Фанни Педагогика

Асосҳои методологии инкишофи назариёти педагогӣ ва методҳои тадқиқоти илмии он

Асосҳои методологӣ омили муҳими коркард ва инкишофи назариёти педагогӣ мебошад. Методология назарияи гнесеологӣ ва мантиқиест дар боби принсипҳо ва маҷмӯи тадқиқу ҳодисаҳои табиӣ ва ё иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Педагогика, чунон ки гуфтем, ҳамчун илми фалсафа аз қадимулайём дар таҳти ду консепсияи бо ҳам муқобили методологияи фалсафӣ – идеалистӣ ва материалистӣ инкишоф ёфта истодааст. Равияи методологияи идеалистӣ ҳанӯз аз афкори фалсафию педагогии Юнони қадим аз Суқрот ва Плутон сарчашма мегирад, ки онҳо инкишофи инсонро аз тараққиёти ҷамъият канда, онро ба омили пешакӣ муайянкардаи теологӣ (илоҳӣ), ё биологӣ табиӣ, яъне ба ирсият мансуб медиҳанд. Материалистон Гераклит, Демокрит ва Эпикур ташаккулёбии инсонро дар таъсири муайяни беруна ва шароити зиндагӣ вобаста донистаанд. Ин муборизаи ду муносибат аз қадимулайём то ба ҳол вуҷуд дорад ва дар коркарди назариёти педагогӣ ва инкишофи он сабаб шудааст.

Дар замонаш бисёр педагогҳои пешқадами буржуазӣ (Я. А. Коменский, Дж. Локк, Ж. Ж. Руссо, А. Дистерверг, К. Д. Ушинский, П. Ф. Каптерев ва дигарҳо) фикрҳои материалистии зиёд пешниҳод карда бошанд ҳам, дар педагогикаи буржуазӣ ҳанӯз ҳам нисбати инкишофи инсон ва тарбия аносири идеалистӣ вуҷуд дорад. Педагогҳои номбурда назарияи таълим ва тарбияро ғанӣ гардонда, моҳияти педагогикаро ба дараҷаи умуминсонӣ бардоштанд. Ҳамин тавр, дар шароити ҷамъиятҳои гуногун методологияи материалистӣ ва дар он асос ғояҳои педагогии иҷтимоӣ ба миён гузошта шуд. Мувофиқи методологияи материалистӣ инкишофи инсон ҳамчун шахсият на дар худи ӯст, балки ташаккулёбии вай тибқи «барномаи иҷтимоӣ» сурат мегирад. Дар инкишофи инсон таъсиррасонии пешрафти ҷомеа ва тарбияи махсус ташкилкардашуда, инчунин кӯшиши фаъолонаи худи фард аҳамияти бузург дорад. Аммо мувофиқи нишондоди педагогикаи идеалистӣ гӯё инсон тибқи «барномаи дохилӣ» — ё, ки аз рӯзи азал аз тарафи илоҳиёт муайянкардашуда худ аз худ инкишоф меёфтааст, ки тарбия фақат як воситаи ёрирасон будааст. Яъне ҳар як кас дар асоси сарнавишт умр ба сар мебарад. Чунин таълимот шахсро ғайрифаъол мегардонад.

Ҷонибдорони методологияи диалектикаи материалистӣ инкишофи инсонро ба пешрафти ҷомеа пайваста, тарбияро омили умда мешуморанд, зеро

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд, — мегӯяд мақоли халқ.

Методҳои тадқиқоти илмии педагогика.

Ҳар фан методҳои тадқиқоти илмӣ дорад. Методҳои тадқиқоти илми педагогика чунинанд: мушоҳида, сӯҳбат ва интервюгирӣ, озмуни педагогӣ, тадқиқоти назариявӣ, омӯхтани ҳуҷҷатҳои мактабӣ ва маҳсули фаъолияти хонандагон, омӯхтан ва ҷамъбаст кардани таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ, методҳои сотсиологии тадқиқот: анкета (саволнома), эҳсоияи математикӣ ва ғайра.

Моҳияти ҳар яке аз ин методҳоро ба таври фишурда тавзеҳ медиҳем.

Методи мушоҳидаи педагогӣ. Ин метод амалан дар ҳар намуди тадқиқот маъмулан истифода бурда мешавад. ҳодисаҳои педагогӣ ба хусус тарзи амалиёти беҳтаринро тақозо мекунад ва билохира тадқиқотчӣ бояд тавассути мушоҳида (тӯлонӣ ва ё кӯтоҳмуддат) таҷрибаҳои муфидро фароҳам оварад. Яъне зимни тадқиқоти мушоҳида ба хулосае ояд, ки кадом тарзи коргирии омӯзгор бартарӣ дорад. Мушоҳида тибқи нақшаи дақиқ ва нишондоди мақсад, вазифаҳо бурда мешавад, ки он бояд ба саволҳои зайл ҷавоб дода тавонад: чиро, барои чӣ, кай ва чанд муддат мушоҳида кардан ва аз ин чӣ гуна натиҷа умед кардан?

С ӯ ҳ б а т и т а д қ и қ о т ӣ в а и н т е р в ю г и р ӣ. Истифодаи методҳои сӯҳбат ва интервюгирӣ (мусоҳибакунӣ) дар тадқиқоти илмӣ басо аҳамияти калон доранд. Тадқиқотбаранда тибқи ин методҳо фикру андеша ва муносибати тарбиядиҳандагон ва дар ҳамин радиф эътибори тарбиягирандагонро нисбати ҳодисаи марбути педагог фаҳмида ҳақиқати ҳолро равшан мегардонад. Албатта тадқиқотчӣ қабл аз мусоҳиб шудан бо омӯзгор, талаба ва волидайн омадагии пухта мегирад, мақсади мусоҳибаро муайян мекунад, то ки сабабҳои зуҳуроти ину он ҳодисаи педагогӣ амиқу возеҳ ошкор гардад. Дар амалиёти ин методҳо ба инобат гирифтани синну сол, савияи дониши мусоҳибон, саволҳои асосӣ ва ёрирасон, ки ба онон дода мешаванд, пухта кардан аҳамияти калон дорад.

О з м у н и п е д а г о г ӣ.Ин методи комплексии тадқиқоти илмӣ буда, дар як вақт истифода бурдани чандин метод, аз қабили мушоҳида, сӯҳбат, интервю, саволнома, корҳои контролии ташхисдиҳанда, ба миён овардани вазъияти махсусро талаб мекунад. Озмуни педагогӣ барои тадқиқоти дурусту исботи ҳақиқати воқеӣ ва фарзияи педагогӣ истифода бурда мешавад. Барои он ки озмун дуруст ва натиҷабахш гузарад, чунин шароитҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд:

  • таҳлили дақиқи пешакии назариявӣ ва таърихии ҳодисаҳои тадқиқшаванда, омӯхтани таҷрибаҳои оммавӣ барои муайян кардани майдони озмун ва вазифаҳои он;
  • амиқтар нишон додани фарзия, ҷудо кардани чизи фавқулодда, навин, мухолифатҳои он бо фикрҳои мавҷуда, ки бӯрҳони озмуниро талаб мекунад;
  • дақиқ тавсия додани вазифаҳои озмун, муайян кардани аломатҳои ҳодисаҳои омӯхташаванда, меъёри баҳо;
  • дуруст муайян кардани адади объектҳои озмун.

Судмандии озмун ба давомдор гузаронидани он низ вобаста аст. Натиҷаи озмуни педагогӣ дар асоси муқоиса бо объекти муқаррарӣ ва таҳлили таҷрибаҳои собиқи тадқиқотҳо ҷамъбаст карда мешавад.

Озмуни педагогӣ дар синф, мактабу хонандаи алоҳида ва ё дар миқёси умум гузаронида мешавад. Озмуни педагогӣ намудҳои зиёд дорад, ки ин ҷо мо бо овардани намудҳои зерин маҳдуд мешавем.

Озмуни табиӣ ҳодисаҳои таълимӣ ва тарбиявиро дар шароити муқаррарӣ – табиӣ тадқиқ мекунад. Чунончи, омӯзгор дар назди худ мақсад мегузорад, ки дар рафти дарсҳо ба хонандагони сустхон ба тариқи такони рӯҳӣ таъсир расонад. Дар машғулиятҳои муқаррарӣ ба рафти дарс халал нарасонда ба назди сустхонҳо омада ҳимояте бинмуда, онҳоро рӯҳбаланд мекунад: «Бале, хеле дуруст фикр кардӣ», «Офарин, фикрат ба ҷо», «Хеле ақлат расо шудааст». Чунин рӯҳафзоиро борҳо такрор намуда натиҷаи таъсири суханро ба фаъолияти пешинаашон таққос мекунад.

Озмуни лабораторӣ дар шароити ғайритабиӣ (одатан тавассути аппаратҳои махсус) гузаронида мешавад. Аснои озмуни лабораторӣ таъсироти зоҳирӣ ва ҷавоби реаксияи тадқиқшаванда ба ҳисоб гирифта мешавад. Озмуни лабораторӣ ва табиӣ бо ҳам вобастагӣ доранд.

М е т о д ҳ о и т а д қ и қ о т ҳ о и н а з а р и я в ӣ .Бо методҳои тадқиқоти назариявӣ таҳлили муқоисавию таърихӣ, аз мавҳум ва мушаххас ва тарҳсозӣ дохил мешаванд. Одатан ин методҳоро дар мавридҳои муайян бо алоқамандии ҳамдигар истифода мебаранд. Хусусан донишҷуён мавриди навиштани кори дипломӣ бештар истифода мекунанд.

Таҳлили таққосию таърихӣ барои ҳамаҷониба ва амиқ омӯхтани ҳодисаҳои педагогӣ, тартиб додани лоиҳаи мушаххаси чорабиниҳои такмилдиҳии раванди таълим ва тарбия, дар ҳалли проблемаҳои рӯйдода ба методҳои пешқадам такя намуда, пешгирӣ кардани хато ва камбудиҳо имконият медиҳад.

Аснои аз мафҳум ба мушаххас такякунӣ нисбати тадқиқоти томи раванди педагогӣ ба чунин марҳалаҳо эътибор додан шарт аст:

  • пурра тасвир кардани таркиби равандҳои педагогӣ, қисмҳои асосии он – мақсад, мазмун, фаъолияти амалӣ, ҳавасмандонӣ, танзими назорат, баҳогузории аналитикӣ, инчунин тасвири томи шарту шароити амалкунӣ: таълими моддӣ, ҳифзиссиҳа, ахлоқӣ – психологӣ, эстетикӣ ва ғайра;
  • тасвири намудҳои имконпазири робитаи байни қисмҳои раванди таълимӣ, пеш аз ҳама сабабҳои тафтишӣ;
  • тасвири пурраи таркиби шахсият ва таркиби фаъолияти педагогҳо ва тарбиягирандагон;
  • ба қадри имкон пурра тасвир кардани ҳамкории педагогҳо ва тарбиягирандагон;
  • дида баромадани алоқамандии равандҳои педагогӣ ба таъсири беруна, ки тарбиягиранда тавассути ахбороти оммавӣ, муҳити атроф ва ғайра расонда мешаванд;
  • муайян кардани ин ё он алоқамандии қонунӣ, то ки минбаъд онҳоро аснои тартиб додани лоиҳаи раванди педагогӣ ба ҳисоб гиранд.

Судмандона истифодабарии методҳои назариявии ҷустуҷӯи методи тарҳсозиро тақвият медиҳад. Тарҳсозӣ раванди омӯхташавандаро аз ҷиҳати аёнию образнокӣ, чунончи, ба намуди тарҳ, нақша, тавсифи шифоҳии мухтасар, тасвир, баёни раванди омӯхташавандаро муайян мекунад. Дар баъзе мавридҳо аснои тарҳсозӣ падидаҳои педагогӣ ба намуди формулаҳои математикӣ, қолиб, рамз ва ғайра тасвир меёбанд. Дар тарҳҳо алоқамандии мактаб, оила, ҷамъият воситаҳои ахбороти оммавӣ ва дигар манбаъҳои таъсиррасони тарбияи хонандагон дуруст инъикос меёбад. Бо кӯмаки тарҳҳо намудҳои гуногуни таълим, хелҳои гуногуни дарс мукаммалонида мешавад.

Дар педагогика методи графикҳо низ қобили қабул аст, бо ёрии он алоқаи байни фаслҳо ва мавзӯъҳои муайяни фанни таълимӣ, фаслҳои алоҳидаи дохили фаннӣ, инчунин ҷудо кардани як қатор мавзӯъҳоеро, ки мантиқан бо дигар мавзӯъҳои муҳим бештар алоқа доранд, нишон додан мумкин аст.

О м ӯ х т а н и ҳ у ҷ ҷ а т ҳ о и м а к т а б ӣ в а м а ҳ с у л и ф а ъ о л и я т и х о н а н д а г о н . Дар байни тадқиқоти падидаҳои педагогӣ омӯхтани ҳуҷҷатҳои мактабӣ: рӯзномаи синф, санадҳои шахсӣ, ведомостҳои азхудкунӣ, табелҳои пешрафт, рӯзномаҳо; маҳсули фаъолияти хонандагон: дафтарҳои кори хонагӣ, корҳои контролӣ ва ғайраҳо барои тадқиқотчӣ маводи зиёд медиҳанд. Аз ин санадҳо оиди ҳазмкунии маводи таълимӣ, давомот, завқу шавқи хондан доштан ва ё надоштани хонандагон равшан муайян кардан мумкин аст. Пас аз муайян кардани камбудиҳои ҷойдошта ба таҷрибаҳои пешқадам такя намуда, роҳҳои бартараф кардани онҳоро бояд пеш гирифт.

О м ӯ х т а н в а ҷ а м ъ б а с т к а р д а н и т а ҷ р и б а ҳ о и п е ш қ а д а м и п е д а г о г ӣ . Таҳти тадқиқот омӯхтан, ҷамъбаст кардан ва дастраси умум гардондани таҷрибаҳои назарӣ ва амалии бикри мактаб ва муаллимони пешқадам аҳамияти бузурги касбӣ дорад. Тақлиду пайравӣ кардан ба фаъолияти муфиди пешқадамон гарави пешравии ин ё он соҳа аст, зеро табиист, ки шахс на фақат маҳдуди чизи тақлидӣ мегардад, инчунин онро дар шароиту имконияти худ такмил ҳам медиҳад. Омӯхтани таҷрибаи бойи муаллимон, аз ҷумла омӯзгори кимиё навовари шаҳри Исфара Абдулҳафиз Азизов ва дигар омӯзгорони ҷумҳурӣ, инчунин навоварони хориҷи ҷумҳурӣ В. Ф. Шаталов, Н. Б. Амонашвили, С. Н. Илин ва дигарон, ки маҳорати баланди педагогӣ доранд, пайравӣ кардан басо аҳамиятнок аст.

М е т о д ҳ о и с о т с и о л о г и и т а д қ и қ о т .Баъзан зарурати ину он масъаларо оммавӣ таҳқиқу тадқиқ кардан пайдо мешавад. Дар ин ҳолат аз методҳои сотсиологӣ: саволнома, эҳсоияивии математикӣ баҳраманд шудан мумкин аст. Дар методи саволнома хусусияти омӯхташаванда бояд инъикос ёбад ва саволҳо дақиқу фаҳмо бошанд. Ба саволҳо ҳар фард фикри шахсии худро зикр мекунад. Тадқиқотчӣ дар як муддати кӯтоҳ ҷавобҳои саволномаро таҳриру тафриқ намуда, хулосаҳои зарурӣ мебарорад ва сипас аз паи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мешавад.

Солҳои охир аз методи тадқиқотии эҳсоиявии математикӣ фаровон истифода мебаранд. Аз ин метод барои далелҳои дақиқу боэътимод истифода мекунанд. Ба тариқи мисол меорам: аз 25 нафар хонандаи синфи шашум супоришҳои хонагии математикаро 12 фоиз иҷро накардаанд. Тадқиқотчӣ аз ин маълумот сабаб меҷӯяд: барояшон барномаи таълимӣ душворӣ кардааст, сифати таълимии математика паст аст ва ғайра. Ҳамин тавр, донистани маҷмӯи методҳои тадқиқу таҳқиқи илмӣ омӯзгорро ба пояҳои баланди маҳорату эъҷодкорӣ мебардорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *