Фанни Педагогика

Фаъолият ҳамчун омили инкишоф

Ба таъсири инкишофи ирсият, муҳит ва тарбия боз барилова як омили ниҳоят муҳим ҳамроҳ мешавад, ки онро «фаъолияти шахсият» меноманд. Дар таҳти фаҳмиши ин ибора ҳамаи кору бори одам – шуғли зиндагии вай ифода меёбад. Чунин фаъолият ба мо аз қаъри асрҳо меросӣ шуда меояд: «Мард бояд ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон шавад»; «Одами бекор – дарахти бебор»; «Хоби субҳ ризқ мебурад»; «Аз ту ҳаракат аз ман баракат»; «Аз зиндаи бекор мурда беҳтар аст»; «Гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек» ва ғ.
Хулласи калом, натиҷаҳои инкишоф ва фаъолияти сермаҳсул алоқаи мустақими байни натиҷаҳо ҳисоб меёбад. Ин ҳоло як қонунияти умумии инкишоф, ки онро чунин маънидод кардан мумкин аст: одам дар соҳаи муайян ҳар қадар зиёд кор кунад, ҳамон қардар сатҳи инкишофаш зиёд аст. Бояд дарк кард, ки ҳудуди амалиёти ин қонуният беканор, вале он бо омили «тобоварӣ» — қобилият, син, шиддат ва ташкилкунандаи худ фаъолият ва дигарҳо муайян карда мешавад.
Дар раванди фаъолият инкишофи ҳамаҷониба ва мақсади шахсияти одам, муносибати вай пиромуни атрофиён ташаккул меёбад. Барои он ки фаъолият шахсеро мувофиқи лоиҳашуда ташаккул диҳад, онро бояд ташкил кард ва оқилона равона бинмуд. Дар ҳамин дида мешавад мураккабии амалии тарбия. Мутаассифона, дар бисёр мавридҳо он ба инкишоф имконият дода наметавонад; тарбиягирандагон аз чизи ниҳоят зарурӣ – фаъолона иштироккунӣ ба корҳои ҷамъиятӣ, меҳнатӣ, фаъолияти фаҳмидагирӣ маҳруманд.
Намудхои асосии фаъолияти кӯдакон ва наврасон – бозӣ, омӯзиш, меҳнат. Аз нигоҳи самт ва фаъолияти дарк кардан, оммавӣ, спортӣ, бадеӣ, техникӣ, косибӣ, ибратпарастӣ (баҳри ҳузуру ҳаловат) ҷудо мешаванд. Намуди асосии фаъолияти макбабиён таълим мебошад.
Фаъолият метавонад фаъол ва ғайрафаъол бошад. Ҳатто кӯдаки аз ҳама хурд метавонад фаъол бошад. Вай ба калонсолон, ҳамсолон хоҳиши муносибаткунӣ, бо одамон ва ашёро талаб мекунад. Минбаъд ба таъсири муҳит ва тарбия метавонад фаъолияти худро афзун ё суст гардонад. Дар баъзе мавридҳо кӯдак дар иддаи корҳо бо дили нохоҳам иштирок мекунад, ки ин натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Инкишофи хуб маҳз фаъолонагӣ ва шахсиятро таъмин мекунад. Чунин фаъолият амалиёти дилхоҳона оварда, манбаи нерӯмандӣ ва рӯҳафзои мегардад.
Фаъолияти таълим ба мактабиён имконияти тез ва бомуваффақият аз худ кардани таҷрибаи ҷамъиятӣ, инкишоф додани қобилияти робитакунӣ, ташаккули муносибати дуруст кардан бо атрофиёнро таъмин мегардонад. Фаъолияти фаҳмидагирӣ инкишофи зеҳнии кӯдакро баланд мебардорад. Барои вай на фақат талаботи дуруст ҳал кардани супориши фаҳмидагирӣ, ҳамчунин зурурати дар амал анҷом додани дониши ҳосилкарда пайдо мешавад. Фаъолияти меҳнатӣ зуд ва бобарор ташаккул додани олами рӯҳӣ ва маънавии шахсиятро таъмин мегардонад.
Ҳамаи зоҳиргардии фаъолият як манбаи умумӣ дорад, ки ин талабот мебошад. Талаботи гуногуни инсоният барои қаноатмандӣ фаъолияти гуногунро ба миён меоварад. Ба одами инкишофёфтаистода нишон додани самтҳои фаъолияти муфид ва пай дар пай суст кардани амали қалбакии нодаркор вазифаи басо мураккаб аст. Мураккабӣ дар он ки талабот ва ҳавасмандгардонӣ ба фаъолият дар инкишофёбии синну соли гуногун хеле дигаргуншавандаанд.
Фаъолгардии мактабиён (инсон) дар шароитҳои гуногуни зарурӣ инкишоф додани қобилияти фитрӣ яке аз бурдбориҳои онҳо мебошад. Фаъолгардии шахсият пеш аз ҳама ба дарк намудани зарурат ва моҳияти ҳаётии масъала вобаста аст. Дар чунин ҳолат фаъолгардӣ на фақат замина, ҳамчунин натиҷаи инкишоф мегардад. Тарбия ҳамон вақт ба мақсад ноил мегардад, ки агар ба вай ташаббускорӣ, эҷодкории шахсият, ки ба худи ӯ ва одамон хурсандиовар гардад. Оқилона ташкил намудани фаъолият дар ҳамаи соҳаҳои педагогӣ зоҳиргардии фаъолияти талабагонро таъмин мекунад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *