Фанни Менеҷмент

Консепсияи нави менечмент ва инкишофи ичтимоию иктисоди

1. Равандхои асосии консепсияи нави менечмент

2. Хусусияти хоси консепсияи нави менечмент

3. Асосхои ичтимоию иктисодии менечмент дар шароити глобализатсияи иктисоди

1. Равандхои асосии консепсияи нави менечмент

Дар таърихи менечмент чор консепсияи асосии идоракуни, ки дар инкишофи илм ва таxрибаи менечмент макоми калон доранд, муайян карда шудааст:

v консепсияи илмии менечмент;

v консепсияи маъмурии менечмент;

v консепсияи психологи ва рафтори инсони;

v консепсияи илмии рафтори одамон.

I. Консепсияи илмии менечмент – асосан аз аввалхои асри ХХ дар ШМА сар мешавад. Асосгузорони ин консепсия му³андиси амрикои Фредрик Тейлор (1856-1915) соли 1911 китоби бо номи «Коидахои идоракунии илми»-ро менависад, ки сарчашмаи пайдоиши менечмент хамчун илм кабул шудааст.

Тейлор менечментро хамчун илми хакикие, ки асосашро конунхои аник, коида ва коидахои банакшагири ташкил медихад, хисоб мекард. E ба хулосае омад, ки идоракуни ин ихтисоси алохида мебошад.

Тейлор системаи ташкили илмии мехнатро кор карда баромад, ки дар асоси панч коида чори карда мешавад:

1. Интихоби илмии коргарон

2. Омузиши илмии мехнат ва хонондани коргарон.

3. Махсусгардонии корхо.

4. Баланд бардоштани Дарачаи хавасмандии мотиватсияи кор бо рохи додани музди мехнат.

5. Таксимоти одилонаи xавобгари байни коргарон ва рохбарон.

II. Консепсияи идоракунии маъмури – ин равия барои кор карда баромадани коидахо ва проблемахои умумии идоракунии ташкилоту идорахо равона карда шудааст. Ин консепсия хамчун назарияи классикии идоракуни шинохта шудааст.

Асосгузори ин консепсияи менечмент олими франсуз Анри Файол (1841-1925) мебошад, ки дар илм хамчун «Падари менечменти илми» шинохта шудааст. Файол кайд мекунад, ки мавчудияти кадом ташкилоте, ки набошад

бояд шаклхои зерини фаъолиятро дошта бошанд:

v техники – ичрои равандхои истехсоли;

v тиxорати – харидани хамаи он воситахое, ки барои истехсоли мол ва хизматхо зарур мебошад;

v молияви — пайдо кардан, нигохдори ва истифодаи самараноки воситахои пули;

v бухгалтери — гузаронидани назорати статистики, сабти амвол, сохтани баланс ва Гайра;

v маъмури – таъсир расонидан ба коргарон;

v мухофизати – химояи одамон ва моликияти онхо.

III. Консепсияи идоракунии психология ва муносибатхои инсони. Тарафдорони ин консепсияи менечмент солхои 30-50-уми асри ХХ якумин шуда муайян намуданд, ки менечмент ин «таъмини ичрои кор ба воситаи ёрдами шахси дигар мебошад». Чунин тадкикотро психологи амрикои Абрахам Маслоу (1908-1970) гузаронида исбот намудааст, ки мотиви асосии фаъолияти одамон на факат кувваи иктисоди, балки як катор дигар талаботе низ мебошанд, ки бо воситаи пул таъмин карда наметавонем.

IV. Консепсияи илмии инкишофи рафтори одамон – аз солхои 60-ум ибтидо мегирад. Ин консепсия бо худ тадкикоти зерини ичтимоиро дар бар мегирад: мотиватсия, характери хукмрони, обр¢, сохтори ташкили, коммуникатсия, пешво, таГйирёбии мазмун ва сифати кор. Максади асосии консепсия – кeмак расонидани ба коргарон дар фахмонда додани имконоти шахсии онхо бо рохи истифодаи илм дар бораи рафтори одамон, ташкил ва идоракуни мебошад.

Дар шароити Имруза мохияти асосии назарияи идоракуниро дар масоили алокаманди бо мухити беруна, ба хисоб гирифтани таГйирёбии фаъолияти корхонахои ракиб ва ориентатсияи корхона ба мухити нав равона карда шудааст.

Асосан се консепсияи менечменти корхонахоро чудо мекунанд.

1. Консепсияи мутобикгардони (адаптатсия).

2. Консепсияи глобализатсияи стратеги.

3. Консепсияи нишонагирии максаднок.

1. Стратегияи консепсияи мутобикгардони

2. Хусусияти хоси консепсияи нави менечмент

Хусусияти хоси менечмент дар замони хозира аз он иборат аст, ки мафхумхои асоси, категорияхои иктисоди, назарияи идоракуни бо назари нав, ё ин ки аз нигохи омузиши амик, ё пурра бахо дода мешаванд. Пеш аз хама услуби системави ва вазъиятии идоракуни, ки асоси риёзиёти татбики дорад, истифода карда мешавад.

хар як системаи хоxагидории ташкилот, ё корхона мачмуи системаи мураккабе мебошад, ки дар як модели идоракуни xойгир намудан мушкил аст.

Бинобар ин онхоро ба се зерсистема гурухбанди мекунанд.

v илмию техники;

v истехсолию иктисоди;

v ичтимои.

Усули системавии омузиши идоракуни талаб менамояд, ки хамаи равандхои идоракуни дар алокамандии якдигар омeхта шавад. Инчунин омилхои табию географи, миллию мадани, дину оин фаро гирифта мешаванд.

Пешбини — ин омузиши холати ояндаи объектхои алохида ва таГйирёбии онхо баъд аз як давраи муайян мебошад.

Пешгeи — ин тасдик намудани холати ояндаи ин, ё он объект, ё пешгeи кардани ягон ходиса.

Ояндабини — дар асоси омузиши илми амали гашта, доир ба таГйирот, пешрави, ё ин ки таъсири омилхои дохили ва беруна барномахо тайёр мекунанд. Нишондихандахои ин барномахо барои кабули карори идоракуни истифода карда мешавад.

Яке аз хусусияти фарккунандаи консепсияи нави менечмент ин услуби вазъиятии менечмент мебошад. Инчунин услубе мебошад, ки унсурхои зеринро дар бар мегирад:

v идоракуни хамчун ҷараёни банакшагири, ташкили хамохангсози, бахисобгири ва назорат;

v усули микдории идоракуни (модели кабули карордод ва тадкикоти фаъолият);

v усули бихевиористи (назарияи рафтор, мотиватсия, афзоиши гурухи);

v усули системави (назарияи умумии система, тахлили системави ва ахбори).

М. Мескон, М. Алберт, Ф. Хедоури дар китоби “Асосхои менечмент” усули ³олатиро хамчун консепсияи идоракунии холатхои ани¥и, хамчун рохи самараноки ба ма¥сад расидан номидааст.

Зарурияти чунин як услуби нави идоракуни дар он аст, ки дар байни назария ва амалияи идоракуни масофаи калон ба миён омадааст. Назарияи идоракуние, ки дар асоси коидахои универсали ташкил карда шудааст, вазъиятхои ани¥ро дар таxрибаи хоxагидори ба инобат нагирифтааст, бинобар ин усули нави идоракуни бо максади баланд бардоштани роли идоракуни дар халли амалии проблемахои объектхои идоракуни баланд бардоранд.

Солхои охир корхои зиёди илми ва китобхои методи оид ба инкишофи консепсияи максаднокии идоракуни аз чоп баромадаанд, ки бартарияти асосии онхо – амалишавандагии назария дар идоракунии харрeза мебошад.

Аз нигохи дигар ин фалсафаи нави идоракуни мебошад, ки равандхои гуногуни идоракуниро якxоя карда, маслихатхо ва пешниходхои ани¥ро оид ба ташкили ва навовари дар бар мегирад. Системаи “идоракуни аз руи натичаи фаъолият” дар аксари корхонахои Финляндия чори карда шудааст ва нишондихандахои мусбат низ ба даст овардаанд.

Таxрибаи хориxа нишон медихад, ки консепсияи нави менечмент дар асоси “Назардошти назария ва амалияи идоракуни” сурат мегирад. Яке аз раванди ислохоти идоракуни ин бехтар намудани шаклхои суннатии идоракуни ва дохил намудани унсурхои “назорати электрони”-ро меноманд.

Чараёни Гайримарказонии идоракуни, кам кардани микдори рохбарон кариб дар аксари мамлакатхои xахон мушохида мегардад. Дар баробари он макоми идоракунии стратеги ва истехсоли меафзояд. Корхонахо мустакилона худашонро ба шароити нав мувофик мегардонанд ва ин консепсияи “худомузиши ташкилот” ном гирифтааст.

хамин тарик, дар инкишофи назария ва амалияи менечменти истехсолот як катор равандхо мушохида шудааст:

1. Консепсияи ташкилоти омeзанда.

2. Консепсияи сохтори уфукии идоракуни.

3. Консепсияи Гайримарказонидани идоракуни.

Профессори америкои Адлер Нэнси дар асархои худ (сол³ои 1997; 1991) нуктаи назари наверо пешниход мекунад, ки мувофики он замоне омадааст, ки мо бояд худуди миллии консептуали, назария ва амалияи менечментро аз байн бардорем. Омузиши Адлер аз се кисмат иборат мебошад.

1. Таъсири маданият ва урфу одати милли ба рафтори менечерон ва сохтори ташкилии корхонахо.

2. Роххои гузаштани махдудиятхои милли ва ташкили командахои мултимадани. Асоси ин кисматро тарбияи пешвоён, мотиватсия ва кабули карордоди идоракуни ташкил медихад.

3. Имконоти истифодаи усули интернатсионали дар гуфтушунидхо, халли масъалахои моxаро ва Гр.

Н. Адлер кайд мекунад, ки барои пешвои байналхалки шудан шахс бояд хамаи хислатхои мотиватсиони дар холати таГйир ёфтани холатхоро дошта бошад. Мисол чунин унсурхо: Оё русхо монанди арабхо токати интизоршавиро дар вохeри доранд? “Оё арабхо гуфтушунидро мисли америкоихо мегузаронанд? Не албатта”. Доимо бояд як чизро дар хотир дошта бошем, ки хориxиён рафтор ва гуфтори моро дигар хел кабул карда бахо медиханд.

Ё ин, ки мардуми Бразилия аксари маврид калимаи “не” истифода мекунанд. Америкоихо бошанд, ваъдаи зиёдеро. Агар шумо дар Рим бошед, бояд монанди румихо рафтор намоед.

Гайр аз ин як гурухи олимон дар он акида мебошанд, ки дар тамоми xахон Чараёни конвергенсияи менечерон ба миён омадааст, ки рафтори онхо дар хама давлатхо якхела мебошанд.

Гурухи дигари олимон Чараёни баръаксро кайд мекунанд.

Ракобати глобалии иктисоди, пайдоиши Чараёни мигратсионии давлатхои хориxи Имруз талаб мекунад, ки корхонахо ва менечерони онхо бо коргарони миллатхои гуногун кор карданро омeзанд.

Аз тарафи дигар идоракунии давлати низ характери ичтимои-байналмиллалиро мегирад. хамчун доираи фаъолияти касбии мураккаб идоракуни объекти омузиши фанхои сотсиология, политология, психология, ташкили маъмури, информатикаи иктисоди дар асри ХХI гардидааст.

3. Асосхои ичтимоию иктисодии менечмент дар шароити глобализатсияи иктисоди

Нимаи дуюми солхои 90-уми асри ХХ-ум давраи глобализатсияи иктисоди буда, кариб тамоми xахонро, аз он чумла Тоxикистонро низ фаро гирифтааст.

Иктисодиёти аксари мамлакатхо дархои кушода, барои молхо ва хизматхо доранд, новобаста ба он, ки дар кадом мамлакат истехсол карда мешаванд ва ки истехсол менамояд. Чунин як вазъият ташкили корхонахои байналхалки, ташкили филиалхои корхонахоро дар якчанд давлатхо ба вучуд овардааст.

Ин таГйиротхо дар назди илми идоракуни як катор вазифахо ва проблемахои навро ба миён овардааст. Мухимтарини ин проблемахо:

v интихоби конуниятхо, шаклу усул ва хусусиятхои хоси идоракунии умумибашари;

v интихоби тарзи усули фаъолияти корхона вобаста аз шароитхои хар як давлат;

v интихоби шакли хуби фаъолияти содиротии корхонахо;

v хусусияти хос, тарзу усул ва маданияти милли;

v рафтори башарии хар як халку миллат;

v мувофик шудан ба шароитхои табиию географии махал.

Хусусияти дигари хоси менечмент дар шароити глобализатсияи иктисоди, ин ба инкишоф ва истифодаи компютер ва воситахои электрони мебошад.

Дар чунин як холат функсияи менечер хамчун субъекти менечмент таъГйир меёбад.

Бояд менечер ба талаботи зерин xавоб гуфта тавонад:

v аз назорати маъмури даст кашидан ва истифодаи шаклхои нави назорати идорави;

v кам кардани аппарати идорави ва аз байн бардоштани сохторхои таркибии зиёдати;

v инкишоф ва баланд бардоштани рeхияи коргарон ба кор ва корхона;

v кабул кардани маком ва мавкеи саххомон дар корхона;

v фаъолият кардан дар доира ва зинаи Чавобгарии ичтимои;

v токат овардан ба таъсири куввахо ва проблемахои ичтимои, чамъияти ва экологи.

Мамлакатхо ва минта¥ахои xахон Дарачаи гуногуни инкишофи иктисоди доранд. Асосан онхоро вобаста аз даромад ба хар сари ахоли ба ду гурух чудо мекунанд:

1. Давлатхои тараккикарда.

2. Давлатхои рe ба таракки нихода.

Дар хар ду холат низ мухити сохибкори ва бизнеси байналхалки ба омилхои зерини ичтимоию иктисоди гирифтор мешаванд, ки ба бурду бохти ширкат ё худ ташкилот дар ин, ё он давлат таъсир мерасонад.

Омилхои асоси мухити байналхалкии менечмент

Сиёси — конуни Иктисоди Ичтимои — мадани
Оромии сиёси.

Конунхо, махдудиятхо,

Имконоти милликунони

Тарифхо, квота ва андоз.

Терроризм ва

вазъият

Инкишофи иктисоди.

Бозори захирахо ва мол.

Даромади ахоли.

Инфраструктураи

курби пул.

Шароити иктисоди.

Арзишхои ичтимои.

Забон.

Дину оин.

Алокахои авлоди.

Маълумотноки.

Вазъи психологии мардум

Лекин новобаста ба хамаи ин мушкилихо агар менечер кобилияти баланди кордони, зираки, зехни буррои кабул кардан ва хурмату эхтироми урфу одат ва маданияти дигар халкхоро дошта бошад, он гох имкони менечери байналхалки шуданро дорад.

Кори самараноки менечер дар хориx нишонаи он аст, ки дар дараxа, ё зинаи байналхалки рафтори ин шахсият кабул карда шудааст ва e метавонад, ки фаъолияти худро дар якчанд давлатхои дигар давом диханд ва таxрибаи пешкадами инкишофи менечментро ба худ дошта бошад. Бинобар ин дар дигар кисматхои китоб мо харакат менамоем, ки аз тарзу усули кордони ва таxрибаи ин менечерон мисолхо биорем, то ки шумо аз он чизи лозимиро барои мукаммал гардонидани дониши худ пайдо созед.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *