Фанни Педагогика

Тарбияи экологии хонандагон

Тарбияи экологии хонандагон

Зермавзӯъҳо:

  1. Маълумотҳои умумӣ дар бораи экология
  2. Моҳият ва вазифаҳои тарбияи экологии хонандагон
  3. Сарватҳои табиӣ ва муҳофизати онҳо
  4. Воситаҳои тарбияи экологӣ ва алоқамандии он ба дигар шаклҳои тарбия
  5. Экология ҷузъи илми биология буда, қонуниятҳои якҷояамалкунӣ ва мунисибатҳои дутарафаи дохилии ҳайвоноту наботот, инчунин муносибати инсонро ба биосфера меомӯзад. Экология калимаи юнонӣ (oikos) буда, маънояш хона, манзил, ҷои зист ва логия илм гирифта шудааст. Истилоҳи экологияро ҳанӯз соли 1866 олими немис Э. Геккел пешниҳод карда буд.

Дар асри XX аз сабаби пурзӯр гаштани таъсири инсон ба табиат, экология ҳамчун заминаи илмии  организмҳои зинда дорои аҳамияти махсус гашт. Аз солҳои 70-уми асри ХХ экологияи инсон ё экологияи иҷтимоӣ арзи вуҷуд кард, ки он қонуниятҳои таъсири мутақобилаи  ҷамъият ва муҳит, инчунин масъалаҳои табиатро меомӯзад. Дар замони ҳозира масъалаи тарбияи экологӣ яке аз проблемаҳои муҳимтарини натанҳо мактаб, балки аҳли ҷомеа ва тамоми одамон гаштааст.

Мақсади тарбияи экологӣ ин дар наслҳои наврас ташаккул додани донишҳое мебошад, ки муносибати ғамхоронаро ба муҳити атроф нишон медиҳад. Масъалаҳои экологӣ чун проблемаи умумиинсонӣ вуҷуд дорад. Фақат бо мададу ҳамкории тамоми ҷаҳониён тозагию покии атмосфераро нигоҳ доштан аз ифлосшавӣ ва оқилона истифода бурдани боигариҳои зеризаминиро мумкин аст. Зеро табиат – модар манбаи ҳаёт аст, солим нигаҳдории онро бояд тамоми башарият андешад.

Дар ташаккули шуурнокии экологии талабагон саҳми фанҳои гуманитарӣ калон аст. Дар таълими фанҳои забону адабиёт, таърих ҷамъиятшиносӣ, давлат ва ҳуқуқ муносибати нодуруст ва ваҳшигарии инсон ба табиат баррасӣ карда мешавад. Масалан, дар китоби дарсии синфи се-чор «Одобнома» (1966) оид ба муҳити зист чунин омадааст:

Муқаддас дор чор унсури покро,

                      Обу оташ, ҳаме боду хокро.

  1. Фаҳмиши экологӣ ҳамчун қисмати таркибии муҳити ҷаҳонбинии илмии талабагон дар раванди тарбияи экологӣ ташаккул меёбад. Тарбияи экологӣ дар натиҷаи мақсаддории таълими фанҳои гуногун дода мешавад. Талабагони синни хурди мактабӣ тавассути омӯзиши забони модарӣ, хониш, табиатшиносӣ ва меҳнат донишҳои экологии худро ғанӣ мегардонад.

Тарбияи экологӣ одамони қонунҳои табиатро мефаҳмидагӣ, ба қадри боигарии табиат мерасидагӣ, аз онҳо дуруст истифода мебурдагӣ ва нигоҳубин мекардагӣ, зебоиашро афзун карда метавонистагӣ, яъне шахси табиатдӯстро тарбия мекунад. Бояд гуфт, ки табиат барои инсон аҳамияти ниҳоят калон дорад, чунки одам аз ҳавои табиат нафас мекашад, кӯдак барои инкишофи худ об, нури офтоб, маҳсулоти хӯрокаро аз табиат мегирад. Табиат манбаи истеҳсолот (хонасозӣ, либос, ғизо ва ғайра) мебошад. Табиати мусаффо одамро солиму бардам нигоҳ медорад.

Ҳавои чангу ғуборнок бемориҳо меорад. Воситаҳои нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ ҳавоеро, ки одамон нафас мекашанд, ифлос мекунанд. Мӯъҷизакории табиат дар он аст, ки ҳамин ҳаворо тоза карда медиҳад. Ин корро дарахтон ва сабзазорҳои табиат иҷро мекунанд. Тарбияи экологӣ мунсибати дурусти байни хонандагон ва ва ҷамъияту табиатро ба роҳ монда, ҳифзи муҳити зистро, ки гузаштагонамон кори савоб мегуфтанд, одат мекунонад. Дар баробари ин тарбияи экологӣ аз несту нобуд кардани наботот, ҳайвоноту паррандагон, ифлос кардани обу замин дар табиат, худдорӣ намуданро ба хонандагон ёд медиҳад.

Инсон дар давраҳои нахустини зиндагии худ ҳаргиз андеша накарда буд, ки сӯхтани беша, истифодаи бошиддати чарогоҳҳо боиси харобии табиат мегардад. Таъсири инсон ба растаниҳо ва ҳайвонот (табиат) бевосита ва бавосита  аст. Саросар буридани ҷангал, нест кардани ҳайвоноти ваҳшӣ, обёрӣ, сохтмони объектҳои саноатӣ, бунёди обанборҳои сунъӣ, химиконидани хоҷагии қишлоқ ва дигар чораҳо ба олами ҳайвонот таъсир нарасонида наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамаи чораҳоро бинем, ки нафақат мо, балки наслҳои оянда ҳам бояд барои истифода бурдани тамоми неъматҳое, ки табиати зебои ватани мо бахшидааст, имконият дошта  бошанд.

Барои ҳалли ин проблемаҳо дар мактаб ба тарбияи экологии хонандагон диққати махсус дода, мувофиқи нишондодҳои педагогӣ вазифаҳои зерин гузошта шудааст:

  • донистани асосҳои демократии баробарвазнии истифодаи табиат;
  • ташаккули масъулият нисбат ба табиат;
  • дар амалӣ гардонидани ҳифзи табиат фаъолона иштирок кардан;
  • ташаккул додани маҳорати истифодаи сарватҳои табиӣ дар асоси нишондодҳои илмӣ;
  • омӯхтани роҳҳои харобӣ наовардан ба табиат;
  • муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва сарфакорона истифода бурдани он;
  • омӯхтани асосҳои илмӣ – техникии муносибати мутақобилаи одам бо табиат.
  1. Тарбияи экологӣ проблемаи мураккаби комплексӣ буда, ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, гигиенӣ, ахлоқию психологӣ ва ғайра вобаста аст. Тарбияи экологӣ аз фаҳмиши дурусти омӯзиши сарватҳои табиӣ, алоқамандии ҷамъияту табиат ва таъсиррасонии мутақобилаи онҳо сурат мегирад.

Сарватҳои табиӣ ин захираҳое мебошанд, ки инсон дар  фаъолияти ҳаётии худ  аз он истифода мебарад.  Сарватҳои табиӣ асосан ба ду гурӯҳ: беҳудуд ва ҳудуднок тақсим мешаванд. Сарватҳои табиии беҳудуд  чунин сарватҳоеанд, ки захираи онҳо дар табиат беохиранд ва новобаста ба одам бе таъсири ӯ барқарор мегарданд. Ба ин гурӯҳи сарватҳои табиӣ:  нерӯи офтоб, мадду ҷазр ва сарватҳои дохилизаминӣ мансуб шуда метавонад.

Сарватҳои табиии ҳудуднок бошад, он сарватҳоеанд, ки як сарҳади муайян доранд ва дар натиҷаи бешуурона истифода бурдани онҳо аз байн рафтанашон мумкин аст, ки барқарор кардани онҳо аз сари нав кори ниҳоят душвор аст.

Сарватҳои табиии ҳудуднок дар навбати худ ба ду гурӯҳ: барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мешаванд. Ба гурӯҳи сарватҳои табии барқароршаванда: об, хок, олами наботот ва ҳайвонот дохил мешаванд, ки дар натиҷаи бошуурона рафтор кардани одамон ва дуруст истифода бурдани  ин  захираҳо барқарор намудани ин гурӯҳи захираҳо осон мегардад.

Ба гурӯҳи сарватҳои табиии барқарорнашаванда захираҳои минералӣ: ангишт, нефт, маъданҳо ва дигар элементҳои химиявӣ дохил мешаванд. Дар мактабҳо тамоми корҳои экологиро дар рӯҳияи ҳамин талаботҳо ба роҳ мондан лозим аст.

Мо дар зер дар бораи сарватҳои табиии барқароршаванда: об, олами наботот ва ҳайвонот мухтасар маълумот медиҳем:

Об – олимони шарқи қадим обро ҳамчун сарчашмаи асосии ҳамаи мавҷудоти зинда мепиндоштанд. Ин ақида аз тарафи файласуфони юнони қадим Фалес, Милет, Арасту ва Эмпедокл (асри VI то милод) эътироф карда шуд. Ба қавли онҳо об ибтидои ҳамаи моддаҳо ба шумор меравад. Дар китоби муқаддаси дини зардуштӣ «Авесто» чунин омадааст: «Об асоси тоза намудани инсон, ҳаёт ва табиат мебошад».

Дар Қуръони Маҷид доир ба истифодаи сарфакоронаи об диққати калон дода, ифлос намудани онро  гуноҳи азим шуморидааст. Қисми зиёди рӯи заминро (98%) об ташкил мекунад, ки танҳо 2%-и он оби нӯшокӣ асту халос. Тоҷикистон дар сарчашмаи об ҷойгир шудааст, ки 60%-и оби Осиёи Марказӣ дар ин ҷо тавлид мешавад. Бинобар ин аз тарафи сарвари давлат Э.Раҳмон эълон намудани 10-солгаии оби тоза аз соли 2005 то соли 2015, ки аз тарафи иштирокчиёни форуми 3-юми байналмиллалии об дар шаҳри Киотои Япония  дастгирӣ карда шуд, ки он  аз проблемаҳои гуногуни экологӣ, хусусан норасогии оби тоза дар ҷомеаи ҷаҳони муосир гувоҳӣ медиҳад.

Муҳофизати олами наботот – яке аз масъалаҳои муҳими рӯз буда, аз муаллимон тақозо мекунад, ки ба хонандагон оид ба растаниҳои ватанамон маълумоти пурра диҳанд, зеро асоси организми зинда дар рӯи замин ба он вобаста аст. Дар Тоҷикистон 80%-и  дарахтон дар кӯҳистон ва танҳо 20%-и он дар дигар минтақаҳо мавҷудият доранд. Аз 500 ҳазор хелҳои гуногуни набототи ба илм маълум буда, танҳо 23 ҳазораш истифода мешавад, ки аз он 600 навъаш дар хоҷагии қишлоқ, 380 хелаш ба растаниҳои доругӣ мансубият дорад, боқимондааш аз истифода берун аст.

Дар ҳудуди ҷумҳуриамон ҳоло 22 намуди растаниҳо дар ҳолати тамоман аз байн рафтан ва 79 намуди он дар  хатари нестшавианд. Ҳолати растаниҳои ороишӣ, доругӣ ва хӯрданӣ дар ҷумҳуриамон низ чандон хуб нест. Муҳофизат намудани онҳо мо педагогҳоро водор мекунад, ки дар бораи аҳамияти онҳо чунин мисолҳоро биёрем. Масалан: ҳисоб карда шудааст, ки як гектар беша соле 18 млн. м3 газҳои ифлоси таркиби ҳаворо фурӯ бурда, атмосфераро тоза мекунад. Як дарахти 10 кг баргдор қобилият дорад, ки 500 гр. гази сулфур, 220 гр. хлор, 50-60 гр. фтор, 40-45 гр. гарду чангро фурӯ бурда ҳаворо тоза намояд. Шусташавии хокро дар табиат фақат растаниҳо нигоҳ дошта метавонад.

Муҳофизати олами ҳайвонот. Мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар баробари ҳал кадани дигар масъалаҳои таълиму тарбия дар рӯҳияи муҳофизат намудани ҳайвонот тарбия намудани хонандагон низ нақши муҳим мебозад. Насли наврас бояд дар рӯҳияи  эҳтиёткорӣ нисбат ба ҳайвонот, ғамхорӣ ба онҳо ва зиёд намудани миқдори онҳо тарбия карда шаванд. Ҳоло дар Ҷумҳуриамон 80 намуди ширхӯрҳо, 49 намуди  моҳиҳо, 2 намуди обхокиҳо, 49 намуди хазандаҳо, 350 намуди паррандаҳо мавҷуданд, ки онҳо мӯҳтоҷи муҳофизатанд.

Барои муҳофизати онҳо ҳоло дар мамлакатамон 5 мамнӯъгоҳ, 15 парваришгоҳ амал мекунад.

  1. Дар тарбияи экологӣ адабиётҳои бачагона ва ҷавонон, рӯзнома ва маҷаллаҳо, радио, телевизион воситаҳои асосии тарғиботӣ ҳисоб мешаванд. Тарбияи экологӣ бо тарбияи фикрӣ ҳамчун қисмати ҷаҳонбинии илмӣ оид ба дарки дурусти олам; тарбияи меҳнатӣ ҳамчун муайянкунандаи фаҳмиши ҳақиқии экологӣ; тарбияи эстетикӣ ҳамчун инкишофдиҳандаи ҳисси зебогии табиат; тарбияи ахлоқӣ ҳамчун ташаккулдиҳандаи ҳисси масъулият нисбати табиат ба одамон алоқаи мустаҳкам дорад.

Бояд гуфт, ки дар муҳофизату бой гардонидани захираҳои табиат тарбияи маърифати экологӣ  нақши муҳим мебозад. Нишондодҳои асосии маърифатнокии экологӣ фаҳмонидани масъалаҳои экологии ҳозиразамон, шуурнокии ҳисси масъулият нисбати муҳофизати табиат, фаъолияти табиатдӯстӣ, инкишофи ҳисси муҳаббат ба табиат, дида тавонистани зебогӣ ва ҳаловат бурдан аз он мебошад.

Хулоса, тарбияи экологӣ муносибати дурусти байни хонандагон ва ҷамъияту табиатро ба роҳ монда ҳифзи муҳити зистро, ки гузаштагонамон яке аз вазифаҳои муқаддастарин медонистанд, меомӯзад.

Адабиёт:

  1. Абдуллозода Х. Тарбияи экологии хонандагон (дастури методӣ). — Кӯлоб, 1980.
  2. Василев Ю.К. Экологическая образования и воспитания учашихся. — Москва, 1983.
  3. Лукин И.Ф. Бӯҳҳрони экологӣ ва алтернативи он. — Душанбе, 1991.
  4. Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. — Душанбе, 2007.
  5. Сарватҳои табиӣ ва намудҳои онро таҳлил намуда мисолҳои дақиқ оред.
  6. Оид ба воситаҳои тарбияи экологӣ ва алоқаи он ба дигар  унсурҳои тарбия маълумот диҳед.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *