Фанни Педагогика

Мақсад ва вазифаҳои тарбия

Инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои истеҳсолии ҷомеа – маҳаки асосии мақсади тарбия

Ҳамеша рӯ ба беҳбудиҳо овардан мақсади қонунии инсоният аст. Будуни чунин қонуни иҷтимоӣ инкишофи ҷомеа ва фард ғайриимкон аст. Албатта, аз олоти оддии зиндагӣ ба мошинолот гузаштан ба кор сабукӣ меорад ва маҳсулотро хушсифату афзун мегардонад: аз ҷуфти гов дида бо трактор замин рондан, аз дос дида бо комбайн дарав кардани ҳосил, аз сӯзан дида бо мошинаи дарзу дӯз, аз автобус дида бо ҳавопаймо сафар кардан бурдбориҳо дорад. ҳамаи ин мошинолот – техника қувваҳои истеҳсолот, ашхоси бо ин олоти механикӣ муносибаткунанда, яъне донанда ва идоракунандаи онҳо муносибатҳои истеҳсолӣ номида мешавад, ки онҳо сарчашмаи мақсади тарбия ба шумор мераванд.

Аз ин рӯ, мақсад ва вазифаҳои тарбия на бо хоҳиши ягон кас ё синфи идоракунандаи давлатӣ, балки дар ҳар давру замон тибқи талаботи инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои истеҳсолӣ сар мезанад. Баробари такомулот ва табдили қувваҳои истеҳсолӣ муносибати тарбия ҳам, албатта, тағйир меёбад. Барои аз қувваҳои истеҳсолӣ самарабахш истифода бурдан зарурати тайёр кардани ихтисосмандон ба миён меояд, ки инро мақсад гӯянд – мақсади тарбия.

Ба хусус, мақсади тарбия ин натиҷаи пешакӣ муайян кардани ният ва муддаои фаъолияти ба ҳаёт тайёр кардани насли наврас, инкишоф ва ташаккул додани шахсияти онҳо тавассути раванди корҳои таълим ва тарбиявӣ мебошад.Ба мақсади тарбия ҳама: мазмун, ташкилкунӣ, шакл ва методҳои тарбия итоат мекунанд. Аз ин лиҳоз мақсади тарбия дар педагогика масъалаи муҳим ба шумор меравад. Мушаххас ва возеҳ муайян кардани мақсад ва вазифаҳои тарбия аҳамияти калони назарӣ ва амалӣ дорад. Оиди ин масъала ду қоидаи муҳимро нишон медиҳем. Аввало, пурра донистани мақсади тарбия ба муаллим ва мураббӣ имконият медиҳад, ки вай бояд чӣ гуна инсонро ташаккул диҳад, донад ва табиист, ки андешамандона ӯро пешаи зерурие омӯзонад. Дигар, ин ки мақсад, ҳамчун қоида, амалиёт ва хусусияти инсонро муайян мекунад. Аз ин нуқтаи назар мақсад ва вазифаҳои тарбия бевосита ба мазмун ва методикаи муайяни кори тарбиявӣ дахолат дорад, чунки методика бо он мақсадҳое, ки дар назди мактаб гузошта шудаанд, зич алоқаманд аст.

Ҳамин тавр, байни мақсади тарбия ва мазмуни он ва методҳо ягонагии ногусастанӣ мавҷуд аст. Ин ягонагӣ ҳамчун қонунияти педагогика сурат мегирад.

Мақсади тарбия умумӣ ва фардӣ мешавад. Мақсади умумӣ аз талаботи пешрафту инкишофи ҷомеа ба таври умум зоҳир мегардад ва мақсади фардӣ бошад, ба майлу қобилият ва истеъдоди ашхоси алоҳида вобаста аст.

Дар педагогика мақсади умумии тарбия аз давраҳои пеш кор карда шудааст. Ҳамчунин дар тамоми давраҳои инкишофи ҷамъият гузориши мақсади тарбия аз талаботи иҷтимоӣ – иқтисодии ҷамъиятӣ ва сиёсии синфи ҳукмрон муайян карда мешуд. Вале мақсади тарбия майли ҷараёни хоси худро дорад, онро монополия кардан ба сиёсат ва идеологияе пайвастан мумкин нест. Яке аз сабабҳои шикаст хӯрдани системаи тарбияи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики Аврупои Шарқӣ монополия кардан, ба сиёсати идеология пайвастани тарбия буд. Барои ҳамин ҳам вақтҳои охир дар педагогикаи ҷаҳонӣ ғояи ба сиёсат ва идеология новобаста будни тарбия, аз қонуни ҳаётии умумиинсонӣ мувофиқи талабот ва ҳуқуқ ба миён омадани мақсади тарбия ва ба озодӣ баровардани он устувор мегардад.

Мақсади тарбия дар як меъёр наменоманд, ҳаракаткунанда, дигаршавандааст, ки ин хусусиятҳои мушаххаси таърихӣ дорад.

Таърих панҷ форматсияи ҷамъиятӣ – иқтисодиро дорад, ки ҳар яке навъҳои гуногуни муносибатҳои истеҳсолии байни одамонро дошт: ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодаkистӣ, капиталистӣ, баъдикапиталистӣ.

Дар ҷамъияти ибтидоӣ мақсади тарбия – мусаллаҳ гардондани одамон бо таҷрибаҳои зиндамонӣ, яъне бо дониш ва маҳорати зарури сохти зиндагии ҳамарӯза. Дар ин давр муассисаҳои махсуси тарбиявӣ набуд.

Дар сохти иҷтимоии ғуломдорӣ мақсади тарбия – ба ҳайси ҳукмрон тайёр кардани бачаҳои ғуломдор. Онҳо дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ санъат ва илм меомӯхтанд. Бачаҳои ғулом фармонҳои хӯҷаинҳоро иҷро мекарданд, машғулияти асосиашон меҳнат буд. Дар ҳамин форматсияи иҷтимоӣ тарбияи ақлӣ аз тарбияи ҷисмонӣ ҷудо шуд.

Дар ҷамъияти феодалистӣ мақсади тарбия – тарбияи сипоҳӣ (ритсарӣ), барои деҳқонбачаҳо – меҳнат.

Дар сохти капиталистӣ мақсади тарбия – ин идора кардани қувваҳои истеҳсолот. Буржуазия барои фарзандони худ тарбияи имтиёзнок медод, то ки давлатро идора карда тавонанд. Барои фарзандони коргару деҳқон мактабҳои ибтидоӣ насиб буд.

Бо ивазшавии капитализми пештара сохти капитализми инкишофёфта – баъдикапиталистӣ (иқтисоди демократӣ ва ғайра) ба миён омад. Ин сохти иҷтимоӣ хусусияти сатҳи баланди инкишофи муносибатҳои истеҳсолӣ дорад. Мақсади тарбияро ба истеҳсолот мепайвандад.

Мақсади тарбия дар мактаби муосир – инкишофи мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият. Тасвияти онро мо дар файласуфон ва педагогҳои гуманисти давраи Таҷаддуд Ф. Ребле, М. Монтень; сутсиёлистони хаёлӣ Т. Мор, Т. Компанелла, Р. Оуэн, Сен – Симон, Ш. Фурmе (вобастакунии тарбияро бо меҳнат); маърифатпарварони асри XVIII франсуз К. Гелветсий, Д. Дидро (такомулоти ақлӣ ва ахлоқӣ); инқилобчиёни демократҳои рус А. И. Герцен, В. Г. Белинский ва Н. Г. Чернишевский (инкишофи ҳамаҷониба баъди инқилоб ҳалли худро меёбад) мегуфтанд.

Зиёда аз 70 сол мактаби кишвари мо таҳти ғояҳои файласуф – иқтисодчиёни намоён К. Маркс ва Ф. Энгельс инкишоф ёфт; ин давраро аз таърихи он хат задан мумкин нест. Мақсади тарбия ба ояндаи сохти ҷамъияти коммунистӣ вобаста аст, — гуфтанд онҳо аз қонунҳои иқтисодӣ натиҷа бароварда. Ба гуфти онҳо дар давраи коммунизм, вақте ки фарқияти синфӣ нест карда мешавад, вале дар тамоми соҳаҳои техника, истеҳсолоти ҷамъиятӣ имконият ба инкишофи баланд ноил мегардад, кай, ки фарқияти байни меҳнати ақлию ҷисмонӣ барҳам мехӯрад, мақсади иникшофи ҳамаҷониба ва мутаносиби одамонро гузоштан мумкин аст.

Душворӣ ва хатоҳо барои амалӣ гардондани мақсади тарбия – ташаккули ҳамаҷониба ва инкишофи мутаносиби шахсият қисман дар доираи танги мақсад, аз нав дида баромадан ва аниқ гардондани вазифаҳои мактаби маълумоти ҳамагонӣ талаб карда мешуданд, вале ин ҳеҷ ба дигаргунии худи мақсад наовард. Он мисли пештара идеал шуда монд. Ба комёбии он бо кӯшишҳои ба ҳисоб гирифтани хатоҳо мактаби ояндаи нав муваффақ хоҳад шуд.

Адабиёт

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф».

Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Педагогика (Под ред. С. П. Баранова и В. А. Сластенина). М., 1986

Рахимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.

Рахимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *