фаъолият мебошад, ки хонандагон дар раванди омӯзиш аз худ мекунанд;
  • метод – роҳ, тарзу усул, роҳи комёбшавии мақсад ва вазифаҳои таълимро ифода мекунад;
  • воситаҳо – ашёҳои барои раванди омӯзиш ёрирасон: нутқи педагог, маҳорати ӯ, китобҳои дарсӣ, таҷҳизотҳо, воситаҳои техникӣ ва ғ.
  • натиҷаҳо (маҳсули омӯзиш) – ҳамоне, ки дар охири раванди омӯзиш ба даст меояд.
  1. Принсипи таълимро дар адабиёти педагогӣ принсипҳои дидактикии таълим низ мегӯянд. Принсипҳои таълим системаи асосӣ ва муҳимтарини омӯзиш аст, ки мазмун, шаклҳои ташкилӣ ва методҳои таълимии мактабро вобаста ба мақсади умумии тарбия ва қонуниятҳои раванди таълим муайян менамояд.

Ба принсипҳои муҳимтарини таълим инҳо дохил мешаванд: аёниятнокӣ, системанокӣ ё худ пайдарпайӣ, илмият ё худ бошуурнокӣ, мувофиқи синну сол будан, мустаҳкамкунӣ ва такрор, алоқаи таълим ба ҳаёт. Дар мактаб риоя карда шудани принсипҳои таълим ба хониши хуби бачаҳо мусоидат мекунад. Муаллим дар рафти таълим бояд принсипи услуби дарсдиҳии фанҳои худро донад, чунки надонистани он вазифаи ба дониш мусаллаҳ намудани хонандагонро душвор мекунад.

  1. Дидактика чун назарияи таълим ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами муаллимони мактабҳо эътибори махсус медиҳад, ки дар назди он вазифаҳои зерин меистад:
  • Ошкор намудани қонуниятҳои умумии мазмуни маълумот ва меъёрҳои маълумоти миёна, миёнаи касбию олӣ;
  • Қонуниятҳо, принсипҳои таълим, фаъолияти муаллиму талабаҳо, муносибат ва ҳамкории педагогии онҳо мустаҳкам карда шавад;
  • Роҳҳои самараноки метод, усул ва воситаҳои таълим пешниҳод карда шавад;
  • Фаъолияти маърифатҷӯи ва эҷодии хонандагон зимни ҷараёни таълим ба назар гирифта шавад;
  • Тарбияи минталитет, яъне дар талаба ва муаллим симо, сурат, сифат, хусусиятҳои миллатро ба роҳ мондан;
  • Раванди таълим аз рӯи 3 вазифа: маълумотдиҳӣ, тарбиядиҳӣ ва инкишофдиҳӣ (ташаккулдиҳӣ) амалӣ гардонида мешавад.

Ҳамин тавр вазифаҳои дидактика дар бобати такмили раванди таълим тақозо мекунад, ки завқу шавқи маърифатии хонандагон ривоҷ ёбад ва истифодаи воситаҳои техникии ҳозиразамон дар таълим амалӣ гардад.

Адабиёт:

  1. Бӯйдоқов Х. Асосҳои дидактика. — Душанбе, 1995.
  2. Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. — Душанбе, 2001.
  3. Оконь В. Введение в обшую дидактику. — Москва, 1990.
  4. Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. — Душанбе, 2000.
  5. Сангинов Н.Х. Дидактика. — Душанбе, 1992.
  6. Скаткин М.Н. Проблемы современной дидактики. — Москва, 1984.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *