Фанни Педагогика

Аппарати терминологи ва усули тахияи тестхои педагоги

I. ГЛОСАРИЙ

1. Тести педагогӣ – низоми донишҳои махсуси барои санҷиш интихобкардае мебошад, ки дар шакли тест таҳия карда шуда, имконият фароҳам меоварад, ки дастовардҳои таълимии касро аз назари шумора дар як ё якчанд соҳа баҳо дода шава.

2. Сифати тести педагогӣ – маҷмӯи хосияти тест, ки шароит муҳаё намуда, қодир аст, ки мақсадҳои истифодаи онҳоро қонеъ гардонад, ки мураттибони ин тести мазкурро эълон доштаанд.

3. Коромад (валидность) – ҳар тести педагогӣ бояд ба мазмуни фанни таълимӣ (ва ё яке аз қисмҳои он) ва мақсадҳои омӯзиши он мувофиқат кунад, яъне ҳам мазмун ва ҳам вазифаҳои он клоромад (валидность) бошад.

4. Унсури мазмуни фанни таълимӣ – мантиқан ба анҷом расидани қисмати ҳадди ақали фанни таълимӣ, ки онҳоро асноди меъёрӣ (стандартҳои давлатии давлатӣ, барномаҳои таълимӣ) муқаррар намудаанд.

5. Хати мазмун – маҷмӯи аз назари мазмун наздики унсурҳои фанни таълимӣ, ки бояд мавриди назорат қарор гирифта ва ба вариантҳои мувозии тест дохил карда ӣшудаанд.

6. Спетсификатсияи тести педагогӣ – ҳуҷҷатест, ки дар он ахборот дар бораи мақсаду вазифаҳо, нақша ва сохторитести педагогӣ, инчунин маълумот дар бораи низоми баҳо ва коркарди натиҷаҳои он инъикос гардидааст.

7. Нақшаи тести педагогӣ – санадест, ки дар он ҳар як супориши тестӣ бо унсури муайяни мазмуни фанни таълимӣ ва намудҳои мушаххаси супоришҳо ё малакаҳо ҳамоҳанг буда, ба воситаи ин супориш бояд мавриди назорат қарор гиранд.

8. Таркиби тести педагогӣ – маҷмӯи маълумотҳо дар бораи шумора ва шаклҳои супоришҳои тестӣ оид ба ҳар кадом намуди дониш ё малака мебошад, ки ба таври воқеӣ дар бораи сатҳи тайёрии санҷидашаванда баҳо дода шавад.

9. Вазифаашро иҷро карда тавонистаии (валиднокии) тест – қобилияти тести педагогӣ дар назорат карда тавонистани намудҳои фаъолият, ки аз бар кардани онҳомақсади омӯзиши фанни таълимии мазкур мебошад.

10. Тести мономорфӣ – тести педагогие, ки як шакли супориши тестӣ дорад.

11. Тести полиморфӣ – тести педагогие, ки супоришҳои тестии шаклу намудҳои гуногун дорад. Эзоҳот: масалан, тести педагогие, ки аз супоришҳои тестии намуди пӯшида иборат мебошад.

12. Тести меъёрию тамоилӣ – тести педагогие, ки барои муайян кардани сатҳи тайёрии санҷидашаванда бо роҳи муқоисаи натиҷаҳои байни онҳо ва ё меъёрҳои тестҳо муқайян карда шавад. Эзоҳот: меъёри тестӣ пешакӣ ба воситаи натиҷаҳои санҷишҳо ва ё баъди доир гардонидани санҷиши тестӣ муайян карда шавад.ба шарте интихоби намояндагиро муқаррар кардан имконнопазир бошад.

Тести меъёрию тамоилӣ – тести педагогӣ, ки барои баҳодиҳӣ ба сатҳи тайёрии ҳар каси санҷидашаванда, мувофиқи талаботи барномаи таълимӣ ва ё як қисми он таъйин гардидааст. Эзоҳот: Сатҳи меъёрии дониш, миалака ва маҳорат – меъёрест, ки бо он натиҷаи ҳар кадом аз териқи тест санҷидашаванда муқоиса карда шуда, то оғози санҷиши тестӣ муқаррар карда мешавад.

14. Хазинаи (бонки) маводи тестӣ — маҷмӯи донишу малакаҳои банизомдароварда ва тестҳои педагогие мебошад, ки аз санҷиш гузаштаанд ва шарҳи (характерстикаи) муайян доранд.

15. Хостагирӣ (выборка) — қисме аз маҷмӯи чунин ташкилкардае, ки ба воситаи иувофиқати он бо маҷмӯъ таъмин карда мешавад.

16. Супоришҳои тестӣ – ҳадди ақали аз назари мазмун воҳиди таркибии анҷомёфтаи тести педагогӣ дар намуди супориши санҷишӣ дар шакли тест.

17. Нерӯи миёнаи (дифференсиалии) супориши тестӣ – аҳамияти миқдории қобилияти супориши миёнаи (дифференсионалии) аз тариқи тест санҷидашаванда аз рӯи сатҳи тайёрии онҳо.

18. Мушкилии супориши тестӣ – характеристикаи асосии миқдории супориши тестӣ, ки сатҳи омории иҷрои дурусти онро инъикос менамояд.

19. Супориши тестии дихотомӣ – супориши тестие, ки иҷрои он танҳо ба таври алтернативӣ (дуруст иҷро кард – 1 хол, нодуруст иҷро кард – 0 хол) баҳогузорӣ карда мешавад.

20. Супориши тестии политомӣ – супориши тестие, ки иҷрои онҳо аз тариқи якчанд категорияи ҷавобҳо роҳ дода мешавад.

21. Супориши пӯшидаи тестӣ – супориши тестии дорои ду ва зиёда аз ин вариантҳо ҷавоб, ки аз онҳо бояд як ё якчанд ҷавоби дурустро интихоб кардан лозим аст.

22. Супориши кушодаи тестӣ – супориши тестии бе нишон додани вариантҳои имконпазири ҷавобҳо.

23. Дастур оид ба супориши тестӣ – маҷмӯи қоидаҳое, ки тарзи бақайдгирии супориши тестиро муқаррар мекунад.

24. Хол (балл) – воҳиди шартие, ки барои гузоштани баҳо ба натиҷаҳои иҷрои тести педагогӣ ва ё супориши тестии он истифода бурда мешавад.

25. Балли меъёрӣ (критериалӣ) – қиматнокии ҳудудии балли тестӣ, ки аз тариқи интихоби санҷишшавандаҳо ба иҷрокардагнони тести педагогии мазкуррор қаноатбахш ва ғайриқаноатбахш тақсим мешаванд. Эзоҳот: Вобаста ба инт ихоби низоми баҳогузорӣ мумкин аст меъёри имтиҳон (аттестатсия) аз тариқи К-а ё меъёри баҳогузории 4-К4, 5: — К5 ва ғайра баҳо дода шавад.

26. Балли (холи) аввала ва ё балли (холи) хом – маҷмӯи баллҳое (холҳое) мебошад, ки аз тариқи тест барои ҷавобҳо ба супоришҳои тестӣ ба даст оварда шудаанд.

II.ҚОИДАҲОИ АСОСИИ ТАҲИЯИ ТЕСТҲО

Мақсадҳои тести педагогӣ бояд муайян намоянд:

  • Намуди назорат, ҳудудҳо, назорати ниҳоӣ;
  • Ҳайати хонандагон (донишҷӯён), ки ба санҷиши тестӣ фаро гирифта мешавад: хонандагони мувозии мазкур, хатмкунандагони мактаби асосӣ, миёна ва ё касбӣ (миёна ва олии касбӣ);
  • Сатҳи тайёрии хонандагон (донишҷӯён): базавӣ ва ё тамоилӣ;
  • Тавсияҳо барои истифода – барои аз тарафи омӯзгор, маъмурияти муассисаи таълимӣ, барои интихоб ва ташаккулдиҳии гурӯҳ ва ғайра истифода бурда шудан.

Ба сифати асноди асосие (меъёрие), ки мазмуни тести педагогиро муайян менамоянд, бояд стандартҳои Давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, аз он ҷумла гимназияҳо, литсейҳо ва муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ истифода бурда шаванд. Барои ҳамаи асноди меъёрӣ бояд ба таври пурра маълумоти пурраи библиографӣ (муаллиф, унвони китоб, сол ва ҷои нашр) нишон дода шуда бошанд. Китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методие, ки барои тайёрӣ ба санҷиш аз тариқи тести педагогӣ сурат мегирад, барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва бояд дар асоси тавсияи Вазорати маориф ва илм ва барои донишгоҳу донишкадаҳо – аз тарафи факултаю кафедраҳо бо иштироки омӯзгори фанни таълимӣ. Агар тест ба санҷиши тестии фарогир муқаррар карда шуда бошапд, пас набояд ба сифати адабиёти ҳатмӣ танҳо як китоби дарсӣ ва ё таълимӣ тавсия карда шавад.

Барои коркарди тестҳо чунин роҳҳо истифода бурда мешаванд:

-тести меъёрию тамоилӣ;

-тести омилию тамоилӣ.

Тести педагогӣ се сатҳи донишро назорат мекунад:

Сатҳи 1 – баёнсозӣ (дониши муайянкунӣ, ному унвонҳо, қоидаҳо ва ғайра);

Сатҳи 2 – бакорбарии дониш дар ҳолатҳои стандартҳо (ҳалли намунаҳо аз рӯи намунаҳо, татбиқи стандартҳои алтернативӣ):

Сатҳи 3 – бакорбарии донишҳо дар ҳолатҳои ғайристандартӣ (гузаронидани , тасниф, муқоисакунӣ ва ғайраҳо).

III. НАМУДҲОИ ТЕСТҲО

Тестҳои педагогии мехёрию тамоилӣ, ки ба назорати оммавии ниҳоӣ, масалан, бо мақсади тақсимкунии хонандагон аз рӯи сатҳи тайёрии онҳо сурат гирифтааст, бояд танҳо унсурҳои муҳимтарини мазмун пешниҳод карда шаванд.

Барои тестҳои меъёрию тамоилӣ, ки бо мақсади санҷиши дифференсиалии оммавии тестии хонандагон (донишҷӯён) барои муайян кардани онҳо доир гаврдонда мешавад, муҳим бояд донист, ки нерӯи дифференсиалии супоришҳои тестӣ бояд ба 50 % наздик бошад ва ин рақам чунин тақсим мешавад:

-супоришҳои дараҷаи мушкилиашон (зиёда аз 70 % ҷавобҳои дуруст) наздики 20 % ҳамаи супоришҳои тест;

-супоришҳои дараҷаи мушкилиашон миёна (25-70 % ҷавобҳои дуруст) наздики 70 % ҳамаи супоришҳои тест) – 10 % ҳамаи супоришҳои тест.

Тести педагогии иеъёрию тамоилӣ.

Барои тестҳои меъёрию тамоилӣ, чун қоида, на камтар аз нисфи супоришҳо бояд сатҳи мушкилии кам (зиёда аз 70 % ҷавобҳои дуруст) дошта бошанд. Вале барои тестҳои меъёрию тамоилӣ сатҳи мушкилии супоришҳо омили муҳим ҳисобида намешавад, аз ҳама муҳим дар тест мавҷуд будани мувофиқати спетсификатсия ва унсури мазмун мебошанд. Барои тести меъёрию тамоилӣ бояд шкалаи фоизҳои иҷрои тест бо интихоби як (ё якчанд) балли меъёрӣ (баллҳо) мавҷуд бошад.

Масалан, хонандагон (донишҷғён) 80-100 фоизи тестро иҷро кардаанд – баҳо 5 (К5 =90 %), 70-90 % — баҳо – 4 =70 %; 51 – 69 % — баҳо 3 (К3=90 %) ва аз ин кам – баҳо – 2.

Таносуб дар тест мувофиқи уисматҳои фан, намудҳои фаъолият ва сатҳи аз бар кардани дониш бояд дар намуди мазмунию фаъолиятӣ, яъне матритсаи технологӣ – ҷадвалҳо дода шаванд, сутунҳое, ки қисматҳои асосии мазмуни барномаро ташкил медиҳанд, ки аз тариқи супоришҳои тест назорат карда мешаванд, сатрҳо бошанд, — намудҳои супоришҳоро ва малака ё сатҳи азбаркунии донишҳоро. Шумораи супоришҳо дар вариантҳои тест набояд аз 25 камтар бошад – барои ҳадди ниҳоии назорат.

IV. Талабот ба сифати мазмуни супориши тестӣ.

1. Талабот ба мазмуни супориши тестӣ.

Дар ҳамаи намудҳои тест супориш бо рақамҳои муайяни тартибӣ бояд сахт назорат карда шавад ва ба воситаи худи ҳамон нақшаи тест унсури мазмун (хати мазмуну мундариҷа). Мазмуни ҳар як супориш бояд аз назари мантиқ ботартиб ва якхела бошад.

Мазмуни ҳар як суполриш бояд муҳим бошад ва бояд ҳаматарафа донишҳои нисбатан муҳими бунёдӣ, ки онҳо моҳияти мазмуни қонунҳо ва қонуниятҳоро дар зуҳуроти баррасишаванда ифода менамоянд дар зери назорат қарор додпагирифта бошанд. Мазмуни ҳар як супориш бояд аз назари илм воқеӣ бошад. Ҳамаи масъалаҳои баҳсталаб ва воқеӣ (объективӣ) бояд дар супоришҳои тестҳо вуҷуд надошта бошанд.

2. Талабот ба шакли супориши тестӣ:

2.1. Дар оғози тести моноформӣ бояд барои ҳамаи супоришҳо дастур барои хонандагон (студентон) баҳри иҷрои тест вуҷуд дошта бошад. Дар дастур бояд вақт ва алгоритми (мантиқи) иҷрои тест ва супоришҳои он нишон дода шуда бошад. Дар тести полиоморф ҳар гурӯҳи аз рӯи мазмуни супориш (қисмати тест) якхела бояд пеш аз иҷрои супориш дастур оид ба супориши типпи мазкур шакли якхела бошад.

2.2. Дар ҳамаи намудҳои супориши тестӣ ва бо тартиби муайяни рақамӣ (шифр) бояд шакли ягона дошта бошад.

2.3. Супоришҳои тестии пӯшида интихоби зиёди як ҷавоби дуруст аз вариантҳои пешниҳодшуда бояд ҷавобгӯи талаботи зерин бошанд:

-супориш худ саволе мебошад (қисмати мазмунии он) ва барои ҷавоб додан ба он якчанд ҷавоби тайёр дорад, аз онҳо хонанда (донишҷӯ) бояд як вариант ро интихоб мекунад, ҷавобҳои боқимонда нодурустанд;

— қисмати мазмуни савол дар шакли пешниҳоди баанҷомнорасида баён шуда, дар ҳамон вақте ҳақиқат ба миён меояд, ки агар варианти ҷавоби дурусти интихоб карда шавад, агар ҳар кадом ҷавоби дигари дурӯғ интихзоб карда шавал, — дистрактор;

-дастур аниқ муайян кардааст, ки дар ин маврид чанд ҷавоб дуруст аст;

-қисмати мазмунӣ шакли кӯтоҳи мантиқӣ (на зиёдтар аз 250 рамз) дошта, ҷавобҳои духура ва ё шаклҳои нофаҳмо надорад, инчунин ҷумлаҳои пайрав, пораҳои воридотӣ, радкунии духела нриз;

-қисмати мазмунии супориш дорои унсурҳои дастурӣ – ҳаддалимкон калимаҳои «нишон диҳед, начандон калон, муайян намоед, ёбед ва ғайраҳо» роҳ дода намешаванд;

-қисмати мазмуни ҷавобҳо мумкин аст дар шакли ғайривербалӣ – вербалӣ баён гардида бошад: расм, ҷадвал, нақша дар идомаи супориши калимотӣ;

-шумораи намудҳои тест барои супоришҳо бо интихоби як ҷавоби дуруст – на камтар аз чор ҷавоб;

-ҳамаи намудҳоиҷавобҳо аз назари сарфу навҳ (грамматика) бо қисмати мазмунии супоришҳо ҳамоҳанганд, аз рӯи мазмун, сохтор ва (бо истиснои хеле кам) шумораи калимаҳо тахминан якхелаанд;

-намудҳои ҷавоб мутобиқ ба принсипи яктогӣ сохта шуда, ҳамоҳангии мафҳумҳои кумулятсия (аз лотинӣ – cumulatio – ҷамъшавӣ), градуирования (тақсимшавӣ), баҳаммуқобилгузории дугона баён мешаванд;

-намудҳои ҷавобҳо бо тартиби муайян ҷойгиранд: а) мувофиқи алифбо; б) аз рӯи дарозии сатрҳо; в) аз кам ба сӯи зиёд ё ки баракс; г) дар пайдарҳамии таърихӣ (эволютсионӣ);

-намудҳои ҷавобҳо чунин шарҳдиҳиро надорад: «ҳамаи дар боло нишондодашуда», «на ягон аз ҷавобҳои номбаршуда», «ҷаобҳои номбурда ғалатанд» ва ғайраҳо;

-ҳамаи калимаҳои такроршаванда аз ҷавобҳо хориҷ карда мешаванд ва ба қисмати мазмун ворид карда мешаванд;

-дар байни ҷавобҳо тафовути амиқ вуҷуд дорад, ҷавоби дуруст якхела аст ва ба луқма (подсказка) такя намекунад;

-аз ҷумлаи дистракторҳо ягонтояш қисман дуруст нест, ки дар вақти муайяни иловагӣ онҳо ба ҷавоби дуруст табдил меёфта бошанд;

-ҳамаи дистракторҳо барои санҷидашавандагоне, ки яавоби дурустро намедонанд, якхела боиси таваҷҷӯҳанд;

-ҷои ҷавоби дуруст бо тартиби тасодуфӣ интихоб карда мешаванд, то ки санҷидашаванда аз ин ягон қоидаеро эҳсос накунанд;

-ҷавоб ба саволи пешниҳодшуда аз ҷавобҳо ба супоришҳои қаблӣ вобаста нест, дар байни дистракторҳо ҷавобҳое мавҷуд нестанд, ки аз саволи қаблии тест ба миён омада бошад;

-супоришҳое мавҷуд нестанд, ки мулоҳизаҳои баҳодиҳӣ дошта бошанд ва ақидаи субъективии талаба (донишҷӯ)-ро оид ба ягон масъала равшан месохта бошад;

2.4. Супоришҳои тестҳои кушодаи иловагӣ бояд талаботи зеринро қонеъ карда тавонанд:

-супоришҳо дар шакли ҷумлаҳои ба охирнорасида ва ё ҷумлаҳо бо калимаҳои партофта сохта мешаванд, ки агар ҷавоб дуруст бошад, ба гуфтори ҳақиқӣ табдил меёбанд;

-дастур ба хонандагон (донишҷӯён) пешниҳод менамояд, ки худашон ҷавоби дурустеро созанд, ки аз як калима ( хеле кам рух медиҳад, ки ду калима бошад), шумора, рамз иборат бошад;

-сохтани супориш дар шакли савол, ки ҷавоб ба он аз як калима (ду калима), шумора, рамз иборат бошад, роҳ дода мешавад;

-супориш кӯтоҳ, ба таври содда, якхела, то ҳадди ниҳоӣ мушаххас сохта шуда, ба он духурагӣ ва сохтори нофаҳмо, инчунин ҷумлаҳои тобеъ, калимоти вурудотӣ, радкунии дугонагии радкунӣ вуҷуд надорад;

-ҳар як супориш танҳо ба як илова – унсури калидӣ равона карда шудаааст, ки донистани он дар маводи мазкур нисбатан муҳимтарин ҳисобида мешавад;

-иловаи ҷустуҷӯӣ (искомое) дар охири супориш ва ё ба охир наздиктар гузошта мешавад: — қисмати мазмунии супориш мумкин аст дар шакли навербалӣ – вербалӣ сохта шавад: расм, ҷадвал, нақша бо супориши калимотӣ ҳамроҳӣ мекунанд;

2.5. Супоришҳои тестии кушодаи иншо кардани озодона (бо ҷавоби озодона сохташуда) бояд талаботи зеринро қонеъ намоянд;

-супориш дар шакли савол, дастур сохта шудааст, ба хонандагон (донишҷӯён) пешниҳод менамояд, ки аз як ва ё якчанд ҷумла, шарҳ, воқеа, расм, нақша, ҷадвал ва ё исбот, ки дар якчанд марҳала вуҷуд доранд, истифода бурда, ба савол ҷавоб диҳанд;

-сохтори супориш сохтори ниҳоии ҷавобро таъмин менамояд: нуктаҳо, марҳалаю давраҳо, унсурҳои калидӣ ва нақшаҳое, ки ба санҷшгарон имконият фароҳам меоварад, ки ба ҷавоб баҳои амиқ гузошта шавад

2.6. Супоришҳои тестӣ баҳри муқаррар кардани мувофиқат бояд ҷавобгӯи талаботи зерин бошанд:

-супориш аз ду сутуни калимаҳо ва ё иловаҳо одатан дар тарафи чап унсурҳои зиёди су3поришдиҳанда оварда мешаванд, ки аз мазмуни масъалаи гузошташуда иборат аст: конструксия (сохтор), низом, мафҳумоти умумикунанда, муайянкуниҳо;

-унсурҳое, ки ба интихоб тааллуқ доранд: қисматҳо, унсурҳо, объектҳо, зуҳурот. Ҳар кадом сутун номи умумикунанда дорад, то ки шумораи унсурҳои сутуни тарафи рост тахминан ду баробар аз унсурҳои сутани тарафи чап зиёдтар бошад;

-унсурҳои ҳар кадом сутун қатори мафҳумҳоро ташкил менамоянд, яъне дар як асос интихоб карда шудаанд (инро аз супориш фаҳмидан мумкин аст);

-дастур ба хонандагон (донишҷӯён) пешниҳод менамояд, ки мувофиқати унсурҳои яке аз сутунҳоро бо сутуни дигар мувофиқ кунонанд. Чун аънана ин мувофиқавткунонӣ аз сутуни саволдиҳанда сурат мегирад;

-барои супоришҳои пӯшида ба хонандагон (донишҷӯён) барои интихоби вариантҳои тайёри ҷавобҳо пешниҳод карда мешаванд; барои супоришҳои кушода дар дастур ба хонандагон (донишҷӯён) пешниҳод карда мешаванд, ки худашон мувофиқати супоришҳоро муайян намоянд ва ҷавобҳоро бо тартиби намуна (дар катакҳо) қайд кунанд.

2.7. Супоришҳои тестӣ оид ба муқаррар кардани пайларҳамӣ бояд ҷавобгӯи талаботи зерин бошад:

-супориш аз унсурҳои пайдарҳаме иборат аст, ки ба тартиб даровардани онҳо зарур дониста мешавад; ба хонандагон (донишҷӯён) пешниҳзод карда мешавад, ки пайдарҳамии унсурҳоро дуруст созанд

-дар супориш ба таври амиқ меъёрҳои батартибдарорӣ сохта шудааст;

-барои супоришҳои пӯшида ба хонанда (донишҷӯ) барои интихоби варинатҳои ҷавобҳои дуруст пешниҳод карда шудаанд;

-барои супоришҳои кушода ба хонандагон (донишҷӯён) пешниҳод карда мешавад, ки онҳо худашон унсурҳоро ба тартиб дароранд ва ҷавобро мувофиқи намуна (дар катакҳо қайд намоянд (мувофиқи пайдарҳамии шифр ё шакл)

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *