Фанни Педагогика

Акидахои педагогии Садриддин Айнӣ (1878 – 1954)

Нақша:

1. Фаъолият ва ақидаҳои педагогии Садриддин Айнӣ.

2. Садриддин Айнӣ дар бораи илму дониш.

Садриддин Айнӣ баъди инқилоби Бухоро соли 1920 дар идораҳои гуногуни фарҳангии Ҷумҳурии Худмухтори Советии Бухоро кор кардааст. Баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Худмухтори Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1924 ба фаъолияти илмию бадеӣ машғул шуда, асарҳои пурқимате эҷод кардааст.

Садриддин Айнӣ аввалин президенти академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Яке аз соҳаҳои муҳими фаъолияти иҷтимоии Садриддин Айнӣ муаллими ва маорифпарварӣ буд. Муҳаббат нисбат ба касби муаллимӣ ва тарбия додани фарзандони бесаводи халқи тоҷикро дар ӯ падараш бедор намуда буд. Падараш дар лаҳзаҳои охирини ҳаёташ ба Садриддин Айнӣ чунин васият кардааст: хон, чи гуна душвор ҳам бошад аммо хон, лекин қозӣ нашав, мулло нашав, раис нашав, агар муддарис шавӣ майлаш.!

Садриддин Айнӣ соли 1908 ҳамроҳи Мирзо Абдулвоҳид дар Бухоро мактаби навметодро мекушояд. Вале ҳанӯз аз тарзу усулҳои таълимдиҳӣ мактабҳои навметод Садриддин Айнӣ хабаре ҳам надошт. Иҷро кардани кори муаллимӣ барояш ниҳоят душвор буд. Аз мактабҳои тотории дар Бухоро буда Садриддин Айнӣ хабардор мешавад ва ҳар рӯз Садриддин Айнӣ ба ин мактабҳо рафта методҳои таълиму тарбияи онҳоро меомӯзад.

Шиносоӣ ба корҳои таълиму тарбиявӣ ва китобдорӣ дар мактабҳои тоторӣ ба Садриддин Айнӣ имконият дод, ки китобҳои дарсии «Таҳсил – ул – Қуръон», «Таъсиб – ус – сибиён», «Зарурияти дин» — ро нависад. Дере нагузашта мактабҳои навбунёд аз тарафи амири Бухоро баста мешаванд. Садриддин Айнӣ аз таъқиби амир гурехта ба Қизилтеппа меравад ва дар давоми соли 1915 – 1916 дар заводи пахтатозакунӣ тарозукаш шуда, кор мекунад.

Соли 1916 ҳукумати амирӣ Садриддин Айниро муддариси яке аз мадрасаҳои Бухоро таъин мекунад. Вале аз сабаби нафрат доштанаш ба мактабу мадрасаҳои он замона ин вазифа барояш маъқул набуд. Баъди инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр аз таъқиби ҳукумати амирӣ гурехта ба Самарқанд меравад. Дар ин ҷо ба касби дӯстдоштааш, яъне муаллимӣ бар мегардад ва дар мактабҳои нави Шӯравӣ забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ, таъриху адабиётро дарс медиҳад ва маҳфили адабиро роҳбарӣ мекунад.

Дар рӯзҳои хеле вазнини инқилоби маъданӣ, барпошавии мактабҳои нави Шӯравӣ Садриддин Айнӣ барои мустаҳкам гардонидани мактабҳои нави тоҷикӣ методҳои нави таълиму тарбия дар онҳо мубориза мебарад ва ба муаллимон маслиҳатҳои зарурӣ медиҳад. Ӯ фаъолияти хонандагонро ба мустақилона фикр кардан равона намудан тафаккурашонро тараққӣ медод.

Ба дарс ҳамчун шакли асосии кори таълиму тарбия дар мактабҳои шӯравӣ диққати калон медод. Дар дарс бештари вақтро ба фаҳмонидани маводҳои нави таълимӣ ва мустаҳкам кардани онҳо сарф мекард. Хонандагон дар дарс ҳамаи диққату ҳаваси худро барои донишомӯзӣ дар дарс сарф менамуданд. Маҳорати педагогии Садриддин Айниро ба ҳисоб гирифта соли 1919 ба вазифаи инспектори мактабҳои Самарқанд таъин мешавад.

Дар давоми солҳои 1925 – 1226 курсҳои кутоҳмуддати муаллимтаёркуниро роҳбарӣ мекунад ва ба онҳо дарс мегӯяд ва масъалаи аз нав ташкил кардани мактаб ва сохтани системаи нави маориф дар фаъолияти маорифпарварии Садриддин Айнӣ

дар авали асри 20 ба хулоса омада буд, ки фақатмактабметавонад ҳамаи бадбахтиҳо ва камбудиҳои мамлакат ва халқро бартараф намояд, дардҳои онҳоро муолиҷа кунад.

Садриддин Айнӣ мактабро маркази илму маърифат дониста, одамонро ба илму донишомӯзӣ даъват намуда гуфтааст:

Биёед эй рафиқон дарс хонем,

Ба бекорию нодонӣ намонем.

Ба олам ҳар касе бекор гардад,

Ба аҳли чашми олам хор гардад.

Нисбат ба сохтани мактаб чунин талаботҳо пешниҳод кардааст: Мактаб бояд дар ҷои васею хушҳаво сохта шавад, ҳавлии заминаш бе рутубат бошад, фазояш софу покиза бошад. Шогирдон ба 4 синф тақсим карда шаванд, ҳар синф бо шогирдонаш нишинад, ба кори худ машғул бошад ва сабақи худро иҷро кунад.

Дар ақидаҳои педагогии Садриддин Айнӣ баланд бардоштани сифати таълим яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ӯ аввалин шуда дар мактабҳои навбунёди Шӯравӣ системаи дарсии синфиро ҷорӣ намудааст. Дар асоси ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои давраҳои синну солӣ талаб мекунад, ки кӯдакони ба гурӯҳҳо ва синфҳои алоҳида тақсим карда шаванд.

Садриддин Айнӣ методҳои кӯҳнаи куркурорна азёдкунӣ баромада дар мактабҳои Шӯравӣ ҷорӣ намудани методҳои нави таълимиро аз ҷумла: суҳбат, ҳикоя, кор бо китобҳои дарсӣ ва ғайраро талаб менамояд. Ба ақидаи Садриддин Айнӣ нақшаи асосиро дар таълиму тарбияи насли наврас мактаб, муаллим ва оила мебозад.

Адабиётҳо:

1. Х. Афзалов, Б. Раҳимов. Таърихи педагогикаи халқи тоҷик. Душанбе маориф 1994.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *