Фанни Менеҷмент

Технологияи менеҷмент

1. Интихоби максад ва стратегияи инкишофи корхона

2. Масъалагузори ва стратегияи ичроиши максадхои менечмент

3. Системаи стратегии идоракунии корхона

4. Тахлили идоракуни дар менечмент

1. Интихоби максад ва стратегияи инкишофи корхона

Коркарди сиёсати иктисодии корхона (ташкилот) муайян кардани максад ва стратегияи инкишоф дар ояндаи наздик ва дур вобаста аз имконоти корхона ва захирахо мебошад.

Дурнамоии корхона — консепсияи инкишоф ва равияхои асосии фаъолияти активии кории корхонаро максади корхона меноманд.

Стратегия – кор карда баромадани чорабинихои асоснок ва накшаи ба максад расидан, ки дар он иктидори илмию техники ва истехсолию маишии корхона ба хисоб гирифта шудааст.

Максад – холати ояндаи аники корхонаи алохидаро меноманд, ки корхона барои ноил гаштани он хохиш дорад ва аз тарафи дигар ин Чараёни идоракуни мебошад.

Дар системаи идоракунии корхонахо максад як катор функсияхои зеринро фаро мегирад:

  • коркарди фалсафаи фаъолияти корхона, консепсия, хислат ва хусусиятхои хоси фаъолияти он;
  • номаълумиро дар фаъолияти корхона ва хар як коргар аз байн мебарад, барои корхона хамчун рохнамо хизмат карда, коллектив барои ба максад расидан харакат мекунанд;
  • унсури асосии муайян кардани критерияхои инкишофи корхона, кабули карори идоракуни ва назорати идорави ва хавасманди;
  • новобаста ба он, ки он вокеи мебошад, ё не дар атрофи худ ихтирокоронро гирд оварда, барои ичрои вазифа харакат мекунанд;
  • хисобот аз ичрои вазифа боиси дар боварии коллектив ва мардум даромадани корхона мегардад.

Вобаста аз мохияташон максадхо ба ду гурух ҷудо карда мешаванд: стратеги ва тактики.

Максадхои стратеги барои ичрои вазифахои перспективи ва калонхаxме гузошта мешавад, ки сифати кории корхона дигар карда, Дарачаи нав ва обруи корхонаро таъмин мекунад. Максадхои стратеги асосан барои баромадан ба бозори xахони, пурра нав кардани истехсолот ва базаи истехсолии корхона ё дигар кардани равияи он мебошад.

Максади тактики — гуфта максадхои чориро меноманд, ки даврахои муайян ё худ этапхои алохидаи максадхои стратегиро дар бар мегирад. Мисол гузаронидани таъмири мукаммал, ё худ иваз кардани таxхизот, максади тактики аст.

Вобаста аз мeхлати ичроиш максадхо чудо карда мешаванд, ба дарозмуддат – (зиёда аз 5 сол), миёнамeхлат (аз як сол то 5 сол) ва кeтохмуддат (то як сол). Маълум аст, ки барои максадхои яксола нишондихандахо бисёртар буда, аник мебошанд, чунки аз руи мазмун низ он³о аллакай кисматхои алохидаи максадхои стратегиро ичро мекунанд.

Вобаста аз мазмунашон максадхо мешаванд: технологи, иктисоди, истехсоли, маъмури, маркетинги, илмию техники ва ичтимои.

1. Максади технологи – бехтар кардани технологияи истехсоли мaхсулот, кор ва хизматхо, чори намудани компютерикунонии истехсоли, аз байн бурдани фаъолиятхои зиёдати, сохтани бинохои истехсолии нав барои пурра кардани Чараёни истехсоли.

2. Максади иктисоди – мустахкам кардани вазъи молиявии корхона, баланд бардоштани фоиданокии фаъолияти корхона, гирифтани фоидаи устувор, баланд шудани киммати аксияхои корхона.

3. Максади истехсоли — зиёд кардани истехсоли намуди алохидаи мaхсулоти ва хизматхо, баланд бардоштани сифати он, баланд бардоштани самаранокии истехсолот, паст кардани арзиши аслии мaхсулот.

4. Максади маъмури — мустахкам кардани Дарачаи идорашавандашии корхона, ташкили мухити хуби идорави, сари вакт ичро шудани супоришхо, аз байн бурдани звенохои халалрасони идорави, бехтар кардани тартибу интизом дар корхона.

5. Максади маркетинги — ба даст овардани ин ё он бозори фуруши моли корхона, пайдо кардани харидорони нав, мизоxони нав, зиёд кардани cикли гардиши моли корхона, пешвоиро дар бозори мол ва нархи мол.

6. Максади илмию техники — ихтироъ кардан ва чори кардани моли нав ва шакли нави хизматхо, инчунин бехтар кардани сифатхои хоси молхои мавчуда, бо максади таъмин намудани Дарачаи стандарти байналхалкии истехсоли молхо.

7. Максади ичтимои – чорабинихое, ки бо максади бехтар намудани шароити мехнат ва истирохати коргарон, баланд бардоштани музди мехнати коргарон, шароити манзили онхо, баланд бардоштани Дарачаи квалификатсия ва маълумотнокии коргарон мебошад.

Вобаста аз шакли пешниход шуданашон максадхо ба нишондихандахои микдори ва сифати чудо карда мешаванд.

Нишондихандахои микдори – равандхои инкишофи корхона, истехсоли мaхсулот ва хизматхоро бо нишондихандахои ченаки меноманд, ки бо сомони, тонна, кг, дона, рeз, соат ва Гр. хисоб карда мешаванд.

Нишондихандахои сифати — хуб шудани тартибу интизоми коллектив, бехтар шудани сифати мол, самаранок истифодабарии захира, хуб шудани шароити кории коргарон.

Макcадхо вобаста аз зинаи мохияташон мешаванд умуми ва махсус.

Максадхои умуми гуфта умуман консепсияи корхонаро меноманд, ки равандхои мухими инкишофи фаъолияти корхонаро дар бар мегирад.

Ба хайати максади умуми, дар навбати аввал максади генералии корхона дохил мешавад, ки онро миссияи корхона низ меноманд.

Миссия – асосан фалсафаи пешравии корхона, эътибору обру, мавкеи он дар истехсолоти чамъияти, инчунин шароити мухити дохила ва берунаи он мебошад. Миссияи корхона имкон медихад, ки максади аники корхона муайян карда шавад.

Максади махсус – ин максади ани¥еро меноманд, ки барои расидан ба максади алохидаи умуми кeмак мерасонад. Максадхои махсус хатман кeтохмуддат буда, ба нишондихандахои микдори бахо дода мешаванд.

Максадхои махсус мешавад оxилона ва кори.

Чараёни муайян кардани максадхо вобаста аз шаклу намуди корхона ва хусусиятхои хоси истехсолию моликиятдории он ду хел кабул карда мешаванд:

  1. Марказонидашуда.
  2. Гайримарказонидашуда.

Максадхо вобаста ба зинаи дарбаргирии масъалахо нисбати якдигар низ дар дараxахои итоаткунанда xойгир мебошанд. Яъне максадхои Дарачаи боло дар навбати аввал ичро шуда, максадхои дуюмдараxа ва Дарачаи паст баъд аз он бояд ичро шаванд. Пайдоиши ичрои максадхо бояд, ки самаранокии кори корхонаро таъмин карда тавонанд.

хамин тарик, интихоби максад ва стратегияи корхона 3 давраро дар бар мегирад:

  1. Муайян кардани фалсафаи сохибкории корхона.
  2. Муайян кардани максадхои дарозмуддат дар давраи плани.
  3. Муайян кардани максадхои (вазифахои) чории корхона.

2. Масъалагузори ва стратегияи ичроиши максадхои менечмент

Дар вакти масъалагузории ичроиши максадхои корхона бояд чор коидахои асоси риоя карда шаванд:

1. Мухокимаи максадхо. Максадхо хамон вакт ичрошаванда ва самаранок мебошанд, ки агар дар вакти масъалагузори ичрокунандагони онхо иштирок дошта бошанд ва мухокимарони намоянд. Аз тарафи дигар иштироки онхо дар мухокимаронии маъсулиятнокии кор ичрокунандагонро баланд мебардорад.

2. Муайян кардани равандхои асоси. Дар назди корхонахо ва менечерони онхо як катор максадхо гузошта мешаванд. Бинобар ин менечерони таxрибадори касби ва зираку донишманд аз байни онхо максадхои аввалиндараxаашро чудо карда онхоро гурухбанди менамояд.

3. Таъмин намудани алокаи хисоботи. Тадкикот нишон медихад, ки корхона ба нишондихандахои калон хамон вакт ноил мегардад, ки агар дар хар як зинаи муайяни ичрои максад натичагири намояд.

4. Алокамандии максадгузори ба системаи хавасмандкуни. Самаранокии максадгузори хамон вакт меафзояд, ки агар вай ба системаи хавасмандкуни ва баходихи пайваста бошад.

Стратегияи идоракуни — гуфта, ин консепсияи кабулшудаи фаъолияти корхона мебошад, ки дар он барномаи умумии фаъолият, таксимоти дурусти захирахо барои ба максад расидан нишон дода шудааст. Стратегия – ин интихоби максадхои асоси ва чорабинихои хаматарафае, ки дар он максади пурраи Имруза ва фардои корхона нишон дода шудааст.

Профессори донишгохи Гарвард Мишел Портер се равияи умумии стратегии корхонаро чудо мекунад:

1. Истехсоли мaхсулот бо хароxоти камтарин.

2. Рушди мукаммалии равияхои гуногун.

3. Нишонагири барои мавкеи худро дар бозор ёфтан.

Тамоми накшаи стратегии корхона бояд, бо назардошти фаъолияти корхонахои ракобати кор карда шаванд, чунки аз рафтори ракиб Дарачаи таваккали корхона вобастагии калон дорад.

Омил³ои зерини таваккали стратегияи корхона чудо карда мешаванд:

  • мaхсулоти бозори — махсусгардонии хурд, нишонагирии корхона ба микдори ками бозорхо;
  • молияви — яъне мавчуд набудани фоидаи захиравии корхона, нокифоягии системаи молиявии корхона, номаълумии гирифтани даромадхо дар ояндаи наздик ва дур;
  • идорави – яъне мавчуд набудани таъмини кафолати дастгири аз тарафи рохбариятхои болои ва худи корхона;
  • истехсоли – норасогии кобилиятнокии истехсолии корхона барои амали гаштани стратегия.

Ба амали гардонидани стратегия факат хамон вакт сар кардан зарур аст, ки агар даромадхои оянда, имконотхои таваккалро пeшонанд. Дар ин холат менечменти корхона карордоди стратеги кабул мекунад.

Карордоди стратеги — карори идоракуниеро меноманд, ки дар навбати аввал ба ояндаи корхона равона карда шуда, барои кабули карорхои оперативи хамчун пойдевор хизмат мерасонад.

Давраи дигари стратегияи ичроиши максадхои менечмент, ин кор карда баромадани стратегияи корхона, ки бевосита бояд ба максад ва миссияи корхона мувофикат намояд.

Стратегияи корхона гуфта, асосан накшаи амалиётхоеро меноманд, ки барои ба максад расидан кeмак мерасонад, вобаста аз захирахое, ки дар корхона мавчуд мебошанд.

Дар вакти кор карда баромадани коркарди накшаи стратегияи корхона, пеш аз хама омилхои мухити беруна, вазъияти сиёсию иктисоди, инчунин захирахои дохилаи корхона низ ба хисоб гирифта мешаванд.

хамин тарик, ташаккулёбии стратегияи инкишофи корхонаро ба 4 давра чудо кардан мумкин аст:

Давраи 1-ум – муайян кардани максад:

  • аниккуни ва ба сохахо чудо кардани он;
  • пешгeии фаъолияти оянда вобаста аз холати Имруза ва максади оянда.

Давраи 2-юм – тахлили масоил:

  • масоили мухити беруна;
  • масоили мухити дохила;
  • бахои бартарияти ракибон.

Давраи 3-юм – муайян намудани ташаккули стратегия:

  • кор карда баромадани вариантхои инкишоф;
  • бахо додани вариантхо;
  • эхтимолияти натичагири;
  • кабули карори стратеги.

Давраи 4-ум – амали гардонидани стратегия:

  • тартиб додани план ва буxети корхона;
  • мушохида ва назорат.

хамин тарик, як аз давраи мухими равандхои стратегии менечмент барои ба максад расидан ин интихоби максадхои дарозмуддат ва кeтохмуддати корхона мебошад. Барои муайян кардани максади худ корхона бояд 8 бахши зеринро ба инобат гирад:

1. Вазъият дар бозори корхона – максади талаботи бозор мумкин аст, пешвоиро аз руи як, ё ду намуди мол, зиёд кардани он бояд то андозаи имконот бошад.

2. Навовари – вазифахои максаднок дар ин бахш, пеш аз хама муайян кардани усулхои нави сохибкори, ташкили истехсоли намуди нави мол, истифодаи технологияи нав ва тарзи ташкили истехсолот мебошад.

3. хосилноки – хамон корхона самаранок хисоб карда мешавад, ки агар барои хар як вохиди мaхсулот хароxоти ками захирахои иктисодиро истифода барад. Бинобар ин нишондихандаи хосилнокии мехнат ва сарфа кардани захирахо нишондихандаи сифатии корхонахо ба хисоб меравад.

4. Захирахо – талабот ба хама гуна захирахо муайян карда мешавад. Захирахои мавчудбуда ва зарури мукоиса карда шуда, муайян карда мешавад. Зарурати захирахои иловаги, тарзи пайдоиши онхо ва таъминоту истифодаи онхоро муайян мекунад.

5. Фоиданоки – ин максад бо нишондихандахои микдории хачми фоида ва Дарачаи даромадноки муайян карда мешавад.

6. Равандхои идорави. Албатта, гирифтани фоидаи калон, ин пеш аз хама вобаста мебошад аз кобилияту кордони, тарзу усули ташкили кори менечменти корхона. Махз бо ташкили менечменти стратеги ба максад ноил шудан мумкин мебошад.

7. хайати корхона. Дар ин бахши максади корхона пеш аз хама дар нигох доштани хайати доимии коргарон, таъмин намудани музди мехнати мувофик, бехтар кардани шароит ва мотиватсияи мехнат равона шудааст.

8. Чавобгарии ичтимои. хавасмандии коргарон, фарохам овардани шароити хуби мухити зист барои чамъият ва фароГати одамон, дастгирии мардуми камбизоат ва Гайраро ташкил намоянд.

3. Системаи стратегии идоракунии корхона

Стратегияи корхона, ё фирма — системаи чорабинихо мебошад, ки дар оянда барои ба максад расидан кeмак мерасонад.

Идоракунии стратеги муайян месозад, ки корхона барои оянда мавкеи худро доир ба хар як намуди фаъолият муайян месозад:

Асосан намудхои зерини стратегияи корхона дида мешавад:

  1. Стратегияи бозори ва махсулоти — барои муайян кардани намуди аники махсулот ва технологияе, ки корхона истехсол мекунад, шаклу усули фуруш, роххои баланд бардоштани тоб овардан ба ракобати баланд.
  2. Стратегияи маркетингии корхона — бо максади мустахкам кардани фаъолияти корхона дар бозор вобаста аз мавкеи мол, Дарачаи хароxот барои омузиши бозор, чорабинихо оид ба васеъ кардани фаъолияти маркетингии корхона, интихоби бозор фаъолият бурдан аст.
  3. Стратегияи ракобатии корхона — бо максади кам кардани харочотхои истехсоли, ягонаги ва баландбардории сифати моли корхона, муайян кардани унсурхои нави фаъолият дар бозорхои алохида аст.
  4. Стратегияи идоракунии сохави — дар асоси идоракунии рохбарияти болои ба назорати худ гирифтани як сохаи корхонаро, ё моли алохидаро пурра бо максади диверсификатсияи фаъолият дар асоси пайдоиши сохаи нав, ё аз байн бурдани сохахои чудогонаи корхона, ки бо максад мувофик нест.
  5. Стратегияи навовари — дар худ сиёсати инкишофи технологи, сиёсати маблағгузории капитали, инчунин чори намудани технологияи нав ва махсулоти навро дарбар мегирад.
  6. Стратегияи маблағгузории капитали – ин муайян кардани самтхои асосии маблағгузории капиталии корхона, доир ба хар моли алохида ва равияи фаъолияти алохида, инчунин умуман корхонаро муайян месозад.
  7. Стратегияи инкишоф — ин равия бо максади таъмин намудани инкишофи устувори корхона ва шуъбахои он мебошад.
  8. Стратегияи азхудкуни (фурeбари) — ин равия бо максади ба даст даровардани сахмияхои корхонахои дигар, таъмин намудан ва ба даст овардани суръати баланди прогрессии илмию техники бо рохи дохил шудан ба бозори дигар сохахои иктисоди мебошад.
  9. Стратегияи маблағгузории хориxи — ба сохтани корхонаи истехсолии худ, дар кисматхои алохидаи раванди истехсоли аст, ба монанди коркарди ашёи хом, ё xобаxо кардани деталхои алохидаи машинаю таxхизот ва амсоли ин.
  10. Стратегияи васеъ кардани фаъолияти содиротии корхона — кор карда баромадани чорабинихое, ки васеъ намудани экспорти корхонаро таъмин менамоянд ва Дарачаи таваккалро паст мекунанд.
  11. Стратегияи густариши хориxии иктисоди – экспансия, яъне оиди хамаи намуди моли худ, ки дар хориxа истехсол мешавад, литсензияи он давлатхоро гирифтан.

12. Стратегияи афзоиш — корхона дар асоси маблағгузории худи истехсолотро васеъ намуда, мехохад, ки ба бозори нави мол барояд ва ё бо рохи ташкили корхонаи муштарак мехохад, ки бозори дигар давлатро дар назорати худ гирад.

13. Стратегияи мувозинати – каноат кардан ба худуди истехсолие, ки корхона дорад, бо рохи инкишофи мунтазами корхона, ки назоратшаванда мебошад.

14. Стратегияи сарфакори — ин стратегияро корхона дар холате пеш мегирад, ки агар давраи бeхрон, пастшави иктисоди ва бой додани бозори моли корхона бошад.

15. Стратегияи глобали — дар корхона холате пайдо мегардад, ки моли он новобаста аз корхонахо ва давлатхо мавкеи худро дар бозори xахони пайдо намудааст.

Вобаста ба зинаи стратегияи менечмент се Дарачаи он муайян карда мешавад:

Стратегияи корпоративӣ.

Стратегияи сохибкори, ё бизнеси алохида.

Стратегияи функсионалӣ.

Стратегияи корпоративии менечменти корхона — корхонаро куллан дар бар гирифта, оиди фаъолияти пурраи корхона маълумот дода, оиди сохибкории нав, сохтани сехи нав, ё заводи алохида, ё корхонахои муштарак мебошад. Стратегияи бизнеси алохида – рохи инкишофе мебошад, ки дар як сех сохторхои таркибии истехсоли, ё истехсоли моли алохида сурат гирифта, рох ва усулхои пешкадамро кабул менамоянд.

Стратегияи Дарачаи функсионали — Дарачаи идоракуни бояд ба саволи он, ки мо то чи андоза сохибкори ва накшахои стратегии корхонаро тарафдори менамоем, яъне инчунин сохторхои таркибии корхона,ба монанди шуъбаи молия, истехсолот, маркетинг ва шуъбаи корхои илмию тадкикоти ва навовари дар пешрафти онхо дар идоракуни xавоби худро ёбад.

4. Тахлили идоракуни дар менечмент

Тахлили идоракуни — Чараёни бахои комплекcи додани захирахои дохили ва имконоти корхонаро меноманд, ки барои бахо додани холати чории бизнес -сохибкори, тарафхои суст ва бокуввати он ва муайян кардани проблемахои стратеги истифода карда мешавад.

Максади нихоии тахлили идоракуни – пешниход намудани ахбор ба менечерон ва дигар шахсони масъули корхона барои кабули карори стратеги, интихоби максад ва вазифагузории дуруст, ки ба ояндаи корхона кeмак мерасонад.

Тахлили идоракуни – кисми таркибии менечменти стратегии корхона буда, барои муайян намудани равияхо ва аспектхои зарурии стратегияи инкишофи корхона равона карда шудааст.

Яке аз раванди асоси тахлили идоракуни, тахлили мухити корхона ба хисоб меравад.

Тахлили мухити корхона асоси муайян кардани максад ва миссияи корхона ба хисоб рафта, барои ичрои вазифахо стратегияи ичроиши он, инчунин назорати идорави хизмат мерасонад.

Дар чунин як холати Имрузаи корхонахои Тоxикистон, ки имконоти дастрасии захирахои беруна хело хам кам мебошад, пайдо кардани захирахои дохилии инкишофи корхона хело самаранок буда, бояд мавкеи маркази дошта бошанд.

Тахлили мухити дохиларо дар пайдарпайии зерин ичро мекунанд:

Тахлили макромухити корхона.

Тахлили микромухити корхона.

Тахлили мухити дохилаи корхона.

Дар муайян намудани стратегияи корхона маркетинг макоми калон мебозад.

Стратегияи маркетинг бошад, дар асоси максадхои маркетинг ва тахлили стратегии идоракуни муайян карда мешавад. (Нигаред ба расми 1).

Воситаи иxрои

стратегия

Маrсади

маркетинг

Миссия ва маrсади ташкилот

Маркетинг

Стратегияи

маркетинг

Воситаи

иxрои

стратегияи

маркетинг

Иxрои

стратегия

Стратегияи ташкилот

(корхона)

Стратегияи

идоракунb

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

2 Шарҳҳо

  1. Салом. мебахшед барои ман мавзуъи Накшаи бизнес ва усулхои коркарди он даркор. агар ягон мавод дошта бошед илтимос дохил кунед. Заранее спасибо

  2. Салом Дар сомона поик диҳед маълумот ҳаст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *